Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, № 190

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006 № 593 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 майи соли 2006 № 190

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мукаррароти умумӣ

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти иҷроия буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва ҳамчунин созишномаҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.

3. Ба манзумаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ) (минбаъд - муассисаҳои хориҷӣ), мақомоти минтақавӣ - намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи он, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти Вазорат (минбаъд - ташкилотҳои тобеи Вазорат) созмон дода шудаанд, дохил мешаванд.

2. Вазифа ва функсияҳои асосии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Вазифаҳои асосии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- таҳияи стратегияи умумии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешкаш намудани пешниҳодҳои мувофиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат баҳри баланд гардидани нуфузу обрӯи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- назорат ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти байналмилалии дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини самти ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;

- ҳамкорӣ дар ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти иҷроия бо мақомоти қонунгузор ва судӣ ба мақсади риоя намудани принсипи ягонагии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иштироки он мақомот ва шахсони мансабдори онҳо дар фаъолияти байналмилалӣ;

- бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳимояи истиқлолият амният, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳад, манфиатҳои иқтисодиву дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

- таъмин намудани муносибатҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;

- роҳбарӣ намудани фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;

- назорати рафти иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- андешидани тадбирҳо ҷиҳати риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ;

- ҷамъбаст ва таҳияи пешниходҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ;

- баррасии масъалаҳо оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳнамоии мақомоти марказии матбуот, радио ва телевизион, қонунигардонии фаъолияти воситаҳои ахбори умуми давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ва амалӣ гардонидани дигар тадбирҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ба мақсади огоҳ намудани онҳо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мутобиқат ба рушди робитаҳо ва муносибат бо ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон мувофиқи вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда:

- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;

- барои баланд гардидани саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд;

- стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад;

- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси таҳлили ахбороти вобаста ба маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо омода ва манзур менамояд;

- лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд, оид ба бастан, иҷро намудан, қатъ намудан ва боздоштани амали шартномаҳо таклифҳо омода намуда, ба тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтушунидҳо анҷом медиҳад;

- ҷиҳати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати умумӣ бурда, дар тайёр намудани таклифҳо оид ба мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои бо ӯҳдадориҳои байналмилалӣ иштирок менамояд;

- дар тадбири сиёсат ва чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудофиа ва амният, ҳамчунин густараши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, молиявӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар шаклҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок менамояд;

- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, ба баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмин менамояд;

- барои фаъолияти дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои хориҷӣ, мақомоти минтақавӣ - намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи Вазорат, шароити зарурӣ фароҳам меорад;

- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти он алоқаманд аст, пешниҳодҳо ирсол менамояд;

- ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия барои паҳн намудани ахбороти расмӣ оид ба масъалаҳои самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти нашри санадҳои боздиди роҳбарони давлат ба хориҷи кишвар ва роҳбарони давлатҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар хусуси инъикоси ҷараёни боздидҳо розигӣ медиҳад;

- таъминоти хуқуқӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воситаҳои ахбори умуми хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- барои паҳн намудани ахборот дар хориҷи кишвар оид ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар мусоидат менамояд;

- дар таъмини маросими протоколӣ ҳангоми мубодилаи байни-давлатӣ дар сатҳи баланд иштирок мекунад, ҳамчунин аз болои иҷрои имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ ва консулӣ назорат мебарад;

- ба амалӣ намудани рабитаҳои байнипарлумонӣ ва дигар робитаҳои хориҷии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

- ташкилотҳои хориҷиро оид ба масъалаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ огоҳ месозад;

- фаъолияти низоми ягонаи давлатии сабт ва баҳисобгирии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;

- нигоҳдории доимии нусхаҳои аслӣ (нусхаҳои тасдиқшуда, тарҷумаи расмӣ)-и шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи бойгонии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои дар он мавҷудбударо таъмин менамояд;

- дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои хориҷӣ, намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи Вазоратро бо кадрҳо таъмин намуда, тайёр намудан, такмил додан ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисос ва савияи дипломатии кадрҳои хизмати дипломатиро ташкил менамояд;

- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар фаъолияти консулиро ташкил менамояд, бо тартиби муқарраргардида хизматрасонии консулӣ, ахборотӣ-машваратӣ ва дигар намуди хизматрасониҳоро анҷом медиҳад;

- дар асоси меъёрҳои ҳуқуки байналмилалӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанонеро, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, таъмин менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои шиносномавӣ-раводидиро ба расмият медарорад;

- бо тартиби муқараргардида имзоҳои шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳуҷҷатҳое, ки барои фиристодан ба хориҷи кишвар муайян шудаанд, тасдиқ менамояд ва таъйид намудани ҳуҷҷатҳои хориҷиро ба амал мебарорад;

- алоқаи косидӣ - дипломатиро бо истифодаи воситаҳо оид ба ҳифзи почтаи дипломатӣ ҳангоми ҳамлу нақли он таъмин менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ дар баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ иштирок менамояд;

- ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;

- бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамояд;

- аз рафти риояи Протоколи давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебарад;

- дар кори комиссияи байниҳукуматӣ, ки ба ӯҳдаи он ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Вазорат дахлдор вогузор шудааст, иштирок менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ бо мувофиқаи мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия оид ба таъмини амният ва ҳимояи муассисаҳои хориҷӣ, кормандон ва аъзои оилаи онҳо чораҳо меандешад;

- дар ҳолатҳои фавқулодда дар кишвари иқомат бо тартиби муқарраргардида бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба қисман ё комилан берун овардани муассисаҳои хориҷӣ, кормандони он, мутахассисон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;

- дар доираи салоҳияти худ дастурамалҳо ва қоидаҳои оид ба маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои хориҷӣ, ки риояи онҳо аз ҷониби тамоми вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад, қабул менамояд ва ҳамчунин иҷрои онҳоро тафтиш менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ амнияти корҳои рамзикунонӣ ва алоқа, ҳамчунин тартиби маҳфиро дар Вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ ташкил, амалӣ ва таъмин менамояд;

- ба таъмини шароити корӣ, манзилӣ, фарҳангӣ-иҷтимоии кормандони Вазорат мусоидат менамояд;

- мактубҳо (ариза ва шикоятҳо)-и шаҳрвандонро баррасӣ намуда, ҳалли саривактӣ ва бегаразонаи масъалаҳои дар онҳо зикргардидаро, ки ба фаъолияти Вазорат марбут мебошанд, назорат мебарад;

- дигар функсияҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро менамояд.

6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошта, хуқук дорад:

- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, инчунин аз ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравиашон ҳуҷҷатҳо, маълумотномаҳо ва дигар маводи лозимаро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат, гирад;

- бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти мазкур ва ташкилотҳо иттилоот пешниҳод намояд;

- мукотибаи дипломатӣ (хамчунин ирсол намудани меморандумҳо, хотираҳо ва ғ.)-ро бо сафоратҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монад. Дигар вазорату идораҳо бо риояи муқаррароти ин банд тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи мубодилаи номаҳо метавонанд мукотиба намоянд;

- оид ба мувофиқ будани лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои санадхои ҳуқуқии байналмилалӣ мушоҳида гузаронад;

- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва хизмати дипломатӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан дар бораи амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори он ки боиси риоя нагардидани принсипи ягонагии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷро нагардидани ӯҳдадории байнамилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё вайрон кардани тартиби муқарраршуда нисбат ба нақши роҳбарикунандаи Вазорат дар таъмини самти ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, гузориш диҳад;

- дар ҳолате, ки фаъолияти намояндагони (намояндагиҳои) мақомоти ҳокимияти иҷроия, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар хориҷи кишвар ба тартиби муқарраргардида мухолифат кунад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таклифҳои мувофиқ пешниҳод намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба таъсис, аз нав ташкил кардан, барҳам додани ташкилотҳои тобеи Вазорат, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони онҳоро ҳал намояд;

- маблағеро, ки аз намудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда бо тартиби муқараргардида ба даст меорад, истифода барад;

- аз дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо, маълумот, ахбор ва маводи вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба ваколати Вазоратро талаб намояд;

- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ тадқиқотҳо гузаронад.

3. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввал ва муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва иҷрои функсияҳои худ масъул мебошад.

8. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ба фаъолияти Вазорат роҳбарӣ намуда, низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ менамояд, салоҳияти шахсони мансабдори Вазоратро муайян менамояд;

- фармонҳо, амрҳо ва дастурамал қабул намуда, оид ба масъалаҳои фаъолияти дастгоҳи марказии Вазорат, муассисаҳои хориҷӣ, мақомоти намояндагии минтақавии Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад;

- бо тартиби муқарраргардида дар бораи таъин ва озод намудани сафирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ ва намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ), дар бораи таъин ва ё озод намудани роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуфтушунидҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба намояндагӣ намуда, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;

- эътиборномаҳои таъин ва бозхостани Сафирҳо ва Фиристодаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар, тасдиқномаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйид намуда, ваколатномаҳо барои имзои шартномаҳо ва иштироки намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, конференсияҳои байналмилалӣ ва гуфтушунидҳо тасдиқ ва имзо мекунад, ваколатномаи Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва патентҳои консулиро имзо мекунад;

- намояндагони дипломатии ки нияти супоридани эътиборномаҳоро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта, ҳамчунин ваколатномаи Кордорҳоро қабул мекунад;

- бо мувофиқаи идораҳои дахлдор доираи фаъолияти ҳавзаҳои консулӣ, консулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва консулони хориҷиро дар қаламравии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба консулҳои хориҷӣ экзекватура медиҳад;

- Вазоратро дар робитаҳои байниҳамдигарӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ намояндагӣ мекунад;

- Руйхати штати муассисаҳои хориҷиро дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат ва шумораи кормандон, инчунин сметаи хароҷоти нигоҳдори муассисаҳои хоричӣ дар доираи маблағҳои аз буҷет ҷудонамуда тасдиқ мекунад;

- дар доираи ваколати худ кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ, инчунин дигар кормандони дар системаи Вазорат бударо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида кормандонро ба мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, мукофотҳои идоравиро тасдиқ ва инъом мекунад, дигар намудҳои хавасамандкуниро амалӣ мегардонад;

- бо тартиби муқарраргардида рутбаҳои дипломатӣ аз вобаста то мушовири дараҷаи 1 медиҳад, ҳамчунин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи I-II пешниҳод ирсол менамояд;

- дигар ҳуқуқҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

9. Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушовара дар ҳайати 7 нафар ташкил карда мешавад, ки ба он Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ (аз рӯи вазифа), инчунин дигар роҳбарони сохтории Вазорат дохил мегарданд.

Шумора ва ҳайати мушовараи Вазорат, ба истиснои онҳое, ки аз рӯи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик карда мешаванд.

Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Вазоратро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул мекунад.

Қарорҳои ҳайати мушовара бо овозҳои аксарияти аъзои он дар шакли қарор қабул гардида, аз рӯи қоида, бо фармони Вазир татбиқ карда мешаванд. Дар ҳолати ихтилоф байни Вазир ва ҳайати мушовара, Вазир қарори худро дар амал татбиқ намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

4. Муқаррароти хотимавӣ

10. Ба мақсади таҳия намудани пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон метавонад шӯроҳои илмӣ-машваратӣ, методӣ ва экспертӣ таъсис диҳад.

Ҳайати шӯроҳо ва низомномаҳои онҳоро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Масъалаҳои ташкилию техникии фаъолияти шӯроҳои зикршударо дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон амалӣ менамояд.

11. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида маҷалла, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои чопӣ оид ба масъалаҳои ба фаъолияташ дахлдорро нашр менамояд.

12. Маблағгузории хароҷоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пули миллӣ ва асъори хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбиншуда амалӣ мегардад.

13. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо номгӯи худ, мӯҳр ва штампҳои дахлдор, суратҳисоб дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо асъори хориҷӣ дорад.

14. Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, динӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба истиснои иттифоқҳои касаба таъсис дода намешаванд.

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №593

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 мая 2006 года №190

Положение Министерства иностранных дел Республики Таджикистан

1. Общее положение

1. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан является органом исполнительной власти, осуществляющим государственное управление в области отношений Республики Таджикистан с иностранными государствами и международными организациями. В своей деятельности Министерство иностранных дел Республики Таджикистан непосредственно подчиняется Правительству Республики Таджикистан.

2. В своей деятельности Министерство иностранных дел Республики Таджикистан руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, Концепцией внешней политики Республики Таджикистан, настоящим Положением, а также международными договорами Республики Таджикистан.

3. В систему Министерства иностранных дел Республики Таджикистан входят дипломатические представительства и консульские учреждения Республики Таджикистан, представительства Республики Таджикистан при международных (межгосударственных, межправительственных и региональных) организациях (далее именуемые - загранучреждения), территориальные органы - представительства Министерства на территории Республики Таджикистан, а также подведомственные ему предприятия, учреждения и организации на территории Республики Таджикистан, созданные для обеспечения деятельности Министерства (далее именуемые - организации, находящиеся в ведении Министерства).

2. Основные задачи и функции Министерства иностранных дел Республики Таджикистан

4. Основными задачами Министерства иностранных дел Республики Таджикистан являются:

- разработка общей стратегии внешней политики Республики Таджикистан и представление соответствующих предложений Президенту Республики Таджикистан;

- реализация внешнеполитического курса Республики Таджикистан, содействие осуществлению укреплению международного авторитета Республики Таджикистан;

- контроль и координация международной деятельности других органов исполнительной власти Республики Таджикистан в целях проведения единой политической линии Республики Таджикистан в отношениях с иностранными государствами и международными организациями;

- содействие согласованному взаимодействию органов исполнительной власти с органами законодательной и судебной власти с тем, чтобы участие этих органов, их должностных лиц в международной деятельности обеспечивало соблюдение принципа единства внешней политики Республики Таджикистан и выполнение международных обязательств Республики Таджикистан;

- обеспечение дипломатическими средствами защиты суверенитета, безопасности, территориальной целостности, нерушимости границ, экономических и других интересов Республики Таджикистан во взаимоотношениях с иностранными государствами и международными организациями;

- защита прав и интересов граждан и юридических лиц Республики Таджикистан за рубежом;

- обеспечение дипломатических и консульских отношений Республики Таджикистан с иностранными государствами, сношений с международными и региональными организациями;

- руководство деятельности дипломатических и консульских представительств за рубежом и представительств Республики Таджикистан при международных и региональных организациях;

- наблюдение за ходом выполнения международных договоров Республики Таджикистан;

- принятие мер для соблюдения относящихся к международным отношениям законов и других нормативных актов Республики Таджикистан;

- обобщение и разработка предложений по совершенствованию законодательства Республики Таджикистан в области международных отношений;

- рассмотрение вопросов правового положения иностранных граждан на территории Республики Таджикистан;

- ориентация центральных органов печати, радио и телевидения, легализация деятельности средств массовой информации иностранных государств на территории Республики Таджикистан, проведение прессконференции и других видов работ с представителями иностранной прессы в целях их информирования по вопросам внешней политики Республики Таджикистан;

- содействие развитию связей и контактов с соотечественниками, проживающими за рубежом.

5. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан в соответствии с возложенными на него задачами:

- представляет Республику Таджикистан в сношениях с иностранными государствами и международными организациями;

- содействует повышению роли Республики Таджикистан как члена международного сообщества в решении глобальных и региональных проблем;

- реализует стратегию международной политики Республики Таджикистан;

- разрабатывает и представляет в установленном порядке Президенту Республики Таджикистан и в Правительство Республики Таджикистан предложения по вопросам отношении Республики Таджикистан с иностранными государствами и международными и региональными организациями на основе анализа информации по всему комплексу двусторонних и многосторонних отношений и международных проблем;

- разрабатывает проекты международных договоров Республики Таджикистан, подготавливает предложения о заключении, выполнении, прекращении и приостановлении действия договоров и в установленном порядке вносит эти предложения на рассмотрение Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан;

- ведет переговоры с иностранными государствами и международными и региональными организациями;

- осуществляет общее наблюдение за выполнением международных договоров Республики Таджикистан, участвует в подготовке предложений по приведению законодательства Республики Таджикистан в соответствие с ее международно-правовыми обязательствами;

- участвует в разработке политики и конкретных мероприятий по обеспечению прав и свобод граждан Республики Таджикистан, ее обороны и безопасности, а также расширению торгово-экономических и финансовых связей, научно - технических, культурных и других обменов Республики Таджикистан с иностранными государствами и международными и региональными организациями;

- обеспечивает участие Республики Таджикистан в деятельности Организации Объединенных Наций, Организации по Безопасности и Сотрудничеству в Европе, Содружества Независимых Государств, и других международных и региональных организаций, конференции, форумов, содействует повышению роли Республики Таджикистан как члена мирового сообщества в решении глобальных и региональных проблем;

- обеспечивает необходимые условия для функционирования центрального аппарата, загранучрежденнй, территориальных органовпредставительств Министерства на территории Республики Таджикистан, организаций, находящихся в ведении Министерства;

- вносит в установленном порядке Президенту Республики Таджикистан и в Правительство Республики Таджикистан предложения по организационным, финансовым и другим вопросам, связанным с его деятельностью;

- дает согласие заинтересованным органам исполнительной власти на распространение официальной информации по вопросам, касающимся внешнеполитического курса Республики Таджикистан, включая опубликование дат предстоящих визитов руководителей государства за границу и руководителей иностранных государств и международных организаций в Республику Таджикистан, а также на освещение хода визитов;

- осуществляет правовое обеспечение и координацию, на территории Республики Таджикистан деятельности средств массовой информации иностранных государств;

- содействует распространению за рубежом информации о внешней и внутренней политике Республики Таджикистан, социально - экономической, культурной и духовной жизни страны;

- принимает участие в протокольном обеспечении межгосударственных обменов на высшем и высоком уровне, а также осуществляет контроль за соблюдением дипломатических и консульских привилегий и иммунитетов;

- содействует осуществлению межпарламентских и других внешних связей Маджлиси Оли Республики Таджикистан;

- информирует загранучреждения по вопросам внешней и внутренней политики;

- обеспечивает функционирование единой государственной системы регистрации и учета международных договоров Республики Таджикистан;

- обеспечивает постоянное хранение подлинников (заверенных копий, официальных переводов) международных договоров Республики Таджикистан, материалов архивов внешней политики Республики Таджикистан, учет и использование документов, находящихся в них на постоянном хранении;

- осуществляет кадровое обеспечение центрального аппарата, загранучреждений, представительств Министерства на территории Республики Таджикистан, организаций, находящихся в ведении Министерства, организует подготовку, переподготовку и повышение квалификации кадров дипломатической службы;

- организует на территории Республики Таджикистан и за рубежом консульскую работу, оказывает в установленном порядке консульские, информационно - консультационные и иные виды услуг;

- осуществляет в соответствии с нормами международного права защиту прав и интересов соотечественников, проживающих за рубежом;

- оформляет в установленном порядке паспортно-визовую документацию;

- заверяет в установленном порядке подписи должностных лиц Республики Таджикистан на документах, предназначенных к отправке за границу, и осуществляет легализацию в необходимых случаях иностранных документов;

- обеспечивает осуществление дипломатическо-курьерской связи использованием мер и средств по охране дипломатической почты при транспортировке;

- в пределах своей компетенции участвует в процессе рассмотрения вопросов гражданства;

- в целях обеспечения выполнения международных обязательств Республики Таджикистан оказывает содействие функционированию иностранных дипломатических и консульских представительств на территории Республики Таджикистан;

- взаимодействует с органами государственной власти Республики Таджикистан, органами местного самоуправления, общественными объединениями;

- осуществляет контроль за соблюдением Государственного протокола государственными органами Республики Таджикистан при проведении внутригосударственных и международных мероприятий Республики Таджикистан;

- участвует в работе правительственных комиссий, на которые возложено решение вопросов, затрагивающих компетенцию Министерства;

- принимает в пределах своей компетенции совместно с соответствующими органами исполнительной государственной власти меры по обеспечению безопасности и охраны загранучреждений, их сотрудников и членов их семей;

- принимает в установленном порядке совместно с соответствующими органами исполнительной государственной власти меры по обеспечению частичной или полной эвакуации загранучреждений, их сотрудников, специалистов и других граждан Республики Таджикистан в случае возникновения чрезвычайной ситуации в стране пребывания;

- издает в пределах своей компетенции инструкции и правила по всей совокупности вопросов внешних сношений, обязательные для всех министерств и ведомств, организации и граждан, а также проверяет их исполнение;

- организует, осуществляет и обеспечивает в пределах своей компетенции безопасность шифровальных работ и связи, а также режим секретности в Министерстве и загранучреждениях;

- оказывает содействие в обеспечении необходимыми производственными, жилищными и культурно-бытовыми условиями для работников системы Министерства;

- рассматривает письма (заявления и жалоб) граждан, контролирует вопрос своевременного и объективного решения поставленных в них вопросов, касающихся деятельности Министерства;

- выполняет другие функции, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.

6. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан для выполнения возложенных на него задач имеет право:

- получать в установленном порядке от органов государственной власти Республики Таджикистан, органов местного самоуправления, а также предприятий, учреждений и организаций, независимо от их организационно - правовых форм и ведомственной подчиненности, документы, справочные и иные материалы, необходимые для решения вопросов, входящих в компетенцию Министерства;

- передавать в установленном порядке информацию указанным органам, предприятиям, учреждениям и организациям;

- вести дипломатическую переписку (в том числе направление меморандумов, памятных записок и т.п.) с иностранными посольствами, миссиями и консульствами на территории Республики Таджикистан. Другие министерства и ведомства с соблюдением положений настоящего пункта через Министерство иностранных дел Республики Таджикистан ведут переписку путем обмена письмами;

- осуществлять мониторинг за соответствием законодательству Республики Таджикистан и международно-правовым нормам проектов международных договоров Республики Таджикистан;

- вносить в установленном порядке на рассмотрение Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан проекты нормативно-правовых актов по вопросам внешней политики и дипломатической службы;

- информировать Президента Республики Таджикистан и Правительству Республики Таджикистан о действиях органов государственной власти и должностных лиц, влекущих за собой несоблюдение принципа единства внешней политики Республики Таджикистан или невыполнение международных обязательств Республики Таджикистан или нарушение установленного порядка осуществления Министерством координирующей роли в проведении единой внешнеполитической линии Республики Таджикистан;

- в случае, если деятельность представителей (представительств) органов исполнительной власти, государственных учреждений, организаций и предприятий за рубежом противоречит установленному порядку представлять соответствующие предложения Президенту Республики Таджикистан и в Правительство Республики Таджикистан;

- решать в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан, вопросы создания, реорганизации и ликвидации организаций, находящихся в ведении Министерства, назначения на должность и освобождения от должности их руководителей;

- использовать в установленном порядке средства, получаемые от разрешенных видов деятельности;

- запрашивать от других министерств и ведомств, независимо от их организационно-правовых форм и ведомственной подчиненности, информацию, сведения и материалы, необходимые для решения вопросов, входящих в компетенцию министерства;

- поручать по согласованию с соответствующими министерствами и ведомствами, научно-исследовательским учреждениям Академии наук Республики Таджикистан проведения отдельных исследований по внешнеполитическим вопросам.

3. Министр иностранных дел Республики Таджикистан

7. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан возглавляет Министр, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Президентом Республики Таджикистан.

Министр иностранных дел Республики Таджикистан имеет первого заместителя, заместителей, назначаемых на должность и освобождаемых от должности Правительством Республики Таджикистан.

Министр иностранных дел Республики Таджикистан несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Министерство задач и осуществление им своих функций.

8. Министр иностранных дел Республики Таджикистан:

- руководит деятельностью Министерства, утверждает положения о структурных подразделениях центрального аппарата Министерства, определяет компетенцию должностных лиц Министерства;

- издает приказы, распоряжения и инструкции, дает указания по вопросам деятельности центрального аппарата Министерства, загранучреждений, территориальных органов - представительств Министерства на территории Республики Таджикистан;

- вносит в установленном порядке предложения о назначении или об отзыве послов Республики Таджикистан в иностранных государствах и представителей Республики Таджикистан при международных (межгосударственных, межправительственных) организациях, о назначении или об освобождении глав государственных и правительственных делегаций Республики Таджикистан по переговорам;

- представляет Республику Таджикистан на двусторонних и многосторонних переговорах, по поручению Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан подписывает международные договоры Республики Таджикистан;

- скрепляет верительные и отзывные грамоты Послов и Посланников Республики Таджикистан за границей, ратификационные грамоты международных договоров Республики Таджикистан, скрепляет или подписывает полномочия на подписание договоров и на участие представителей Республики Таджикистан на сессиях Генеральной Ассамблеи ООН и других органов Организации Объединенных Наций, международных конференциях и переговорах, подписывает полномочия Поверенных в Делах Республики Таджикистан и консульские патенты;

- принимает прибывающих дипломатических представителей в связи с предстоящим вручением ими своих верительных грамот Президенту Республики Таджикистан, а также принимает полномочия Поверенных в Делах;

- утверждает по согласованию с заинтересованными ведомствами консульские округа, консулов Республики Таджикистан за границей и иностранных консулов на территории Республики Таджикистан, выдает иностранным консулам экзекватуры;

- представляет Министерство во взаимоотношениях с органами государственной власти Республики Таджикистан, органами государственной власти иностранных государств, а также с международными и региональными организациями;

- утверждает штатное расписание загранучреждений в пределах установленных фонда оплаты труда и численности работников, а также смету расходов на содержание загранучреждений в пределах выделенных бюджетных ассигнований;

- в пределах своей компетенции назначает на должность и освобождает от должности руководящих работников центрального аппарата Министерства и загранучреждений, а также других работников системы Министерства;

- представляет в установленном порядке работников к награждению государственными наградами Республики Таджикистан и присвоению почетных званий Республики Таджикистан, учреждает ведомственные награды и награждает ими, применяет иные виды поощрения;

- в установленном порядке присваивает дипломатические ранги от атташе до советника 1 класса включительно, а также представляет Президенту Республики Таджикистан ходатайства о присвоении дипломатических рангов Чрезвычайного и Полномочного Посла, Чрезвычайного и Полномочного Посланника 1 и 2 класса;

- осуществляет другие права в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

9. В Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан формируется коллегия в составе 7 человек - Министра (председатель коллегии), его заместителей (по должности), а также других руководящих работников системы Министерства.

Численность и персональный состав коллегии Министерства, кроме лиц, входящих в ее состав по должности, утверждаются Правительством Республики Таджикистан.

Коллегия рассматривает наиболее важные вопросы деятельности Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и принимает соответствующие решения.

Решения коллегии принимаются большинством голосов ее членов в форме постановлений и проводятся в жизнь, как правило, приказами Министра. В случае разногласий между Министром и коллегией, Министр проводит в жизнь свое решение, докладывая в установленном порядке о возникших разногласиях Президенту Республики Таджикистан или в Правительство Республики Таджикистан.

4. Заключительные положения

10. В целях выработки научно обоснованных предложений по вопросам внешней политики Республики Таджикистан Министерство иностранных дел Республики Таджикистан может образовывать научно - консультативные, методические и экспертные советы.

Состав советов и положения о них утверждаются Министром иностранных дел Республики Таджикистан.

Организационно - техническое обеспечение деятельности указанных советов осуществляется центральным аппаратом Министерства иностранных дел Республики Таджикистан.

11. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке издает журналы, бюллетени и другие печатные издания по вопросам, относящимся к его деятельности.

12. Финансирование расходов Министерства иностранных дел Республики Таджикистан в национальной и иностранной валюте производится в установленном порядке за счет ассигнований, предусмотренных в государственном бюджете.

13. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и со своим наименованием, соответствующие печати и штампы, счета в учреждениях банков Республики Таджикистан, в том числе в иностранной валюте.

14. В соответствии с законодательством Республики Таджикистан в Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан не могут образовываться структуры политических партий, религиозных, общественных объединений, за исключением профессиональных союзов.