Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, № 291 "Дар бораи қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо"

Санаи амалкуни: 03.03.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007с. № 109)

Бо мақсади таъмини муқаррароти банди 4 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2004 № 1275 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005" оид ба кам кардани бақияпулиҳои корхона ва ташкилотҳо аз рӯи пардохти андози солҳои гузашта, мутобиқи моддаи 99 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати мехнат ва хифзи ичтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои то 1 январи соли 2004 бавуҷудомадаи корхона ва ташкилотҳоро аз рӯи андозҳои умумидавлати, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо, аз ҷумла қарзҳои тамдидкардашуда, ки мӯҳлати тамдиди онҳо 1 январи соли 2005 ба охир расидааст, барраси намояд ва дар ҳолати муқаррар гардидани беэътимодии ин қарзҳо (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007с. № 109)

- маблағҳои то 100000 (сад ҳазор) сомониро аз ҳисоб бароварда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;

- нисбати маблағҳои аз 100000 (сад ҳазор) сомони зиёд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарори дахлдор пешниҳод манзур намояд.

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати қарзҳои корхона ва ташкилотҳоро аз рӯи андозҳои маҳалли, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо, ки то 1 январи соли 2004 ба вуҷуд омадаанд, барраси намоянд ва дар ҳолати муқаррар гардидани беэътимодии ин қарзҳо онҳоро аз ҳисоб бароранд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ Дастуруламали тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳоро таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 1 августи соли 2005 № 291

ш. Душанбе