ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2005"
Моддаи 1. Ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2004 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 702; соли 2005, №6, моддаҳои 356, 357; № 8-10, моддаи 462, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2005, №111) қисми шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Панҷоҳ адад троллейбуси тамғаи "ЗиУ 682Г-016 (012)П", ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Тролза-Маркет"-и Федератсияи Русия барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе ва 3000 тонна битуми тамғаи БНД 60/90, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Нафтрасон" барои таъмири асосии роҳҳои шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 августи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
26 декабри соли 2005, № 113