×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2005, № 150 "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният"

Санаи амалкуни: 14.03.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 № 1413 аэ эътибор соқит дониста шуд.

Дар матни Қонун калимаҳои ихтисоршудаи "ВНМО" ва "БНММ" ба калимаҳои "вируси норасоии масунияти одам" ва "бемории пайдошудаи норасоии масуният" иваз карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии муҳассали масуният

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476, аз 14.03.2014 № 1078)

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2005, №12, мод.662; с.2008, №12, қ.2, мод.1010)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим намуда, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои асосии инсонро дар бар гирифта, барои пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар кас ва тамоми ҷомеа нигаронда шудааст.

БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- вируси норасоии масунияти одам - вирусе, ки ҳолати норасоии масуниятро дар организми одам ба вуҷуд меорад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- сирояти вируси норасоии масунияти одам - бемории давомноке, ки сабабгораш вируси норасоии масунияти одам аст;

- шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам - шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони ҳомили вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният);

- бемории пайдошудаи норасоии масуният - давраи интиҳоии сироятёбӣ, ки онро вируси норасоии масунияти одам боис шудааст (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- одамони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният - шахсони дорои зуҳуроти клиникии беморӣ дошта, ки барои онҳо иллатнокии амиқи системаи масуният аз таъсири вируси норасоии масунияти одам хос аст;

- доруҳои зидди ретровирусӣ - доруҳои тиббие мебошанд, ки тавассути таъсири онҳо ба вируси норасоии масунияти одам дар хуни организми шахси сироятшуда миқдори вирусҳо кам шуда, ҳаёти шахси сироятшудаи ВНМО дароз мегардад;

- гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам - шахсоне, ки эҳтимолан метавонанд бо сарчашмаи вируси норасоии масунияти одам иртибот дошта, ҳамчунин дар инкишофи эпидемия ва чораҳои ҷавобӣ нақши асосӣ бозанд, аз ҷумла шахсони алоқаи ҷинсии ҳамҷинсона дошта, шахсони фоҳиша ва шахсоне, ки воситаҳои нашъадорро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ - шахсоне, ки барои онҳо бо сабаби таъсири шароити номусоиди оилавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва меҳнатӣ хатари сироят ёфтан аз вируси норасоии масунияти одам зиёд мегардад, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, кӯдакони бесаробон, ҷавонони бемори дорои нишонаи бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, шарикони ҷинсии шахсоне, ки маводи нашъаоварро бо усули тазриқ истеъмол мекунанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- пинҳонӣ - муоинаи шахс бо мақсади ошкор кардани мубталошавӣ ба вируси норасоии масунияти одам (машваратдиҳӣ, ташхис) бе ифшои насаб, ном, номи падар ва маълумоти дигар (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- махфӣ - манъ будани ҳама гуна муҳокимаи вазъи солимии шахс ё дар бораи вай ошкор кардани маълумот, ба ғайр аз муносибатҳои байниҳамдигарии касбӣ ва танҳо бо розигии худи шахс (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо ВНМО/БНММ

Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо ВНМО/БНММ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Татбиқи Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд паҳн мегардад.

Қонуни мазкур нисбат ба муассисаю ташкилот ва корхонаҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо татбиқ карда мешавад.

Моддаи 4. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ВНМО/БНММ

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ВНМО/БНММ дар асоси Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи ҳамин Қонун қабул карда мешаванд, дар амал татбиқ карда мешавад.

Давлат кафолат медиҳад:

- риояи тамоми ҳуқуқ ва озодиҳо нисбати одамони аз ВНМО сироятёфтаю мубталои БНММ ва аъзои оилаи онҳо,мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалисозии назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис ва риояи усулҳои махфӣ анҷом додани он (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476;

- расонидани кӯмаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ барои шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо риояи махфӣ будани он (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476аз 14.03.2014 № 1078);

- дастрас ва бехатар будани азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор сохтани сирояти ВНМО, аз ҷумла азназаргузаронии пинҳонӣ;

- таъмини воситаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО, инчунин назорат ба бехатарии маводҳои тиббӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳое, ки бо мақсадҳои ташхис, муолиҷа ва илмӣ истифода бурда мешаванд;

- инкишоф додани тадқиқотҳои илмӣ оид ба проблемаҳои ВНМО/БНММ;

- мунтазам ба аҳолӣ додани иттилоот вобаста ба ВНМО/БНММ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

- инкишоф додани ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи доимии иттилоот дар доираи барномаҳои байналмилалии муқовимат бо ВНМО/БНММ.

- дастрас ва саривақтӣ будани кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- қабули даврии барномаи давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Чораҳои муқовиматро бо ВНМО/БНММ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд. Дар татбиқи чораҳо оид ба муқовимат бо ВНМО/БНММ корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар татбиқи барномаҳои мазкур кафолат медиҳад.

Моддаи 5. Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимат бо ВНМО/БНММ

Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимат бо ВНМО/БНММ хусусияти афзалиятнок дорад.

Маблағгузории чорабиниҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии ВНМО/БНММ аз ҳисоби манбаъҳои зерин сурат мегирад:

- маблағи буҷети давлатӣ;

- маблағи фондҳои мақсаднок, аз ҷумла Фонди миллии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, ки фаъолияти он мувофиқи Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- маблағҳое, ки барои суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ва ҳатмӣ равона карда мешаванд;

- саҳмияҳои ихтиёрӣ ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

БОБИ 2 ПЕШГИРӢ, ТАШХИС ВА МУОИНАИ ШАХСОНИ СИРОЯТШУДАИ ВНМО

Моддаи 6. Ҳуқуқ ба пешгирии ВНМО/БНММ

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд кафолати ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулҳои махфӣ, пинҳонӣ ва ихтиёрии ташхис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476аз 14.03.2014 № 1078);

- азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ, манфӣ ва пинҳонӣ бо мақсади ошкор сохтани мубталошавии шахс бо вируси норасоии масунияти одам ва ташхис дар муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликият (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476аз 14.03.2014 № 1078);

- мунтазам гирифтани иттилооти пурра ва босифат, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам, барномаю хизматрасониҳои мавҷудаи пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, инчунин оид ба муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирии шахсони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- мунтазам тавассути воситаҳои ахбори омма гирифтани маълумот дар бораи пешгирии ВНМО/БНММ, барномаҳои амалкунанда ва хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста ба сирояти ВНМО/БНММ, инчунин табобат, кӯмак ва дастгирии шахсоне, ки мубталои ВНМО/БНММ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва таъсиси маҳфилҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни аҳолӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Ба гурӯҳҳои махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ иттилооти махсус ва хизматрасониҳое, ки ба тағйирёбии рафтори таваккалӣ равона шудаанд, дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476аз 14.03.2014 № 1078);

Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва дигар бемориҳое, ки ба воситаи

хун мегузаранд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи пешниҳод кардани иттилоот ва баргузор намудани корҳои маърифатиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва татбиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476аз 14.03.2014 № 1078).

Ин ҳуқуқҳо тавассути кӯмаки тахассусии тиббӣ, бунёди шабакаи кофии муассисаҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи беморони ВНМО/БНММ таъмин карда мешаванд.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 6(1). Афзалиятнокии пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

Пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ин амалҳо ба принсипҳои риоя намудани ҳуқуқҳои инсон асос ёфта, мувофиқи санадҳои дахлдори байналмилалии танзимкунандаи ҳуқуқҳои инсон вобаста ба сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният татбиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 7. Азназаргузаронии тиббӣ

Азназаргузаронии тиббӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббӣ, ки ба онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) дода шудааст, сурат мегирад. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд махфӣ  сурат гирад. (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476аз 14.03.2014 № 1078).

Азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ ва махфӣ ба истиснои ҳолатҳое, ки моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, баргузор мегардад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Дар азназаргузаронии тиббии шахс намояндаи қонунии ӯ низ ҳуқуқи иштирок кардан дорад.

Азназаргузаронии тиббии ноболиғони ба синни 16 нарасида ва шахсоне, ки ба тартиби муқарраркардаи қонун корношоям эътироф шудаанд, мумкин аст бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо баргузор шавад ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Натиҷаҳои азназаргузаронӣ ба шахси аз азназаргузарониро гузашта ё намояндаи қонунии ӯ бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Шахсе, ки азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамин муассиса, инчунин дар муассисаи дигари системаи давлатии тандурустӣ, новобаста аз мӯҳлати гузаштаи азназаргузаронӣ мавриди азназаргузаронии такрории тиббӣ қарор гирад. Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ба шахсе, ки сирояти ВНМО дар вай ошкор шудааст, дар бораи кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулият, ки ба зиндагӣ бо сирояти ВНМО алоқаманд аст, инчунин дар бораи хадамоти дастгирии иҷтимоию равоншиносӣ ва гурӯҳҳои кӯмаки якдигарии сирояти ВНМО ахбороти пурра дода мешавад.

Моддаи 8. Азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ

Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд, азназаргузаронии тиббӣ ба тариқи ихтиёрӣ ва пинҳонӣ бо хоҳиш ё розигии ҳамин шахсон баргузор мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 9. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ

Донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан азназаргузаронии ҳатмии тиббиро мегузаранд.

Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, донори хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан буда наметавонанд.

Шахсони алоҳида аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, азназаргузаронии ҳатмии пинҳониро барои сирояти ВНМО мегузаранд.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Моддаи 10. Муоинаи тиббии шахсони сироятшудаи ВНМО

Муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд ва мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд (ҳомилони вирус ва беморон), танҳо бо мақсадҳои эпидемиологӣ ва дар асоси махфӣ дар муассисаҳои дахлдори давлатии системаи тандурустӣ гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476аз 14.03.2014 № 1078).

Маълумоти бадастовардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (табиб) дар бораи вазъи саломатӣ оид ба вируси норасоии масунияти одам маълумоти махфӣ (сирри табибӣ) мебошад ва он танҳо дар асоси қарори суд ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ дода шуда, истифодаи ин маълумот бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон манъ аст (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 11. Риояи сирри табибӣ

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078)

Маълумот дар бораи сирояти вируси норасоии масунияти одам ё мубталои БНММ шудан сирри табибӣ буда, онро Қонун ҳифз мекунад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

БОБИ 3 ҲУҚУҚ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ СИРОЯТШУДАИ ВНМО/БНММ ВА АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ОНҲО

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои шахсони сироятшудаи ВНМО/БНММ

Шахсони сироятшудаи ВНМО ва мубталои БНММ дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- муносибати инсондӯстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;

- талаб кардани махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти ҳаёту меҳнати онҳо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти одамро ба дигарон ба вуҷуд наоварад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

- ҷуброни зарари моддию маънавие, ки бинобар фош кардани маълумот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- фаъолияти касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рӯи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рӯйхати махсус муқаррар шудаанд;

- ба ройгон гирифтани ҳамаи намудҳои кӯмаки тахассусӣ ва махсуси тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки доруворӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078);

- ба ҳимоя аз табъиз (дискриминатсия), аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- ба иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- ба падару модар ё намояндагони қонунии кӯдакони таваллудкардаи модарони аз вируси норасоии масунияти одам сироятёфта аз лаҳзаи таваллуд то пурра муқаррар шудани ташхиси кӯдак оид ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам, бо мақсади минбаъд кам кардани хатари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам, гирифтани маводи ивазкунандаи шири модар (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Дар муассисаҳои муолиҷавӣ ба рад кардани қабул ва расонидани кӯмаки таъҷилӣ ба шахсони мубталои ВНММ/БНММ роҳ дода намешавад.

Моддаи 13. Манъи маҳдудкунии ҳуқуқи шахсони сироятшудаи ВНМО

Аз кор озод кардан, ба истиснои кор аз рӯи ихтисос ва дар вазифаҳои муқаррарнамудаи номгӯи махсус, ки хизмат мерасонанд, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи ВНМО бо сабаби мубталои ВНМО буданашон, ҳамчунин маҳдуд кардани ҳуқуқҳои манзилӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаҳои шахсони сироятшудаи ВНМО роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Истифодаи шахсони сироятшудаи ВНМО ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омӯзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.

Табъиз (дискриминатсия) дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

Дар асоси сирояти воқеӣ ва ё эҳтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани ҳама гуна ҳаракати оммавӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва паҳн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурӯҳи аҳолӣ амалӣ ғайриқонунист.

Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои одамоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии шахсони дигар раво дониста мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 14. Кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ

Кӯмаки тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Ҳамаи намудҳои кӯмаки тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ дар асосҳои умумӣ, аз рӯи нишондодҳои клиникӣ расонда мешавад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Кӯмаки иҷтимоию равоншиносӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин дар муассисаҳои хусусии тиббии дорои иҷозатномаи дахлдор, ки бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ҳамкорӣ мекунанд, расонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 14(1). Кӯмаки тиббӣ ва чораҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Шахсе, ки дар натиҷаи муоинаи ӯ вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи масуният муайян шудааст ҳангоми дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ё ҳабси пешакӣ қарор доштан ҳуқуқи гирифтани кӯмаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Маҳбусон ва боздоштшудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигии огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешавад, ки он танҳо барои кормандони тиб дастрас буда, фақат бо розигии худи маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони маҳбасҳо бояд ошкор карда шавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 15. Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои ВНМО/БНММ ва аъзои оилаҳои онҳо

Мақомоти идораи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи тандурустӣ, маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳоро оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони мубталои ВНМО/БНММ ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла таъин кардан ва пардохтани нафақаю кӯмакпулиҳо, расонидани кӯмаки иҷтимоию маишӣ, расонидани кӯмак барои гирифтани таҳсилот, бозомузӣ ва бо кор таъминкунӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.

Мақомоти идораи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барномаҳои дастгирии иҷтимоии кӯдаконеро, ки дар натиҷаи сирояти ВНМО ятим ё бе парастории волидон мондаанд, таҳия ва татбиқ мекунанд.

Ба шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда ВНМО сироят кардааст, таъминоти нафақавӣ ва ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани манзил дар сурати набудани он ё зарурати беҳсозии шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад.

Барои кӯдакони то 16-сола, ки мубталои ВНМО/БНММ мебошанд, кӯмакпулии давлатии ҳармоҳа таъин карда мешавад.

Тартиби додани кӯмакпулиҳо, ҳаҷм ва манбаи пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нишондодҳои тиббӣ таълими кӯдакон ва наврасонеро, ки мубталои ВНМО/БНММ буда, дар муассисаҳои тандурустӣ ё шароити хона қарор доранд, аз рӯи барномаҳои махсуси мактаби таҳсилоти умумӣ ташкил менамоянд  (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 16. Ҳуқуқи волидоне, ки кӯдакони онҳо мубталои ВНМО/БНММ мебошанд

Волидони кӯдаконе, ки мубталои ВНМО/БНММ мебошанд ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- дар беморхонаҳо ҳамроҳи кӯдакон (то 14-сола) бошанд ва онҳо дар ин давра аз кор озод шуда, ба онҳо барои корношоямии муваққатӣ кӯмакпулӣ дода мешавад;

- дар ҳолати аз кор озод кардани яке аз волидон бинобар нигоҳубини кӯдаки то 16-сола нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ барои пардохти кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ ба шарте, ки то ба синни зикрёфта расидани кӯдак ба кор дохил шуда бошад;

- рафту омади ройгони яке аз волидон ё дигар намояндаи қонунии кӯдаки то 18-сола ҳангоми ба ҷои табобат бурда овардани ӯ. Модароне, ки кӯдаки то 16-солаи мубталои ВНМО/БНММ доранд, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кӯдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад.

Моддаи 17. Ҷуброни зарари расонидашуда ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ

Зараре, ки ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ дар натиҷаи нодуруст иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳои хизматрасонии тиббӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

БОБИ 4 ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДУЧОРИ ХАТАРИ КАСБИИ СИРОЯТИ ВНМО МЕБОШАНД

Моддаи 18. Ба бемориҳои касбӣ мансуб донистани ВНМО/БНММ

Дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тиббӣ, фармасевтӣ ва дигар кормандон ба гурӯҳи бемориҳои касбӣ мансуб дониста мешаванд.

Моддаи 19. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти ВНМО мебошанд

Кормандоне, ки бо расонидани кӯмаки тиббӣ ба аҳолӣ, тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ аз рӯи масъалаҳои ВНМО/БНММ ва истеҳсоли дорувории вирусӣ машғуланд, инчунин донорҳо, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки баҳри расонидани кӯмак ба шахсони сироятшудаи ВНМО/БНММ ҷалб шудаанд, аз ҳолатҳои сирояти ВНМО ва инчунин маъюб гаштан ва фавтидани онҳо аз БНММ ҳангоми иҷроивазифаи хизматӣ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.

Тартиби суғуртаи ҳатмии ин гурӯҳи кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои сирояти ВНМО таҳқиқоти ташхисӣ мегузаронанд, ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ кӯмаки тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони мазкур сарукор доранд, ӯҳдадоранд ин кормандонро бо воситаҳои зарурии муҳофизат таъмин намоянд ва онҳоро бо мақсади ошкор сохтани сирояти ВНМО мунтазам муоина кунанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқи кормандони тиббии мубталои ВНМО/БНММ

Кормандони тиббие, ки дар натиҷа ба таври дахлдор бинобар сидқан иҷро намудани вазифаи хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё бемори норасоии муҳассили масуният шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- дар навбати аввал ба беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ;

- ба нафақаи имтиёзноки пиронсолӣ, дар мавриди фавтидани онҳо аз БНММ ба пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 фоизи музди кор ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онҳо то расидан ба синни балоғат;

- ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти барои онҳо мувофиқ;

- ба табобати ҳарсола дар муассисаҳои муолиҷавию истироҳатӣ новобаста аз тобеияти идоравии онҳо;

- ба ҷуброни зарар, ки ҳаҷм ва тартиби онро қонунгузорӣ муқаррар мекунад.

Дар сурати сироят кардани ВНМО ҳангоми иҷро ба таври дахлдор накардани вазифаи касбӣ, дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ бо гуноҳи корманд ҳуқуқи ӯро барои ҷуброни зарар қонунгузорӣ муайян менамояд.

Моддаи 21. Имтиёзҳо дар соҳаи меҳнат

Кормандони дахлдори муассисаҳои давлатии махсусгардонидашудаи низоми тандурустӣ, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам сироятшуда ё беморони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ёрии тиббӣ ё дигар кӯмакҳо мерасонанд ва ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятёфта, истеҳсоли доруҳои биологӣ барои ташхис машғул мебошанд, ҳуқуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078):

- ба баромадан ба нафақа мутобиқи рӯйхати №1-уми истеҳсолот, корҳо, ихтисосҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, кор дар шароити махсусан вазнини меҳнат, ки машғул будан бо онҳо ба нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад;

- ба иловапулии музди кор дар ҳаҷми 100-фоиз;

- ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рӯзи тақвимӣ;

- ба рӯзи кори кӯтоҳ(рӯзи кори 6 соата).

БОБИ 5 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 22. Ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии самаранокии муқовимат бо ВНМО/БНММ

Ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятҳои муқовимат бо паҳншавии ВНМО/БНММ, таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои фаъолият, тайёр кардани нақшаҳои молиявӣ, амалӣ гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар ҳамаи зинаҳо аз ҷониби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, ки намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шахсони сироятшудаи ВНМО/БНММ ва дигар муассисаю ташкилот ва корхонаҳоро дар бар гирифта, дар фаъолияти муқовимат бо ВНМО/БНММ дар зинаҳои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Мониторинги татбиқи нақшаю барномаҳо, арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муқовимат бо паҳншавии ВНМО/БНММ дар дараҷаи миллӣ ва минтақавӣ аз ҷониби гӯруҳҳои корӣ ва муассисаҳои дараҷаи дахлдор, ки комиссияи байнисоҳавии дахлдор ваколатдор намудааст,мунтазам амалӣ гардонида мешавад.

Ахборот дар бораи натиҷаи мониторинги паҳншавии ВНМО/БНММ, татбиқи нақшаю барномаҳо, инчунин арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муқовимат бо паҳншавии ВНМО/БНММ, аз ҷумла дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ сари вақт дар воситаҳои ахбори омма пурра чоп карда мешавад.

Моддаи 23. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат бо ВНМО/БНММ

Ҳамаи муассисаҳои маориф ба нақшаҳои таълимӣ ва фаъолияти таълимию тарбиявӣ масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро ворид намуда, ба хонандагон дар бораи роҳҳои сирояти ВНМО ва усулҳои пешгирии ВНМО/БНММ ахбороти пурра, босифат ва дастрас медиҳанд.

Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, якҷоя бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро барои гурӯҳҳои осебпазир ва махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам таҳия ва татбиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1078).

Моддаи 24. Ҳамкории байналмилалӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар муқовимат бо паҳншавии ВНМО/БНММ дар доираи барномаҳои дахлдори байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи мубодилаи донишҳо ва таҷрибаи андӯхта оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон вобаста ба ВНМО/БНММ, инчунин ба вуҷуд овардани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар заминаи ВНМО/БНММ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ гардонида мешавад.

Моддаи 25. Масъулияти шахсони сироятшудаи ВНМО

Дидаю дониста зери хатари сироят гузоштан ё сироят кунондани шахси дигар (ё якчанд шахс) бо вируси норасоии масунияти одам аз ҷониби шахсе, ки ба сирояти ВНМО гирифтор буданашро медонад, боиси ҷавобгарии ҷиноятии муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Шахси гунаҳгор инчунин зарареро ки бинобар расонидани кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоӣ ба шахси сироятшуда расондааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

Моддаи 26. Масъулияти кормандони тиббӣ

Кормандони муассисаҳои тандурустӣ, ки вазифаи касбии худро хунукназарона ба ҷо овардаанд ва ин боиси ба шахси дигар (ё якчанд шахс) сироят кардани вируси норасоии масунияти одам гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Риоя накардани Қонуни мазкур боиси бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ва гражданӣ кашидан мегардад.

Моддаи 28. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии бемории СПИД (аломати норасоии масунияти бадан)"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи пешгирии бемории СПИД (аломати норасоии масунияти бадан)" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №2, моддаи 34; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, моддаи 48; соли 1997, №23-24, моддаи 333) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 29. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

28 декабри соли 2005 № 150

Дар матни Қонун калимаҳои ихтисоршудаи "ВНМО" ва "БНММ" ба калимаҳои "вируси норасоии масунияти одам" ва "бемории пайдошудаи норасоии масуният" иваз карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476)

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии муҳассали масуният

(Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим намуда, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои асосии инсонро дар бар гирифта, барои пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар кас ва тамоми ҷомеа нигаронда шудааст.

БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- ВНМО - вируси норасоии масунияти одам;

- сирояти вируси норасоии масунияти одам - бемории давомноке, ки сабабгораш вируси норасоии масунияти одам аст;

- шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам - шахсоне, ки гирифтори вируси норасоии масунияти одам шудаанд (шахсони ҳомили вируси норасоии масунияти одам ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният);

- бемории пайдошудаи норасоии масуният - давраи охирини сирояти вируси норасоии масунияти одам (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- одамони мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният - шахсони дорои зуҳуроти клиникии беморӣ дошта, ки барои онҳо иллатнокии амиқи системаи масуният аз таъсири вируси норасоии масунияти одам хос аст;

- доруҳои зидди ретровирусӣ - доруҳои тиббие мебошанд, ки тавассути таъсири онҳо ба вируси норасоии масунияти одам дар хуни организми шахси сироятшуда миқдори вирусҳо кам шуда, ҳаёти шахси сироятшудаи ВНМО дароз мегардад.

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо ВНМО/БНММ

Қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо ВНМО/БНММ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Татбиқи Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд паҳн мегардад.

Қонуни мазкур нисбат ба муассисаю ташкилот ва корхонаҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо татбиқ карда мешавад.

Моддаи 4. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ВНМО/БНММ

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо ВНМО/БНММ дар асоси Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи ҳамин Қонун қабул карда мешаванд, дар амал татбиқ карда мешавад.

Давлат кафолат медиҳад:

- риояи тамоми ҳуқуқ ва озодиҳо нисбати одамони аз ВНМО сироятёфтаю мубталои БНММ ва аъзои оилаи онҳо,мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалисозии назорати эпидемиологии паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти риоя ва афзалияти ҳуқуқи инсон, пинҳонӣ будани ташхис ва риояи усулҳои махфӣ анҷом додани он (Конун аз 31.12.2008с. №476);

- расонидани кӯмаки ройгони босифат ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки тахассусии тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ барои шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- дастрас ва бехатар будани азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор сохтани сирояти ВНМО, аз ҷумла азназаргузаронии пинҳонӣ;

- таъмини воситаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати сирояти ВНМО, инчунин назорат ба бехатарии маводҳои тиббӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳое, ки бо мақсадҳои ташхис, муолиҷа ва илмӣ истифода бурда мешаванд;

- инкишоф додани тадқиқотҳои илмӣ оид ба проблемаҳои ВНМО/БНММ;

- мунтазам ба аҳолӣ додани иттилоот вобаста ба ВНМО/БНММ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма;

- инкишоф додани ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи доимии иттилоот дар доираи барномаҳои байналмилалии муқовимат бо ВНМО/БНММ.

- дастрас ва саривақтӣ будани кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- қабули даврии барномаи давлатии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Чораҳои муқовиматро бо ВНМО/БНММ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонанд. Дар татбиқи чораҳо оид ба муқовимат бо ВНМО/БНММ корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои байналмилалӣ, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ иштирок карда метавонанд. Давлат дастгирии ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар татбиқи барномаҳои мазкур кафолат медиҳад.

Моддаи 5. Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимат бо ВНМО/БНММ

Маблағгузории фаъолият оид ба муқовимат бо ВНМО/БНММ хусусияти афзалиятнок дорад.

Маблағгузории чорабиниҳо оид ба муқовимат ба паҳншавии ВНМО/БНММ аз ҳисоби манбаъҳои зерин сурат мегирад:

- маблағи буҷети давлатӣ;

- маблағи фондҳои мақсаднок;

- маблағҳое, ки барои суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ва ҳатмӣ равона карда мешаванд;

- саҳмияҳои ихтиёрӣ ва хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Маблағгузории чорабиниҳои вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷалби воситаҳои молиявӣ ба Фонди миллии бемории пайдошудаи норасоии масуният (минбаъд - Фонд), ки фаъолияти он тибки Низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ба танзим дароварда мешавад, амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

БОБИ 2 ПЕШГИРӢ, ТАШХИС ВА МУОИНАИ ШАХСОНИ СИРОЯТШУДАИ ВНМО

Моддаи 6. Ҳуқуқ ба пешгирии ВНМО/БНММ

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,шаҳрвандони хориҷӣ,гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд кафолати ҳуқуқҳои зерин дода мешавад:

- мунтазам гирифтани ахбороти пурра ва босифат дар бораи усулҳои сирояти ВНМО ва тарзҳои пешгирии ВНМО/БНММ;

- муоинаи пешгирикунанда бо риояи усулҳои махфӣ, пинҳонӣ ва ихтиёрии ташхис тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ ва пинҳонӣ бо мақсади ошкор сохтани мубталошавии шахс бо вируси норасоии масунияти одам ва ташхис дар муассисаҳои тиббӣ новобаста аз шакли моликият (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- гирифтани ахборот дар бораи натиҷаи азназаргузаронӣ ва тавсияҳо оид ба пешгирии сирояти ВНМО;

- мунтазам тавассути воситаҳои ахбори омма гирифтани маълумот дар бораи пешгирии ВНМО/БНММ, барномаҳои амалкунанда ва хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ, ҳуқуқҳои инсон вобаста ба сирояти ВНМО/БНММ, инчунин табобат, кӯмак ва дастгирии шахсоне, ки мубталои ВНМО/БНММ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию оммавӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва таъсиси маҳфилҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар байни аҳолӣ (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ иттилооти махсус ва хизматрасониҳое, ки ба тағйирёбии рафтори таваккалӣ равона шудаанд, дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва дигар бемориҳое, ки ба воситаи хун мегузаранд, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи пешниҳод кардани иттилоот ва баргузор намудани корҳои маърифатиро дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва татбиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Ин ҳуқуқҳо тавассути кӯмаки тахассусии тиббӣ, бунёди шабакаи кофии муассисаҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи беморони ВНМО/БНММ таъмин карда мешаванд.

Чораҳоро оид ба мубориза бо ВНМО/БНММ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти он дар маҳалҳо, дигар мақомоти давлатӣ, инчунин муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликият амалӣ мегардонанд.

Моддаи 6(1). Афзалиятнокии пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният

Пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Ин амал ба усулҳои башардустӣ ва риояи ҳуқуқи инсон асос ёфта, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тавсияҳои мақомоти махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид татбиқ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилот ва муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, гурӯҳҳои ташаббускор ва шаҳрвандони алоҳида субъектҳои пешгирикунандаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Моддаи 7. Азназаргузаронии тиббӣ

Азназаргузаронии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ё хусусии тандурустӣ, ки ба онҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома (литсензия) дода шудааст, сурат мегирад. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ бояд махфӣ сурат гирад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Азназаргузаронии тиббии ихтиёрӣ ва пинҳонӣ ба истиснои ҳолатҳое, ки моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, баргузор мегардад.

Дар азназаргузаронии тиббии шахс намояндаи қонунии ӯ низ ҳуқуқи иштирок кардан дорад.

Азназаргузаронии тиббии ноболиғон ва шахсоне, ки ба тартиби муқарраркардаи қонун корношоям эътироф шудаанд, мумкин аст бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо баргузор шавад ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд.

Натиҷаҳои азназаргузаронӣ ба шахси аз азназаргузарониро гузашта ё намояндаи қонунии ӯ бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Шахсе, ки азназаргузаронии тиббиро гузаштааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамин муассиса, инчунин дар муассисаи дигари системаи давлатии тандурустӣ, новобаста аз мӯҳлати гузаштаи азназаргузаронӣ мавриди азназаргузаронии такрории тиббӣ қарор гирад. Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ба шахсе, ки сирояти ВНМО дар вай ошкор шудааст, дар бораи кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва масъулият, ки ба зиндагӣ бо сирояти ВНМО алоқаманд аст, инчунин дар бораи хадамоти дастгирии иҷтимоию равоншиносӣ ва гурӯҳҳои кӯмаки якдигарии сирояти ВНМО ахбороти пурра дода мешавад.

Моддаи 8. Азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ

Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд, азназаргузаронии тиббӣ ба тариқи ихтиёрӣ ва пинҳонӣ дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ бо хоҳиш ё розигии ҳамин шахсон баргузор мешавад.

Моддаи 9. Азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ

Донорҳои хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан азназаргузаронии ҳатмии тиббиро мегузаранд.

Шахсоне, ки азназаргузаронии ҳатмии тиббиро рад кардаанд, донори хун, моеъҳои биологӣ, узвҳо ва бофтаҳои бадан буда наметавонанд.

Шахсони алоҳида аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, азназаргузаронии ҳатмии пинҳониро барои сирояти ВНМО мегузаранд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ барои кор, таҳсил, иқомати доимӣ ё дигар мақсадҳо меоянд, дар муддати даҳ рӯзи баъди омаданашон ба истиснои шахсоне, ки бо шаҳодатномаи бемории ВНМО/БНММ омадаанд,бояд мавриди азназаргузаронии тиббӣ қарор гиранд.

Шахсоне, ки дархости дар хусуси гуреза дониста шудани онҳо ба қайд гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарраркардаи мақомоти тандурустӣ азназаргузаронии ҳатмии тиббиро бояд гузаранд.

Кормандони дипломатии намояндагиҳои хориҷии дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, инчунин шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиёзҳо ва масунияти дипломатӣ истифода мебаранд, мумкин аст барои ошкор сохтани вируси норасоии масунияти одам танҳо бо розигии онҳо, пинҳонӣ аз назар гузаронида шаванд.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Моддаи 10. Муоинаи тиббии шахсони сироятшудаи ВНМО

Муоинаи тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ё қарор доранд ва мубталои вируси норасоии масунияти одам мебошанд (ҳомилони вирус ва беморон), танҳо бо мақсадҳои эпидемиологӣ ва дар асоси пинҳонӣ дар муассисаҳои дахлдори давлатии системаи тандурустӣ бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Маълумоти бадастовардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дигар сохторҳои марбута додан, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қарори суд ва ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ бо мақсадҳои таъқиби ҷиноятӣ ва маъмурии шахсон истифода бурдан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Моддаи 11. Риояи сирри духтурӣ

Маълумот дар бораи сирояти вируси норасоии масунияти одам ё мубталои БНММ шудан сирри хизматӣ буда, онро Қонун ҳифз мекунад.

БОБИ 3 ҲУҚУҚ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ СИРОЯТШУДАИ ВНМО/БНММ ВА АЪЗОИ ОИЛАҲОИ ОНҲО

Моддаи 12. Ҳуқуқҳои шахсони сироятшудаи ВНМО/БНММ

Шахсони сироятшудаи ВНМО ва мубталои БНММ дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- муносибати инсондӯстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;

- талаб кардани махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти ҳаёту меҳнати онҳо хатари сирояти ин вируси норасоии масунияти одамро ба дигарон ба вуҷуд наоварад. Додани иттилоот оид ба вазъи саломатии шахсони гирифтори чунин бемориҳо бе розигии онҳо танҳо бо қарори суд ё дархости мақомоти тафтишотӣ имкон дорад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- ҷуброни зараре, ки бинобар фош кардани маълумот дар бораи ба он шахсон сироят кардани вируси норасоии масунияти одам расонида шудааст;

- фаъолияти касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкарда, ба истиснои кор аз рӯи ихтисосҳо ва дар вазифаҳое, ки бо рӯйхати махсус муқаррар шудаанд;

- ба гирифтани ҳамаи намудҳои кӯмаки ройгони тахассусӣ ва махсусгардонидашудаи тиббӣ, инчунин таъмини доруворӣ.

- ба ҳимоя аз табъиз (дискриминатсия), аз ҷумла ҳангоми дастрасӣ ба табобат (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476);

- ба иштироки фаъолона дар муайян кардани мақсадҳои табобат, аз ҷумла вақт ва тарзи табобат ва хотима ёфтани он (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Дар муассисаҳои муолиҷавӣ ба рад кардани қабул ва расонидани кӯмаки таъҷилӣ ба шахсони мубталои ВНММ/БНММ роҳ дода намешавад.

Моддаи 13. Манъи маҳдудкунии ҳуқуқи шахсони сироятшудаи ВНМО

Аз кор озод кардан, нагирифтан ба кор, нагирифтан ба кори муассисаҳои таҳсилотӣ ва муассисаҳои тиббие, ки хизмат мерасонанд, инчунин маҳдуд намудани дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сироятшудаи ВНМО бо сабаби мубталои ВНМО буданашон, ҳамчунин маҳдуд кардани ҳуқуқҳои манзилӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаҳои шахсони сироятшудаи ВНМО роҳ дода намешавад.

Истифодаи шахсони сироятшудаи ВНМО ба сифати объектҳои санҷиши тиббии воситаҳо ва усулҳои омӯзиши илмӣ ё раванди таълим манъ аст.

Табъиз (дискриминатсия) дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст.

Дар асоси сирояти воқеӣ ва ё эҳтимолии вируси норасоии масунияти одам содир намудани ҳама гуна ҳаракати оммавӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват ва паҳн намудани муносибати нафратовари шахс ва ё гурӯҳи аҳолӣ амалӣ ғайриқонунист.

Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои одамоне, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, танҳо бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, ҳуқуқ ва озодии дигарон раво дониста мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Моддаи 14. Кӯмаки тиббӣ ва иҷтимоию равоншиносӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ

Кӯмаки тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ, ки иҷозатномаи (литсензияи) дахлдор доранд, расонида мешавад.

Ҳамаи намудҳои кӯмаки тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ дар асосҳои умумӣ, аз рӯи нишондодҳои клиникӣ расонда мешавад.

Ҳамаи намудҳои кӯмаки тахассусӣ ва махсусгардонидашуда, аз ҷумла кӯмак бо доруворӣ, ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустӣ ройгон расонда мешавад.

Ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ кӯмаки иҷтимоию равоншиносӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ки иҷозатномаи (литсензияи) дахлдор доранд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷомеаи мубталои ВНМО кор мекунанд, расонда мешавад.

Моддаи 14(1). Кӯмаки тиббӣ ва чораҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Шахсе, ки зимни ташхиси ӯ сирояти вируси норасоии масунияти одам мусбат муайян шудааст, ҳангоми дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум ё ҳабси пешакӣ қарор доштан ҳуқуқи гирифтани кӯмаки тиббии дахлдор, машварат ва фиристода шудан ба дигар хадамоти мададрасонро дорад.

Маҳбусон ва боздоштшудагон ба ташхиси ройгони махфии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва ба машварат дар асоси розигии огоҳона, инчунин барои гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатиашон ҳуқуқ доранд. Маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар ҳуҷҷатҳое нигоҳ дошта мешавад, ки он танҳо барои кормандони тиб дастрас буда, фақат бо розигии худи маҳбус ва ё дар ҳолати зарурати таъмини бехатарии дигар маҳбусон ва кормандони зиндонҳо бояд ошкор карда шавад.

Табъизи (дискриминатсияи) махбусон дар асоси сирояти вируси норасоии масунияти одам манъ аст (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Моддаи 15. Ҳифзи иҷтимоии шахсони мубталои ВНМО/БНММ ва аъзои оилаҳои онҳо

Мақомоти идораи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти идораи тандурустӣ, маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барномаҳоро оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони мубталои ВНМО/БНММ ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла таъин кардан ва пардохтани нафақаю кӯмакпулиҳо, расонидани кӯмаки иҷтимоию маишӣ, расонидани кӯмак барои гирифтани таҳсилот, бозомузӣ ва бо кор таъминкунӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.

Мақомоти идораи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барномаҳои дастгирии иҷтимоии кӯдаконеро, ки дар натиҷаи сирояти ВНМО ятим ё бе парастории волидон мондаанд, таҳия ва татбиқ мекунанд.

Ба шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда ВНМО сироят кардааст, таъминоти нафақавӣ ва ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани манзил дар сурати набудани он ё зарурати беҳсозии шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ муқаррар карда мешавад.

Барои кӯдакони то 16-сола, ки мубталои ВНМО/БНММ мебошанд, кӯмакпулии давлатии ҳармоҳа таъин карда мешавад.

Тартиби додани кӯмакпулиҳо, ҳаҷм ва манбаи пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати тандурустӣ таълими кӯдакон ва наврасонеро, ки мубталои ВНМО/БНММ буда, дар муассисаҳои тандурустӣ ё шароити хона қарор доранд, аз рӯи барномаҳои махсуси мактаби таҳсилоти умумӣ ташкил менамоянд.

Моддаи 16. Ҳуқуқи волидоне, ки кӯдакони онҳо мубталои ВНМО/БНММ мебошанд

Волидони кӯдаконе, ки мубталои ВНМО/БНММ мебошанд ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- дар беморхонаҳо ҳамроҳи кӯдакон (то 14-сола) бошанд ва онҳо дар ин давра аз кор озод шуда, ба онҳо барои корношоямии муваққатӣ кӯмакпулӣ дода мешавад;

- дар ҳолати аз кор озод кардани яке аз волидон бинобар нигоҳубини кӯдаки то 16-сола нигоҳ доштани собиқаи меҳнатӣ барои пардохти кӯмакпулии корношоямии муваққатӣ ба шарте, ки то ба синни зикрёфта расидани кӯдак ба кор дохил шуда бошад;

- рафту омади ройгони яке аз волидон ё дигар намояндаи қонунии кӯдаки то 18-сола ҳангоми ба ҷои табобат бурда овардани ӯ. Модароне, ки кӯдаки то 16-солаи мубталои ВНМО/БНММ доранд, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар тобистон ё вақти дигари барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кӯдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар ин ҳуқуқ ба ҳамин шахсон дода мешавад.

Моддаи 17. Ҷуброни зарари расонидашуда ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ

Зараре, ки ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ дар натиҷаи нодуруст иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони тиббии муассисаҳои хизматрасонии тиббӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

БОБИ 4 ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДУЧОРИ ХАТАРИ КАСБИИ СИРОЯТИ ВНМО МЕБОШАНД

Моддаи 18. Ба бемориҳои касбӣ мансуб донистани ВНМО/БНММ

Дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудани кормандони тиббӣ, фармасевтӣ ва дигар кормандон ба гурӯҳи бемориҳои касбӣ мансуб дониста мешаванд.

Моддаи 19. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дучори хатари касбии сирояти ВНМО мебошанд

Кормандоне, ки бо расонидани кӯмаки тиббӣ ба аҳолӣ, тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ аз рӯи масъалаҳои ВНМО/БНММ ва истеҳсоли дорувории вирусӣ машғуланд, инчунин донорҳо, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки баҳри расонидани кӯмак ба шахсони сироятшудаи ВНМО/БНММ ҷалб шудаанд, аз ҳолатҳои сирояти ВНМО ва инчунин маъюб гаштан ва фавтидани онҳо аз БНММ ҳангоми иҷроивазифаи хизматӣ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.

Тартиби суғуртаи ҳатмии ин гурӯҳи кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Маъмурияти муассисаҳои тиббӣ, ки кормандони онҳо барои сирояти ВНМО таҳқиқоти ташхисӣ мегузаронанд, ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ кӯмаки тиббӣ мерасонанд, инчунин бо хун ва дигар маводи шахсони мазкур сарукор доранд, ӯҳдадоранд ин кормандонро бо воситаҳои зарурии муҳофизат таъмин намоянд ва онҳоро бо мақсади ошкор сохтани сирояти ВНМО мунтазам муоина кунанд.

Моддаи 20. Ҳуқуқи кормандони тиббии мубталои ВНМО/БНММ

Кормандони тиббие, ки дар натиҷа ба таври дахлдор бинобар сидқан иҷро намудани вазифаи хизматӣ ба онҳо вируси норасоии масунияти одам сироят кардааст ё бемори норасоии муҳассили масуният шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- дар навбати аввал ба беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузорӣ;

- ба нафақаи имтиёзноки пиронсолӣ, дар мавриди фавтидани онҳо аз БНММ ба пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 фоизи музди кор ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онҳо то расидан ба синни балоғат;

- ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ бо истифодаи он дар тобистон ё дигар вақти барои онҳо мувофиқ;

- ба табобати ҳарсола дар муассисаҳои муолиҷавию истироҳатӣ новобаста аз тобеияти идоравии онҳо;

- ба ҷуброни зарар, ки ҳаҷм ва тартиби онро қонунгузорӣ муқаррар мекунад.

Дар сурати сироят кардани ВНМО ҳангоми иҷро ба таври дахлдор накардани вазифаи касбӣ, дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ бо гуноҳи корманд ҳуқуқи ӯро барои ҷуброни зарар қонунгузорӣ муайян менамояд.

Моддаи 21. Имтиёзҳо дар соҳаи меҳнат

Кормандоне, ки ба шахсони мубталои ВНМО/БНММ кӯмаки тиббӣ, иҷтимоӣ ва дигар хел кӯмак мерасонанд, ба ташхиси озмоишгоҳии сирояти ВНМО, гузаронидани тадқиқоти илмӣ бо истифодаи маводи сироятшуда, истеҳсоли маводи биологӣ барои ташхис, инчунин ба муолиҷа ва пешгирии БНММ машғуланд, дорои чунин ҳуқуқҳоянд:

- ба баромадан ба нафақа мутобиқи рӯйхати №1-уми истеҳсолот, корҳо, ихтисосҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, кор дар шароити махсусан вазнини меҳнат, ки машғул будан бо онҳо ба нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад;

- ба иловапулии музди кор дар ҳаҷми 100-фоиз;

- ба рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рӯзи тақвимӣ;

- ба рӯзи кори кӯтоҳ(рӯзи кори 6 соата).

БОБИ 5 МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 22. Ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва арзёбии самаранокии муқовимат бо ВНМО/БНММ

Ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятҳои муқовимат бо паҳншавии ВНМО/БНММ, таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои фаъолият, тайёр кардани нақшаҳои молиявӣ, амалӣ гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар ҳамаи зинаҳо аз ҷониби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, ки намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия ва қонунгузор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шахсони сироятшудаи ВНМО/БНММ ва дигар муассисаю ташкилот ва корхонаҳоро дар бар гирифта, дар фаъолияти муқовимат бо ВНМО/БНММ дар зинаҳои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 476).

Мониторинги татбиқи нақшаю барномаҳо, арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муқовимат бо паҳншавии ВНМО/БНММ дар дараҷаи миллӣ ва минтақавӣ аз ҷониби гӯруҳҳои корӣ ва муассисаҳои дараҷаи дахлдор, ки комиссияи байнисоҳавии дахлдор ваколатдор намудааст,мунтазам амалӣ гардонида мешавад.

Ахборот дар бораи натиҷаи мониторинги паҳншавии ВНМО/БНММ, татбиқи нақшаю барномаҳо, инчунин арзёбии самаранокии фаъолият оид ба муқовимат бо паҳншавии ВНМО/БНММ, аз ҷумла дар доираи шартномаҳои байналмилалӣ сари вақт дар воситаҳои ахбори омма пурра чоп карда мешавад.

Моддаи 23. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат бо ВНМО/БНММ

Ҳамаи муассисаҳои маориф ба нақшаҳои таълимӣ ва фаъолияти таълимию тарбиявӣ масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро ворид намуда, ба хонандагон дар бораи роҳҳои сирояти ВНМО ва усулҳои пешгирии ВНМО/БНММ ахбороти пурра, босифат ва дастрас медиҳанд.

Муассисаҳои давлатии маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ якҷоя бо муассисаҳои тандурустӣ ва воҳидҳои мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаҳои пешгирии сирояти ВНМО-ро барои кӯдакон ва наврасони бепарастор таҳия ва татбиқ мекунанд.

Муассисаҳои давлатии тандурустӣ якҷоя бо муассисаҳое, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар назорат мекунанд, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаҳои пешгирии сирояти ВНМО-ро барои истеъмолгарони моддаҳои нашъаовар ва дигар гурӯҳҳои ноустувор таҳия намуда, амалӣ мегардонанд.