Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 469 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 604 бе эътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарри Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 270)

Бо мақсади такмили системаи идораи давлатӣ ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 нафар (бо назардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

3. Ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки як муовини Раиси Кумита ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

4. Лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1 адад тасдиқ карда шавад.

5. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (шаҳри Хоруғ), вилоятҳои Суғд (шаҳри Хӯҷанд) ва гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа (шаҳри Қурғонтеппа) ва Кӯлоби (шаҳри Кулоб) вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Душанбе) воҳидҳои сохтории ваколатдорҳо оид ба корҳои дини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, маблағгузории фаъолияти онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда шавад.

6. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе воҳидҳои сохтории навтаъсиси тобеи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бинои кори таъмин намоянд.

7. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 1995 № 588 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004 № 588 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 1995 № 588 "Масъалаҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".

8. Қарори мазкур аз 1 декабри соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2005 № 469

ш. Душанбе