Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2026, № 510 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №136"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №136


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, № 136 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии судии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

1) аз банди 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад;

2) банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«9. Ба аъзои Шӯро дохил мешаванд:

- директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори раёсати ташхиси криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори шуъбаи экспертизаи криминалистии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори шуъбаи экспертизаи судии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори лабораторияи гумрукии марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2006 года, №136

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Пункт 9 Положения о Межведомственном координационном совете по проблемам государственных судебных экспертиз при Министерстве юстиции Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2006 года, №136 «Об утверждении Положения Межведомственного координационного совета по вопросам государственной судебной экспертизы при Министерстве юстиции Республики Таджикистан», изложить в следующей редакции:

«9. В состав Совета входят:

- директор Государственного учреждения «Республиканский центр медико-судебной экспертизы» Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;

- заместитель директора Республиканского центра судебной и криминалистической экспертизы Министерства юстиции Республики Таджикистан;

- начальник управления криминалистической экспертизы Министерства внутренних дел Республики Таджикистан;

- начальник отдела криминалистической экспертизы Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;

- начальник отдела судебной экспертизы Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан;

- начальник центральной таможенной лаборатории Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан;

- начальник диагностического центра Агентства по стандартизации, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан.».

Председатель Правительства
Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон
...