Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 № 136

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2006 № 136

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2006 № 136

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2026 № 510)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидорави оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдШӯро) дар асоси ҷамъияти, бо мақсади мутобиқсозии фаъолият ва расонидани ёрии ташкилию методи ба масъалаҳои такмили фаъолияти экспертизаи давлатии суди амал мекунад.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва амрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.07.2026 № 510).

II. Вазифаҳои Шӯро

3. Вазифаҳои Шӯро инҳо мебошанд:

- таҳлили самтҳои афзалиятноки рушди экспертизаи суди ва дар асоси он таҳияи тавсияҳои илми-методи ва таъмини меъёрии ҳуқуқии фаъолияти судию экспертии давлати;

- иштирок дар муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва таҳияи пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ташкили ва гузаронидани экспертизаи суди;

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 апрели соли 2006 № 136

тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидорави оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдШӯро) дар асоси ҷамъияти, бо мақсади мутобиқсозии фаъолият ва расонидани ёрии ташкилию методи ба масъалаҳои такмили фаъолияти экспертизаи давлатии суди амал мекунад.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва амрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

II. Вазифаҳои Шӯро

3. Вазифаҳои Шӯро инҳо мебошанд:

- таҳлили самтҳои афзалиятноки рушди экспертизаи суди ва дар асоси он таҳияи тавсияҳои илми-методи ва таъмини меъёрии ҳуқуқии фаъолияти судию экспертии давлати;

- иштирок дар муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва таҳияи пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ташкили ва гузаронидани экспертизаи суди;

- баррасии маводи методи оид ба ташкил ва истеҳсоли экспертизаҳои судии комиссиони ва комплекти, ки бо иштироки муассисаҳои судию экспертии давлатии вазоратҳо ва идораҳои дахлдор иҷро мегарданд, инчунин таҳияи тавсияҳо доир ба татбиқи онҳо;

- тайёр намудани пешниҳодот оид ба ҳалли масъалаҳои баҳсноки экспертизаи суди бо мақсади таъмин намудани амалияи ягонаи илмию методи дар таҷрибаи эксперти, тайёрии касби ва тахассусии экспертҳо дар асоси дастовардҳои навини илми, техники ва методики;

- баррасии масъалаҳои унификатсияи (паспортизатсия, сертификатсияи) таъминоти методии экспертизаи суди;

- тайёр кардани тавсияҳо барои дар амалияи экспертии муассисаҳои судию экспертии давлати, методикаҳои эксперти, шаклу воситаҳое, ки аз тарафи вазорату идораҳо ҷори намудани гуногун таҳия карда мешаванд;

- таҳияи пешниҳодоте, ки ба такмили таҳсил ва аттестатсияи кадрҳои эксперти равона карда шудааст;

- баррасии масъалаҳо доир ба тартиби табодули маълумотҳои илми-техники ва ахборотии экспертизаи суди.

III. Роҳбарияти Шӯро

4. Шӯро аз Раис, котиб ва дигар аъзоён иборат аст.

5. Раиси Шӯро роҳбари Маркази экспертизаи суди ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазифа (минбаъд - Раис) мебошад.

6. Раис ташкилкунандаи кори Шӯро мебошад, маҷлиси Шӯроро даъват ва мегузаронад, рӯзномаи маҷлисро тасдиқ мекунад, сана ва ҷойи гузаронидани маҷлисро таъин менамояд, ҳисоботи аъзои Шӯроро қабул мекунад, маҷлисро мебарад.

7. Котиб аз тарафи аъзои Шӯро ба мӯҳлати 2 сол интихоб мегардад.

8. Котиби Шӯро:

- рӯзномаи маҷлисро дар асоси пешниҳодоти аъзои Шӯро таҳия мекунад, таърих ва ҷойи гузаронидани ҷаласаро мувофиқа мекунад, бо пешниҳоди Раис метавонад маҷлисро барад, протоколи маҷлисҳои Шӯроро тартиб медиҳад, маводҳоро барои интишор намудан дар варақаи ахборотии Шӯро таҳия менамояд;

- лоиҳаҳои нақшаи кориро тартиб медиҳад ва онро барои барраси ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

- нақшаи кории Шӯроро бо назардошти пешниҳодоти вазорату идораҳо тартиб медиҳад;

- иҷрои нақшаҳо ва қарорҳои Шӯроро назорат мекунад, рафти иҷроро таҳлил менамояд ва оид ба натиҷаҳо ба Раис маълумот медиҳад;

- дигар супоришҳои Раисро иҷро мекунад.

9. Ба аъзои Шӯро инчунин роҳбарони хадамоти эксперти (раёсатҳо, шӯъбаҳо) ва муассисаҳои болоии давлатии судию экспертии вазоратҳо ва идораҳои зерин дохил мешаванд:

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Агентии оид ба назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10. Масъалаи тағйири ҳайати шахсии Шӯро дар маҷлиси Шӯро бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор барраси мегардад.

11. Аъзои Шӯро дар маҷлисҳои Шӯро иштирок менамоянд, ахбороти заруриро бо талаботи Раис оид ба масъалаҳои амалигардонии экспертизаи суди вобастаро пешниҳод менамоянд ва чораҳои мушаххасро барои дохил намудан ба нақшаи кории Шӯро пешниҳод менамоянд.

IV. Ташкили кори Шӯро

12. Шакли асосии фаъолияти Шӯро маҷлис мебошад, ки он дар ҳолати зарурият, вале на камтар аз 2 маротиба дар як сол гузаронида мешавад. Рӯзномаи маҷлис, ки дар асоси маводи воридгардида тартиб дода шудааст, ба аъзои Шӯро на дертар аз 10 рӯз то санаи баргузории маҷлис фиристода мешавад.

13. Шӯро комиссияҳои муваққати ва доимоамалкунандаро оид ба масъалаҳои муҳими назария ва амалияи экспертизаи суди барои таҳияи пешакии масъалаҳое, ки ба ваколати Шӯро дохил мегарданд, таъсис медиҳад. Ба ҳайати комиссияҳо ба ғайр аз аъзои Шӯро метавонанд мутахассисони соҳаи экспертизаи суди бо пешниҳоди аъзои Шӯро дохил гарданд. Комиссияҳоро аъзои Шӯро роҳбари менамоянд. Комиссияҳо фаъолияти ҷории Шӯроро таъмин менамоянд.

14. Қарорҳои Шӯро оид ба масъалаҳои муҳокимашуда, ба тариқи овоздиҳии кушода бо аксарияти оддии овозҳои на камтар аз нисф зиёди шумораи умумии аъзои Шӯро қабул мешавад. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯро дар шакли протокол тартиб дода мешаванд.

15. Дар кори Шӯро метавонанд намояндагони ваколатдори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутахассисон дар соҳаи экспертизаи суди иштирок намоянд.

16. Қарорҳои қабулгардидаи Шӯро хусусияти тавсияви доранд ва ба роҳбарони муассисаҳои экспертизаи давлатии суди барои истифода дар фаъолияти амалияви ва корҳои методию илми равона карда мешаванд.

17. Шӯро мунтазам ҳар 6 (шаш) моҳ варақаи ахбороти нашр менамояд, ки дар он маълумоти вобаста ба фаъолияти Шӯро ҷой дода мешавад. Таҳия ва нашри нусхаи навбатии варақаи ахбороти бо тартиби дар маҷлиси Шӯро мувофиқашуда сурат мегирад. Лоиҳаи ҳуҷҷатҳои дар маҷлиси Шӯро баррасишаванда аз тарафи вазорату идораи манфиатдор, ки бо ташаббуси онҳо барои барраси пешниҳод карда шудаанд ё аз тарафи гурӯҳи кории аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор барои ин мақсадҳо таъсисёфта, таҳия мешаванд.