Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, № 237 "Дар бораи тасдиқи Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2007 № 199 бе эътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

Мутобиқи моддаи 38 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 4, 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", бо мақсади танзими хизматрасонии тиббию санитари ба аҳоли аз тарафи муассисаҳои давлатии системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани дастрасии он барои аҳоли, хусусан ба гурӯҳҳои бештар осебпазири он, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Замимаҳои мазкур тасдиқ карда шаванд:

Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурусти аз ҳисоби шахсони воқеи ва ҳуқуқи.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо маблағгузории бахши тандурустиро аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда дар ҳаҷми пурра таъмин намоянд.

3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати дар ҳамкори бо донорҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;

ҳуҷҷатҳои зарурии соҳавиро, ки аз Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурусти аз ҳисоби шахсони воқеи ва ҳуқуқи бармеоянд, таҳия намуда, барои иҷро ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ва муассисаҳои тандурусти расонад;

бо мақсади таъмини татбиқи талаботи муқарраршуда, пешгири ва ошкор намудани ҳолатҳои маблағситонии ғайрирасми гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис диҳад;

аз натиҷаҳои татбиқи Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитари ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби хизматрасонии тиббию санитари ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурусти аз ҳисоби шахсони воқеи ва ҳуқуқи то моҳи ноябри соли 2006 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004 № 279 "Дар бораи танзими хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва пулаки аз ҷониби муассисаҳои давлатии системаи тандурусти ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара" беэътибор дониста шавад.

5. Банди 1 қарори мазкур аз 1 августи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э. Раҳмонов

аз 2 июли соли 2005 № 237

ш. Душанбе

* Тартиб оварда намешавад