ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи геодезия ва харитасозӣ
(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 474)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ муқаррар менамояд ва баҳри фароҳам намудани шароит барои қонеъгардонии талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- геодезия - илм дар бораи омӯзиши шакл ва андозаи сатҳи замин, қисмҳои алоҳидаи он ба воситаи ченкунӣ, аксбардорӣ, инчунин коркарди онҳо, таҳияи харитаҳо, нақшаҳо, буриши амудӣ (профилҳо) ва усули истифодабарии ин натиҷаҳо ва мавод ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ, иқтисодӣ ва дигар эҳтиёҷот ;
- харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷиҳати таҳия, омӯзиш, саҳеҳкунӣ, навсозии маводи харитавӣ ва истифодаи ин мавод барои ҳар гуна мақсадҳо равона гардидааст ;
- фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолии марбут ба идоракунӣ ва иҷрои корҳои геодезию харитасозӣ ;
- корҳои геодезӣ ва харитасозӣ - ҷараёни офариниши маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, ҳуҷҷат ва маълумотҳо;
- фонди геодезӣ ва харитасозӣ - маҷмӯи мавод ва маълумоти дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ таҳия, саҳеҳ ва навшуда, ки барои истифодаи минбаъда нигоҳ дошта шудаанд ;
- маҳсулоти харитасозӣ- мавод бо нақшаи (тасвири) қитъаи хурди маҳал то сатҳи умумии замин, ки тавсифи онҳо имкон медиҳад тӯли тарафҳо, масоҳат, баландӣ, координатҳои нуқтаҳо, инчунин алоқамандӣ, хусусият ва асли ҷойгиршавии онҳо муайян карда шаванд ;
- маҳсулоти геодезӣ - натиҷаи ченакҳои геодезӣ, геодезияи астрономӣ, гравиметрӣ ва тарозасанҷӣ ;
- нуқтаҳои геодезӣ - нуқтаи сатҳи замин, ки мавқеи он дар системаи маълуми координатҳои нақшавӣ бо ченаки геодезӣ муайян карда мешавад ;
- нуқтаҳои геодезияи астрономӣ - нуқтаи сатҳи замин, ки координатҳои он бо ченакҳои геодезӣ ва мушоҳидоти астрономӣ муайян карда мешавад ;
- нуқтаи гравиметрӣ - нуқтаи ченаки қувваи ҷозибаи Замин ;
- шабакаи тарозавӣ - системаи нуқтаҳои сатҳи замин, ки баландии онҳо аз сатҳи баҳр бо тароза муайян шудааст;
- гравиметрия - ченаки қувваи ҷозибаи Замин ва тағйирёбии маконии вай бо мақсади муайян намудани шакли Замин ;
- топография - қисми геодезия, ки омӯзиши ҷуғрофӣ ва геометрии маҳал, инчунин усулҳои тасвири онро дар бар мегирад ;
- гидрография - тасвири дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва қитъаҳои ҷудогонаи онҳо бо тавсифи сифатӣ ва миқдорӣ;
- делимитатсия - муайяннамоии мавқеъ ва самти сарҳади давлатӣ бо тасвири ҷадвалӣ;
- демаркатсия - муқаррарнамоии хатти сарҳади давлатӣ дар маҳал;
- зонд - тадқиқоти қаблии боигариҳои табиӣ ба воситаи маводи наворҳои кайҳонӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи геодезия ва харитасозӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи геодезия ва харитасозӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз рӯи таъиноти корҳои иҷрошаванда амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ, ки натиҷаҳои онҳо аҳамияти умумидавлатӣ, байнисоҳавӣ доранд;
- корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ), ки зарурати гузаронидани онҳо аз рӯи эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои алоҳида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.
2. Ба корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ дохил мешаванд:
- муайянсозии параметрҳои шакли Замин ва майдони берунаи гравитатсионӣ;
- таҳия, навсозӣ ва нашри харитаҳои давлатии топографӣ ва нақшаҳо дар шакли аналогӣ (графикӣ), рақамӣ ва дигар шаклҳо, ки ба ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурӣ, мудофиавӣ, тадқиқоти илмӣ, таҳқиқот ва дигар масъалаҳои давлатӣ мусоидат мекунанд ;
- сохтан, тараққӣ додан ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои давлатии тарозавӣ ва геодезӣ, аз ҷумла шабакаҳои гравиметрии устувор ва дараҷаи якум, ки зичӣ ва дақиқии онҳо тартибдиҳии харитаҳои давлатии топографӣ ва нақшаҳо, ҳалли масъалаҳои умумидавлатӣ, марзӣ, маъмурӣ, илмӣ, тадқиқотӣ ва дигарҳоро таъмин менамоянд;
- тадқиқи фосилавии замин бо зонд бо мақсади таъмини фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;
- тадқиқоти геодинамикӣ дар асоси ченкуниҳои геодезӣ ва кайҳонӣ;
- ташкил кардан ва пешбурди фондҳои давлатӣ ва минтақавии харитасозию геодезӣ;
- ташкил кардан ва пешбурди шабакаҳои ҷуғрофии ахборотии таъиноти давлатӣ ва минтақавӣ;
- тарҳрезӣ, тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳои умумиҷуғрофӣ, сиёсию маъмурӣ, илмию маълумотӣ ва дигар харитаҳои мавзӯӣ ва атласҳои таъиноти байнисоҳавӣ, китобҳои таълимии харитасозӣ;
- гузаронидани корҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографӣ бо мақсади таъминоти мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографии делимитатсия, демаркатсия ва тафтиши гузариши хатти Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини метрологии корҳои геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ;
- стандартикунонии маҳсулоти топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин баҳисобгирии номгӯйҳои ҷуғрофӣ ;
- тадқиқи захираҳои табиӣ бо роҳи тадқиқи фосилавии Замин бо зонд;
- иҷрои корҳои тадқиқотӣ-илмӣ ва таҷрибавӣ-конструктории самтҳое, ки дар банди мазкур нишон дода шудаанд;
- ба тартиб андохтани кадастри давлатии нуқтаҳои аҳолинишин, биною иншоотҳо;
- ташкили истеҳсоли силсилавии техникаи геодезӣ ва харитасозӣ.
3. Ба корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ) дохил мешаванд:
- тартиб додан ва таҷдид намудани нақшаҳои топографӣ, ки барои таҳияи нақшаҳои генералии, қитъаҳои сохтмони иншоотҳои мухталиф, шабакаҳои зеризаминӣ ва иншоотҳо, васли бино ва иморатҳо ба қитъаҳои сохтмон, инчунин барои иҷрои корҳои дигари махсус нигаронида шудаанд;
- тартиб додан ва пешбурди шабакаҳои ҷуғрофии ахборотии таъиноти махсус;
- сохтани харитаҳои мавзӯӣ, нақша ва атласҳои таъиноти махсус дар шакли аналогӣ (графикӣ), рақамӣ ва дигар шаклҳо, нашри ин харита, нақша ва атласҳо ;
- корҳои геодезӣ, топографӣ, аэроаксбардорӣ ва дигар корҳои махсус ҳангоми кофтуковҳои муҳандисӣ, сохтмон ва истифодаи бино ва иншоотҳо, ҳадгузории заминҳо, заминсозӣ ва ба тартиб андохтани кадастри замин, дигар кофтуков ва корҳои махсус.
Моддаи 4. Субъект ва объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ (минбаъд субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
2. Объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, обҳои дохилӣ ва фазои кайҳонӣ, аз ҷумла ҷирмҳои табиии осмонӣ ба ҳисоб мераванд.
БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА АМАЛӢ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ГЕОДЕЗӢ ВА ХАРИТАСОЗӢ
Моддаи 5. Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ салоҳият дорад, ки шартномаҳои байналмилалиро оид ба делимитатсия ва демаркатсия вобаста ба масъалаҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ иборат аст аз:
- таҳияи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба муайян намудан ва тағйир додани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи ҳуҷҷатҳо доир ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маблағгузории иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозии аҳамияти давлатӣ, инчунин корҳои геодезӣ ва харитасозии аҳамияти махсус (соҳавӣ) дошта ;
- муқаррар намудани системаҳои ягонаи давлатии координатҳо, баландиҳо, ченакҳои гравиметрӣ, инчунин силсилаи миқёсии харитаҳо ва нақшаҳои давлатии топографӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ.
Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ
Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ иборат аст аз:
- таъмин намудан бо маводҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографӣ барои тайёр намудани шартномаҳои байналмилалӣ доир ба муайян сохтан ва тағйир додани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани корҳо ва тайёр намудани маълумотҳои геодезӣ ва ҳуҷҷатҳои харитасозӣ роҷеъ ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалисозии функсияҳои иҷроиявӣ, тақсимотӣ, иҷозатдиҳӣ ва назоратӣ;
- гузаронидани мониторинги иншоотҳои дорои аҳамияти давлатӣ;
- ба тартиб андохтани кадастри давлатии нуқтаҳои аҳолинишин, бино ва иншоотҳо;
- таҳқиқи захираҳои табиӣ бо роҳи таҳқиқи фосилавии замин бо зонд;
- ба ҳисоб гирифтани нуқтаҳои давлатии геодезӣ ва таҳти назорат гирифтани амнияти онҳо;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳо доир ба ошкоргардонии сирри маводҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои муқаррар сохтани системаҳои ягонаи давлатӣ, координатҳо, баландиҳо, ченакҳои гравометрӣ, инчунин силсилаи миқёсии нақша ва харитаҳои давлатии топографӣ;
- ҳалли баҳсҳо ҳангоми гузаронидани корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ;
- таҳти назорат гирифтани сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ;
- таҳия ва бо тартиби муқарраршуда барои тасдиқ пешниҳод намудани андозаи ҷаримаҳо ҷиҳати қонуншиканиҳо дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ.
Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ стандартикунонии маҳсулотро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, инчунин тартиби ташкили корҳои геодезӣ ва харитасозӣ, талаботи техникӣ ба онҳо, меъёру қоидаҳои иҷрои онҳоро муқаррар намуда, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ тасдиқ мегардад.
2. Риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ барои ҳамаи субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ҳатмӣ буда, баҳри стандартикунонӣ, танзими давлатии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ муқаррар карда шуда ва барои гузаронидани санҷишҳо, амалӣ намудани назорати давлатии геодезӣ оид ба фаъолияти геодезию харитасозӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои баҳснок асос ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 9. Таъминоти метрологии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
Таъминоти ягонагии ченкуниҳои геодезӣ, амалисозии фаъолият оид ба озмоиши воситаҳои ченкунии геодезӣ, иштирок дар корҳои стандартикунонии воситаҳои мазкур, ташкил ва иҷрои корҳои сертификатсиякунонии ҳатмии маҳсулоти геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ, муқаррар кардани назорати метрологӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ба ӯҳдаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошанд ва аз ҷониби он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартикунонӣ, метрология ва сертификатсия дар доираи салоҳияташ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 10. Маблағгузории фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозии барои эҳтиёҷоти давлат зарурӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
2. Фармоишгари давлатии корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, вале фармоишгари корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ) мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
3. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозии барои дигар талаботи зарурӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фармоишгари маҳсулоти геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ мебошанд, маблағгузорӣ карда мешавад.
4. Субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ, ки фармоишгар ва (ё) иҷрокунандаи корҳои геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ ба ҳисоб рафта, мувофиқан аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, вазифадоранд ҳуҷҷат ва маълумотҳои геодезию харитасозии пештар гирдовардашударо истифода баранд.
Моддаи 11. Фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маводу маълумотҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ, гидрографӣ, наворҳои аэрокайҳонӣ, гравиметрӣ, аз ҷумла дар шакли рақамӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ба даст омадаанд ва дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва ташкилотҳои тобеи ин мақоми давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
2. Маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таркиби амволи ташкилотҳои хусусишаванда ворид карда намешаванд.
3. Дар таркиби фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатӣ, фондҳои геодезӣ ва харитасозии соҳавӣ дохиланд.
4. Фондҳои давлатии геодезӣ ва харитасозӣ мавод ва маълумотҳои аҳамияти умумидавлатӣ ва байнисоҳавии дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо дар бар мегиранд ва дар ихтиёри мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошанд. Фондҳои геодезӣ ва харитасозии мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиа дар ихтиёри ӯ мебошанд.
5. Фондҳои соҳавии геодезӣ ва харитасозӣ мавод ва маълумотҳои таъиноти махсуси (соҳавии) дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо дар бар мегиранд ва дар ихтиёри мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
6. Низомномаҳои фондҳои давлатӣ ва соҳавии геодезӣ ва харитасозӣ, феҳрасти маводу маълумотҳои ба он воридшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
7. Маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқарраргашта ба таркиби Фонди бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб дониста шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
8. Барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон музд ситонида мешавад, ки он хароҷоти ташкилу нигоҳдорӣ ва расонидани ин маводу маълумотҳо, инчунин хизматонаи ҷудо карда гирифтани маводу маълумотҳои мазкур ва тайёр намудани нусхаҳои онҳоро дар бар мегирад.
9. Маблағи барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонидашуда, барои ташкил ва идораи фондҳои геодезӣ ва харитасозӣ истифода мешавад.
10. Ба шахсони сеюм додани мавод ва маълумотҳои аз фонди геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва нусхабардорӣ намудани онҳо бе иҷозати мақоми дахлдор, ки ин маводу маълумотҳоро ихтиёрдорӣ менамоянд, манъ аст.
11. Дастрасӣ барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти сирри давлатианд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ сурат мегирад.
12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд як нусха аз маводу маълумотҳои геодезӣ ва харитасозии таҳиянамудаи худро беподош ба фондҳои дахлдори геодезӣ ва харитасозӣ бо нигоҳдории ҳуқуқҳои муаллифӣ супоранд.
13. Назорати давлатии геодезии ба фондҳои дахлдори геодезӣ ва харитасозӣ супоридани маводу маълумотҳои геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи ин маводу маълумотҳо, инчунин тартиб додани номгӯи давлатии фондҳои сохтории геодезӣ ва харитасозӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошад.
14. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - истифодабарандагони маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:
- ҳуҷҷату маълумотҳои барои истифодаи муваққатӣ гирифтаашонро эҳтиёт намоянд ва дар мӯҳлати муайяншуда баргардонанд;
- ахбороти сирри давлатидоштаи ҳуҷҷату маълумотҳои мазкурро фош накунанд.
15. Корҳои ташкил ва идораи фондҳои геодезӣ ва харитасозӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ аз ҳисоби маблағи буҷети дахлдор ва пардохтҳо барои истифодаи маводу маълумотҳои ин фондҳо маблағгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 12. Ҳуқуқи муаллифӣ ба маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ
Масъалаҳои ҳуқуқи муаллифӣ ба маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ, аз ҷумла топографӣ, гидрографӣ ва наворҳои аэрокайҳонӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд .
Моддаи 13. Моликияти давлатӣ ба маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ
Маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, аз ҷумла маводу маълумотҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ, гидрографӣ, наворҳои аэрокайҳонӣ ва гравиметрии дар натиҷаи фаъолияти геодезию харитасозӣ ба даст овардашуда, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ амалӣ гардидааст, инчунин маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатӣ ҳисобида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
Моддаи 14. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад.
2. Иҷозатнома барои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.
Моддаи 15. Назорати геодезии давлатӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Назорати геодезии давлатӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ анҷом дода мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ ҳангоми назорати давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки:
- рафъи қонуншиканиҳоро дар ташкил ва иҷрои корҳои геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин ҷамъ овардан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, истифода намудани маводу маълумотҳои дар рафти иҷрои корҳои номбаршуда ё наворҳои аэрокайҳонӣ ба даст овардашударо талаб намояд;
- дар мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, инчунин дар дигар ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима доир ба масъалаҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо тартиби муайяншуда шинос шавад;
- бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон барои амалӣ гардонидани вазифаҳои аз тарафи Қонуни мазкур пешбинишуда маълумот гирад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ вазифадор аст, ки ба субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ доир ба маҳалли таҳқиқшудаи қитъаҳои корҳои ба нақша гирифташуда маълумоти дахлдор диҳад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати асоснокии додани иҷозатномаҳои дахлдор масъулият ба зимма дорад.
5. Низомнома оид ба назорати давлатии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 16. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо мақсади таъмини мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо мақсади таъмин намудани мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти дахлдор дар доираи салоҳияти онҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 17. Додани иттилоот оид ба иншоотҳои маҳал
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии молики иттилоот оид ба иншоотҳои маҳал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд дар харитаҳои ҷуғрофӣ, топографӣ ва дигар харитаю нақшаҳо инъикос ёбанд, бо талаби таҳиягарони харитаҳои ҷуғрофӣ, топографӣ ва дигар харитаю нақшаҳо ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ нусхаҳои ҳуҷҷатҳоеро, ки чунин иттилоотро доранд, ба онҳо медиҳанд.
Мақомоти дар моддаи мазкур номбаршуда ва таҳиягарон арзиши нусхабардорӣ ва оварда расонидани ҳуҷҷатҳои мазкурро пардохт менамоянд.
Моддаи 18. Ҳифзи нуқтаҳои шабакаҳои давлатии геодезӣ
1. Нуқтаҳои геодезияи астрономӣ, геодезӣ, тарозавӣ ва нуқтаҳои гравиметрӣ, аломатҳои рӯизаминӣ ва марказҳои ин нуқтаҳо (минбаъд нуқтаҳои геодезӣ) ва дигар иншоотҳои муҳандисии аз ҳисоби Буҷети давлатӣ сохташуда моликияти давлатианд ва таҳти муҳофизати давлатӣ мебошанд.
2. Кӯчонидани аломатҳои беруна ё аз нав поягузорӣ кардани марказҳои нуқтаҳои геодезӣ танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатии соҳаи геодезия ва харитасозӣ амалӣ карда мешавад.
3. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки дар онҳо нуқтаҳои геодезӣ ҷойгиранд, бояд мақоми ваколатдори давлатии соҳаи геодезия ва харитасозиро аз ҳамаи ҳолатҳои осеб дидан ё барҳам додани нуқтаҳои геодезӣ огоҳ намоянд, инчунин имконияти ба нуқтаҳои геодезӣ роҳ ёфтанро ҳангоми иҷрои корҳои геодезӣ ва харитасозӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам созанд.
4. Ҷудо намудани қитъаҳои замин барои дар онҳо ҷойгир кардани нуқтаҳои геодезӣ мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад .
5. Қоидаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ ва ҳифзи нуқтаҳои геодезӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд .
Моддаи 20. Ҷуброни зарари дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ расида
Зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз амали (беамалии) ғайриқонунӣ ба моликияти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ расидааст, аз тарафи шахси гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
3 марти соли 2006 № 172
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи геодезия ва харитасозӣ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ муқаррар менамояд ва баҳри фароҳам намудани шароит барои қонеъгардонии талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- геодезия - соҳаи муносибатҳоест, ки дар ҷараёни фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ нисбат ба муайянсозии шакл, андоза, майдони гравитатсионии замин, координатҳои нуқтаҳои сатҳи заминӣ ва тағйирёбии онҳо дар вақт ба вуҷуд меояд;
- харитасозӣ - соҳаи муносибатҳоест, ки дар ҷараёни фаъолияти илмӣ, техникӣ ва истеҳсолӣ оид ба омӯзиш, офариниш ва истифодаи маҳсулоти харитасозӣ, ки қисми асосии онҳо тасвирҳои харитасозӣ мебошанд, ба вуҷуд меоянд;
- фаъолият дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ - фаъолияти илмӣ, техникӣ, истеҳсолӣ ва идоракунӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ;
- корҳои геодезӣ ва харитасозӣ - ҷараёни офариниши маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, ҳуҷҷат ва маълумотҳо;
- фонди геодезӣ ва харитасозӣ - маҷмӯи мавод ва маълумотҳои дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ташаккулёфта, ки бо мақсади истифодаи минбаъдаи онҳо бояд ба муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта шаванд;
- маҳсулоти харитасозӣ - масоҳатест, ки аз қитъаи хурди маҳал то сатҳи умумии замин ва аз тавсифи миқдорию сифатие, ки ба муайян намудани координатҳо, дарозӣ, масоҳат, баландӣ, ҳамчунин ҳаҷми объектҳои нишондодашуда имкон медиҳад, иборат буда, якҷоягӣ, алоқамандӣ, хусусият ва қонунияти ҷойгиршавии онҳоро нишон медиҳад;
- маҳсулоти геодезӣ - натиҷаи санҷишҳои геодезӣ, геодезияи астрономӣ, гравиметрӣ ва тарозасанҷӣ;
- нуқтаҳои геодезӣ - нуқтаи сатҳи замин, ки мавқеи он дар системаи маълуми координатҳои нақшавӣ бо санҷиши геодезӣ муайян карда мешавад;
- нуқтаҳои геодезияи астрономӣ - нуқтаи сатҳи замин, ки координатҳои он бо санҷишҳои геодезӣ ва мушоҳидоти астрономӣ муайян карда мешавад;
- нуқтаи гравиметрӣ - нуқтаи санҷиши қувваи ҷозибаи Замин;
- шабакаи тарозавӣ - системаи нуқтаҳои сатҳи замин, ки баландии онҳо аз сатҳи баҳр бо тароза муайян шудааст;
- гравиметрия - санҷиши қувваи ҷозибаи Замин ва тағйирёбии маконии вай бо мақсади муайян намудани шакли Замин;
- топография - таҳқиқи географӣ ва геометрии маҳал;
- гидрография - тасвири дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва қитъаҳои ҷудогонаи онҳо бо тавсифи сифатӣ ва миқдорӣ;
- делимитатсия - муайяннамоии мавқеъ ва самти сарҳади давлатӣ бо тасвири ҷадвалӣ;
- демаркатсия - муқаррарнамоии хатти сарҳади давлатӣ дар маҳал;
- зонд - тадқиқоти қаблии боигариҳои табиӣ ба воситаи маводи наворҳои кайҳонӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи геодезия ва харитасозӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи геодезия ва харитасозӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз рӯи таъиноти корҳои иҷрошаванда амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ, ки натиҷаҳои онҳо аҳамияти умумидавлатӣ, байнисоҳавӣ доранд;
- корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ), ки зарурати гузаронидани онҳо аз рӯи эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои алоҳида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.
2. Ба корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ дохил мешаванд:
- муайянсозии параметрҳои шакли Замин ва майдони берунаи гравитатсионӣ;
- сохтан ва таҷдид намудани харитаҳои давлатии топографӣ ва нақшаҳо дар шаклҳои хаттӣ, рақамӣ, айнан тасвиршуда, ки дақиқӣ ва мундариҷаи онҳо ҳалли масъалаҳои умумидавлатӣ, марзи маъмурӣ, мудофиавӣ, тадқиқоти илмӣ ва дигар масъалаҳоро таъмин менамоянд, нашри ин харитаҳо ва нақшаҳо;
- сохтан, тараққӣ додан ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои давлатии тарозавӣ ва геодезӣ, аз ҷумла шабакаҳои гравиметрии устувор ва дараҷаи якум, ки зичӣ ва дақиқии онҳо тартибдиҳии харитаҳои давлатии топографӣ ва нақшаҳо, ҳалли масъалаҳои умумидавлатӣ, марзӣ, маъмурӣ, илмӣ, тадқиқотӣ ва дигарҳоро таъмин менамоянд;
- тадқиқи фосилавии замин бо зонд бо мақсади таъмини фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;
- тадқиқоти геодинамикӣ дар асоси ченкуниҳои геодезӣ ва кайҳонӣ;
- ташкил кардан ва пешбурди фондҳои давлатӣ ва минтақавии харитасозию геодезӣ;
- ташкил кардан ва пешбурди шабакаҳои ҷуғрофии ахборотии таъиноти давлатӣ ва минтақавӣ;
- тарҳрезӣ, тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳои умумиҷуғрофӣ, сиёсию маъмурӣ, илмию маълумотӣ ва дигар харитаҳои мавзӯӣ ва атласҳои таъиноти байнисоҳавӣ, китобҳои таълимии харитасозӣ;
- гузаронидани корҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографӣ бо мақсади таъминоти мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографии делимитатсия, демаркатсия ва тафтиши гузариши хатти Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини метрологии корҳои геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ;
- стандартикунонии маҳсулоти топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин баҳисобгирӣ ва батартибоварии истифодаи номгӯйҳои ҷуғрофӣ;
- тадқиқи захираҳои табиӣ бо роҳи тадқиқи фосилавии Замин бо зонд;
- иҷрои корҳои тадқиқотӣ-илмӣ ва таҷрибавӣ-конструктории самтҳое, ки дар банди мазкур нишон дода шудаанд;
- ба тартиб андохтани кадастри давлатии нуқтаҳои аҳолинишин, биною иншоотҳо;
- ташкили истеҳсоли силсилавии техникаи геодезӣ ва харитасозӣ.
3. Ба корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ) дохил мешаванд:
- тартиб додан ва таҷдид намудани нақшаҳои топографӣ, ки барои таҳияи нақшаҳои генералии, қитъаҳои сохтмони иншоотҳои мухталиф, шабакаҳои зеризаминӣ ва иншоотҳо, васли бино ва иморатҳо ба қитъаҳои сохтмон, инчунин барои иҷрои корҳои дигари махсус нигаронида шудаанд;
- тартиб додан ва пешбурди шабакаҳои ҷуғрофии ахборотии таъиноти махсус;
- сохтани харитаҳои мавзӯӣ, нақша ва атласҳои таъиноти махсус дар шакли хаттӣ, рақамӣ ва дигар шаклҳо, нашри ин харита, нақша ва атласҳо;
- корҳои геодезӣ, топографӣ, аэроаксбардорӣ ва дигар корҳои махсус ҳангоми кофтуковҳои муҳандисӣ, сохтмон ва истифодаи бино ва иншоотҳо, ҳадгузории заминҳо, заминсозӣ ва ба тартиб андохтани кадастри замин, дигар кофтуков ва корҳои махсус.
Моддаи 4. Субъект ва объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ (минбаъд субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.
2. Объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, обҳои дохилӣ ва фазои кайҳонӣ, аз ҷумла ҷирмҳои табиии осмонӣ ба ҳисоб мераванд.
БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА АМАЛӢ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ГЕОДЕЗӢ ВА ХАРИТАСОЗӢ
Моддаи 5. Салоҳияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ салоҳият дорад, ки шартномаҳои байналмилалиро оид ба делимитатсия ва демаркатсия вобаста ба масъалаҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ иборат аст аз:
- таҳияи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба муайян намудан ва тағйир додани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи ҳуҷҷатҳо доир ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маблағгузории иҷрои корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозии аҳамияти давлатӣ, инчунин корҳои геодезӣ ва харитасозии аҳамияти махсус (соҳавӣ) бо фармоиши мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар намудани системаҳои ягонаи давлатии координатҳо, баландиҳо, ченакҳои гравиметрӣ, инчунин силсилаи миқёсии харитаҳо ва нақшаҳои давлатии топографӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ.
Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ
Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ иборат аст аз:
- таъмин намудан бо маводҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ ва гидрографӣ барои тайёр намудани шартномаҳои байналмилалӣ доир ба муайян сохтан ва тағйир додани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани корҳо ва тайёр намудани маълумотҳои геодезӣ ва ҳуҷҷатҳои харитасозӣ роҷеъ ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалисозии функсияҳои иҷроиявӣ, тақсимотӣ, иҷозатдиҳӣ ва назоратӣ;
- гузаронидани мониторинги иншоотҳои дорои аҳамияти давлатӣ;
- ба тартиб андохтани кадастри давлатии нуқтаҳои аҳолинишин, бино ва иншоотҳо;
- таҳқиқи захираҳои табиӣ бо роҳи таҳқиқи фосилавии замин бо зонд;
- ба ҳисоб гирифтани нуқтаҳои давлатии геодезӣ ва таҳти назорат гирифтани амнияти онҳо;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳо доир ба ошкоргардонии сирри маводҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ;
- тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои муқаррар сохтани системаҳои ягонаи давлатӣ, координатҳо, баландиҳо, ченакҳои гравометрӣ, инчунин силсилаи миқёсии нақша ва харитаҳои давлатии топографӣ;
- ҳалли баҳсҳо ҳангоми гузаронидани корҳои топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ;
- таҳти назорат гирифтани сиёсати ягонаи техникӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ;
- таҳия ва бо тартиби муқарраршуда барои тасдиқ пешниҳод намудани андозаи ҷаримаҳо ҷиҳати қонуншиканиҳо дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ.
Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ стандартикунонии маҳсулотро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, инчунин тартиби ташкили корҳои геодезӣ ва харитасозӣ, талаботи техникӣ ба онҳо, меъёру қоидаҳои иҷрои онҳоро муқаррар намуда, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ тасдиқ мегардад.
2. Риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ барои ҳамаи субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ҳатмӣ буда, баҳри стандартикунонӣ, танзими давлатии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ муқаррар карда шуда ва барои гузаронидани санҷишҳо, амалӣ намудани назорати давлатии геодезӣ оид ба фаъолияти геодезию харитасозӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои баҳснок асос ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 9. Таъминоти метрологии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
Таъминоти ягонагии ченкуниҳои геодезӣ, амалисозии фаъолият оид ба озмоиши воситаҳои ченкунии геодезӣ, иштирок дар корҳои стандартикунонии воситаҳои мазкур, ташкил ва иҷрои корҳои сертификатсиякунонии ҳатмии маҳсулоти геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ, муқаррар кардани назорати метрологӣ дар соҳаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ба ӯҳдаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошанд ва аз ҷониби он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартикунонӣ, метрология ва сертификатсия дар доираи салоҳияташ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 10. Маблағгузории фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозии барои эҳтиёҷоти давлат зарурӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
2. Фармоишгари давлатии корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, вале фармоишгари корҳои геодезӣ ва харитасозии таъиноти махсус (соҳавӣ) мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
3. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозии барои дигар талаботи зарурӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фармоишгари маҳсулоти геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ мебошанд, маблағгузорӣ карда мешавад.
4. Субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ, ки фармоишгар ва (ё) иҷрокунандаи корҳои геодезӣ, харитасозӣ ва топографӣ ба ҳисоб рафта, мувофиқан аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, вазифадоранд ҳуҷҷат ва маълумотҳои геодезию харитасозии пештар гирдовардашударо истифода баранд.
Моддаи 11. Фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Маводу маълумотҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ, гидрографӣ, наворҳои аэрокайҳонӣ, гравиметрӣ, аз ҷумла дар шакли рақамӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ба даст омадаанд ва дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ ва ташкилотҳои тобеи ин мақоми давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
2. Маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таркиби амволи ташкилотҳои хусусишаванда ворид карда намешаванд.
3. Дар таркиби фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди давлатӣ, фондҳои геодезӣ ва харитасозии соҳавӣ дохиланд.
4. Фондҳои давлатии геодезӣ ва харитасозӣ мавод ва маълумотҳои аҳамияти умумидавлатӣ ва байнисоҳавии дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо дар бар мегиранд ва дар ихтиёри мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошанд. Фондҳои геодезӣ ва харитасозии мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиа дар ихтиёри ӯ мебошанд.
5. Фондҳои соҳавии геодезӣ ва харитасозӣ мавод ва маълумотҳои таъиноти махсуси (соҳавии) дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо дар бар мегиранд ва дар ихтиёри мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ мебошанд.
6. Низомномаҳои фондҳои давлатӣ ва соҳавии геодезӣ ва харитасозӣ, феҳрасти маводу маълумотҳои ба он воридшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
7. Маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқарраргашта ба таркиби Фонди бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб дониста шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.
8. Барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон музд ситонида мешавад, ки он хароҷоти ташкилу нигоҳдорӣ ва расонидани ин маводу маълумотҳо, инчунин хизматонаи ҷудо карда гирифтани маводу маълумотҳои мазкур ва тайёр намудани нусхаҳои онҳоро дар бар мегирад.
9. Маблағи барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонидашуда, барои ташкил ва идораи фондҳои геодезӣ ва харитасозӣ истифода мешавад.
10. Ба шахсони сеюм додани мавод ва маълумотҳои аз фонди геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва нусхабардорӣ намудани онҳо бе иҷозати мақоми дахлдор, ки ин маводу маълумотҳоро ихтиёрдорӣ менамоянд, манъ аст.
11. Дастрасӣ барои истифодаи маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти сирри давлатианд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ сурат мегирад.
12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд як нусха аз маводу маълумотҳои геодезӣ ва харитасозии таҳиянамудаи худро беподош ба фондҳои дахлдори геодезӣ ва харитасозӣ бо нигоҳдории ҳуқуқҳои муаллифӣ супоранд.
13. Назорати давлатии геодезии ба фондҳои дахлдори геодезӣ ва харитасозӣ супоридани маводу маълумотҳои геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи ин маводу маълумотҳо, инчунин тартиб додани номгӯи давлатии фондҳои сохтории геодезӣ ва харитасозӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мебошад.
14. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - истифодабарандагони маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:
- ҳуҷҷату маълумотҳои барои истифодаи муваққатӣ гирифтаашонро эҳтиёт намоянд ва дар мӯҳлати муайяншуда баргардонанд;
- ахбороти сирри давлатидоштаи ҳуҷҷату маълумотҳои мазкурро фош накунанд.
15. Корҳои ташкил ва идораи фондҳои геодезӣ ва харитасозӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ аз ҳисоби маблағи буҷети дахлдор ва пардохтҳо барои истифодаи маводу маълумотҳои ин фондҳо маблағгузорӣ карда мешавад.
Моддаи 12. Ҳуқуқи муаллифӣ ба маводҳои геодезӣ ва харитасозӣ
Масъалаҳои ҳуқуқи муаллифӣ ба маводҳои харитасозӣ, аз ҷумла топографӣ, гидрографӣ ва наворҳои аэрокайҳонӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 13. Моликияти давлатӣ ба маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ
Маҳсулоти геодезӣ ва харитасозӣ, аз ҷумла маводу маълумотҳои геодезӣ, харитасозӣ, топографӣ, гидрографӣ, наворҳои аэрокайҳонӣ ва гравиметрии дар натиҷаи фаъолияти геодезию харитасозӣ ба даст овардашуда, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ амалӣ гардидааст, инчунин маводу маълумотҳои фонди давлатии геодезӣ ва харитасозии Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатӣ ҳисобида шуда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
Моддаи 14. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад.
2. Иҷозатнома барои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.
Моддаи 15. Назорати геодезии давлатӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
1. Назорати геодезии давлатӣ ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ анҷом дода мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ ҳангоми назорати давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки:
- рафъи қонуншиканиҳоро дар ташкил ва иҷрои корҳои геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин ҷамъ овардан, ба ҳисоб гирифтан, нигоҳ доштан, истифода намудани маводу маълумотҳои дар рафти иҷрои корҳои номбаршуда ё наворҳои аэрокайҳонӣ ба даст овардашударо талаб намояд;
- дар мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, инчунин дар дигар ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима доир ба масъалаҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо тартиби муайяншуда шинос шавад;
- бо тартиби муқарраршуда аз мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳо новобаста ба шакли моликияташон барои амалӣ гардонидани вазифаҳои аз тарафи Қонуни мазкур пешбинишуда маълумот гирад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ вазифадор аст, ки ба субъектҳои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ доир ба маҳалли таҳқиқшудаи қитъаҳои корҳои ба нақша гирифташуда маълумоти дахлдор диҳад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати асоснокии додани иҷозатномаҳои дахлдор масъулият ба зимма дорад.
5. Низомнома оид ба назорати давлатии фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 16. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо мақсади таъмини мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ бо мақсади таъмин намудани мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти дахлдор дар доираи салоҳияти онҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 17. Додани иттилоот оид ба иншоотҳои маҳал
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии молики иттилоот оид ба иншоотҳои маҳал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд дар харитаҳои ҷуғрофӣ, топографӣ ва дигар харитаю нақшаҳо инъикос ёбанд, бо талаби таҳиягарони харитаҳои ҷуғрофӣ, топографӣ ва дигар харитаю нақшаҳо ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ нусхаҳои ҳуҷҷатҳоеро, ки чунин иттилоотро доранд, ба онҳо медиҳанд.
Мақомоти дар моддаи мазкур номбаршуда ва таҳиягарон арзиши нусхабардорӣ ва оварда расонидани ҳуҷҷатҳои мазкурро пардохт менамоянд.
Моддаи 18. Ҳифзи нуқтаҳои шабакаҳои давлатии геодезӣ
1. Нуқтаҳои геодезияи астрономӣ, геодезӣ, тарозавӣ ва нуқтаҳои гравиметрӣ, аломатҳои рӯизаминӣ ва марказҳои ин нуқтаҳо (минбаъд нуқтаҳои геодезӣ) ва дигар иншоотҳои муҳандисии аз ҳисоби Буҷети давлатӣ сохташуда моликияти давлатианд ва таҳти муҳофизати давлатӣ мебошанд.
2. Кӯчонидани аломатҳои беруна ё аз нав поягузорӣ кардани марказҳои нуқтаҳои геодезӣ танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатии соҳаи геодезия ва харитасозӣ амалӣ карда мешавад.
3. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки дар онҳо нуқтаҳои геодезӣ ҷойгиранд, бояд мақоми ваколатдори давлатии соҳаи геодезия ва харитасозиро аз ҳамаи ҳолатҳои осеб дидан ё барҳам додани нуқтаҳои геодезӣ огоҳ намоянд, инчунин имконияти ба нуқтаҳои геодезӣ роҳ ёфтанро ҳангоми иҷрои корҳои геодезӣ ва харитасозӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам созанд.
4. Ҷудо намудани қитъаҳои замин барои дар онҳо ҷойгир кардани нуқтаҳои геодезӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин амалӣ мегардад.
5. Қоидаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ ва ҳифзи нуқтаҳои геодезӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ
Вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 20. Ҷуброни зарари дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ расида
Зараре, ки дар натиҷаи фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ аз амали (беамалии) ғайриқонунӣ ба моликияти шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ расидааст, аз тарафи шахси гунаҳкор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 3 марти соли 2006 № 172
ш. Душанбе