ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ"
Мувофиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади барқарорсозии системаҳои ирригатсиони, таъмини истифодаи самараноки қарзи Бонки Осиёии рушд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони" таъсис ва Оинномаи замимагардидаи он тасдиқ карда шаванд.
Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун агентии иҷроияи Лоиҳаи мазкур муайян карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети давлати маблағҳои заруриро барои таъмини саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони пешбини намояд.
3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир кардани Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони" бинои заруриро ба сифати саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намояд.
4. Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони" бо мувофиқаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд сохтор, ҷадвали штати ва сметаи хароҷотро барои нигоҳдории дастгоҳи Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсиони" таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 сентябри соли 2005 № 340
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Государственного учреждения "Центра управления Проектом по восстановлению ирригационных систем"
В соответствии со статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и в целях восстановления ирригационных систем, эффективного использования кредита предоставленного Азиатским банком развития, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Государственное учреждение "Центр управления Проектом по восстановлению ирригационных систем" и утвердить прилагаемый его Устав.
Определить исполнительным агентством данного Проекта Министерство мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан.
2. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно предусмотреть в государственном бюджете необходимые средства для обеспечения вклада Правительства Республики Таджикистан в реализацию Проекта по восстановлению ирригационных систем.
3. Государственному комитету Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом совместно с Министерством мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан выделить необходимое помещение, в качестве вклада Правительства Республики Таджикистан для размещения "Центра управления Проектом по восстановлению ирригационных систем".
4. Государственному учреждению "Центра управления Проектом по восстановлению ирригационных систем" по согласованию с Министерством мелиорации и водного хозяйства Республики Таджикистан, Министерством финансов Республики Таджикистан и Азиатским банком развития разработать и утвердить структуру, штатное расписание и смету расходов на содержание аппарата Государственного учреждения "Центра управления Проектом по восстановлению ирригационных систем".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 1 сентября 2005 года №340
г. Душанбе