Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005, № 512 "Масъалаҳои фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.05.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 600 бе эътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Масъалаҳои фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.05.2006с. № 206)

Мувофиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ва бо мақсади такмили системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ҷори намудани системаи инфиродии андӯхти нафақа ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи идора ва Сохтори Дастгоҳи маркази тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Аз 1 январи соли 2006 теъдоди кормандони Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҳайати хизматрасон ба миқдори 419 нафар, аз ҷумла Дастгоҳи маркази 84 нафар муқаррар карда шавад.

Ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи муайян намудани миқдори штатии кормандони Фонд ба соли навбатии молияви мувофиқи меъёри як воҳиди вазифа ба 1000 нафар шахси суғурташуда, дода шавад.

3. Ба Дастгоҳи марказии Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри мошинҳои хизмати ба миқдори чор адад ва инчунин се адад мошинҳои махсуси сабукрави хизмати муқаррар карда шавад.

4. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 сентябри соли 1996 № 423 "Масъалаҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 32 "Дар бораи ба хизматрасонии муассисаҳои бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани суратҳисобҳои нафақаи шаҳрвандон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999 № 27 "Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи идора ва сохтори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2005 № 512

ш. Душанбе