ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №12, мод. 661; с. 2011, №6, мод.448)
(Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 737, аз 27.11.2014 № 1162, аз 19.07.2022 № 1904)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии марбут ба таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии фондҳои ғайридавлатии нафақаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро барои таъминоти ихтиёрии иловагӣ бо нафақа таъмин менамояд.
Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳое, ки ҳангоми анҷом додани таъминоти нафақаи давлатӣ ба миён меоянд, татбиқ намегардад. Қонуни мазкур барои маҳдуд сохтани ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи ихтиёрии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ истифода бурда намешавад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Фондҳои ғайридавлатии нафақа
Фонди ғайридавлатии нафақа (минбаъд, Фонд) шакли махсуси ташкилию ҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратии махсусгардонидашуда оид ба таъмини шаҳрвандон бо нафақа ба тарзи ихтиёрӣ мебошад.
Фонд новобаста аз низоми давлатии таъминоти нафақа ва илова ба он фаъолият менамояд ().
Намуди истисноии фаъолияти Фонд аз таъмини ғайридавлатии ихтиёрии шахсони воқеӣ бо нафақа дар асоси шартномаҳои нафақа иборат мебошад. Фаъолияти Фонд аз ҷамъоварии саҳмҳои нафақа, ҷамъоварии активҳои нафақа ва баҳисобгирии ӯҳдадориҳои нафақавӣ, ҷойгиркунонии активҳои нафақа бо мақсади гирифтани даромад аз сармоя, таъин ва пардохти нафақаҳои ғайридавлатӣ ба гирандагон ба тарзи ихтиёрӣ иборат аст. Шахсони ҳуқуқие, ки ба талаботи Қонуни мазкур нисбати фондҳо ба истифодаи калимаҳои "фонди ғайридавлатии нафақа" мувофиқат намекунанд дар номи худ дар ҳама ҳолатҳо ҳуқуқ надоранд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад ().
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода шудаанд
...