ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сохтори замимагардидаи дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи идоракунии он тасдиқ карда шавад.
2. Шумораи кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 320 воҳид, аз ҷумла дастгоҳи марказии он ба миқдори 265 воҳид бе ҳайати хизматрасон ва муҳофизони бино ва шумораи умумии кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурӣ бо миқдори 1420 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор Ҷонишинони Вазир, аз ҷумла як Ҷонишини аввал ва дар ҳайати 11 нафар коллегия дошта бошад.
4. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 300 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 1995 № 205 "Масъалаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 15 январи соли 1997 № 34 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 1995 № 205 "Масъалаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 30 апрели соли 1999 № 187
ш.Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 1999 № 187
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият.
Департаменти Буҷети давлатӣ.
Идораи сиёсати андоз ва дурнамоии даромадҳои давлатӣ.
Хазинадории марказӣ.
Департаменти қарзи хориҷӣ.
Идораи соҳаҳои иқтисод.
Идораи қоғазҳои арзишдор ва сармоягузории хориҷӣ.
Идораи баҳисобгирии хароҷоти дастгоҳи давлатӣ.
Идораи методологияи ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит.
Идораи кадрҳо ва муассисаҳои таълимӣ.
Саридораи тафтишотӣ.
Идораи металлҳои қиматбаҳо ва мангҳо.
Шӯъбаи мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Шӯъбаи қайди махсус (бо пул таъминкунӣ аз ҳисоби манбаҳои махсус).
Гурӯҳ оид ба татқиқоти масъалаҳои молиявӣ ва нашриёт.
Идораи хоҷагӣ.
Нақшаи идоракунии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ.
Идораи молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Идораҳои молиявии вилоятҳо.
Идораи шаҳри Душанбе.
Шӯъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо.
Ҳайати ташкилотҳои назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Техникуми молия ва иқтисодии Душанбе.
Назорати давлатии суғурта (Госстрахнадзор).
Назорати давлатии иёр (Госпробирнадзор).
Хазинаи дороии давлатӣ (Гохран).
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Вопросы Министерства финансов Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую структуру центрального аппарата и схему управления Министерства финансов Республики Таджикистан.
2. Установить численность работников Министерства финансов Республики Таджикистан в количестве 320 единиц, в том числе центрального аппарата 265 единиц без персонала по обслуживанию зоны отдыха и охраны, и численность работников финансовых органов республики в количестве 1420 единиц.
3. Разрешить Министерству финансов Республики Таджикистан иметь 4-х заместителей Министра, в том числе одного первого и коллегию в составе 11 человек.
4. Признать утратившим силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 16 июля 1996 года № 300 "О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 17 марта 1995 года № 205 "Вопросы Министерства финансов Республики Таджикистан" и от 15 января 1997 года № 34 "О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 17 марта 1995 года № 205 "Вопросы Министерства финансов Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 30 апреля 1999 года № 187
г. Душанбе
Утверждена
постановление Правительства
Республики Таджикистан
от 30 апреля 1999 года № 187
Структура Центрального аппарата Министерства финансов Республики Таджикистан
Руководство
Департамент Государственного бюджета
Управление налоговой политики и прогнозирования Государственных доходов
Центральное казначейство
Департамент Внешнего долга
Управление отраслей экономики
Управление ценных бумаг и иностранных инвестиций
Управление планирования расходов Государственного аппарата
Управление методологии бухгалтерского учета, отчетности и аудита
Управление кадров и учебных заведений
Главное контрольно-ревизионное управление
Управление драгоценных металлов и камней
Отдел обороны и правоохранительных органов
Отдел специализированного регистратора (финансируется за счет специальных средств)
Группа по исследованию финансовых проблем и публикаций
Хозяйственное управление
СХЕМА управления Министерства финансов Республики Таджикистан
Центральный аппарат
Финансовое управление ГБАО
Областные финансовые управления
Финансовое управление г. Душанбе
Городские и районные финансовые отделы
Организации при Министерстве финансов Республики Таджикистан
Душанбинский финансово-экономический техникум
Государственный страховой надзор (Госстрахнадзор)
Государственный пробирный надзор (Госпробнадзор)
Государственное хранилище ценностей (Госхран)