×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 170 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 993 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи фаъолияти аудиторӣ

Қонуни мазкур асосҳои умумӣ, ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ҷараёни амалӣ сохтани фаъолияти аудиториро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аудиторҳо ва ташкилотҳои аудиторӣ ба амал меоянд, ба танзим медарорад.

Моддаи 1. Фаъолияти аудиторӣ

1. Фаъолияти аудиторӣ, аудит ин фаъолияти соҳибкорӣ дар масъалаи санҷиши мустақилонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии (молиявии) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ (минбаъд - шахсони санҷишшаванда) мебошанд.

2. Ба доираи фаъолияти аудиторӣ ва аудит санҷиши баҳисобгирии муҳосибии муассисаҳои буҷетӣ дохил намешаванд.

3. Санҷиши аудиторӣ амалӣ намудани назорати давлатии эътимоднокии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ)-ро, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад, истисно намекунад.

4. Мақсади фаъолияти аудиторӣ изҳори ақида дар бораи эътимоднокӣ ва дараҷаи аниқии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ)-ро ифода менамояд, ки ба истифодабарандаи ҳисобот барои баровардани хулосаҳои дуруст дар бораи натиҷаҳои фаъолияти хоҷагӣ, вазъи молиявӣ ва моликияти шахсони санҷишшаванда имкон медиҳад.

5. Аудиторҳои инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, ки фаъолияти аудиториро ба амал мебароранд, хизматҳои зерини ба аудит дахлдорро расонида метавонанд:

- ташкил, барқарор сохтан ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ), маслиҳати муҳосибӣ;

- тартиб додани нақшаҳои дурнамои марбут ба андоз, машварати марбут ба андоз;

- таҳлили фаъолияти молиявии хоҷагии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, машваратҳои иқтисодӣ ва молиявӣ;

- машварати идорӣ, аз ҷумла такмили сохтори таркиби ташкилот;

- автоматиконии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ;

- баҳодиҳии нархи амвол;

- таҳия ва таҳлили барномаҳои сармоягузорӣ, таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ;

- иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти аудиторӣ, интишори натиҷаи онҳо;

- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таълим додани мутахассисон дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти аудиторӣ;

- расонидани дигар хизматҳо доир ба фаъолияти аудиторӣ.

6. Ба аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ машғул шудан ба ин ё он намуди фаъолияти соҳибкорӣ, ба ғайр аз гузаронидани аудит ва расонидани хизматҳои ба он дахлдор, манъ карда мешавад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти аудиторӣ

Иҷозатномадиҳии фаъолияти аудиторӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 4. Мақомоти ваколатдори танзими давлатии фаъолияти аудиторӣ

1. Мақомоти ваколатдори танзими давлатии фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ки он чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти аудиториро танзим менамоянд, қабул мекунад;

- стандартҳои фаъолияти аудиториро таҳия мекунад;

- аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ риоя намудани шарту талаботи иҷозатномавиро назорат менамояд;

- риоя намудани стандартҳои фаъолияти аудиториро аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотхои аудиторӣ зери назорат мегирад;

- ҳаҷм ва тартиби ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳисоботҳоро барои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ муайян менамояд;

- феҳристи бақайдгирии давлатии аудиторонеро, ки соҳиби аттестати тахассусӣ ва иҷозатнома мебошанд, пеш мебарад.

Моддаи 5 . Шартҳои асосии фаъолияти аудиторӣ

Шартҳои асосии фаъолияти аудиторӣ инҳо мебошанд:

- мустақилият;

- воқеият;

- салоҳияти касбӣ;

- махфӣ нигоҳ доштани натиҷаҳои аудит.

Моддаи 6. Аудитор

1. Аудитор шахси воқеиест, ки ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи мақомоте, ки танзими давлатии фаъолияти аудиториро иҷро менамояд (минбаъд - мақоми ваколатдор) ҷавоб дода, аттестати дахлдори тахассуси аудиторӣ дорад.

2. Аудитор ҳуқуқ дорад, ки фаъолияти аудиториро ба сифати аудитори инфиродӣ ё корманди ташкилоти аудиторӣ, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб шудааст, фаъолияташро бе ташкили шахси ҳуқуқӣ амалӣ намояд.

Моддаи 7. Намудҳои аудит

1. Фаъолияти аудиторӣ намудҳои санҷиши ҳатмӣ ва ташаббусиро дар бар мегирад.

2. Аудити ҳатмӣ - санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони ҳуқуқӣ мебошад. Аудити ҳатмӣ аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ гузаронида мешавад.

3. Бо аудити ҳатмии ҳарсола инҳо фаро гирифта мешаванд:

- бонкҳо;

- ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки шаклҳои алоҳидаи муомилоти бонкиро анҷом медиҳанд ва ташкилотҳое, ки ба хариду фурӯши коғазҳои қиматнок машғуланд;

- ҷамъияти саҳҳомии кушода;

- ташкилотҳои суғуртавӣ;

- фондҳои ҷамъиятӣ;

- субъектҳои монополияи табиӣ;

- биржаҳои молӣ ва фондӣ, фондҳои сармоягузорӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии дорои ҳуқуқи пешбурди хоҷагӣ.

4. Аудити ташаббусӣ бо ташаббуси субъектони санҷишшаванда бо назардошти вазифа, мӯҳлат ва ҳаҷми санҷиши мушаххас гузаронида мешавад, ки дар шартномаи байни шахсони санҷишшаванда ва аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ пешбинӣ карда шудааст.

5. Санҷиши аудитории шахсони санҷишшавандае, ки дар ҳуҷҷатҳои муҳосибии (молиявии) онҳо маълумоти дорои сирри давлатӣ мавҷуд аст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Моддаи 8. Ташкилоти аудиторӣ

1. Ташкилоти аудиторӣ - ташкилоти тиҷоратӣ буда, санҷишҳои аудиторӣ ва хизматҳои ба аудит дахлдорро амалӣ менамояд.

2. Ташкилоти аудиториро дар ҳар кадом шакли ташкили - ҳуқуқӣ таъсис додан мумкин аст, агар тарзи ташкилию ҳуқуқии он барои ташкилотҳои тиҷоратӣ ба истиснои ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода, кооперативҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ мувофиқат кунад.

3. Ташкилоти аудиторӣ фаъолияти худро оид ба гузаронидани аудит баъди гирифтани иҷозатнома бо тартибе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.

4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси талаботи ҳамин Қонун метавонанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои аудиторӣ ташкил намоянд ва ё ба сифати аудиторони инфиродӣ ба фаъолияти аудиторӣ машғул шаванд.

5. На кам аз 70 фоизи шумораи кормандони ташкилоти аудиторӣ бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон бошанд. Дар ҳолати роҳбари ташкилоти аудиторӣ будани шаҳрванди хориҷӣ бояд на кам аз 75 фоизи кормандони онро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд.

6. Аз миқдори умумии ҳайати кормандони ташкилоти аудиторӣ шумораи аудиторони соҳиби иҷозатнома бояд на кам аз 70 фоиз бошад. Ташкилотҳои аудиторӣ метавонанд шахсонеро, ки аттестати тахассусии аудиторӣ (ва иҷозатнома) барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти аудиторӣ надоранд, ба сифати ёрдамчии аудитор ба кор қабул намоянд.

Моддаи 9. Ҳуқуқҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ

1. Дар вақти гузаронидани санҷиши аудиторӣ аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ҳуқуқ доранд:

- мустақилона шакл ва методҳои гузаронидани аудитро муайян намоянд;

- тамоми ҳуҷҷатҳои муҳосибии ба фаъолияти молиявӣ - хоҷагии ташкилоти санҷишшаванда вобаста буда, инчунин мавҷудоти ҳақиқии ҳама гуна амволи дар ин ҳуҷҷатҳо нишондодашударо санҷида бароянд;

- аз шахсони мансабдори шахси санҷишшаванда тавзеҳот ва маълумотҳои барои санҷиши аудиторӣ заруриро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ дархост намоянд;

- дар сурати пешниҳод накардани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз тарафи шахсони санҷишшаванда ва дар рафти санҷиши аудиторӣ ошкор намудани ҳолатҳое, ки ба хулосаи ташкилоти аудиторӣ ё ин ки аудиторони инфиродӣ дар баҳо додани дараҷаи мукаммалии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони санҷишшаванда таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсир расонанд, аз гузаронидани санҷиши аудиторӣ ё ин ки ибрози ақида дар хулосаи аудиторӣ дар бораи саҳеҳии ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) даст кашад;

- мутахассисони дахлдорро ба истиснои онҳое, ки дар объекти санҷишшаванда кор мекунанд ё бо роҳбари корхона ягон робитаи хешу таборӣ ё ин ки манфиатҳои умумии молиявӣ доранд, дар асоси шартнома ба кор ҷалб намоянд;

- дигар ҳуқуқҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудааст ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур мухолиф нестанд, амалӣ намояд.

2. Ба фаъолияти аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ дахолати мақомоти давлатӣ, шахсони санҷишшаванда ва шахсони сеюм роҳ дода намешавад.

Моддаи 10. ӯҳдадориҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ

Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд:

- санҷиши аудиториро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун амалӣ намоянд;

- бо талаботи шахсони санҷишшаванда маълумоти заруриро доир ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дахл доранд, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки мулоҳиза ва хулосаҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ба он асос ёфтааст, пешниҳод намоянд;

- дар мӯҳлати муқаррарнамудаи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ хулосаҳои аудиториро ба шахсони санҷишшаванда ва ё ин ки ба шахсоне, ки бо онҳо шартномаи хизматрасонии аудиторӣ баста шудааст, супоранд;

- муҳофизати ҳуҷҷатҳоеро, ки дар рафти тафтишҳои аудиторӣ гирифта ва истифода карда шудаанд, таъмин намуда, мазмун ва моҳияти ин ҳуҷҷатҳоро бе розигии шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки ба онҳо шартномаи хизматрасонии аудиторӣ баста шудааст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ошкор насозанд;

- дигар ӯҳдадориҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, иҷро намоянд.

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд

1. Ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд, ҳуқуқ доранд:

- аз аудиторони инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ маълумотҳоро доир ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хулосаҳои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ба онҳо асос ёфтааст, дастрас намоянд;

- аз аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ дар мӯҳлати муайяннамудаи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ хулосаи аудиториро гиранд;

- дигар ҳуқуқҳоро дар асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, амалӣ намоянд.

2. Ҳангоми гузаронидани санҷиши аудиторӣ шахсони санҷишшаванда ва ё шахсоне, ки барои хизматрасонии аудиторӣ шартнома ба имзо расонидаанд, ӯҳдадоранд:

- бо ташкилотҳои аудиторӣ барои гузаронидани аудити ҳатмӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдор шартнома ба имзо расонанд;

- ба аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ барои сари вақт ва пурра гузаронидани санҷиши аудиторӣ шароит фароҳам оварда, ҳамкорӣ намоянд, ба онҳо маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гузаронидани аудит заруранд, пешниҳод намоянд, аз рӯи дархости шифоҳӣ ва хаттии аудиторон ё ин ки ташкилотҳои аудиторӣ дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ шарҳи мукаммал ва тасдиқкунанда диҳанд, инчунин аз шахсони сеюм маълумотҳои заруриро барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ дархост намоянд;

- бо мақсади маҳдуд намудани доираи масъалаҳое, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ бояд муайян карда шаванд, ҳеҷ гуна амалҳоро наандешанд;

- камбудиҳоеро, ки дар рафти санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудиторон доир ба тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ошкор карда шудаанд, ба таври таъҷилӣ бартараф намоянд;

- маблағи хизмати аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиториро мутобиқи шартномаи гузаронидани аудит, аз ҷумла дар ҳолатҳои хулосаи ҷамъбастии аудиторӣ ба нуқтаи назари шахсони санҷишшаванда мувофиқ набудан ва инчунин дар ҳолатҳои нопурра иҷро намудани хизматрасонии аудиторӣ аз тарафи аудиторон бо сабабҳои ба онҳо новобаста сари вақт пардохт намоянд;

- дигар ӯҳдадориҳое, ки дар асоси муносибатхои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муқаррар карда шудааст ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, иҷро намоянд.

3. Гузаронидани аудит шахсони санҷишшавандаро аз ҷавобгарии ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ набудани ҳисоботи муҳосибии (молиявии) пешниҳодшаванда ва дигар ҳуҷҷатҳо озод наменамояд.

Моддаи 12. Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ

1. Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ талаботи ягонаи тартиби амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, ба расмият даровардани натиҷаҳо ва назорати сифатнокии аудит, инчунин хизматҳои ба аудит дахлдор мебошад.

2. Стандартҳои фаъолияти аудиторӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Моддаи 13. Сирри аудиторӣ

1. Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд, ки сирри амалиёти шахсони санҷишшаванда ва шахсонеро, ки ба онҳо хизмати ба аудит дахлдорро расонидаанд, фош насозанд.

2. Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ вазифадоранд, ки махфияти маълумот ва ҳуҷҷатҳои гирифтаашон ё тартибдодаашонро зимни амалӣ сохтани фаъолияти аудиторӣ таъмин намоянд, онҳо ҳақ надоранд, ки маълумот ва ҳуҷҷатҳои зикршуда ё нусхаи онҳоро ба шахсони сеюм диҳанд ё бе розигии хаттии шахсони санҷишшаванда, ки фаъолияти аудиторӣ нисбати онҳо амалӣ карда мешавад, инчунин хизматҳои дахлдор расонида шудааст, фош намоянд, ба истиснои мавридҳое, ки ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

3. Мақомоти ваколатдор ва шахсони дигаре, ки аз маълумоти дорои сирри аудиторӣ воқифанд ӯҳдадоранд, ки мувофиқи ҳамин Қонун ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маълумотҳоро махфӣ нигоҳ доранд.

4. Ҳангоми фош карда шудани маълумоти дорои сирри аудиторӣ аз ҷониби аудиторони инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ мақомоти ваколатдор, инчунин шахсони дигаре, ки аз маълумоти дорои сирри аудиторӣ воқиф гардидаанд, шахси санҷишшаванда ва шахсе, ки ба он хизмати ба аудит дахлдор расонида шудааст, инчунин аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ дар асоси Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд аз шахси гунаҳкор ҷуброни зарари расонидашударо талаб намоянд.

Ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ қарордоштаи дорои маълумот оид ба амалиёти шахсони санҷишшавандае, ки бо онҳо дар бораи расонидани хизматҳои ба аудит дахлдор шартнома имзо шудаст, танҳо бо қарори суд ба шахсе, ки бо ҳамин қарор ваколатдор шудааст ё ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти онҳо пешниҳод карда мешавад.

Моддаи 14. Хулосаи аудиторӣ

1. Хулосаи аудиторӣ ҳуҷҷати расмие мебошад, ки барои истифодабарандагони ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахсони санҷишшаванда пешбинӣ гардида, мувофиқи стандартҳои фаъолияти аудиторӣ тартиб дода шудааст ва ақидаи аудиторони инфиродӣ ё ташкилоти аудиториро дар бораи эътимоднокии ҳисоботи муҳосибии (молиявии) шахси санҷишшаванда аз рӯи шакли муқарраршуда, мувофиқати тартиби пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода менамояд.

2. Шакл, мазмуну мундариҷа ва тартиби додани хулосаи аудиторӣ мувофиқи стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдор муайян карда мешаванд.

Моддаи 15. Мустақилияти аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ

1. Фаъолияти аудиторӣ дар мавридҳои зерин амалӣ карда намешавад:

- аз тарафи аудитороне, ки муассисони (ё иштирокчиёни) шахсони санҷишшаванда, роҳбарон, муҳосибон ва кормандони дигари онҳо буда, барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) масъул мебошанд;

- аз тарафи аудитороне, ки бо муассисони (ё иштирокчиёни) шахсони санҷишшаванда, шахсони мансабдори онҳо, муҳосибон ва кормандони дигар барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) масъул, хешу табор (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳари онҳо) мебошанд;

- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ, роҳбарон ва шахсони дигари мансабдори онҳо, ки муассисони (ё иштирокчиёни) шахсони санҷишшаванда мебошанд ва ё шахсони мансабдори онҳо, муҳосибон ва шахсони дигари барои ташкилу пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) масъуланд;

- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ, роҳбарон ва шахсони дигари мансабдори онҳо хешу табори наздики (падару модар, ҳамсар, бародар, хоҳар, фарзандон, инчунин бародарону хоҳарон, падару модарон ва фарзандони ҳамсарони) муассисони (иштирокчиёни) шахсони санҷишшаванда мебошанд ва ё шахсони мансабдор, муҳосибон ва шахсони дигари ба ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) масъуланд;

- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ нисбати шахсони санҷишшаванда, ки муассисони (иштирокчиёни) онҳо мебошанд, нисбати шахсони санҷишшаванда, ки барои онҳо ин ташкилоти аудиторӣ муассис (иштирокчӣ) мебошад, нисбати корхонаҳои фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои тобеи шахсони санҷишшавандаи зикршуда, инчунин нисбати ташкилотҳое, ки бо ин ташкилоти аудиторӣ муассисии (иштирокчии) умумӣ доранд;

- аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, ки дар давоми се сол бевосита аз санҷиши пештара дар бобати барқарор сохтан ва ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибӣ, инчунин тартиб додани ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ) ва пешбурди ҳисоботҳои муҳосибӣ (молиявӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - нисбати ин шахсон хизмат расонидаанд.

2. Тартиби пардохт ва ҳаҷми хизматонаи аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ барои гузаронидани аудит (аз ҷумла аудити ҳатмӣ) ва расондани хизматҳои аудитӣ мувофиқи шартномаҳои расондани хизматҳои марбута муайян карда мешавад ва набояд ба иҷрои ин ё он талаби шахсони санҷишшаванда дар бораи мазмуну мундариҷаи хулосаҳое вобаста карда шавад, ки дар натиҷаи санҷиш бароварда мешаванд.

Моддаи 16. Суғуртаи фаъолияти аудиторӣ

1. Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд, доир ба масъулияте, ки дар натиҷаи расонидани зарар (вайрон кардани шартҳои шартнома) ҳангоми амалӣ намудани аудит ба миён меоянд, шартномаи суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ ба имзо расонанд.

2. Суғуртаи ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Назорати сифати кори аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ

1. Аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ӯҳдадоранд, ки қоидаҳои назорати дохилии санҷишҳои гузарондаашонро муқаррар кунанд ва онҳоро риоя намоянд.

2. Низоми тафтиши сифати кори аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ, ки аз тарафи тафтишкунандагони берунӣ гузаронида мешавад, мақомоти ваколатдоре муқаррар менамояд, ки он метавонад чунин тафтишҳоро бо қувваи худ гузаронад, инчунин ҳуқуқи гузаронидани чунин тафтишҳоро ба ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) касбии аудиторӣ вогузорад.

3. Саркашӣ аз гузаронидани тафтиши берунии сифати кор ё ба тафтишкунандагон пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои барои тафтиш зарурӣ ё дигар маълумоти лозима метавонанд ҷиҳати боздоштани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти аудитории аудиторони инфиродӣ (роҳбари ташкилоти аудиторӣ) асос шавад.

4. Ҳангоми тафтиши берунии сифати кори аудиторҳои инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ ошкор гардидани ҳодисаҳои пайдарҳами вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё стандартҳои фаъолияти аудиторӣ аз тарафи аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ тафтишкунандагон вазифадоранд, ки дар бораи чунин ҳодисаҳо ба мақомоти ваколатдор хабар диҳанд. Шахсони ба чунин вайронкуниҳо гунаҳкор мумкин аст мувофиқи ҳамин Қонун то худи бекор кардани шаҳодатномаи тахассусӣ ва инчунин боздоштани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти аудитории онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Моддаи 18. Аттестатсияи фаъолияти аудиторӣ

Тартиби аттестатсияи фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 19. Асос ва тартиби бекор намудани аттестати тахассусии аудитор

1. Аттестати тахассусии аудитор дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад, агар:

- аттестати тахассусиро аз рӯи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифта бошад;

- ҳукми суд оиди пешбинӣ намудани ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати муайян эътибори қонунӣ пайдо карда бошад;

- талаботи моддаҳои 13 ва 15 Қонуни мазкур риоя нашуда бошад;

- талаботи муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит аз тарафи аудитор мунтазам вайрон шуда бошад;

- муқаррар шуда бошад, ки хулосаи аудиторӣ бе гузоранидани санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудитор имзо шуда бошад;

- дар мӯҳлати ду соли тақвимӣ паи ҳам аудитор бо фаъолияти аудиторӣ машғул нашуда бошад.

2. Қарор оид ба бекор намудани аттестати тахассусии аудитор аз тарафи мақомоти ваколатдор қабул карда мешавад. Мақомоти ваколатдор нисбати бекор намудани аттестати тахассусии аудитор қарори асоснок мебарорад.

3. Шахсе, ки аттестати тахассусиаш бекор карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз рӯи қарори қабулнамудаи мақомоти ваколатдор дар бораи бекор намудани аттестати тахассусии аудитор дар мӯҳлати се моҳ аз рӯзи қабули қарор ба суд шикоят намояд.

4. Шахсе, ки аттестати тахассусии ӯ бо асосҳои бандҳои 1, 3, 5 қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки такроран дар бораи гирифтани аттестат оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати се сол аз рӯзи қабул кардани қарор дар хусуси бекор намудани аттестати тахассусии аудитор бо ариза муроҷиат намояд.

5. Шахсе, ки аттестати тахассусии ӯ дар асоси банди 2 қисми 1 моддаи мазкур бекор карда шудааст, ҳуқуқ надорад, ки дар мӯҳлати пешбининамудаи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, дар бораи гирифтани аттестат оид ба ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ такроран бо ариза муроҷиат намояд.

Моддаи 20. Иттиҳодияи аудиторони касбӣ

Бо мақсади таъмини шароит барои фаъолияти аудиторӣ ва муҳофизати манфиатҳои касбии аъзоёни худ, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ метавонанд дар иттиҳоди аудиторони касбӣ, ки дар асоси ғайритиҷоратӣ амал менамояд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, муттаҳид шаванд.

Моддаи 21. Ҷавобгарии аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва шахсони санҷишшаванда

Аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва шахсони санҷишшаванда барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур дар рафти фаъолияти аудиторӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 22. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №10, моддаи 98; соли 1999, №12, моддаи 303) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

ш. Душанбе 

3 марти соли 2006 № 170