Тартиби пардохти боҷи махсус барои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ аз 29 августи соли 2003, № 380

Санаи амалкуни: 02.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2003 № 380

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти боҷи махсус барои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2008с. № 613)

1. Барои баровардан ё муваққатан баровардани сарватҳои фарҳангии таърих то 50-сола баъди гузаронидани экспертизаи бадеӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи ҳуқуқи баровардан ё муваққатан баровардан дода мешавад.

Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ мӯҳлати баррасии ариза барои баргузории экспертизаи бадеӣ, додани шаҳодатномаи ҳуқуқи баровардан ё муваққатан баровардан дар давоми як моҳ аз рӯзи пешниҳод кардани ариза муайян карда мешавад.

Барои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ дар ҳаҷми зерин боҷи махсус пардохта мешавад:

- барои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангие, ки таърихи 50- сола доранд, дар ҳаҷми 5 % арзиши умумии сарватҳои фарҳангии баровардашаванда, вале на кам аз андозаи ду ҳадди ақали маоши муқарраргардида;

- барои сарватҳои фарҳангии таърихи аз 50 то 100- сола ва зиёда аз он дар ҳаҷми 7 % арзиши умумии сарватҳои фарҳангии баровардашаванда ва на кам аз ду ҳадди ақали маоши муқарраргардида;

2. Аз пардохти боҷи махсус барои баргузории экспертизаи бадеӣ озод карда мешаванд:

- осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, фондҳо ва дигар маҳфузгоҳҳои давлатии сарватҳои фарҳангӣ дар ҳолати муваққатан ба намоишгоҳҳо баровардани сарватҳои фарҳангие, ки дар ҳифзи доимии онҳо мебошанд;

- ансамблҳои давлатии мусиқӣ, мутрибону навозандагон барои соз ва воситаҳои техникие, ки муваққатан барои гастрол бароварда мешаванд.

3. Арзиши сарватҳои фарҳангии ба экспертизаи бадеӣ пешниҳодшуда мутобиқи феҳрастҳои байналмилалии нархномаҳои сарватҳои фарҳангӣ ва ё аз ҷониби экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

4. Истифодаи маблағҳои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.