ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2003, №380
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби пардохти боҷи махсус барои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2003, № 380 «Дар бораи тасдиқи тартиби пардохти боҷи махсус барои баргузории экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ» тасдиқ шудааст, банди 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:«5. Пардохти маблағи боҷи махсус барои гузаронидани экспертизаи бадеии сарватҳои фарҳангӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2024, № 672