ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010
Мувофиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва ба мақсади рушди соҳаи тарбияи томактабӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 тасдиқ карда шавад (замима мегардад) ва татбиқи он дар доираи маблағҳои ҳамасолаи Буҷети давлатӣ, маблағҳое, ки аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва сарпарастон ҷудо карда мешаванд, амалӣ карда шавад.
2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои дар муассисаҳои таълимӣ ташкил намудани гурӯҳҳои томактабӣ чораҳо андешанд.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амали гардонидани Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳо андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 октябри соли 2005 № 395
ш. Душанбе