ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010"
Мувофиқи моддаҳои 3 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" муқаррар карда шавад.
3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" барномаҳои маҳаллии тарбияи ватанпарастии ҷавононро таҳия ва амалӣ гардонанд.
4. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва буҷети давлатӣ барои солҳои 2006-2010 ҷиҳати татбиқи ин Барнома, бо назардошти имкониятҳои молиявӣ мутобиқи нақшаи маблағгузории Барномаи давлатии "Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010" маблағҳо пешбинӣ намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарастии соҳаро ба ӯҳда дорад ва шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 октябри соли 2005 № 421
ш. Душанбе