Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 1999, № 229 "Дар бораи баланси барҳамдиҳии Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи тоҷик"

Санаи амалкуни: 19.02.2009

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи баланси барҳамдиҳии Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи тоҷик"

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.02.2003 с. № 46, аз 19.02.2009с. № 103)

Мутобиқи қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 №524 "Дар бораи барҳам додани Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Баланси барҳамдиҳии Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи тоҷик" аз рӯи дороӣ ва маҷмӯи қарзҳо то 1 январи соли 1999 ба маблағи 18055873 ҳазор рубл, аз ҷумла қарзи дебиторӣ ба маблағи 17314,6 млн. рубл, қарзи кредиторӣ ба маблағи 17265,4 млн. рубл мувофиқи замима муайян карда шавад (Қарор аз 19.02.2009с. № 103).

2. Воситаҳои асосӣ ва муомилоти Корпоратсияи ҷумҳуриявии барҳамдодашудаи "Пахтаи Тоҷик" ба Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Коттон сервис" дода шавад, қарзҳои дебиторӣ ва кредитории корпоратсияи барҳамхӯрдаи "Пахтаи тоҷик" ҷиҳати ҳисоббаробаркунӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба расмият дароварда шавад.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Коттон Сервис" оиди ҳамкорӣ дар пӯшонидани қарзи дебиторӣ ва кредитории собиқ корпоратсияи "Пахтаи Тоҷик" шартнома бандад.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Коттон Сервис" ҷиҳати пӯшонидани қарзи хоҷагиҳои пахтакор ва заводҳои пахтатозакунӣ, ки дар минтақаҳои дахлдор воқеанд, ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

4. Қарзи Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик", ки аз ҳисоби сохтмони заводҳои пахататозакунии Ёвон ва Данғара дар назди Бонки миллии Тоҷикистон то 1 январи соли 1999 ба маблағи 3772,9 млн. рубл ба миён омадааст, ба заводи пахтдтозакунии Ёвон ба маблағи 938,4 млн. рубл ва ба заводи пахтатозакунии Данғара ба маблағи 2834,5 млн. рубл аз нав ба расмият дароварда шавад.

5. Муқаррар карда шавад:

қарзи ҳукуматҳои вилояти Хатлон ба маблағи 996,5 млн. рубл (1011642 доллари ИМА) ва қарзи ҳукумати ш. Душанбе ба маблағи 1955,5 млн. рубл (1985075 доллари ИМА) дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маводи сӯзишворию равғанҳои молидание, ки аз Ширкати нафтии "Ҳоҷӣ Сиддиқи Хуҷандӣ" гирифта шудаанд. Қарзҳои мазкур аз ҷониби ҳукуматҳо аз ҳисоби маблағҳои гирандагони маводи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ мутаносибан дар тӯли солҳои 1999-2000 пӯшонида мешаванд;

қарзи байни Корпоратсияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланси барҳамдиҳӣ баъди аниқ шудани он пӯшонида мешавад.

6. Муқаррар карда шавад, ки қарзи кредиторӣ мутаносибан бо пардохтани қарзи дебиторӣ пардохта мешавад.

7. Беэътибор дониста шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.02.2003 с. № 46).

8. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 1999 № 187 "Масъалаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйирот ва иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

дар банди 2 калимаҳои "320 воҳид" ва "265 воҳид" мутаносибан ба калимаҳои "332 воҳид" ва "277 воҳид" иваз карда шаванд;

сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикнстон бо калимаҳои "Шӯъбаи идораи дороиҳо" пурра карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 8 июни соли 1999 № 229

ш. Душанбе