Низомномаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2005, № 469

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 604 бе эътибор дониста шуд

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри соли 2005 № 469

тасдиқ карда шудааст

Низомномаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 270)

1. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, сиёсати ягонаи давлати ва идоракуниро нисбат ба дин бо мақсадҳои зерин амали менамояд:

- танзими муносибати байни давлат ва ташкилотҳои дини;

- амали намудани принципи озодии диёнат ва таҳаммулпазирии дини ҳамчун асоси танзими давлатии муносибатҳои байнидини;

- мусоидат ба таъмини соҳибихтиёрии милли дар соҳаи муносибатҳои байнидавлати дар масъалаи озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини;

- танзими соҳаи динии фаъолияти ташкилотҳои хайрияви ва ҷамъиятию - сиёси;

- ҳалли масъалаҳои марбут ба танзими фаъолияти ташкилотҳои дини ва шахсони ҳуқуқи оид ба азнавсози ва ободонии қабристонҳои диёнати, зиёратгоҳҳои оммавии дини ва иморатҳои ибодати;

- танзими таҳсилоти дини ҳамчун кафолати таъмини озоди ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз ҷониби давлат;

- мусоидат ба амали гаштани ҳуқуқҳои конститутсиони, аз ҷумла, иҷтимоию иқтисоди, сиёсию фарҳангии диндорон ҳамчун шарти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва миллӣ.

2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии этирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбари мегирад.

3. Вазифаҳои асосии Кумита инҳо мебошанд;

- мусоидат ба амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон оид ба озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини, дар соҳаи дин, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад;

- таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо доир ба ҳалли масъалаҳои озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини дар соҳаи муносибатҳои байни давлат ва ташкилотҳои дини;

-таъмини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи иттилоотию таҳлили оид ба масъалаҳои марбут ба танзими муносибатҳои давлат ва ташкилотҳои дини;

- дар асосҳои маърифатноксози мусоидат кардан ба бартараф намудани зуҳуроти ифротгарои дар фаъолияти ташкилотҳои дини, фаъолияти динии диндорон ва ходимони ҷудогонаи дин.

4. Кумита мақомоти назорати, иттилооти, машварати ва эксперти оид ба масъалаҳои озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини мебошад.

5. Дар доираи вазифаҳои ба ӯҳдаи он гузошташуда Кумита функсияҳои зеринро анҷом медиҳад;

- ташкилотҳои диниро ба қайди давлати мегирад ва мувофиқат доштани фаъолияти онҳоро ба муқаррарот ва ҳадафҳои оинномавиашон назорат мекунад;

- дар асоси дастурамале, ки аз ҷониби Кумита тибқи қонунгузори дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини тасдиқ, шудааст, қайди баҳисобгирии шахсони ҳуқуқи ва воқеиро амали менамояд, ки ба фаъолияти таҳсилоти дини, динию муолиҷави, ташкили ҷойҳои махсус оид ба иҷро намудани ибодату маросимҳои дини машғул мебошанд;

- бо мақомоти ҳокимияти давлати, идоракуни, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Кумита дахл дошта ҳамкори менамояд.

- фаъолияти тамоми ташкилотҳои динии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро назорат менамояд ва ҳамоҳанг месозад;

- фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилотҳои диниро ба танзим медарорад ва назорат мекунад;

- бо муассисаҳои мушобеҳи дар берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар соҳаи озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини робитаҳо ва алоқаҳои ҳамоҳангсозиро амали месозад;

- дар бораи фаъолияти ташкилотҳои динии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар хусуси иҷрои қонунгузори оид ба дин хазинаи маълумот таъсис медиҳад;

- амалияи татбиқи қонунгузориро оид ба масъалаҳои ба салоҳияти он марбут ҷамъбаст менамояд;

- пешниҳод ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати иҷроияви ва қонунгузори дар мавриди масъалаҳои марбут ба амалигардонидани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини таҳия менамояд;

- ба мақомоти иҷроияи маркази ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати оид ба татбиқи талаботи қонунгузорй дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини кумакҳои методи мерасонад;

- аз ҳисоби намояндагони ташкилотҳои динӣ ва мутахассисон ба мақсади омузиши проблемаҳои амали намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар соҳаи озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини гурӯҳҳои эксперта ва шурои диншиносон таъсис медиҳад, санчиши диншиносиро, аз ҷумла аз руи дархостҳои мақомоти давлати ва суди, анҷом медиҳад;

- ба мақсади мувофиқдгардони пешниҳодҳои ташкилотҳои динии ҷумҳуриро оид ба робита бо ташкилотхо ва марказҳои динии кишварҳои хоричӣ ва ҳамчунин дар бораи тайёр намудани кадрхо ва мутахассисон баррасй менамояд, назорати иҷрои онҳоро тибқи талаботи қонунгузорӣ дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини амали месозад;

- чорабиниҳои дастаҷамъии ҳаҷ ва зиёрати ҷойҳои муқаддасро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ташкил менамояд ва анҷом медиҳад;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро анҷом медиҳад-;

6. Кумита дар робита бо анҷоми вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки барои татбиқи сиёсати ягонаи давлати оид ба озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини равона шудаанд, содир ва тасдиқ намояд;

- ҳамоҳангсози корҳои мақомоти дигари давлати шахсони мансабдор, ташкилотҳои ғайридавлатиро оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти Кумита анҷом диҳад;

- дар бораи масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита аз вазоратҳо, кумитаҳо ва идораҳои давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва идоракуни, муассисаҳои илми ва таълими иттиллоти дар ихтиёри онҳо бударо талаб намояд ва гирад;

- оид ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи аз ҷониби мақомоти дигари давлати ё ташкилотҳои ҷамъияти таҳия шуда, ки ба ягон сурат ба масъалаҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон нисбат ба озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини дахл дорад, хулосаҳо диҳад;

- тибқи тартиботи муқарраршуда бо роҳбарони мақомоти давлати ва ташкилотҳои ғайридавлати, ҳамчунин бо шахсони хусуси ба мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлати оид ба озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини шартнома ва қарордод бандад ва бекор намояд;

- конференсияҳо, машваратҳо ва семинарҳоро доир намояд, чорабиниҳои дигари ташкили, илми ва таълимиро, ки барои анҷом додани вазифаҳои дар назди Кумита гузошта шуда равона шудаанд, ташкил кунад;

- намояндаҳо ва мутахассисони мақомоти давлати, муассисаҳои илми ва идораҳои таълимиро дар асоси қарордод бо роҳбарони онҳо барои таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи оид ба масъалаҳои озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини, таҳлили онҳо, тайёр намудани пешниҳодҳо барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалб намояд;

- анҷоми вазифаҳои оинномавиро аз ҷониби ташкилотҳои дини назорат намояд, додани маълумотро дар бораи масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита аз онҳо талаб намояд;

- барои анҷом додани санҷиши махсус оид ба масъалаҳои барои барраси ба он матраҳшуда ва ҳамчунин барои ташкил ва гузаронидани ҳаҷ экспертҳо ва машвартчиёнро дар асоси шартномави ҷалб намояд;

- нашрияҳои чопи таъсис диҳад ва тибқи тартиби муқарраршуда фаъолияти нашриявиро ташкил кунад;

- дар доираи салоҳияти худ бо мақомоти оид ба корҳои дини давлатҳои дигар робитаҳоро барқарор намояд;

- дар таҳияи лоиҳаи қарордодҳо ва шартномаҳои байналмилали оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумита иштирок намояд;

- тибқи қонунгузори ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом диҳад.

7. Кумита ӯҳдадор аст:

- фаъолияти худро тибқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, татбиқи ҳамин Низомномаро таъмин намояд;

- амали гаштани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар сохторҳои тобеи Кумита ташкил кунад;

- идоракунии оперативи ва истифодаи дороии давлати, воситаҳои молияви ва дигари ба Кумита вобасташударо таъмин намояд.

8. Кумитаро Раис роҳбари мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Раиси Кумита як нафар муовин дорад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ӯ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Муовини Раис ҳангоми набудани Раис вазифаҳои ӯро иҷро мекунад.

9. Раиси Кумита:

- дар тамоми мақомот ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи доир ба масъалаҳои ба фаъолияти он дахлдор намояндаги мекунад;

- фаъолияти Кумитаро роҳбари мекунад, барои иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи Кумита вогузоршуда ва татбиқи функсияҳои он масъулияти шахси дорад;

- вазифаҳои муовини худро муайян менамояд, вазифаҳои дахлдорро дар байни роҳбарони воҳидҳои сохтори тақсим менамояд ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад;

- тибқи тартиби муқарраршуда барои барраси ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳое ба салоҳияти Кумита дахл дошта пешниҳод менамояд;

- дар доираи салоҳияти Кумита фармон ва амрҳоро содир менамояд;

- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордодҳо ва шартномаҳои байналмилалиро имзо мекунад;

- сохтори Кумита, низомномаҳои воҳидҳои сохтории онро, ҷадвали штатҳоро дар доираи миқдори кормандони дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории Кумита, фонди пардохти музди меҳнат, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, инчунин харҷномаҳоро барои таъмини дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории Кумита дар доираи маблағгузории буҷетие, ки барои давраи дахлдор муқаррар шудааст, тасдиқ менамояд;

- низомномаҳои фаъолияти ваколатдорони дар маҳалҳо будаи Кумитаро тасдиқ менамояд;

- кормандони дастгоҳи марказии Кумита, дар маҳалҳои ваколатдорони оид ба корҳои дини Кумитаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- кормандони Кумитаро тибқи тартиби муқарраршуда бо назардошти хизматҳои шоён барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахри ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва идораҳо ҳангоми баррасии проблемаҳои сиёсати давлат нисбат ба озодии виҷдон ва ташкилотҳои дини иштирок менамояд;

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом медиҳад.

10. Дар Кумита таҳти раисии Раиси Кумита мушовара дар ҳайати муовини Раис (аз рӯи мансаб) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Кумита ташкил карда мешавад.

Ҳайати мушовараи Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумита тасдиқ менамояд.

Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Кумитаро ҳал менамояд. Қарорҳои ҳайати мушовара дар шакли протокол қабул шуда, бо фармони Раиси Кумита амали мегарданд.

11. Ба кор қабул кардан ба дастгоҳи марказии Кумита дар асоси озмун ва қарордод анҷом дода мешавад.

Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани шахсони мансабдоре, ки аз интихоб дар озмун гузаштаанд ва ҳамчунин ҳайати хидматрасон ва ёрирасон бо фармони Раиси Кумита анҷом дода мешавад.

12. Маблағгузории хароҷот барои нигаҳдории дастгоҳи марказии Кумита, ваколатдорҳо оид ба корҳои дини Кумита дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои нигаҳдории мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни, ки дар буҷети ҷумҳурияви дар назар дошта мешаванд, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.

13. Кумита шахси ҳуқуқи мебошад, баланси мустақил, суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо (аз ҷумла арзи) дар бонкҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи худ, ҳамчунин мӯҳр, штамп ва бланкаҳои дахлдор дорад.

Қароргоҳи дастгоҳии марказии Кумита дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри с. 2005 № 469

тасдиқ карда шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарияти Кумита - 2

2. Шӯъбаи ташкилотҳои исломи - 4

3. Шӯъбаи ташкилотҳои динии ғайриисломи - 3

4. Шӯбаи иттилооти-таҳлили ва экспертизаи диншиноси - 4

5. Шӯъбаи алоқаҳои хориҷи ва ташкили ҳаҷ - 4

6. Шӯъбаи табъу нашр - 2

7. Бахши кадрҳо - 1

8. Кормандони тенхники ва хизматрасон - 7

Ҳамаги 27

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 декабри с.2005 № 469

тасдиқ карда шудааст

Нақшаи идораи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дастгоҳи марказӣ

2. Дастгоҳи ваколатдорӣ оид ба корҳои дини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

3. Дастгоҳи ваколатдорӣ оид ба корҳои дини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

4. Дастгоҳи ваколатдорӣ оид ба корҳои дини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон.

5. Дастгоҳи ваколатдорӣ оид ба корҳои дини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон.

6. Дастгоҳи ваколатдорӣ оид ба корҳои дини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

Приложение 1

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 2 декабря 2005 г., № 469

Положение комитета по делам религий при Правительстве Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г. №270)

1. Комитет по делам религий при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Комитет) является центральным органом исполнительной власти, осуществляющим проведение единой государственной политики в области свободы совести и религиозных организации в целях:

-регулирования взаимоотношении государства и религиозных организаций:

-реализации принципа свободы вероисповедания и религиозной терпимости как основы государственного регулирования межконфессиональных отношений;

-содействия обеспечению национального суверенитета в области межгосударственных отношений по вопросам свободы совести и религиозных организаций:

-регулирования религиозной сферы деятельности благотворительных и общественно-политических организаций;

-решения вопросов, связанных с регулированием деятельности религиозных организаций, частных и физических лиц по реконструкции и благоустройству вероисповедательных кладбищ, массово посещаемых религиозных мест и культовых зданий:

-регулирования религиозного образования как гарантии государственного обеспечения религиозных прав и свобод граждан;

-содействия осуществлению конституционных прав и свобод верующих в том числе социальных, экономических, политических и культурных, как условия обеспечения общественной и национальной безопасности.

2. Комитет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, решениями Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

3. Основными задачами Комитета являются:

-содействие осуществлению гарантированных Конституцией Республики Таджикистан прав и свобод граждан в области свободы совести и религиозных организаций:

-выработка предложений и рекомендаций по решению религиозных вопросов в области государственно - конфессиональных взаимоотношений:

-обеспечение Правительства Республики Таджикистан информационноаналитическими материалами по вопросам, связанным с регулированием взаимоотношений государства и религиозных организаций;

-содействие на просветительской основе устранению экстремистских проявлений в деятельности религиозных организаций, религиозной деятельности отдельных верующих и священнослужителей.

4. Комитет в пределах своей компетенции является контролирующим, информационным, консультативным и экспертным органом по вопросам свободы совести и религиозных организаций.

5.В рамках возложенных на него задач Комитет осуществляет следующие функции:

-осуществляет государственную регистрацию религиозных организаций и контроль за соответствием их деятельности их уставным предписаниям и целям.

- на основании инструкции, утверждённой Комитетом в соответствии с законодательством о свободе совести и религиозных объединениях ведет учетную регистрацию юридических и физических лиц. занимающихся религиозным образованием, религиозно терапевтической деятельностью, организующих специализированные места по совершению религиозного культа и обрядов:

-взаимодействует с органами государственной власти и управления, местными органами государственной власти по вопросам. входящим в компетентно Комитета:

-контролирует и координирует деятельность всех религиозных организации, действующих в Республике Таджикистан:

-регулирует и контролирует финансово - хозяйственную деятельность религиозных организаций:

-осуществляет контакты и координационные связи в области свободы совести и религиозных организаций с аналогичными учреждениями за пределами Республики Таджикистан;

-создает банк данных о деятельности религиозных организаций в Республике Таджикистан по исполнению законодательства о свободе совести и религиозных объединениях;

-обобщает практику применения законодательства по вопросам, относящимся к его компетенции;

- вырабатывает предложения и проекты нормативных правовых актов для Правительства Республики Таджикистан и Маджлиси Оли Республики Таджикистан для реализации исполнительной и законодательной политики по вопросам, связанным с осуществлением прав и свобод граждан в области свободы совести и религиозных организаций:

-оказывает методическую помощь центральным и местным исполнительным органам государственной власти по осуществлению требований законодательства о свободе совести и религиозных объединениях:

-создает экспертные группы и совет религиоведов из числа представителен религиозных организаций и специалистов с целью изучения проблем реализации прав и свобод граждан в области свободы совести и религиозных организаций, проведения религиоведческой экспертизы, в том числе по запросам государственных органов и суда;

-с целью согласования рассматривает предложения религиозных организаций республики относительно связи их с религиозными объединениями зарубежных стран, а также по подготовке для них кадров и специалистов, осуществляет контроль за их выполнение, согласно требованиям законодательства о свободе совести и религиозных объединениях:

-организовывает и проводит коллективные мероприятия и посещения святых мест в республике и за ее пределами:

-осуществляет другие функции в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

6. Комитет в связи с осуществлением своих функций имеет право издавать и утверждать в пределах своей компетенции нормативные правовые акты, направленные на осуществление единой государственной политики по вопросам свободы совести и религиозных организаций;

-осуществлять координацию работы других государственных органов и должностных лиц, негосударственных организаций, по вопросам касающихся профиля деятельности Комитета:

-запрашивать и получать от министерств, государственных комитетов и ведомств, местных органов государственной власти и самоуправления, научных учреждении и учебных заведений имеющуюся - них информацию по вопросам, относящимся к компетенции Комитета:

-давать заключения по проектам законов и других нормативных правовых актов, разрабатываемых иными государственными органами или общественными организациями, которые тем или иным образом затрагивают вопросы религии, права и интересы граждан на свободу совести и религиозных организаций;

-в установленном порядке заключать и расторгать соглашения, контракты с руководителями государственных органов и негосударственных организаций, а также с частными липами, в целях реализации единой государственной политики по вопросам религии:

-проводить конференции, совещания и семинары, организовывать иные организационные, научные и учебные мероприятия, направленные на осуществление задач, поставленных перед Комитетом;

-привлекать представителей и специалистов государственных органов, научных учреждений и учебных заведений по договоренности с их руководителями к разработке проектов нормативных правовых актов по вопросам свободы совести и религиозных организаций, их анализу, подготовке предложений для представления в Правительство Республики Таджикистан:

-проверять осуществление уставных задач со стороны религиозных организаций, требовать представления ими сведений по вопросам, входящих в компетенцию Комитета;

- привлекать на договорной основе экспертов и консультантов для осуществления специальной экспертизы по вопросам, выносимым на его рассмотрение, а также для организации и проведения хаджа:

-учреждать печатные издания и организовывать в установленном порядке издательскую деятельность;

-поддерживать в пределах своей компетенции связи с органами по делам религии других государств:

-участвовать в разработке проектов международных договоров и соглашений по вопросам, входящим в компетенцию Комитета:

-осуществлять иные полномочия в соответствии с законодательством и международно-правовыми актами признанными Республикой Таджикистан.

7. Комитет обязан:

-осуществлять свою деятельность в соответствии с Конституцией и законодательством Республики Таджикистан, обеспечивая реализацию настоящего Положения:

-организовывать реализацию законов и других нормативных правовых актов в подведомственных Комитету учреждениях:

-обеспечивать оперативное управление и использование вверенного Комитету государственного имущества, финансовых и иных средств;

8. Комитет возглавляет Председатель, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан.

Председатель Комитета имеет одного заместителя, назначаемого на должность и освобождаемого от должности по его представлению Правительством Республики Таджикистан.

Заместитель Председателя Комитета во время отсутствия Председателя выполняет его обязанности.

9.Председатель Комитета:

-представляет Комитет во всех органах и организациях Республики Таджикистан и зарубежных государств по вопросам, входящим в его компетенцию:

-руководит деятельностью Комитета и несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Комитет функций;

-определяет обязанности своего заместителя, распределяет соответствующие обязанности между руководителями структурных подразделений и координирует их деятельность;

-вносит в установленном порядке на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан проекты нормативных правовых актов по вопросам, относящимся к компетенции Комитета;

-издает в пределах компетенции Комитета приказы и распоряжения:

-подписывает по поручению Правительства Республики Таджикистан международные договоры и соглашения;

-утверждает структуру, положения о структурных подразделениях, штатное расписание в пределах, установленных Правительством Республики Таджикистан численности работников аппарата и структурных подразделений Комитета, фонда оплаты труда, а также смету расходов на содержание аппарата и подразделений Комитета в пределах, утвержденных на соответствующий период бюджетных ассигнований:

-утверждает Положение об уполномоченных на местах Комитета;

-назначает на должность и освобождает от занимаемой должности сотрудников центрального аппарата Комитета, уполномоченных по делам религий Комитета в Горно-Бадахшанской автономной области, областях и городе Душанбе;

-представляет в установленном порядке работников Комитета с учетом заслуг к присвоению почетных званий и государственных наград Республики Таджикистан:

-участвует на заседаниях Правительства Республики Таджикистан, министерств и ведомств при рассмотрении проблем политики государства в отношении религии и религиозных организаций;

-осуществляет другие полномочия в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

10. В Комитете образуется коллегия под председательством Председателя Комитета, в составе заместителя председателя (по должности) и других руководящих работников Комитета.

Состав коллегии Комитета утверждается Правительством Республики Таджикистан по представлению Председателя Комитета.

Коллегия рассматривает важнейшие вопросы, связанные с деятельностью Комитета. Решения коллегии принимаются в форме протокола и утверждаются приказами Председателя Комитета.

11. Прием на работу в центральный аппарат Комитета осуществляется на конкурсной и контрактной основе.

Назначение на должность и освобождение от должности лиц, прошедших конкурсный отбор, а также обслуживающего и вспомогательного персонала, осуществляется приказом председателя Комитета.

12. Финансирование затрат на содержание центрального аппарата Комитета, аппарата уполномоченных по делам религий Комитета в Горно-Бадахшанской автономной области, областях и городе Душанбе, осуществляется за счет ассигнований на содержание органов государственной власти и управления, предусматриваемых в республиканском бюджете, а также за счет иных средств по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.

13. Комитет является юридическим лицом, имеет самостоятельный баланс, расчетный и иные (в том числе валютный) счета в банках, печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием, а также соответствующие печати, штампы и бланки.

Местонахождение центрального аппарата Комитета расположен в городе Душанбе.

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от "3" июня 2006 года № 270

Структура Центрального аппарата Комитета по делам религий при Правительства Республики Таджикистан

1. Руководство

2. Управление религиозных организаций

3. Отдел информационно-аналитический и религиоведческой экспертизы

4. Отдел международных отношений и организации хаджа

5. Отдел печати и издания

6. Сектор финансов и права

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г. №270)

Приложение 3

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 декабря 2005 года №469

Схема управления Комитета по делам религий при Правительстве Республики Таджикистан

1. Центральный аппарат

2. Аппарат уполномоченного по делам религии Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан в Горно - Бадахшанской автономной области.

3. Аппарат уполномоченного по делам религии Комитета по делам религий при Правительстве Республики Таджикистан в Согдийской области.

4. Аппарат уполномоченного по делам религии Комитета по делам религий при Правительстве Республики Таджикистан в группе городов и районов Курган-Тюбинского региона Хатлонской области.

5. Аппарат уполномоченного по делам религии Комитета по делам религий при Правительстве Республики Таджикистан в группе городов и районов Кулябского региона Хатлонской области.

6. Аппарат уполномоченного по делам религии Комитета по делам религий при Правительстве Республики Таджикистан в городе Душанбе и городах и районах республиканского подчинения.