ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 4 Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муддати ду моҳ тадбирҳои татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Хароҷоти татбиқи Консепсияи мазкур ҳар сол дар доираи маблағҳои Буҷети давлатӣ, ки барои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо карда мешавад, амалӣ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 марти соли 2006 № 94
ш. Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 4 Қонунн Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муддати ду моҳ тадбирҳои татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд .