ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои солҳои 2006-2008
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои солҳои 2006-2008 маъқул дониста шавад (замима мегардад).
2. Ҳайати аз ҷониби Тарафҳо мувофиқашудаи комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
3. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилов О.Ғ. аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба имзо расонидани Созишномаи генералии мазкур ваколатдор карда шавад.
Ба назар гирифта шавад, ки барои имзо намудани Созишномаи генералии мазкур аз номи иттиҳодияҳои корфармоён: Улҷабоева М.Т.раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипов А.Ф. - раиси Иттифоқи хоҷагиҳои деҳқони (фермери) ва соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Солеҳов М.С. - раиси Федератсия ваколтадор карда шудаанд.
4. Ба Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон тавсия ва ба вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои қабулгардида тадбирҳои зарури андешанд ва аз ҷараёни иҷрои онҳо ҳар нимсола ба комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2005 № 454
ш. Душанбе