Оинномаи муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ" аз 1 сентябри соли 2005, № 340

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 сентябри соли 2005 № 340

тасдиқ шудааст

Оинномаи муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ"

I. Муқаррароти умумӣ

1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони" (минбаъд - Марказ) сохтори мустақили махсусгардонидашудаи ташкили буда, татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони, ки бо қарзи пешниҳоднамудаи Бонки Осиёии рушд амали мегардад, бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатии аҳоли дар минтақаҳои фарогирифта ва инчунин беҳтарсозии системаҳои таъминоти оби нӯшоки анҷом медиҳад.

2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, созишномаҳои байналмилалии баимзорасида, тавсияҳои Бонки Осиёии рушд ва ҳамин Оиннома амали менамояд.

3. Марказ шахси ҳуқуқии мустақил буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои бонки суратҳисоб бо асъори милли ва хориҷи, инчунин мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ дорад.

4. Марказ фаъолияти худро дар давраи татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони (минбаъд - Лоиҳа) анҷом медиҳад.

5. Суроғаи Марказ: 734054, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамси 5/1

II. Мақсад ва мазмуни фаъолияти Марказ

6. Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:

- татбиқи саривақти ва сифатноки Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони, ки якҷоя бо Бонки Осиёии рушд амали карда мешавад;

- таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки қарзи Бонки Осиёии рушд, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод гардидааст;

7. Мазмуни фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:

- ташкили фаъолияти Марказ якҷоя бо Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати дар маҳалҳо ва дигар ташкилотҳои дахлдор;

- ҳамоҳангсози ва таъмини шароити кори барои машваратчиён ва мутахассисон оид ба татбиқи Лоиҳа;

- гузаронидани интихоби пешазихтисоси бо ташкилотҳои манфиатдор, гузаронидани тендерҳо, арзёбии пешниҳодҳои манзургардида ва бастани қарордодҳо;

- таъмини маблағгузории саривақтии Лоиҳа ва пардохти хизматрасонии машваратчиён;

- харидории амвол, кор ва хизматрасони мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Осиёии рушд;

- мониторинг ва назорати сифати корҳои иҷрошуда оид ба татбиқи кисматҳои Лоиҳа аз ҷониби ташкилотҳо ва агентҳои иҷроия;

- анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷи ва робитаҳои байналмилали, ки барои иҷрои вазифаҳои татбиқи Лоиҳа равона гардидаанд.

III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ

8. Марказ ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун амволи таҳти ҳуқуқи идоракунии оперативи ба он тааллуқдоштаро соҳиби, истифодабари ва ихтиёрдори кунад;

- шартномаҳо (қарордодҳо) бандад, ҳуқуқҳои амволи ва ғайриамволи ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар иштирок намояд;

- фаъолияти ҷори ва ояндаро мустақилона ба роҳ монад;

- дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобҳои пардохт ва асъори кушояд;

- Лоиҳаи мазкурро маблағгузори намояд, мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;

- амалҳои дигареро, ки хилофи мақсадҳои Марказ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, иҷро намояд.

9. Марказ ӯҳдадор аст:

- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои қарзи ва саҳмҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ риояи кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ки давлат муқаррар намудааст, таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломати ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда масъулият дошта бошад;

- ҳисоби фаври ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро ба амал барорад ва инчунин ҳуҷҷатҳои омори ва муҳосибавиро пеш барад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оид ба воридшави ва азхудкунии маблағҳо ва ҷараёни татбиқи Лоиҳа ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаро пешниҳод намояд.

IV. Манбаъҳои ташаккули маблағ ва амвол

10. Марказ дар ихтиёри худ бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва дигар амвол дошта бошад, ки барои таъмини фаъолияти пешбининамудаи ҳамин Оиннома зарур мебошанд.

11. Воситаҳои Марказ аз ҳисоби зерин ташаккул меёбанд:

- қарзи Бонки Осиёии рушд, ки барои татбиқи лоиҳа пешниҳод гардидааст;

- саҳмҳои молияви ва моддие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад;

- грантҳое, ки давлатҳои хориҷи ва созмонҳои байналмилали барои татбиқи Лоиҳа ҷудо менамоянд;

- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад.

12. Маблағҳои молиявии Марказ бояд мутобиқи шартҳое, ки дар созишномаҳои кредити ва гранти пешбини гардидаанд, истифода шаванд.

V. Идораи фаъолияти Марказ

13. Шахси мансабдори олии Марказ Директор мебошад, ки бо пешниҳоди Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бонки Осиёии рушд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

14. Директори Марказ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

- ташкили роҳбарии умуми дар тамоми давраи фаъолияти Марказ;

- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлати, ғайриҳукумати ва байналмилали;

- тасдиқ намудани сохтор, шакл, система, ҷадвали штати, сметаи хароҷоти Марказ ва филиалҳои он, андозаи музди меҳнати кормандон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд;

- бе ваколатнома аз номи Марказ бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ва анҷом додани амалҳои дигар дар доираи Лоиҳа;

- пешниҳоди ҳисоботҳои Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд;

- дар доираи салоҳияти худ интишори фармону супоришҳо, ки иҷрои онҳо ба ҳамаи кормандони Марказ ҳатми мебошанд;

- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани ваколатномаҳо, имзои ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷаги ва анҷом додани дигар корҳо дар доираи Лоиҳа, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Осиёии рушд намебошанд;

- кушодани ҳисобҳои пардохти ва дигар ҳисобҳои Марказ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани қарордодҳо ва шартномаҳои меҳнати;

- тибқи тартиби муқарраргардида таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Марказ ва филиалҳои он;

- анҷом додани фаъолияти дигар мутобиқи ҳамин Оиннома.

15. Директор фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома анҷом дода, дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ҳисоботдиҳанда мебошад.

16. Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахси дорад, ваколат ва дараҷаи масъулияти кормандони Марказро мутобиқи ҳамин Оиннома ва ӯҳдадориҳои вазифавии ҳар як корманд муқаррар менамояд.

VI. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

17. Баҳисобгирии муҳосибави ва ҳисоботдиҳии Марказ мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони ҳуқуқи, инчунин мутобиқи стандартҳои байналмилали ва талаботи Бонки Осиёии рушд пеш бурда мешавад.

18. Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонае, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд пешниҳод карда мешаванд, инъикос меёбанд.

19. Аудитҳои молияви ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторони мустақил, ки дар асоси расмиёти муқаррарнамудаи Бонки Осиёии рушд интихоб шудаанд, гузаронида мешаванд.

VII. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Марказ

22. Ба Оинномаи Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.

VIII. Қатъи фаъолияти Марказ

21. Азнавташкилдиҳи (якҷояшави, ҳамроҳшави, тақсимшави, табдилдиҳи, ҷудошави) ва барҳамдиҳи Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 сентября 2005 года №340

Устав Государственного учреждения "Центр управления Проектом по восстановлению ирригационных систем".

I. Общие положения

1. Государственное учреждение "Центр управления Проектом по восстановлению ирригационных систем", (далее - Центр), является самостоятельной специализированной организационной структурой, обеспечивающей реализацию проекта восстановления ирригационных систем по кредиту, предоставленному Азиатским банком развития, с целью снижения уровня бедности населения в проектных районах, а также усовершенствования выбранных систем питьевого водоснабжения.

2. Центр осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами, заключенными международными соглашениями, рекомендациями Азиатского банка развития и настоящим Уставом.

3. Центр является самостоятельным юридическим лицом, в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обладает расчетными счетами в национальной и иностранной валюте в банковских учреждениях, имеет свою печать, штампы и бланки со своими наименованиями.

4. Центр осуществляет свою деятельность в период реализации Проекта по восстановлению ирригационных систем (далее - Проект).

5. Адрес Центра: 734054, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Шамси, 5/1.

II. Цели и предмет деятельности Центра

6. Основными целями деятельности Центра являются:

- своевременная и качественная реализация Проекта по восстановлению ирригационных систем, осуществляемого совместно с Азиатским Банком Развития;

- обеспечение целевого и эффективного использования кредита Азиатского банка развития, предоставленного для реализации Проекта.

7. Предметом деятельности Центра являются:

- организация деятельности Центра совместно с Министерством мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан, с министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти на местах и другими организациями;

- осуществление координации и обеспечение условий работы для консультантов и специалистов по реализации проекта;

- проведение предквалификационного отбора с заинтересованными организациями, проведение тендеров, оценка представленных предложений и подписание контрактов;

- обеспечение своевременного финансирования Проекта и оплаты услуг консультантов;

- осуществление закупок товаров, работ и услуг в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и процедурами Азиатского банка развития;

- мониторинг и контроль качества выполненных работ по реализации компонентов Проекта организациями и исполнительными агентствами;

- осуществление внешнеэкономической деятельности и международных связей, направленных на выполнение задач по реализации Проекта.

III. Права и обязанности Центра

8. Центр имеет право:

- в установленном законом порядке осуществлять владение, пользование и распоряжение закрепленным за ним имуществом на правах оперативного управления имуществом;

- заключать договора (контракты), приобретать имущественные и неимущественные права, участвовать в суде в качестве истца и ответчика;

- самостоятельно организовывать текущую и перспективную деятельность;

- открывать расчетные и валютные счета в банках Республики Таджикистан;

- осуществлять финансирование указанного Проекта, обеспечивать мониторинг и оценку хода выполнения работ;

- совершать иные действия, не противоречащие целям Проекта и законодательству Республики Таджикистан.

9. Центр обязан:

- обеспечить целевое и эффективное использование средств кредитов и вкладов Правительства Республики Таджикистан;

- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан обеспечить своим работникам соблюдение установленных государством гарантий прав граждан и нести в установленном порядке ответственность за ущерб, нанесённый их здоровью и трудоспособности;

- осуществлять оперативный и бухгалтерский учет финансовохозяйственной деятельности, а также вести статистическую и бухгалтерскую документацию;

- представлять в Правительство Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан, Министерство мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан, Центр по координации внешней помощи Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и Азиатский банк развития ежемесячные, ежеквартальные, ежеполугодные и ежегодные отчёты о поступлении и освоении средств и о ходе реализации проекта.

IV. Источники образования средств и имущества

10. Центр имеет в своём распоряжении здание, помещения, сооружения, оборудования, инвентарь и другое имущество, необходимое для обеспечения его деятельности, предусмотренной настоящим Уставом.

11. Средства Центра образуются за счет:

- кредитов Азиатского банка развития предоставленные на реализацию проекта;

- финансовых и материальных вкладов, вносимых Правительством Республики Таджикистан;

- грантов выделяемых иностранными государствами и международными организациями для реализации проекта;

- других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

12. Финансовые средства Центра должны использоваться в соответствии с условиями, предусмотренными в кредитных и грантовых соглашениях.

V. Управление деятельностью Центра

13. Высшим должностным лицом Центра является Директор, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан по представлению Министра мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан и по согласованию с Азиатским банком развития.

14. К компетенциям Директора Центра относятся:

- организация общего руководства всей деятельностью Центра;

- представление интересов Центра в государственных, неправительственных и международных организациях;

- утверждение структуры, формы, системы, штатного расписания, сметы расходов Центра и его филиалов и размера оплаты труда работников по согласованию с Министерством финансов и Азиатским банком развития;

- заключение договоров (контрактов) и совершение иных действий без доверенности от имени Центра в рамках Проекта;

- представление отчетов Центра в Правительство Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан Министерство мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан, Центр по координации внешней помощи Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и Азиатский Банк Развития;

- в пределах своей компетенции издание приказов и указаний, обязательных для исполнения всеми работниками Центра;

- распоряжение имуществом и средствами Центра, выдача доверенностей, подписание финансово - хозяйственных документов и совершение других действий в рамках Проекта, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан и процедурам Азиатского банка развития;

- открытие расчетных и иных счетов Центра в банках Республики Таджикистан, заключение трудовых контрактов и соглашений;

- назначение и освобождение сотрудников Центра и его филиалов от занимаемых должностей в соответствии с установленным порядком;

- совершение иной деятельности в соответствии с настоящим Уставом.

15. Директор Центра, осуществляя свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и настоящим Уставом, подотчетен в своей деятельности Правительству Республики Таджикистан и Азиатскому банку развития.

16. Директор Центра несёт персональную ответственность за выполнение возложенных задач на Центр и устанавливает полномочия и ответственность работников Центра в соответствии с настоящим Уставом и функциональными обязанностями каждого работника.

VI. Учет и отчетность

17. Бухгалтерский учет и отчетность Центра осуществляется в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан для юридических лиц, а также в соответствии с международными стандартами и требованиями Азиатского банка развития.

18. Итоги деятельности Центра отражаются в ежемесячных, ежеквартальных, полугодовых и годовых отчетах, представляемых Правительству Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан, Центру по координации внешней помощи Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и Азиатскому банку развития.

19. Финансовый и технический аудит Центра осуществляется независимыми аудиторами, отобранными в соответствии с процедурами отбора, установленными Азиатским банком развития.

VII. Порядок внесения изменений и дополнений в Устав Центра

20. Изменения и дополнения в Устав Центра вносятся в установленном законодательством порядке Правительством Республики Таджикистан

VIII. Ликвидация Центра

21. Реорганизация (слияние, присоединение, разделение, преобразование, выделение) и ликвидация Центра осуществляется по решению Правительства Республики Таджикистан в соответствии с установленным законодательством порядке.