Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 апрели с. 2005 № 137
тасдиқ шудааст
Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарор аз 29.12.2006с. № 795)
Ин Низомнома тартиб ва шароити адои хизматро дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии кормандони ин мақомотро муайян мекунад.
БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ
1. Кормандони мақомоти корҳои дохили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар вазифаҳои ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили қарор дошта, бо тартиби муайяннамудаи ин Низомнома ба онҳо рутбаҳои махсуси ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили барои тасдиқи ваколаташон шаҳодатномаи хизмати ва нишонҳои махсус бо рақами шахси дода мешавад, ки намунаи онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Барои кормандони мақомоти корҳои дохили либоси расми ва нишонҳои дараҷаҳо муқаррар карда мешаванд, ки намунаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили баъди гузаштани тайёрии дахлдор барои доими гирифта гаштан ва нигоҳ доштани яроқи оташфишони табели ва воситаҳои махсус ҳуқуқ пайдо мекунанд. Тартиби додан, гирифта гаштан ва нигоҳ доштани яроқи оташфишон ва воситаҳои махсусро Вазири корҳои дохили муайян менамояд ва инчунин аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ва "Дар бораи яроқ" ба танзим дароварда мешавад.
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда буда, вазифадор аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, қарорҳо, фармонҳо, амру фармоишҳо ва дигар санадҳои меъёрие, ки аз вазифаҳои функсионали бармеояд, риоя намояд.
Роҳбарии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳайати мушовараи (коллегияи) Вазорати корҳои дохили, Вазири корҳои дохили, муовинони ӯ, ҳайати раёсати корҳои дохили, сардорони хадамоти раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори мақомоти корҳои дохили анҷом дода мешавад.
Назорати иҷрои якхела ва дақиқи қонунҳои танзимкунандаи тартиб ва шароити адои хизмат дар мақомоти корҳои дохилиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуророни тобеи он анҷом медиҳанд.
3. Хизмат дар мақомоти корҳои дохили мутобиқи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- қонуният;
- ягонагии сохтори мақомоти милитсия, мутамарказ будани идоракунии он;
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- адолати иҷтимои ва инсондӯсти;
- пинҳонкори, истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият;
- яккасардори;
- баробарии ҳама дар назди қонун;
- алоқаманди бо аҳоли ва ба назар гирифтани афкори ҷамъияти дар мубориза бар зидди ҷинояткори;
- ғайриҳизбият.
4. Асосҳои ҳуқуқии хизмат дар мақомоти корҳои дохили аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия", "Дар бораи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯӣ", "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи яроқ", "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ", "Дар бораи қӯшунҳои дохили", "Дар бораи сирри давлатӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ваколати худ қабул намудааст, иборат мебошанд.
5. Корманди мақомоти корҳои дохили вазифаашро мувофиқи бандҳои 10 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия", аз рӯи қонунгузории ҷори, Савганд, ин Низомнома ва қарордод иҷро менамояд.
Корманди мақомоти корҳои дохили фаъолияти оперативи-гумоштавиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи" анҷом медиҳад.
Корманди мақомоти корҳои дохили ҳуқуқ дорад яроқи табели ва воситаҳои махсусро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дорад, гирифта гардад ва истифода барад.
Барои таъмини амнияти шахси корманди мақомоти корҳои дохили мегавонад аз яроқи табели, тоскулоҳ, сипар, нимтанаҳои зиреҳдор ва дигар воситаҳои муҳофизати инфироди истифода намояд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили ҳамчун дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои тамоми ҳуқуқҳои иҷтимои, иқтисоди ва дигар ҳуқуқҳо буда, инчунин ӯҳдадориҳои шаҳрванди ҷумҳуриро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллали ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намуда кафолат додаанд, ба ӯҳда доранд.
Корманди мақомоти корҳои дохили ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳеҷ шахс ғайр аз мақомот ва шахсони мансабдор, ки қонун ваколатдор намудааст, ҳуқуқи ба фаъолияти қонунии корманди мақомоти корҳои дохили дахолат карданро надорад.
Корманди мақомоти корҳои дохили дар фаъолияти хизматии худ аз рӯи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили барои вайрон кардани қонуният, суиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизмати, ҳаракат ё беҳаракатии ғайриқонуни, иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Корманди мақомоти корҳои дохили ҳуқуқ дорад:
а) бо ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯро аз рӯи вазифаҳои ишғолкарда муайян менамояд, меъёри арзёбии хизмат ва шароити пешрави дар вазифа, инчунин дигар шартҳои барои иҷрои вазифаҳои хизмати зарур шинос гардад;
б) аз рӯи тартиби муқарраршуда маълумот ва маводҳои барои иҷрои вазифаҳои хизмати зарур бударо гирад;
в) оид ба такмилдиҳии хизмат ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда таклифҳо пешниҳод намояд;
г) қарорҳо қабул намуда, мувофиқи вазифаҳои хизмати дар омодагии онҳо иштирок намояд;
д) барои таъин шудан ба вазифаи холи бо хоҳиши худ дар озмун (конкурс) иштирок намояд;
е) бо дарназардошти натиҷаҳои фаъолияти хизмати ва дараҷаи ихтисос ба вазифаи баландтар таъин шавад;
ж) бо маводҳои парвандаи шахсии худ ба истиснои қисми бойгони (архив) ва маводҳои тафтишоти махсус, фикру мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти худ ва дигар ҳуҷҷатҳо то дохил намудан ба парвандаи шахси бо тартиби муқаррарнамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баёноти худ, ки ба парвандаи шахси ҳамроҳ карда шудаанд, шинос шавад;
з) бо тайёрии ибтидои, бозомӯзи ва такмили ихтисос фаро гирифта шавад;
и) аз ҷиҳати молияви, модди ва иҷтимои бо дарназардошти мӯҳлати хизмат, собиқаи кори ва ҳолати саломати таъмин гардад;
к) гузаронидани тафтишоти хизматиро барои рад намудани маълумотҳое, ки шаъну эътибори ӯро доғдор менамояд, талаб кунад;
л) ба ҳифзи меҳнат ва саломати.
Истифодаи ҳама ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллали ва ин Низомнома эътироф намудаанд, бидуни табъиз бе ягон асос, ба монанди ҷинс, нажод, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, аққалияти милли, вазъи иҷтимои, адовати шахси, ҷои таваллуд ё дигар мавридҳо бояд таъмин карда шавад.
Корманди мақомоти корҳои дохили ҳуқуқ дорад барои ҳалли баҳсҳои вобаста ба хизмат дар мақомоти корҳои дохили ба мақомоти болоии корҳои дохили (раёсате, ки аз тарафи Вазири корҳои дохили барои ҳалли масъалаҳои риоя накардани ҳуқуқи инсон ваколатдор карда шудааст) ё суд муроҷиат намояд.
Ба сардорон (командирон) додани фармон ва фармоишҳое, ки бо иҷрои вазифаҳои хизмати алоқаманд нестанд ё худ муқобили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ аст.
Сардорон (командирон), ки фармон ва фармоишҳои мазкурро додаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Бекор намудан ё тағйир додани қарори қабулкардаи корманд, ҳангоми иҷрои вазифаҳо худ аз худ сабаби ба ҷавобгари кашидани ӯ намешавад, ба шарте, ки онҳо сабаби қасдан вайрон кардани қонун нагардида бошанд.
Барои ҳалли супоришҳои махсус оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъияти ва мубориза бар зидди ҷинояткори кормандони мақомоти корҳои дохили муваққатан ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳури барои хизмат ҷалб карда шуданашон мумкин аст (ба истиснои ҳайати доими ва ивазшавандаи муассисаҳои таълими ва илми-тадқиқотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Бинобар зарурати таъмини иҷрои самарабахши вазифа ва ӯҳдадориҳое, ки ба зиммаи мақомоти корҳои дохили гузошта шудаанд, кормандони мақомоти корҳои дохили бо розигии онҳо метавонанд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлати ё ки дигар ташкилотҳо фиристода шаванд.
6. Номгӯҳои вазифаҳои ҳайати қатори, хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда ва рутбаҳои махсуси ба ин вазифаҳо мувофиқаткунанда аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Номгӯи мансабҳое, ки полковникҳо ва генералҳо ишғол менамоянд аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Талаботи тахассуси нисбати кормандони мақомоти корҳои дохили, ки вазифаҳои ҳайати қатори ва роҳбарикунандаро ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
7. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба вазифаҳои ҳайати қатори ва роҳбарикунанда таъин гардидаанд, рутбаҳои зерини махсус, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, дода мешаванд:
а) ҳайати қатори:
милитсияи қатори, қатории хизмати дохили
б) ҳайати хурди роҳбарикунанда:
сержанти хурди милитсия, сержанти хурди хизмати дохили;
сержанти милитсия, сержанти хизмати дохили;
сержанти калони милитсия, сержанти калони хизмати дохили;
старшинаи милитсия, старшинаи хизмати дохили;
прапоршики милитсия, прапоршики хизмати дохили;
прапоршики калони милитсия, прапоршики калони хизмати дохили
в) ҳайати миёнаи роҳбарикунанда:
лейтенанати хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохили;
лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохили;
лейтенанти калони милитсия, лейтенанти калони хизмати дохили;
капитани милитсия, капитани хизмати дохили
г) ҳайати калони роҳбарикунанда:
майори милитсия, майори хизмати дохили;
подполковники милитсия, подполковники хизмати дохили;
полковники милитсия, полковники хизмати дохили
д) ҳайати олии роҳбарикунанда:
генерал-майори милитсия, генерал-майори хизмати дохили;
генерал-лейтенанти милитсия, генерал-лейтенанти хизмати дохили;
генерал-полковники милитсия, генерал-полковники хизмати дохили.
Рутбаҳои ҳайати қатори ва роҳбарикунанда ба ғайр аз мавридҳои дар ин Низомнома пешбинишуда якумра мебошанд. Ҳангоми ба охир расидани хизмат дар мақомоти корҳои дохили ба рутбаи махсуси мавҷуда калимаҳои "дар захира" ё дар "истеъфо" илова карда мешаванд.
Рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти корҳои дохили дар шароити замони ҷанг ва ҳангоми ба нафақа баромадан, ба захира ё истеъфо рафтан бо рутбаҳои ҳарби баробар эътироф карда мешаванд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили, ки ба захираи Қувваҳои Мусаллаҳ рухсат шудаанд, рутбаи ҳарби бо тартиби аттестатсия бо дарназардошти ихтисоси қайди ҳарби ва рутбаҳои махсус доштани онҳо аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки ба истеъфо рухсат шудаанд, ба қайди ҳарби гирифта намешаванд. Додани рутбаи ҳарби низ ба онҳо бо тартиби аттестатсияи такрори гузаронида намешавад.
8. Бо мақсади таъмин намудани мақомоти корҳои дохили бо мутахассисони баландихтисос Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилиро анҷом медиҳад, ки дар худ таълими ибтидоии махсус, тайёрии махсуси ҷангию ҷисмони, тафтиши мунтазами корманд барои коршоями ба амалиёт дар шароити вобаста бо истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус, яроқи оташфишон, тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълими такмили ихтисос ва дониши кормандонро дарбар мегирад.
Мутахассисони касбиро барои мақомоти корҳои дохили муассисаҳои таълимии омӯзиши касбии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, таҷдид ва барҳам дода мешаванд, тайёр менамоянд.
Шунавандагон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии омӯзиши касбии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати роҳбарикунанда ва профессорон-омӯзгорон, ки рутбаи махсуси корманди мақомоти корҳои дохили дошта, кормандони мақомоти корҳои дохилиро мутобиқи рӯйхати мансабҳо, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, тайёр менамоянд, иҷрокунандаи вазифаи корманди мақомоти корҳои дохили ба ҳисоб мераванд.
Низомномаи (Оинномаи) муассисаи таълимии омӯзиши касбии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои таълими бо тартиби муқарраршуда тасдиқ карда мешаванд.
Тарзи ташкил ва тартиби тайёрии касбиро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 2. Қабули кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмат ва ба вазифаи дигар гузаштани онҳо
9. Ба хизмат дар мақомоти корҳои дохили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 сола то 35 сола мебошад, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, вазъи иҷтимои, ки аз рӯи сифатҳои шахси, ахлоқи, таҳсилот, кордони, тайёрии ҷисмони ва вазъи саломати аз ӯҳдаи иҷрои вазифҳои ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохили вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарби аз рӯи даъват ё доштани билети (дафтарчаи) ҳарби (ба истиснои курсантҳои муассисаҳои таълимии миёна ва олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин занҳо) дар асоси ихтиёри қабул карда мешаванд.
Барои омӯзиш дар муассисаи таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони синни аз 17 то 25 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мақомоти корҳои дохили хизмат накардаанд ва маълумоти миёнаи умуми ё маълумоти миёнаи касби доранд, қабул шуда метавонанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили, инчунин шахсоне, ки рутбаҳои махсус бо иловаи "дар эҳтиёт" ё "истеъфо" доранд, ҳангоми маҳкум шудан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин, бо ҳукми суд аз рутбаи махсус маҳрум гардиданашон мумкин аст.
Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки барои иҷрои вазифаи махсус ба мақомоти ҳокимияти давлати ё дигар ташкилотҳо фиристода шудаанд, дар ҳамон ҷо адои вазифа намуда, дар ҳайати кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонанд.
Ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда шаҳрвандоне, ки маълумоти олии касби ё миёнаи махсус доранд, қабул карда мешаванд. Ба мансаби миёнаи роҳбарикунанда ба таври истисно метавонанд шаҳрвандоне, ки маълумоти касбии миёна доранд, қабул карда шаванд.
Ишғол намудани мансаби ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили дар асоси озмун бо роҳи бастани шартномаи инфироди (қарордод), инчунин бо тарзи таъин намудан ба вазифа сурат мегирад.
Қабули кормандони мақомоти корҳои дохили ба хизмат бо фармони сардори дахлдори мақомоти корҳои дохили мувофиқи салоҳияташ, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, ба корманди мақомоти корҳои дохили эълон карда мешавад.
Шахсони бори нахуст ба хизмати мақомоти корҳои дохили қабулшаванда ҳатман тайёрии махсуси касбиро мегузаранд.
Маҳдудияти синну сол барои шаҳрвандоне, ки пештар аз хизмати мақомоти корҳои дохили сабукдӯш шуда, боз ба хизмат қабул мегарданд, инчунин аз хизмати ҳарби ва хизмат дар дигар вазорату ташкилотҳое, ки дар онҳо барои ҳайат рутбаҳои махсус муқаррар гардидаанд, тибқи талаботи бандҳои 9, 50 ин Низомнома муайян карда мешаванд.
10. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ба хизмат дар мақомоти корҳои дохили қабул карда намешаванд:
а) шаҳрвандоне, ки доғи суди доштанд ё доранд (сарфи назар аз мӯҳлати адои ҷазо, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд);
б) мувофиқат накарадан бо шартҳое, ки дар банди 9 ин Низомнома пешбини шудааст;
в) мавҷуд будан ва эътибори қонуни доштани ҳукми суд оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатии хизмати давлати (мансабҳо дар мақомоти корҳои дохили);
г) вуҷуд доштани тасдиқи хулосаи муассисаи тибби оид ба беморие, ки барои адои вазифаҳои хизмати монеъ шуда метавонад;
д) саркаши намудан аз тафтишоти махсус ва ба расмият даровардани иҷозатнома барои кор бурдан бо маълумотҳои дорои сирри давлати ва дигар маълумотҳои аз тарафи қонун ҳифзшаванда;
е) мавҷудияти хешии наздик ё қудоги (волидайн, бародарон, ҳамсарон, хоҳарон, писарон, духтарон, инчунин бародару хоҳарони волидайн ва фарзандони ҳамсарон) бо корманд, агар хизмати онҳо дар мақомоти корҳои дохили бо тобеият ва таҳти назорати бевосита будани яке ба дигаре алоқаманд бошад;
ж) мавҷудияти шаҳрвандии давлати хориҷи, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иҷозат ба хизмат дар мақомоти корҳои дохили дар асоси ризоияти дуҷониба бо созишномаҳои байнидавлати ба танзим дароварда шуда бошад;
з) саркаши намудан аз гузаштани қайди ҳатмии давлатии дактилоскопи мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопи";
и) дар бораи худ ва хешовандон ба дастгоҳи кадрҳо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои баръало бардурӯғ;
к) бо қарори эътибори қонуни пайдонамудаи суд ғайри қобили амал ё маҳдудан қобили амал дониста шудани шаҳрванд;
л) саркаши аз супоридани меъёрҳо доир ба тайёрии ҷисмони ё номувофиқии натиҷаҳои санҷиши ба меъёрҳои муқарраршуда.
11. Қарордод дар бораи хизмат дар мақомоти корҳои дохили байни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмат дар ин мақомот дохил мешавад ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти сардори мақомоти дахлдор, ки ваколатҳои лозимиро дорост, баста мешавад.
Ҳангоми ба мансаби нав таъин гардидан ё ба минтақаи дигар ба хизмат фиристодани корманди мақомоти корҳои дохили, мувофиқи нишондоди бандҳои 44 ва 45 ин Низомнома, бо ӯ бар ивази қарордоди қаблан басташуда (нисбати вазифаи пештарааш) қарордоди нав аз номи сардори дахлдор баста мешавад.
Мувофиқи қарордод дар бораи хизмат дар мақомоти корҳои дохили, шаҳрванд (корманд) ӯҳдадор аст вазифаҳои хизматии ба зиммаи ӯ вогузоршударо иҷро намояд, талаботи ин Низомнома, инчунин Савганд ва тартиботи дохилиро риоя намояд, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи дахлдори ҳокимияти давлати бошад аз ҳисобе, ки ин вазифа маблағгузори мешавад, вазифадор аст тамоми намудҳои таъминоташро, инчунин ҳуқуқ, имтиёз, кафолатҳояшро қонеъ гардонида, мувофиқи нишондоди ин Низомнома, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарордод барои хизмат дар мақомоти корҳои дохили шароит муҳайё намояд.
Дар қарордод оқибатҳои ҳуқуқи, инчунин ҷавобгарии модди, ки аз сабаби иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи тарафайн фаро мерасад, дар назар дошта мешаванд.
Иҷро нагардидани ӯҳдадории ба зимма гирифта аз ҷониби яке аз тарафҳо барои бекор гардидани қарордод бо ташаббуси ҳар кадоме аз тарафҳо асос шуда метавонад. Далели талаботи қарордодро иҷро накардани тарафҳо (асоснокии бекор намудани қарордод, пеш аз адои мӯҳлати эътибор) бояд аз тарафи комиссияи аттестатсиони тафтиш карда шавад.
Қарордод танҳо дар шакли хатти баста шуда, шартҳои он, вазъи хизмати ва иҷтимоии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашудаи корманди мақомоти корҳои дохилиро набояд бад кунад.
Қарордод дар бораи хизмат бо шаҳрвандони (кормандони мақомоти корҳои дохили) ба мансаби ҳайати қатори, хурд ва миёнаи роҳбарикунанда таъиншаванда, ба мӯҳлати на камтар аз се сол баста мешавад.
Баъди расидан ба синну соли ниҳоии хизмат кормандони мақомоти корҳои дохили, метавонанд хизмати худро дар мақомоти корҳои дохили дар асоси қарордоди меҳнатии мӯҳлатнок давом диҳанд.
Барои шахсоне, ки ба муассисаҳои таълимии омӯзиши касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои омӯзиши касби бо пардохти маблағи таҳсил дохил шудаанд, бояд дар қарордод мӯҳлати хизмати онҳо баъди хатми муассисаҳои мазкур на камтар аз 3 сол дар назар дошта шаванд.
Қарордод барои таъин шудани шаҳрванд (корманди мақомоти корҳои дохили) ба мансаб ҳамчун асос ба шумор меравад. Агар касе аз тарафҳо дар муддати ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати эътибори қарордод оид ба бекор кардан ё тағйир додани шарти он эълон накунанд, қарордод ба мӯҳлати муайян дарозшуда ба ҳисоб меравад.
Дар ҳолати зарурати хизмати, кормандони мақомоти корҳои дохили барои адои вазифаҳое, ки дар қарордод нишон дода нашудааст, ба мӯҳлати то як моҳ бо пардохти на камтар аз маоши муайянгардидаи вазифаи ишғолкардааш ҷалб карда мешавад. Чунин ҷолибият барои бартараф ё барҳам додани офати табий, садама, бетартибиҳои оммави, амалҳои террористи ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ва инчунин барои иваз намудани корманди ҳузурнадошта амали мегардад.
Қарордод дар бораи хизмат дар асоси бандҳои 47-48 ин Низомнома қатъ мегардад.
Шаклу мундариҷаи қарордод аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Қарордод дар бораи хизмат бо шаҳрванде, ки ҳангоми дохил шудан ба кор дар мақомоти корҳои дохили таҳсил менамояд, баъд аз гузаштани мӯҳлати омӯзиш, ки барои ӯ муқаррар шудааст, баста мешавад.
12. Барои шахсони бори аввал ба хизмати мақомоти корҳои дохили дохилшаванда, мӯҳлати омӯзиш аз се то шаш моҳ муқаррар карда мешавад.
Барои шахсони бори аввал ба хизмати милитсия қабулшаванда мӯҳлати санҷиши ҳатмист.
Дар вақти мӯҳлати санҷиши коромӯз вазифаашро аз рӯи мансаби ишғолкардааш иҷро намуда, ҳуқуқи корманди мақомоти корҳои дохилиро истифода мебарад.
Ҳангоми мӯҳлати санҷиши ва дар асоси доими корманд вазифадор аст:
санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад, омӯзад;
сатҳи кордони ва таҷрибаашро баланд бардорад;
ҳуҷҷатҳои асосиро дар бораи ҳуқуқ ва озодии асосии инсон ва шаҳрванд омӯзад;
хислати маънавии худро, ҳамчун кормандони мақомоти корҳои дохили инкишоф диҳад;
мартабот ва талаботи оинномаро риоя намояд;
меъёрҳои муқарраршуда ва одоби рафторро дар ҷамъият риоя намояд;
дигар кормандон, коллектив ва ҳамватанонро эҳтиром намояд;
сирре, ки ҳангоми кор ба ӯ маълум мегардад пинҳон дорад;
сари вақт ӯҳдадориҳои вазифавиашро иҷро намуда, дар доираи фаъолияти худ ташаббускор бошад.
Бо ин мақсад ба корманди мақомоти корҳои дохили, ки мӯҳлати санҷишро адо менамояд (адо намудааст), сардорон кӯмаки ҳаматарафа ва ёрии лозими мерасонанд. Дар вақти мӯҳлати санҷиши ба корманд ҳатман корманди болаёқат ё роҳбаре, ки таҷрибаноктар буда худро аз ҷиҳати мусби нишон додааст, вобаста карда мешавад.
Шахсоне, ки мансаби ҳайати қатори ва хурди роҳбарикунандаро ишғол мекунанд, баъди тамом шудани мӯҳлати санҷиш, барои хизмат дар мақомоти корҳои дохили на камтар аз се сол ӯҳдадории хатти медиҳанд. Агар ба муддати то ду моҳ пеш аз мӯҳлати анҷоми эътибори ӯҳдадори шахси ҳайати қатори ё хурди роҳбарикунанда оид ба қатъ намудани фаъолияти хизмати арз нанамояд, ӯҳдадори давомдодашуда ба ҳисоб меравад. Барои ихтиёран корро монда рафтан то анҷоми эътибори ӯҳдадори, корманд ҳамчун вайронкунандаи интизом сабукдӯш карда мешавад.
Ҳангоми ба анҷом расидани мӯҳлати санҷиш, корманд аз санҷиш гузашта ҳисобида шуда, минбаъд сабукдӯш намудани ӯ танҳо бо яке аз асосҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" пешбинишуда ба амал бароварда мешавад. Рутбаи махсуси аввалин ба чунин шаҳрванд бо риояи шартҳои умумии додани рутбаи махсус, бо нишондоди боби 3 ин Низомнома дода мешавад.
Мӯҳлати санҷиши ба собиқаи хизмати дарозмуддат дар мақомоти корҳои дохили ҳамроҳ карда мешавад, ки барои пардохти фоизи иловаги барои собиқаи меҳнати ва дигар пардохтҳои иловаги, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳуқуқ медиҳад.
Барои шахсоне, ки ба мансабҳои ҳайати роҳбарикунандаи оли таъин карда мешаванд, барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии Вазорати корҳои дохили, ки ба хизмат аз рӯи тақсимот дохил мешаванд, инчунин ҳангоми озмун (конкурс) ба мансаб таъин мегарданд, мӯҳлати санҷиши муқаррар карда намешавад.
13. Номгӯи мансабҳоро дар мақомоти корҳои дохили, ки ба тариқи озмун ишғол карда мешаванд, инчунин тартибу шартҳои таъин намудан ба вазифа аз рӯи озмун аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
14. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони мақомоти корҳои дохилии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохили ба вазифа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд.
15. Кормандони мақомоти корҳои дохили бо мазмуни зайл Савганд ёд мекунанд, ки матни онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.
"Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат дар мақомоти корҳои дохили дохил шуда, Савганд ёд намуда ботантана қасам мехӯрам, то охир ба халқи худ, Сардори Давлат, Ватан ва коре, ки пеша кардаам содиқ бошам, ҳамеша корманди ҳушёр, ҳақиқатҷӯ, мардонавор ва боинтизом бошам, дар хизмат намунаи ибрат буда, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъи риоя намоям, сирри давлати ва хидматиро пинҳон дорам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми вазифаҳои ба дӯши ман вогузошта, талаботҳои оинномаҳо ва фармонҳоро софдилона ва бечунучаро риоя намуда, қуввату тавоноии худ ва ҳатто дар мавриди зарури, ҳаёти худро барои муҳофизати сохти ҷамъияти ва давлати, тартиботи ҳуқуқи, ҳама шаклҳои моликият, шахсият ва ҳуқуқи шаҳрвандон дареғ намедорам.
Агар, ман ин савганди ботантанаи худро риоя накунам, бигузор дар чаҳорчӯбаи қонунҳои ҷумҳури қотеъона ҷазо бинам".
16. Ба вазифаи дигар гузаштани кормандони мақомоти корҳои дохили ба таври зерин амали мегардад:
Шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунанда бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда:
а) ба мақомоти болои бо тартиби пешбари намудан ба вазифа;
б) ба мансабҳои баробар (якхела) - ҳангоми зарурати пурра намудани дигар мансабҳо, аз рӯи нақша гузаронидани ивазкуни ва ротатсия дар маҳалҳо бо мӯҳлати маҳдуди хизмат, инчунин барои нисбатан мақсаднок истифода бурдани шахсони ҳайати роҳбарикунанда бо дарназардошти сифатҳои шахси ва хизмати, вазъи саломати, аз рӯи тайёрии гирифтаашон дар ихтисоси нав ва синну сол;
в) бо сабаби дохил шудан ба муассисаҳои таълими ва барои таҳсил бо озод кардан аз вазифаи ишғолкардаашон, инчунин таъин намудан ба вазифа баъд аз хатми таҳсил;
г) ба мансабҳои хурд дар асоси пешбининамудаи зербанди "в" банди 45 ин Низомнома.
Болоравии кормандони мақомоти корҳои дохили дар хизмат мувофиқи сифатҳои ахлоқи ва кордонии онҳо, ки дар фаъолияти таҷрибавии онҳо аён гардидааст, амали мегардад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили ҳангоми гузаштан аз як кор (воҳиди сохтори) ба кори дигаре, ки барои ҳайати шахси рутбаи махсуси дигар муайян шудааст, чунин рутбаҳо бо тартиби дар бобҳои 3 ва 5 ин Низомнома пешбинишуда дода мешавад. Дар як вақт рутбаи нави махсус аз рутбаи махсуси доштаи корманд на бояд паст бошад.
Рутбаи махсуси корманде, ки дорои сифатҳои зарури барои болорави дар хизмат мебошад, барои таъин шудани ӯ ба вазифае, ки бояд шахси рутбаи махсуси аз ӯ баландтар дошта иваз намояд, монеъ шуда наметавонад.
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки худро дар корҳои амали сазовори болорави дар вазифа нишон додаанд, ба захираи кадрҳои пешбаришаванда дохил карда мешаванд
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки аз сабаби вазъи саломати ё саломатии аъзои оилаашон мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарби барои иваз намудани ҷои кор (истиқомат) эҳтиёҷ доранд, аз рӯи хизмат бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи дигар ба кор фиристода мешаванд.
Иваз намудани ҳайати роҳбарикунанда аз мақомоти болои ба мансаби поёнтар дар ҳолатҳои зерин амали карда мешаванд:
а) ҳангоми ихтисори мансабҳо (штатҳо);
б) бо сабаби вазъи саломати мувофиқи хулосаи комиссияи ҳарбии тибби;
в) бо тартиби аттестатсиони;
г) бо тартиби ҷазои интизоми, мувофиқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар фармони ҳайати шахси оид ба ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда аз мансабҳои болои ба поёни сабаби он нишон дода мешавад.
Шахсони ҳайати олии роҳбарикунандае, ки ба мансабҳои поёни гузаронида шудаанд, дар оянда метавонанд бо тартиби аттестатсиони ба вазифаи болотар пешбари шаванд.
Шахсони ҳайати олии роҳбарикунанда, ки бо сабаби ихтисор шудани штатҳо аз мансабҳои болои ба поёни гузаронида шудаанд ва ба талаботҳои зарурии гузариш ба мансабе, ки бо мансаби ихтисоршуда баробар аст, ҷавобгӯ мебошанд, ҳуқуқи имтиёзноки болорави дар хизмат доранд.
Ҷойивазкунии шахсони ҳайати роҳбарикунанда аз тарафи сардорони дахлдор дар доираи ҳуқуқе, ки барои таъин намудан ба мансаб ба онҳо дода шудааст, амали мегардад.
17. Баҳои кордони ва хусусиятҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохили бо мақсади муайян намудани мувофиқати онҳо ба вазифаи ишғолкардаашон, имконияти болоравиашон дар хизмат ва инчунин ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба гузариш дар мақомоти корҳои дохили ба тарзи аттестатсиони амали мегардад.
Аттестатсияи шахсони миёна, калон ва олии ҳайати роҳбарикунанда дар чор сол як маротиба, шахсони ҳайати қатори ва хурди роҳбарикунанда бошад, дар се сол як маротиба амали мегардад.
Кормандони мақомоти корҳои дохили инчунин ҳангоми пешниҳод шудан ба мансаби болои, гузаронидан ба вазифаи поёни ва аз кор дар мақомоти корҳои дохили озод карда шудан ба истиснои озод намудан аз кор вобаста ба синну сол, собиқаи меҳнати ва вазъи саломати, аз аттестатсия гузаронида мешаванд.
Шунавандагон (адъюнктон) ва курсантҳои муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохили, аз ҷумлаи ҳайати қатори ё роҳбарикунанда баъди ба охир расонидани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти (адюнктураҳо) аттестатсия карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки дар вазифаи ишғолкардаашон камтар аз як сол кор кардаанд, инчунин кормандон-занҳо, ки дар вақти ҳомиладори ва нигоҳубини фарзандон дар рухсатии меҳнати қарор доштанд, аз аттестатсия гузаронида намешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили аз тарафи сардорони бевоситаи худ бо дарназардошти хулосаҳои комиссияҳои аттестатсиони дар асоси ба ҳама ошкоро аз аттестатсия гузаронида мешаванд.
Тартиби ташкил ва тасдиқи аттестатсияҳо нисбати кормандони мақомоти корҳои дохили, инчунин амали намудани хулосаҳо оид ба аттестатсияҳо аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
18. Кормандони мақомоти корҳои дохили метавонанд ба мақомоти олии ҳокимияти давлати ва идори, инчунин вазорату идораҳо ё корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи онҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иҷрои вазифаҳои махсус бо боқи мондан дар ихтиёри кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шаванд. Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки ба ташкилотҳо равон карда шудаанд, адои хизматашонро бо тартиби муқаррарнамудаи ин Низомнома, агар ҳолати дигареро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини накарда бошад, мегузаронанд.
Таъин намудан ба мансаб ва иваз намудани вазифаи шахси ҳайати роҳбарикунанда, ки дар сархати аввали банди 14 ва16 ин Низомнома нишон дода шудаанд, бо мувофиқаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои дахлдор амали мегардад.
Ба вазифаи дигар гузаштани ин шахсон дар доираи вазифаҳое, ки аз тарафи ҳайати роҳбарикунандаи ин ташкилот ишғол карда мешаванд, амали мегардад.
Шахсони ҳайати роҳбарикунанда метавонанд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳое, ки ин Низомнома барои шахсони ҳайати роҳбарикунанда муайян намудааст, инчунин аз дигар санадҳои дохилиидорави, санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки хизматро дар мақомоти корҳои дохили ва шахсони дар ин мақомот адои хизмат карда истодаро ба танзим медарорад, бархӯрдор ҳастанд. Тамоми намуди таъминоти муқарраршуда, инчунин таъминоти пули ба онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Аз кор озод намудани шахсони ҳайати роҳбарикунанда, ки ба ташкилотҳо равон карда шудаанд, бо тартиби пешбининамудаи банди 48 ин Низомнома бо пешниҳоди роҳбарони ташкилотҳои дахлдор амали мегардад.
Шахсони ҳайати роҳбарикунанда, ки ҳангоми сабукдӯш гардидан аз хизмат ба ташкилотҳо равон карда шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо дар баробари шахсоне, ки бевосита аз мақомоти корҳои дохили сабукдӯш шудаанд ва оилаҳои онҳо аз ҳуқуқу имтиёзҳо истифода мебаранд.
Тартиби равон кардани кормандони мақомоти корҳои дохили, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вакил интихоб шудаанд, бо мондан дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва адои хизмат аз тарафи онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузори амали карда мешавад.
Ба кори дигар гузаронидани шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда аз мақомоти корҳои дохили ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохили, инчунин ба дигар қисмҳои ҳарбикунонидашуда, ки мувофиқи қонунгузори ташкил карда шудааст, бо сабаби муайян намудани онҳо бо тартиби инфироди ба хизмати ҳарби, бо мувофиқаи идораи дахлдори ҳарби ва бо дарназардошти хоҳиши шахсони ҳайати роҳбарикунанда метавонад амали гардида, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шавад.
Ба афсарони эҳтиёти ҳангоми дохил шудан барои хизмат дар мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои махсус бо рутбаҳои ҳарбии эҳтиёти баробар дода мешаванд.
Ҳангоми таъин намудани шаҳрванд ба ҳайати мансаби роҳбарикунанда, ки пештар дар мақомоти корҳои дохили кор кардааст, ӯро ба кадрҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рутбаи махсуси дар истеъфо дохил мекунанд, агар тамоми муддати дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ба ӯ рутбаи дигари баландтари ҳарби надода бошанд.
Ҳангоми таъин намудани шаҳрванд ба ҳайати роҳбарикунанда, ки пештар дар вазоратҳо ё ташкилотҳо кор карда, дар онҳо ба ӯ рутбаи махсус пешбини шуда бошад, ба ӯ рутбаи махсуси корманди мақомоти корҳои дохили дода мешавад, ки ба рутбаи додашудаи вазорат ё ташкилоте, ки ӯ дар он ҷо кор кардааст, баробар мебошад.
19. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, шахсони ба кор дар мақомоти корҳои дохили қабулшуда, аз он ҷумла шунавандагон ва курсантҳои муассисаҳои таълимии махсус, ки барои мақомоти корҳои дохили корманд тайёр мекунанд, аз қайди ҳарби бо тартиби муқарраршуда бароварда, ба қайди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
БОБИ 3. Тартиби додани рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ
20. Рутбаҳои махсуси ҳайати қатори ва роҳбарикунанда ба шахсони дар мақомоти корҳои дохили ба кор қабулшуда бо дарназардошти мансаби ишғолкардаашон, сифатҳои касби, маълумот ва дигар шартҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ва ин Низомнома, ба шахсони ҳайати афсарии захирави бошад мувофиқи рутбаи ҳарбии доштаашон дода мешавад.
Дар як вақт додани рутбаҳои махсус пеш аз мӯҳлат ва ба як зина боло аз рутбаи махсуси аз рӯи вазифаи штатии ишғолкарда пешбинишуда мумкин нест.
Рутбаҳои махсуси аввалин ва навбатии ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда (аз ҷумла пеш аз мӯҳлат ё ба як зина боло) аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Мӯҳлати собиқаи хизмат дар рутбаи махсус аз рӯзи имзо шудани фармон оид ба додани рутба, ҳисоб карда мешавад.
Шахсе, ки пешниҳоди кормандро барои додани рутбаи махсуси навбати бе ягон асос боздоштааст, ба ҷавобгарии интизоми кашида мешавад.
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаҳои олии махсус аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ба афсарони эҳтиёти ҳангоми дохил намудани онҳо ба кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи рутбаи ҳарбии доштаашон, рутбаҳои махсус дода мешаванд.
Ба афсарони алоҳидаи эҳтиёти, ки тайёрии баланд ва таҷрибаи бои онҳо дар мақомоти корҳои дохили истифода шудааст, ҳангоми дохил намудан ба кадрҳои Вазорати корҳои дохили ба таври истисно ба онҳо рутбаҳои махсус ба як-ду зина боло нисбати рутбаи доштаашон, вале на болотар аз рутбаи мансаби пешбинишавандае, ки онҳо таьин шудаанд, дода мешаванд.
Ба шахсоне, ки ба мансаби ҳайати калони роҳбарикунанда қабул шудаанд, рутбаи махсуси аввалин на баландтар аз майори милитсия ё майори хизмати дохили дода мешавад, ба истиснои шахсоне, ки аз рӯи эҳтиёт рутбаи нисбатан баландтари мувофиқи афсари доранд.
Шахсоне, ки дараҷаи илми ё унвони илми дошта барои таъин шудан ба вазифаи илми ё омӯзгори дар муассисаҳои илмию тадқиқоти ва таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, аввалан чунин рутбаи махсус дода мешавад:
а) номзадҳои илм ва профессорон-майори милитсия, майори хизмати дохили;
б) докторони илм ва профессорон-подполковники милитсия, подполковники хизмати дохили, полковники милитсия, полковники хизмати дохили;
в) аъзо-корреспондентҳо, академикҳо-полковники милитсия, полковники хизмати дохили.
Рутбаи махсуси навбатии ҳайати роҳбарикунанда ба тарзи мураттаб мувофиқи рутбаи нав ба рутбаи пешбинишудаи вазифаи ишғолнамуда баъди гузаштани мӯҳлати муайяни собиқаи кори дар рутбаи пешина бо мавҷудияти натиҷаи мусбии аттестатсия дода мешавад.
Шахсони ҳайати роҳбарикунанда барои гирифтани рутбаи махсус аз тарафи сардорони бевоситаи худ пешниҳод карда мешаванд.
Пешниҳоди шахсони ҳайати роҳбарикунанда ба рутбаҳои махсуси навбати, ки дар адои хизмат, фаъолияти оперативию ҷустуҷӯи ва рафтори шахси, камбудиҳои ҷидди доранд ва ҳарчанд ба шартҳои дигар ҷавобгӯ бошанд ҳам, то ислоҳи он норасогиҳо додани рутбаи навбати амали намегардад. Қарор дар бораи мавкуф гузоштани пешниҳодот аз тарафи сардорони бевосита, сардори ШКД шаҳру ноҳияҳо ва шахсони ба онҳо баробар ва боло қабул карда мешавад.
Сабабҳое, ки ба қабули чунин қарор асос шудаанд, ба маълумоти шахси ҳайати роҳбарикунанда расонида мешавад.
21. Дар рутбаҳои махсуси ҳайати қатори ва хурди роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили чунин мӯҳлати собиқа муқаррар карда мешаванд:
дар рутбаи сержанти хурди милитсия, сержанти хурди хизмати дохили - 1 сол;
дар рутбаи сержанти милитсия, сержанти хизмати дохили - 2 сол;
дар рутбаи сержанти калони милитсия, сержанти калони хизмати дохили - 3 сол;
дар рутбаи старшинаи милитсия, старшинаи хизмати дохили - 3 сол;
дар рутбаи прапоршики милитсия, прапоршики хизмати дохили - 4 сол;
мӯҳлати собиқа дар рутбаҳои милитсияи қатори, қатории хизмати дохили, прапоршики калони милитсия, прапоршики калони хизмати дохили муқаррар карда намешавад.
22. Дар рутбаҳои махсуси ҳайати қатори ва хурди роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили, чунин мӯҳлати собиқа муқаррар карда мешавад:
дар рутбаи лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохили - 1 сол;
дар рутбаи лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохили - 2 сол;
дар рутбаи лейтенанти калони милитсия, лейтенанти калони хизмати дохили - 3 сол;
дар рутбаи капитани милитсия, капитани хизмати дохили - 3 сол;
дар рутбаи майори милитсия, майори хизмати дохили - 4 сол;
дар рутбаи подполковники милитсия, подполковники хизмати дохили5 сол;
Дар рутбаи полковники милитсия, полковники хизмати дохили ва инчунин дар рутбаҳои оли, мӯҳлати собиқа муқаррар карда намешавад.
Барои шахсони ҳайати роҳбарикунанда, ки Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олиро хатм намудаанд, мӯҳлати собиқа дар рутбаи лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохили 1 сол муқаррар карда мешавад.
23. Рутбаи махсуси ибтидоии ҳайати хурди роҳбарикунанда дода мешавад:
а) аввалин рутбаи махсуси ҳайати роҳбарикунанда ба шахсони дар мақомоти корҳои дохили ба мансаби ҳайати қатори ва роҳбарикунанда ба кор қабулшуда, ё барои хондан ба муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд ва инчунин бо баробари таъинот ба вазифа доштани рутбаи ҳарбии захирави дода мешавад. Зимнан ба онҳо аввалин рутбаи махсуси ҳайати хурди роҳбарикунанда бо мувофиқати рутбаи ҳарбии захирави баробар, дода мешавад;
б) ба шахсоне, ки дар вақти адои хизмати ҳарби ва ҳангоми таъин шудан ба мансаби ҳайати хурди роҳбарикунанда рутбаи сержанти (старшина) ё прапоршик дода шуда бошад, дар ин ҳолат ба онҳо рутбаи махсуси ба рутбаи ҳарбии доштаашон мувофиқ дода мешавад.
Шахсоне, ки пештар бо рутбаи махсуси ҳайати қатори ва роҳбарикунанда дар мақомоти корҳои дохили адои хизмат намудаанд, ҳангоми қабул шудан ба хизмат (дохилшави барои таҳсил) бо рутбаи махсуси доштаашон ба мансаби ҳайати қатори ё миёнаи роҳбарикунанда таъин карда мешаванд.
24. Рутбаи махсуси лейтенанти хурди милитсия, лейтенанти хурди хизмати дохили ба шахсони ҳайати хурди роҳбарикунанда ва дигар шахсони маълумоти миёнаи касби ё олии нопурра дошта, ки ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин шудаанд, дода мешавад.
Рутбаи махсуси лейтенанти милитсия, лейтенанти хизмати дохили дода мешаванд:
а) ба шахсоне, ки Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои оли ё миёнаи махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти корҳои дохилии дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро хатм намудаанд;
б) шахсони маълумоти оли дошта, ки ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин шудаанд;
в) ба лейтенантони хурди милитсия ё лейтенантони хурди хизмати дохили ҳангоми гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи хизмат дар он рутба, барои хатмкунандагони Академия, мактабҳои олии таълимии дигар вазоратҳо ва идораҳо бошад, сарфи назар аз собиқаи рутбаашон.
Хатмкунандагони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳсилро бо баҳои аъло (дипломи сурх) ба итмом расонидаанд, рутбаи махсуси аввалин - лейтенанти калони милитсия, лейтенанти калони хизмати дохили дода мешавад.
25. Ба шахсони ҳайати қатори, хурд, миёна ва калони роҳбарикунанда, ки аз як хадамот (воҳидҳои сохтори) ба хадамоти дигар гузаронида шудаанд ва барои ҳайати шахси рутбаҳои махсуси дигар муқаррар карда шудаанд, чунин рутбаҳо бо тартиби аз нав аттестатсия кардан дода мешаванд. Рутбаҳои махсуси додашуда аз рутбаҳои то аз нав аттестатсиякуни доштаашон, набояд паст бошад.
Тартиби аз нав аттестатсиякунии, рутбаҳои махсус аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
26. Барои бомуваффақият иҷро намудани супоришҳо, инчунин барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти оперативию хизмати рутбаҳои махсуси навбатии ҳайати роҳбарикунанда пеш аз мӯҳлат ё ба як зина боло аз рутбаи махсус, ки мувофиқи вазифаи штатии ишғолкардаашон на бештар аз як маротиба дар тамоми мӯҳлати хизмат дар мақомоти корҳои дохили пешбини шудааст, дода шуданашон мумкин аст.
Рутбаҳои махсус пеш аз мӯҳлат дода мешаванд:
а) барои мардонаги ва фидокорие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизмати зоҳир намудаанд, сарфи назар аз мӯҳлати собиқаи дар рутбаи махсус муқарраршуда;
б) барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар фаъолияти оперативию хизмати баъди гузаштани на камтар аз нисфи мӯҳлати собиқаи дар рутбаи махсус муқарраршуда
Рутбаи махсуси навбати ба як зина боло аз рутбаи махсус аз рӯи вазифаи ишғолкардаи штати, ки пешбини шудааст, дода мешавад:
а) ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва унвони илми дошта ҳангоми гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи собиқа дар рутбаи махсус;
б) ҳангоми гузаштани на камтар аз якуним мӯҳлати собиқа дар рутбаи пешина.
в) ба шахсоне, ки дар як ҷой зиёда аз 10 сол хизмат намудаанд ба тариқи аттестатсиони ҳангоми гузаштани мӯҳлати муқарраргардидаи собиқа дар рутбаи махсус.
Ба шахсоне, ки рутбаи махсуси ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда доранд, бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо рутбаи махсуси навбати ба як зина боло аз рутбаи махсус нисбати вазифаи ишғолнамудаи штати то рутбаи "подполковники милитсия", "подполковники хизмати дохили" метавонанд дода шаванд. Инчунин бо дарназардошти дар як вақт озод шудан ба истеъфо ё захира аз рӯи синну сол, собиқаи кори, бемори, вазъи маҳдуди саломати, ихтисори штатҳо ба шарте ки онҳо собиқаи 20 сола ё зиёд доранд (бо ҳисоби имтиёзнок), ҳангоми таъин намудани нафақа барои собиқаи кори, ба муддати муайян дар рутбаи махсус хизмат намудаанд, агар ба таври мусбат аттестатсия шуда бошанд.
27. Мӯҳлати собиқа дар рутбаи махсус аз рӯзи имзо шудани ин рутба ҳисоб карда мешавад. Мӯҳлати дар рутбаи махсуси пасткардашуда қарор доштани корманди мақомоти корҳои дохили ба мӯҳлати собиқа дар рутбаи барқароркардашуда ҳисоб карда намешавад.
Корманди мақомоти корҳои дохилие, ки рутбаи ҳайати қатори ва хурди роҳбарикунанда дошта, ба мансаби ҳайати миёнаи роҳбарикунанда таъин шуда, барои додани рутбаи якуми махсуси ҳайати миёнаи роҳбарикунанда сарфи назар аз мӯҳлати собиқа дар рутбаи мавҷуда пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми боздошти ғайриқонуни боздории додани рутбаи махсус, мӯҳлати собиқа дар рутбаи махсус аз лаҳзаи гузаштани мӯҳлати собиқа дар рутбаи махсуси пешина ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат ба корманд таъминоти пули ва моли, ки ӯ ҳангоми сари вақт гирифтани рутбаи махсус мегирифт, ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 4. Интизоми хизматӣ
28. Интизоми хизмати дар мақомоти корҳои дохили аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохили риояи иҷро намудани тартибу қоидаҳои иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаи онҳо гузошташуда ва амали намудани ваколатҳои доштаашонро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони бевоситаи онҳо, қарордод дар бораи хизмат муайян намудааст, ба танзим медарорад.
29. Барои намунавор иҷро намудани вазифаҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар хизмат, барои кормандони мақомоти корҳои дохили намудҳои зерини ҳавасмандкуни пешбини мешавад:
сарфароз намудан бо унвонҳои ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мукофотонидан бо яроқи хосаи инъоми;
- мукофотонидан бо грамотаи фахри;
- дохил намудан ба ,Китоби (ё Лавҳаи) фахри;
- пеш аз мӯҳлат додани рутбаи махсуси навбати;
- додани рутбаи махсус ба як зина боло нисбати рутбаи пешбинишудаи вазифаҳои кории ишғолкардаашон;
- мукофотонидан бо нишонаҳои сарисанги;
- мукофотонидан бо тӯҳфаи қимматбаҳо;
- додани мукофоти пули;
- миннатдори баён намудан.
Бо сифати ҳавасмандкуни пеш аз мӯҳлат бекор намудани ҷазои интизомии додашуда низ истифода мешавад.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз намудҳои ҳавасмандкунии дар боло номбаршуда, инчунин зиёд намудани миқдори стипендияҳо ва додани рухсати ё рухсатномаи кӯтоҳмуддат низ амали карда мешавад.
Барои мардонаги ва шуҷоат нишон доданашон ҳангоми иҷрои қарзи хизмати ва дигар хизматҳои шоён кормандони мақомоти корҳои дохили ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд пешбари шаванд.
Тартиби мукофотонидан бо грамотаи фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаҳои сарисангии идори аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
30. Барои вайрон намудани интизоми хизмати ба корманди мақомоти корҳои дохили тибқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад танбеҳ муқаррар карда шавад.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз намудҳои танбеҳи номбаршуда, ба тариқи таъин намудан ба наряди (дастури) ғайринавбати дар хизмат (ба истиснои таъин намудан ба посбони ё навбатдор дар ҷузъу томҳо), инчунин хориҷ намудан аз он амали мешавад.
Ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва ҷавобгарии сардори мақомоти корҳои дохили оид ба нигаҳдории интизоми хизмати, инчунин тартиби истифодаи ҳавасмандгардони ва додани танбеҳи интизомиро, Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ҳангоми вайрон намудани ин Низомнома оид ба хизмати ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя накардани кафолат ва ҳимояи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохили шахсони гунаҳкор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
31. Пастфурори дар рутбаи махсус ба як зина мувофиқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохили ҳамчун чораи танбеҳи интизоми амали карда мешавад.
Шахсони ҳайати хурд, миёна ва калони роҳбарикунандае, ки дар рутбаи махсус паст карда шудаанд, ба рутбаи пешинаашон бо фармони сардороне, ки оид ба паст кардани онҳо дар рутба ба шахсони ба онҳо баробар ва боло қарор қабул кардаанд, сарфи назар аз вазифаи хизматии ишғолкардаашон на пеш аз як соли паст шуданашон, бо натиҷаи мусбати аттестатсия барқарор карда мешаванд.
32. Шахсони ҳайати роҳбарикунанда метавонанд аз рутбаҳои махсуси зерин маҳрум карда шаванд:
а) ҳайати хурди роҳбарикунанда - бо ҳукми суд, инчунин бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда - мувофиқи ҳукми суд;
в) ҳайати олии роҳбарикунанда - мувофиқи қонунгузории амалкунанда.
БОБИ 5. Шартҳои адои хизматӣ
33. Тартиботи дохили дар мақомоти корҳои дохили, инчунин дар муассисаҳои таълимии (воҳидҳои таълимии) Вазорати корҳои дохили оид ба тарбия, бозомӯзи ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқати ҷидди бо қонунгузори бо дарназардошти хусусияти фаъолияти хадамоти гуногун ва воҳидҳо муқаррар карда мешавад.
34. Барои кормандони мақомоти корҳои дохили давомнокии умумии вақти кори на бештар аз 40 соат дар як ҳафта муайян карда мешавад. Ҳангоми зарурат кормандони мақомоти корҳои дохили метавонанд ба хизмати аз вақти муқарраршуда зиёд, инчунин ҳангоми шаб, рӯзҳои истироҳат ва ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд. Зимнан бо назардошти хусусияти кори мақомоти корҳои дохили, пардохтро дар асоси соатҳои кор кардан аз вақти кории муайяншуда зиёд амали менамоянд.
Ҳангоми барои ҳифзи тартиботи ҷамъияти ҷалб намудани кормандони мақомоти корҳои дохили, воҳидҳои дар асоси шартнома фаъолияткунанда, пардохти аз вақти муайяншуда зиёд аз ҳисоби маблағи ин воҳидҳо амали карда мешавад.
Барои аз вақти муайяншуда зиёд ва инчунин ҳангоми шаб, рӯзҳои истироҳат ва ид бо ризоияти тарафайн метавонад бо додани рӯзҳои дигари истироҳат ҷуброн карда шавад.
Ҳангоми кори басти (сменави) давомнокии якхелаи бастҳои рӯзона, бегоҳи ва шабона муайян карда мешавад.
Шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда вазифадоранд хизмати худро дар ҷое, ки ба манфиати хизмат зарур буда, бо фармони сардорон муқаррар шудааст, гузаронанд.
Ҳаҷми умумии кор зиёда аз вақти муқарраршуда барои ҳар як корманд аз 120 соат дар як сол зиёд буда наметавонад.
35. Ба кормандони мақомоти корҳои дохили рухсатии меҳнати бо нигоҳ доштани таъминоти пули дода мешавад:
а) ҳарсола (навбати);
б) кӯтоҳмуддат;
в) аз сабаби бемори;
г) таътили ва баъди хатми муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохили;
д) иловаги.
Ба ғайр аз ин, ба кормандони мақомоти корҳои дохили мувофиқи қонунгузори, рухсатии меҳнатиии иҷтимои дода мешавад (рухсатиҳо бинобар сабаби ҳомиладор ва нигоҳубини кӯдакон, эҷоди ва омӯзиши).
Давомнокии рухсати бо шабонарӯз ҳисоб карда мешавад.
Рӯзҳои ид, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи кори ҳисоб намешаванд, ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатии меҳнати ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Ҳангоми ба корманди мақомоти корҳои дохили додани рухсатии кӯтоҳмуддати навбати, рухсатиҳои меҳнати бо сабаби хатм намудани муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохили, инчунин рухсати аз сабаби бемори, бо давомнокии аз мӯҳлати муқаррари зиёд дода мешавад, ки ин вақти иловаги барои рафтан ба маҳалли истироҳат ва бозгашт аз он ҷо зарур аст.
Ҳангоми гузаронидани рӯзи истироҳат аз сабаби рост омадан ба рӯзҳои ид ин рӯзҳо ба рухсатии навбати ҳамроҳ карда мешаванд.
Ба корманди мақомоти корҳои дохили рухсатии меҳнатии асосии пардохташавандаи ҳарсола ба муддати 30 рӯзи тақвими бе ҳисоб намудани вақти рафтан ба ҷои истироҳат ва бозгашт бо пардохти арзиши роҳкиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки дар маҳалҳои шароити иқлимиашон душвор ва номусоид адои хизмат менамоянд, рухсатии меҳнатии асосии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 45 рӯзи тақвими дода мешавад.
Ба корманди мақомоти корҳои дохили рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсолаи иловаги ба муддати зерин дода мешавад:
баъди 10 соли хизмат-5 рӯзи тақвими;
баъди 15 соли хизмат-10 рӯзи тақвими;
баъди 20 соли хизмат-15 рӯзи тақвими;
Ба шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таълими ба муассисаҳои илмию тадқиқотии мақомоти корҳои дохили рухсатии навбатии асоси ба тамоми ҳайати роҳбарикунанда ба таври умуми дода мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки дар вақти рухсатии меҳнати бемор шудаанд, рухсати барои табобат ба мӯҳлати рӯзҳои рухсатии истифоданашуда дароз карда мешавад.
Дар ин ҳолат давомнокии рухсати аз тарафи сардори рухсати дода, дар асоси ҳуҷҷатҳои мувофиқи аз тарафи духтури муолиҷакунанда ва сардори (сардухтури) муассисаи табобати тасдиқшуда амали мегардад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки аз кор дар мақомоти корҳои дохили бо сабаби расидани синну сол, собиқаи меҳнати, бемори, маҳдудияти вазъи саломати ё ихтисори ҷойҳои кори (штатҳо) сабукдӯш карда мешавад, бо хоҳиши онҳо дар ҳамон сол рухсатии навбати ба мӯҳлати муайяннамудаи банди мазкур дода мешавад ва дар ин ҳолат санаи сабукдӯш намудан охирин рӯзи рухсати ҳисобида мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили (ба ғайр аз шахсони дар сархати аввали банди мазкур нишондодашуда), ки аз мақомоти корҳои дохили сабукдӯш мешаванд, рухсатии истифоданашудаи онҳо дар ҳамон соли аз кор рафтанашон ба сифати ҷубронпули мутаносибан ба вақти хизмати ҳамонсола пардохта мешавад.
Ба яке аз аъзои оилаи кормандони мақомоти корҳои дохили ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли барои рафту омад ба маҳалли гузаронидани рухсатии меҳнатии навбатии ҳарсола метавонанд дода шаванд, ба шарте ки корманд дар соли сипаридашуда аз он истифода набурда бошад.
36. Бозхост намудани кормандони мақомоти корҳои дохили аз рухсатии навбати мумкин нест. Дар ҳолати зарурати ниҳоии хизмати, бозхост аз рухсатии навбати танҳо бо иҷозати хаттии сардоре, ки ин ҳуқуқро ба ӯ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, мумкин аст. Ҳангоми бозхост аз рухсатии навбати қисми истифоданашудаи он дар давоми соли ҷори дода мешавад. Агар қисми истифоданашуда 10 шабонарӯз ё аз он зиёдро ташкил диҳад, баъд ба кормандони мақомоти корҳои дохили ҳуҷҷатҳои ҳамлу нақли барои рафту омад ба ҷои гузаронидани рухсатии меҳнати ва ба болои рухсати барои роҳи сафар вақти иловаги низ дода мешавад. Бо хоҳиши кормандон қисми истифоданашудаи рухсатии меҳнати ба рухсатии навбатии соли оянда ҳамроҳ карда мешавад.
Барои кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки бо кадом сабабҳое дар давоми соли тақвимии ҷори имконияти додани рухсатии меҳнати ба миён наомадааст, дар охири сол фармони сардори дахлдор оид ба гузаронидани рухсатии онҳо ба соли оянда бо асосноксозии сабабҳои дода нашудани рухсатии меҳнати дар соли ҷори бароварда мешавад. Дар давоми ду сол паи ҳам дода нашудани рухсатии меҳнатии пардохташаванда манъ аст.
37. Рухсатии меҳнатии кӯтоҳмуддат ба кормандони мақомоти корҳои дохили барои ҳалли масъалаҳои ногузири иҷтимои маиши, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломати, иҷрои қарзи хешованди, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок алоқаманд буда ба мӯҳлати 10 шабонарӯз дода мешавад.
Рухсатии кӯтоҳмуддат ба ҳисоби рухсатии навбати дохил карда намешавад.
38. Рухсати бо сабаби бемори ба кормандони мақомоти корҳои дохили дар асоси қарори комиссияи ҳарбии тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Давомнокии рухсати бо сабаби бемори аз хусусияти бемори муайян мегардад. Ҳисоби умумии мӯҳлати дар рухсати ва табобат дар муассисаҳои тибби қарор доштан набояд аз 4 моҳ зиёд бошад, ба истиснои он ҳолатҳое, ки агар бо қонунгузории амалкунанда мӯҳлати аз он зиёдтар барои табобати бемориҳои махсус пешбинишуда бошад, ин мӯҳлат метавонад бо қарори сардоре, ки ба ӯ аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳуқуқ дода шудааст, дар асоси хулосаи муассисаи тибби дароз карда шавад. Баъди гузаштани мӯҳлати муайяни муттасил қарор доштан дар рухсати бо сабаби бемори ва табобат, кормандро аз муоинаи комиссияи ҳарбии тибби барои ҳалли масъалаҳои коршоямии ӯ барои адои хизмат дар оянда мегузаронанд.
Муддати дар табобат қарор доштани кормандони мақомоти корҳои дохили бо сабаби гирифтани захм, ярадори ҳангоми адои вазифаи хизмати, лат хӯрдани cap (контузия) ё маъюби бо мӯҳлат маҳдуд карда намешавад.
Шахсони номбурда баъди тамом шудани табобат ё маълум шудани оқибати бемори ба муоинаи тибби равона карда мешаванд.
Рухсати бо сабаби бемори ба ҳисоби рухсатии меҳнатии навбати дохил карда намешавад.
39. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки дар муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохили дар шакли рӯзонаи таълими таҳсил доранд, рухсатиҳои зерин дода мешаванд:
а) рухсатии таътили зимистона-бо давомнокии 14 шабонарӯз;
б) рухсатии таътили тобистона-бо давомнокии 30 шабонарӯз;
в) баъди хатми муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохили бо давомнокии 45 шабонарӯз. Ин рухсати, ба онҳо бояд то фиристода шуданашон ба ҷои адои хизмат дода шавад.
40. Рухсатии иловаги барои иҷрои вазифаҳо дар шароити зараровар мутаносибан ба давомнокии рухсатии шабеҳи барои гурӯҳи коргарон ва хизматчиён муқаррарнамудаи қонунгузори муайян карда мешавад.
Рухсатии иловаги барои хусусияти махсуси хизмат ба корманди мақомоти корҳои дохили барои барқарор намудани коршоямии касби, ки хизмати онҳо бо баландии сарфи барзиёди ҷисмони ва шиддати асабони алоқаманд аст бо давомнокии то 15 шабонарӯз дода мешавад.
Ба корманди мақомоти корҳои дохили барои иҷрои вазифаҳо дар шароитҳои зараровар ва барои хусусияти махсуси хизмати, рухсатии иловаги бо интихоби онҳо танҳо ба як асос дода мешавад.
Давомнокии шароити додан ва пардохти рухсатиҳои иҷтимои бо тартиби муайяннамудаи қонунгузори муқаррар карда мешавад.
Рухсатиҳои иҷтимои бар замми рухсатии навбати дода мешавад.
41. Таъминоти пулии кормандони милитсия аз маоши моҳонаи вазифавӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии кормандони милитсияро ташкил медиҳанд ва аз иловапулӣ барои собиқаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони милитсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷет барои соли молиявии дахлдор инчунин ҷубронпулӣ бар ивази озуқаворӣ пардохт карда мешавад.
Ба баъзе категорияҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст дигар иловапулиҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, пардохт карда шаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд, ҳар моҳ ба таъминоти пулиашон аз 25 то 50 фоиз маоши иловагӣ мегиранд. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (карор аз 29.12.2006 № 795).
42. Кормандони мақомоти корҳои дохили аз ҳисоби маблағҳои воҳидҳои дахлдори мақомоти корҳои дохили бо суғуртаи ҳатмии шахси фаро гирифта мешаванд.
Зараре, ки ба моликияти корманди мақомоти корҳои дохили, вобаста ба фаъолият ё вазифаи хизматии ӯ расонида шудааст, дар ҳаҷми пурра аз ҳисоби шахсони гунаҳкор ё манбаҳои таъминоти дар асоси қарори суд талофи карда мешавад.
Дар сурати ба кормандони мақомоти корҳои дохили расонидани зарари ҷисмони ҳангоми иҷрои фаъолияти хизмати ё вазифаҳои хизмати дар ҳаҷми пурра, новобаста ба андозаи нафақаи дар ин асос муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои дахлдори буҷет ё маблағҳои вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки бо мақомоти корҳои дохили шартнома бастаанд, талофи карда мешавад.
Ҳангоми ҳалок гардидани корманди мақомоти корҳои дохили бинобар иҷрои фаъолияти хизмати ба оилаи ҳалокгардида ва ё шахсони таҳти саробонии он буда ёрдампулии якдафаъина дар ҳаҷми таъминоти пулии дахролаи ҳалокгардида аз ҳисоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохили пардохта мешавад, ки минбаъд ҷуброни ин маблағ аз ашхоси гунаҳкор аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад.
Дар сурати ба корманди мақомоти корҳои дохили расонидани зарари ҷисмони, ки ба фаъолияти касби машғул шуданро имконнопазир мегардонад, ба ӯ ёрдампулии якдафаъина дар хдчми таъминоти пулии панчсола аз хдсоби маблағҳои дахлдори ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохили пардохта мешавад, ки минбаъд аз ҳисоби шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад.
Ҳимояи ҳаёт, саломати, шаъну номус ва моликияти кормандон ва аъзои оилаи онҳо аз суиқасди ҷинояти вобаста ба иҷрои вазифаи хизматии ин шахсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини карда мешавад.
43. Ба кормандони мақомоти корҳои дохили додани ҳуқуқ, имтиёз ва ҷубронпулиҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлати", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия", инчунин ин Низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Вобаста ба хусусияти хизмат, маҳдудияти як қатор ҳуқуқҳои умумишаҳрванди ва озодии кормандони мақомоти корҳои дохили бо ин Низомнома муайян ва бо имтиёзҳои дахлдор ҷуброн карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати барои кормандони мақомоти корҳои дохили мумкин аст кафолатҳои иловаги пешбини карда шавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки дар муассисаҳои таълимии омӯзиши касби ба таври ғоибона таҳсил менамоянд, бо имтиёзҳои барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифта мешаванд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили, ки барои мақсадҳои хизмати нақлиёти шахсии худро истифода мебаранд, бо андозаи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпули пардохта мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохили барои рафтуомади ройгон ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавопаймо ва автомобили (ба истиснои такси), инчунин тамоми намудҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри, наздишаҳри ва маҳалли бо пешниҳод намудани шаҳодатномаи хизмати ҳуқуқ доранд:
- ҳангоми сафари хизмати;
- ҳангоми гузаштан ба кор дар маҳалли дигар;
- ҳангоми гузаронидани рухсатии меҳнати (табобат ва вобаста бо хониш);
- ҳангоми рухсатии кӯтоҳмуддат ва таътил барои рафтан ва бозгашт (ду маротиба дар як сол);
- баъди хатми муассисаи таълимии омӯзиши касбии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ба маҳалли истиқомати доими;
- ҳангоми сабукдӯш намудан аз мақомоти корҳои дохили бо тартиби муайяншуда;
Ҳангоми кӯчидан аз макони зисти пешина ба маҳалли нави истиқомат бо сабаби гузаштан ба кори дигар, инчунин озод шудан аз мақомоти корҳои дохили бо сабабҳои расидани синну соли муайян, аҳволи саломати ё бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штати, онҳо ҳуқуқи бо ҳамаи намудҳои нақлиёт (ба ғайр аз нақлиёти ҳавои) ройгон бурдани амволи шахсиашонро ба маҳалли зист то вазни 20 тонн доранд. Ин масрафҳо аз ҳисоби маблағҳои Вазорати корҳои дохили пардохта мешаванд.
Аъзоёни оилаи корманди мақомоти корҳои дохили барои аз маҳалли истиқомат ба макони хизмати кормандон бо сабаби гузаронидани онҳо барои хизмат ба маҳалли дигар ва ё ҳангоми аз кор озод шуданашон ба ҷои зисти интихоб кардаашон барои рафтуомади бепул ҳуқуқ доранд. Ба ғайр аз ин кормандон ҳангоми дар сафари хизмати будан ва барои рафтан ба макони нави хизмат, аз он ҷумла ба маҳалли гузаронидани рухсатии меҳнати, табобат, хониш ва бозгашт аз он ҷо ҳуқуқи бе навбат гирифтани чиптаҳоро ба ҳама гуна нақлиёт доранд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили, ки 20 сол ва зиёда аз он дар мақомоти корҳои дохили (ба ҳисоби тақвими) хизмат кардаанд ва ё аз мақомоти корҳои дохили бо сабаби бемори, ки он бо адои хизмат дар мақомоти корҳои дохили алоқаманд аст, сабукдӯш гардидаанд, қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои истиқомати ва хоҷагии боғдорию полези (обчакори) аз ҳисоби заминҳои истифоданашуда ё бо тартиби дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо ба масоҳати 0,06 га. ва дар минтақаи деҳот на камтар аз 0,15 га. ройгон дода мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили, ки 20 сол ва зиёда аз он (ба ҳисоби тақвими) дар мақомоти корҳои дохили кор кардаанд, инчунин кормандоне, ки иштирокчии ҷанг ва ҷанговар - интернатсионалист ҳастанд аз ҷумла дар қатори онҳо аъзоёни оилаи кормандони фавтида ё кормандони дар натиҷаи ярадори, иллати cap (контузия), маъюби ва бемори, ки бо амали намудани фаъолияти хизматии қонуниашон алоқаманд вафот кардаанд, хонаҳои истиқоматии ишғолкардаашон новобаста ба андоза ва мансубияташон ба онҳо ройгон хусуси гардонида дода мешаванд.
Таъмини кормандони мақомоти корҳои дохили бо манзили истиқомати дар намуди ҳуҷра ё хонаи алоҳида мувофиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" ба танзим дароварда мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили, ки хонаҳои истиқоматии доими надоранд ё барои беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд ва ба коперативҳои сохтмони манзили ва дигар ташкилотҳои корҳои сохтмони манзили баранда, ки харидан ва сохтмони хонаҳои истиқоматии инфиродиро дар ҳудуди меъёри иҷтимоии масоҳати умумии манзили истиқомати, ки Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амали менамоянд дохил шудаанд, бо назардошти масоҳати умумии иловагии бинои истиқомати, ки мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони мақомоти корҳои дохили ва аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя зиндаги мекунанд, аз ҷои кори онҳо ёрии модди ба намуди додани қарз барои сохтмони манзили кооперативи ё инфироди бо пардохти додан ба мӯҳлати 20 сол ва адо кардани 50 фоизи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор, дода мешавад.
Додани қарзи имтиёзнок ба кормандони мақомоти корҳои дохили, ки на камтар аз 5 сол дар мақомоти корҳои дохили кор кардаанд, бо пешниҳоди сардори хадамот ва бо қарори комиссияи манзили-истиқомати амали мегардад.
Имтиёзҳои дар банди мазкур пешбинишуда барои кормандони мақомоти корҳои дохили, ки ба сабаби синну сол, бемори, маҳдудияти аҳволи саломати ва ихтисори ҷои кори сабукдӯш шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
Ба кормандон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу имтиёзҳо дода мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъминоти моли фаро гирифта мешаванд.
Ҳангоми нопурра гирифтани намудҳои амволи ашёи мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида ҷубронпули пардохта мешавад.
Ба кормандон ва аъзои оилаи онҳо, ки якҷоя зиндаги мекунанд пардохти масоҳати зист, тамоми хизматҳои коммунали (ба истиснои пардохти газ ва барқ), пардохти гузаронидани, телефон, алоқаи муштариёна ва пардохти вақтбайъ (ба истиснои гуфтугӯи байнишаҳри) новобаста ба мансубияти манзили истиқомати 50 % кам карда мешавад. Барои он шахсоне, ки на камтар аз 20 сол дар мақомоти корҳои дохили бенуқсон хизмат кардаанд, бо расидани мӯҳлати синну сол, собиқаи кори, аҳволи саломати, ихтисори ҷойҳои кори ва бо хоҳиши худ аз кор озод карда шудаанд, тамоми ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои дар банди мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешаванд.
Занони ҳомиладор ва модароне, ки кормандони мақомоти корҳои дохили ҳастанд, инчунин падарон - кормандони мақомоти корҳои дохили, ки фарзандони худро бе модар тарбия карда истодаанд (дар ҳолати вафот, ба мӯҳлати дуру дароз дар муассисаи тибби қарор доштан ва дар дигар мавридҳои аз парастории модар маҳрум мондан) аз ҳамаи ҳуқуқу имтиёзҳои дар ҷумҳури муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои занҳои ҳомиладор ва модарони сафи коргари ва хизматчиён муайяншуда, истифода бурда метавонанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили барои хизматрасонии бепули тибби (аз ҷумла таъминоти бо дорувори) дар муассисаҳои тибби сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки рутбаи полковники милитсия, полковники хизмати дохили ва аз он боло доранд, аз ҷумла - шахсони дар ҳамин рутба аз кор озод кардашуда ҳуқуқи гирифтани масоҳати истиқоматии иловаги ё ҳуҷраи иловагиро доранд.
Инчунин кормандони мақомоти корҳои дохили, ки унвони илми ё дараҷаи илми доранд, онҳо низ дорои чунин ҳуқуқ ҳастанд. Тартиби пешниҳоди масоҳати истиқомати ё ҳуҷраи истиқомати ва масоҳати онҳо бо қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.
Таъминоти нафақаи кормандони мақомоти корҳои дохили, аз ҷумла онҳое, ки бинобар расидан ба синну соли муқарраргадида, собиқаи хизмати аз рӯи бемори, ихтисори ҷойҳои кори, аз рӯи маҳдудияти аҳволи саломати аз сабаби хизмат дар мақомоти корҳои дохили ҳуқуқи гирифтани нафақа доранд, инчунин барои таъминоти худ ва аъзоёни оилаашон бо кӯмаки тибби дар муассисаҳои тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нафароне, ки ба табобати курорти эҳтиёҷ доранд, дар муолиҷахонаҳо (санаторияҳо) ва хонаҳои истироҳатии ҳамин сохтор барои муолиҷа гирифтан ҳуқуқ доранд.
Агар кормандони мақомоти корҳои дохили аз рӯи соҳаи зарури дар муассисаҳои тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муолиҷаи санаторию курорти таъмин нагарданд, бо қарори комиссияи машваратии тиббии (КМТ) муассисаи тиббии мақомоти корҳои дохили ё комиссияи интихобии санатори бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағи ба ин мақсад аз рӯи хароҷоти (сметаи) мақомотҳои дахлдори корҳои дохили ҷудо кардашуда, ки тасдиқ шудааст, дар асоси розигии байни тарафҳои аҳдкунанда ба дигар муассисаҳои санатори-курорти роҳхат (путёвка) ба даст оварда метавонанд.
Барои шаҳрвандоне, ки аз мақомоти корҳои дохили бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида дар адои хизмат, бемори, ихтисори ҷойҳои кори ё маҳдудияти вазъи саломати аз мақомоти корҳои дохили сабукдӯш шудаанду давомнокии умумии собиқаи кориашон бо ҳисоби имтиёзи 20 сол ва аз он зиёд буда аз рӯи давомнокии умумии собиқаи кориашон 25 сол ва аз он зиёдро ташкил медиҳад, сарфи назар аз асоси сабукдӯш шуданашон, ба онҳо ва аъзоёни оилаашон ҳуқуқ ва имтиёзҳои дар ин Низомнома нишондодашуда боқи мемонад. Ҳангоми аз рӯи хулосаи муассисаи тиббии сохтори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристодани онҳо барои табобат ба муассисаҳои солимгардони ва санаторию курорти, ин шаҳрвандон ва аъзоёни оилаи онҳо ҳуқуқи рафтани бепул то макони гузаронидани табобат (як маротиба дар як сол) ва бозгашт аз он ҷойро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
Барои занон (шавҳарон) ва фарзандони кормандони ҳалокгардидаи (фавтидаи) мақомоти корҳои дохили, инчунин шахсоне, ки аз мақомоти корҳои дохили бинобар расидан ба синну соли хизмати муқарраргардида, бемори, маҳдудияти вазъи саломати ё ихтисори ҷойҳои кори аз хизмат озод шудаанд, имтиёзҳо барои расонидани ёрии тибби ва табобати санаторию курорти нигоҳ дошта мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки аз хизмат бо ҳуқуқи гирифтани нафақа озод карда шуда, онҳо ва аъзоёни оилаҳояшон, ки аз рӯи ин Низомнома ҳуқуқ ба имтиёзҳо доранд, дар қатори ин имтиёзҳо аз имтиёзҳои дигари пешбининамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Ба шахсони номбаршуда ҳангоми ҳуқуқ доштан барои гирифтани як имтиёз аз рӯи якчанд асос, ба онҳо интихоби имтиёз дар як асос ба истиснои мавридҳои махсусан пешбининамуда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
44. Адои хизмат дар мақомоти корҳои дохили дар делои шахсии корманд, ки аз тарафи хизмати кадрии мақомоти дахлдори корҳои дохили бурда мешавад, инъикос меёбад.
Ҳангоми гузаштани кормандони мақомоти корҳои дохили ба дигар сохторҳои қудрати ва идораҳои ҳифзи ҳуқуқ делои шахси ба ҷои нави хизмат фиристода мешавад. Бурдани якчанд делои шахси нисбати як корманди мақомоти корҳои дохили манъ аст.
Тартиби бурдан ва нигоҳ доштани делоҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохили аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ишғол намудани ҷойҳои холи ба тарзи кирояи озод дар мақомоти корҳои дохили бо роҳи бастани шартномаи инфироди амали мегардад.
Мансабҳои ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили мутобиқи ин Низомнома бо роҳи бастани шартномаи инфироди, ба шакли озмун, инчунин тавассути таъин намудан ба мансаб ишғол карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохили дар мавридҳои зерин иҷрокунандаи вазифаи хизмати ба ҳисоб меравад:
а) иҷрои вазифа оид ба ҳимояи сохти конститутсиони ва риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла танзимкунандаи соҳаи фаъолияти он;
б) иҷрои талаботҳои муқаррарнамудаи оинномаҳои дахлдор, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) иҷрои фармонҳо, супоришҳо ва нишондодҳои аз тарафи мақомоти болои бо тартиби тобеъияти сардорон дар ҳадди ваколати мансабиашон додашуда;
г) нигоҳдории (ҳифзи) сирри давлати ва дигар сирҳои аз тарафи қонун ҳифзшаванда, инчунин ошкор накардани маълумотҳое, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансабиаш ба ӯ маълум гашта ба ҳаёти шахси ва шаъну эътибори шаҳрвандон дахл доранд;
д) иҷрои вазифаҳои мансаби дар давоми вақти кории муайяншуда ё аз он зиёд агар онро зарурати хизмати тақозо кунад;
е) иштирок дар ҷамъомадҳо, машқҳо, чорабиниҳои варзиши ва дигар чорабиниҳо, ки бо омӯзиши кормандони мақомоти корҳои дохили, инчунин бо таҳсил дар адъюнктураи мактаби олии ҳарби, докторантура ва дар рухсатии эҷоди будан вобаста аст;
ж) иштирок дар чорабиниҳои хизмати - оперативи мувофиқи нақшаҳои тасдиқнамудаи сардорони мақомоти корҳои дохили;
з) рафтан ба ҷои хизмат, сафари хизмати, табобат ва бозгашт аз он;
и) дар сафари хизмати ё табобат будан;
к) амал намудан барои ҳимояи ҳаёт, саломати, шаъну эътибори шаҳрвандон, инчунин барои бехатарии шахси вобаста ба вазифаҳои хизматии онҳо ё берун аз онҳо;
л) дар асири будан (ғайр аз мавридҳои ихтиёран ба асири таслим шудан) дар шароити боздошт шудан ё ба сифати гаравгон гирифтан;
м) беному нишон буда, то бе ному нишон дониста шудани корманд ё бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида эълон намудани ӯ;
н) иштирок дар иҷрои вазифаҳо дар шароитҳои ҷанги ва ҳолати фавқулодда, инчунин задухӯрдҳои мусаллаҳона;
о) ҳангоми рафтан аз маҳалли истиқомат ба ҷои хизмат ё баръакс.
Дар асири, дар ҳолати боздошт шудан ё ба сифати гаравгон қарор доштани кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санади дохилисохтории Вазорати корҳои дохили, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилали, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он ба ҳисоб меравад (созишномаҳои Женева аз 12 августи соли 1949 ва Протоколҳои иловагии он), муайян мекунад.
Кормандони зерини мақомоти корҳои дохили вазифаи хизматии худро иҷронамуда, ҳисобида намешаванд:
а) кормандоне, ки дар рухсатии меҳнати ё барои дамгири ба хонаҳои истироҳати рафтаанд, ба истиснои ҳолатҳои дар ин Низомнома пешбинишуда;
б) нисбати шахсоне, ки дар рафти тафтишоти хизмати, аз тарафи мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешаки ва суд муқаррар карда шудааст, ки кирдори содирнамудаашон:
- дар ҳолати бадмасти, ки ҳангоми истифодаи маводҳои спирти, нашъадор, психотропи ё мадҳушкунанда ба вуҷуд омадааст, алоқаи бевосита дорад;
- ҳамчун ҷинояти қасдона, қонунвайронкунии маъмури банду баст карда шуданаш;
- худкуши ҳисобида шуданашон ва зимнан ба он бемори ё ба худкуши оварда расонидан сабаб нагардидааст.
Маҳдудияти бо хизмат дар мақомоти корҳои дохили алоқаманд:
Корманди мақомоти корҳои дохили ҳуқуқ надорад:
а) бо дигар фаъолияти пардохташаванда ба ғайр аз фаъолияти омӯзгори, илми ва эҷоди машғул шавад;
б) шахсон ё ба воситаи шахсони боваринок бо фаъолияти соҳибкори машғул шавад;
в) аъзои мақоми идоракунии ташкилотҳои тиҷорати будан, агар чизи дигаре дар қонунгузори пешбини нашуда бошад, ё бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузори ба ӯ иштирок намудан дар идоракунии ин ташкилот супориш нашуда бошад;
г) истифода бурдани воситаҳои модди техники, молияви ва таъминоти иттилооти ва дигар моликияти мақомоти корҳои дохили, инчунин маълумоти хизмати бо мақсадҳои ғайрихизмати;
д) аз шахсони ҳуқуқи ё шахсони воқеи гирифтани тӯҳфаҳо, мукофоти пули, подош, пардохтҳои вақтхуши, харҷи нақлиёт ва дигар мукофотҳо, ки бо иҷрои вазифаҳои хизмати алоқаманд аст;
е) бе иҷозати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул намудани мукофот, рутбаҳои махсус ва фахрии давлатҳои хориҷи, инчунин ташкилотҳои байналмиллали ва хориҷи;
ж) истифода бурдан аз мақоми худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои ғайрихизмати, шахси ва гурӯҳии ӯ дахолат мекунад;
з) ба сафар рафтан ба хориҷа аз ҳисоби шахсони ҳуқуқи ё воқеи ба ғайр аз сафари хизмати, ки бо иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаи дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомотҳои давлатии давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои байналмилали ва хориҷи ё дар асоси созишномаи дутарафа дар бораи ҳамкори байни муассисаҳои таълимии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷи анҷом дода мешавад;
к) иштирок намудан дар корпартоиҳо;
л) истифода намудани мавқеи хизматии худ ба манфиати ҳизбҳои сиёси, дини, созмонҳои ҷамъяти, барои тарғиботи онҳо;
м) бе иҷозати сардорони бевоситаи худ аз сафоратҳо ва дигар намояндагиҳо ва ташкилотҳои байналмиллалии давлатҳои хориҷи, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, дидан намудан ва бо шаҳрвандони хориҷи бе зарурати хизмати вохӯрдан.
н) фош намудани маълумотҳо, ки аз сирри давлати ва хизмати, ки ҳангоми хизмат ва ё кор ба онҳо маълум гаштааст.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаи таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуда маълумоти миёнаи махсус (олии нопурра) гирифтаанд, барои дохил шудан ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли таълими ғоибона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Барои кормандони мақомоти корҳои дохили ҳангоми аз давлати дигар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи дигар гузаштанашон рутбаҳои махсуси доштаашон (мувофиқи вазифаи ишғолкардаашон дода мешавад) боқи монда, инчунин нисбати онҳо тартиби ҳисоб намудани собиқаи кори, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд, агар чизи дигаре дар созишномаи дутарафа байни шартномабастагон нишон дода нашуда бошад, истифода мегардад.
Сардорони бевосита вазифадоранд ба тобеонашон барои истироҳат, пешрави дар хизмат, баландшавии сатҳи маълумот ва касбу маданят, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию маиши шароити мусоид фароҳам оваранд. Сардорони мазкур ва дигар шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохили барои дуруст риоя намудани талаботҳои ин Низомнома ва дигар санадҳои меъёри дар масъалаҳои адои хизмат ва кор бо кадрҳо масъулияти шахсиро ба ӯҳда доранд. Ҳуқуқи вайронкардашудаи корманд бетағйир барқарор карда шуда, шахсони мансабдоре, ки бо айби онҳо чунин хатои ба вуҷуд омадаст, дар мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда ва бо ҷуброни зарари моддии расонидашуда, ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда вобаста ба вазифаи ишғолкардаашон ва шахсоне, ки бенуқсон мувофиқи шартҳои дар ҳуҷҷатҳои муқарраршуда пешбинишуда ҳангоми пур кардани (анкета) маълумотҳои саҳеҳ инчунин мувофиқи шартҳои дар шартномаи байналмиллали пешбинишуда, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он мебошад, на камтар аз 3 сол дар мақомоти корҳои дохили хизмат кардаанд, барои такмили ихтисос дар давлатҳои хориҷи ҳуқуқ доранд. Шахсоне, ки Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо баҳои аъло хатм намудаанд, барои хондан ба адъюнктура фиристода шуданашон мумкин аст.
Ҳангоми дохил шудан барои хизмат ба мақомоти корҳои дохили шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
а) аризаи шахси;
б) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
в) дафтарчаи меҳнати;
г) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот;
д) ҳуҷҷати муайянкунандаи муносибати иҷрои ӯҳдадории ҳарби (барои шаҳрвандоне, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд).
Дастгоҳи кадрии мақомоти корҳои дохили шахсони барои хизмат ба мақомоти корҳои дохили дохилшавандаро барои муоинаи тибби, ташхиси руҳи (психодиагностика ва супоридани меъёрҳои тайёрии ҷисмони равона мекунанд).
Дар мавриди муайян намудани ҳолатҳое, ки барои хизмат ба мақомоти корҳои дохили дохил шудани шаҳрванд монеа мешаванд, шахси номбурда ба тартиби муқарраршуда оиди сабабҳои рад шудани ӯ барои хизмат дар мақомоти корҳои дохили хабардор карда мешавад.
Ҷойивазкунии мансабҳои ҳайати қатори ва роҳбарикунанда ҳангоми мувофиқати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корманди мақомоти корҳои дохили) ба талаботҳои тахассусии барои дараҷаи мансабҳои муносиб муқарраршуда амали мегардад.
Тартиби интихоби шаҳрвандон барои хизмат ба мақомоти корҳои дохили ва дохил шудан ба муассисаҳои таълимии системаи Вазорати корҳои дохили бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимии олии касбии омӯзишии давлатиро хатм намудаанд, курсантҳо ва шунавандагони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии давлатҳои хориҷа, инчунин шахсони ба ҳайати мансабҳои роҳбарикунанда таъиншуда, ҳангоми хизмат дар мақомоти корҳои дохили аз қайди ҳарбии комиссариатҳо бароварда шуда ба қайди махсус дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон монда мешаванд.
Тартиб ва хусусияти қайди ҳарбии шаҳрвандоне, ки дар мақомоти корҳои дохили хизмат мекунанд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мақомоти корҳои дохили адои хизмат менамоянд, ихтисоси ҳарбии ба қайдгириашон аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқкуни бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
45. Ба кори дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохили амали мегардад:
а) ба мансаби болои - бо тартиби болорави дар хизмат бо назардошти дараҷаи тайёрии касби бо розигии корманди мақомоти корҳои дохили ва бо тартиби аттестатсиони;
б) ба мансаби баробараҳамият - ҳангоми зарурати иваз намудани мансаби дигар ё барои бомақсад истифода намудани корманди мақомоти корҳои дохили бо назардошти хусусиятҳои шахси, хизмати ва тайёри аз рӯи ихтисоси нав ё аҳволи саломати ва синну сол - бо розигии корманди мақомоти корҳои дохили, инчунин бо ташаббуси худи корманд ё шароити оилави ва бо тартиби аттестатсиони;
в) ба мансаби поёни - ҳангоми ихтисори ҷойҳои кори ё барҳам додани мақомоти корҳои дохили, дар ҳолати набудани имконияти гузаронидан ба мансаби баробараҳамият, бо розигии корманди мақомоти корҳои дохили, мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарби бо сабаби аҳволи саломати, бо хоҳиши шахси (аз рӯи номувофиқии хизмати нисбати мансаби ишғолкардааш) бо тартиби аттестатсиони мувофиқи хизмат набудани мансаби ишғолкарда, бо тартиби ҷазои интизоми;
г) ҳангоми дохил шудан ба таҳсил бо озод намудан аз мансаби штатии ишғолкарда;
д) баъди адои таҳсил дар намуди рӯзона ҳангоми таъин намудан ба мансаб, он аз мансаби пеш аз таҳсил ишғолкардааш набояд паст бошад;
е) бо розигии корманд бо тартиби махсус равон намудан ба мақомоти ҳокимияти давлати ва ташкилотҳо.
Ҳангоми ба мансаб гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохили ӯ ба кор аз рӯи ихтисосҳои асоси ба он наздик ё ин ки мувофиқи таҷрибаи доштааш таъин карда мешавад. Дар ҳолати пайдо шудани зарурати истифодаи корманди мақомоти корҳои дохили ба мансаби ихтисоси барои ӯ нав, корманд бояд дар курсҳо (ҷамъомадҳо) тайёрии пухта гирифта бошад.
Дар ҳама ҳолатҳо аз як кор ба кори дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохили дар хизмат бо фармони сардори дахлдори мақомоти корҳои дохили бо нишон додани сабаби гузариш ба расмият дароварда мешавад.
Барои кормандони мақомоти корҳои дохили, ки 15 сол ва аз он зиёд собиқаи кори доранд, андозаи маоши мансабиашон аз рӯи ҷои охири хизмат барои онҳо нигоҳ дошта мешавад. Гузаронидани онҳо ба кори дигар бо маоши хурд дар ҳолати барҳам додани мақомоти корҳои дохили (воҳидҳои он) бо сабаби аҳволи саломати ё ихтисори ҷойҳои кори (штатҳо) ба амал меояд.
Корманди мақомоти корҳои дохили, ки ба мансаби поён гузаронида шудааст, дар оянда бо назардошти ихтисоси хизмати, таҷрибаи кори сифатҳои шахси ва аҳволи саломати метавонад бо зинаи хизмати пеш равад.
Корманди мақомоти корҳои дохили метавонад аз рӯи мансаб иҷрокунандаи вазифа таъин гардад. Дар ин ҳолат мӯҳлати иҷрои вазифаи холии мансаби на зиёда аз ду моҳ ва вазифаи холи на зиёда аз чор моҳ (ба истиснои иҷрокунанда ба вазифаи холии мансаби ҳангоми пешниҳоди рухсати бо сабаби ҳомилаги ва таваллуд, инчунин нигоҳубини кӯдак) зиёд набошад.
Гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохили барои кор ба дигар минтақа бо ташаббуси сардори мақомоти корҳои дохили танҳо бо розигии корманд ба шарте, ки чизи дигар дар қарордод муайян нашуда бошад, амали мегардад. Ба минтақаи дигар гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохили барои хизмат, аз ҷумла бо сабаби тағйири мавқеъи мақомоти корҳои дохили танҳо бо розигии корманд, агар чизи дигаре дар қарордод наомада бошад, амали карда мешавад.
Ҳангоми гузаронидани корманди мақомоти корҳои дохили ба минтақаи дигар барои хизмат, ба ӯ ва аъзои оилааш бинои истиқоматии ишғолкардааш дар маҳалли зисти доими дар давоми муддати хизматаш бо тартиби муайяншуда ҷудо карда мешавад.
Дар як вақт дар ҷои кори нав ба корманди мақомоти корҳои дохили ва аъзоёни оилаи ӯ бинои манзилгоҳ пешниҳод карда мешавад, ё ин ки ҷубронпулии ҳармоҳа барои иҷора ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад. Корманди мақомоти корҳои дохили ва аъзоёни оилаи онҳо барои харҷи рафтуомад ва ҳамлу нақли ҷиҳози шахсиашон ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои, оби ва автомобили бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ҷубронпули аз ҳисоби маблағи мақомоти корҳои дохили ҳақ доранд.
Рафтуомад ва ҳамлу нақли ҷиҳози корманди мақомоти корҳои дохили ва аъзои оилаи ӯ ҳангоми гузаронидан ба ҷои кори дигар бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
46. Таъин ва ба вазифаи дигар гузаштани ҳайати қатори ва роҳбарикунанда дар хизмат аз тарафи сардорони бевосита мувофиқи салоҳияташон амали гашта аз тарафи Вазири корҳои, дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Бо вуҷуди он бояд шартҳои зерин риоя карда шаванд:
а) истифодаи кормандон бояд аз рӯи ихтисоси асоси ё ба он наздик ё мувофиқи таҷрибаи доштаашон амали гашта, ҳангоми зарурат дар вазифаҳои барои ихтисоси онҳо нав бояд дар курсҳои (ҷамъомадҳои) дахлдор аз нав тайёркуни гузаронида шавад;
б) болоравии ҳайати қатори ва роҳбарикунанда дар хизмат дар асоси интихоби вобаста ба дараҷаи тахассуси, собиқаи хизмати, натиҷаҳои ба даст оварда дар минтақаҳои супурдашуда, барои иҷрои вазифаҳои баланди мансаби маҳорат нишон додаанд, инчунин хулосаҳои аттестатсиони, амали мегардад;
в) мӯҳлати муттасили иҷрои муваққатии вазифа аз рӯи вазифаи холи на бояд аз ду моҳ ва ғайрихоли аз чор моҳ зиёд бошад;
г) ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию штати, шахсони ҳайати роҳбарикунанда ба мӯҳлати на зиёда аз ду моҳ ба ихтиёри мақомоти корҳои дохили таъин шуданашон мумкин аст.
Дар мавриди алоҳидаи ҳолатҳои махсус ба вуҷуд омада дар ихтиёри мақомоти корҳои дохили аз 2 моҳ зиёд ва на зиёда аз 4 моҳ бо тасдиқи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад. Давраи дар рухсатии меҳнати (ғайр аз рухсатии меҳнатии вобаста ба нигоҳубини кӯдак) ва ҳангоми табобат дар муассисаҳои тибби ё ин ки бемори будан мувофиқи ин Низомнома ба мӯҳлати дар ихтиёри мақомоти корҳои дохили қарор доштани ӯ ҳисоб карда намешавад.;
д) шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунанда, ки байни худ қаробати хешутабори ё қудоги доранд (волидайн, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, падару модарони зану шавҳар) ва дар як мақомоти корҳои дохили адои хизмат намуда, хизмати онҳо бо тобеъияти яке ба дигаре алоқаманд аст мумкин нест;
е) таъинот ва ҷойивазкуни ба мансаби ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи ба феҳраст дохилшаванда, ки ба танзими даровардани иҷозати махсусро ба корҳои муҳим ва корҳои ҳуҷҷатҳои махфи тақозо менамояд, танҳо баъди мувофиқати мақомоти амният амали карда мешавад.
БОБИ 6. Қатъ намудани хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ
47. Асосҳои барои қатъ намудани хизмат дар мақомоти корҳои дохили инҳо мебошанд:
а) озодкуни аз мақомоти корҳои дохили;
б) қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) бо тартиби муқарраршуда бе ному нишон ҳисобидани корманд;
г) вафоти (марги) корманди мақомоти корҳои дохили.
Аз хизмат озод намудани кормандони мақомоти корҳои дохили амали мегардад:
а) ба эҳтиёт (бо истодан дар қайди ҳарби) - агар сабукдӯшшудагон ба ҳадди синну соли муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарби ва хизмати ҳарби" барои дар қайди эҳтиёти истодани шахсоне, ки рутбаи дахлдори ҳарби дошта аз рӯи аҳволи саломати барои хизмати ҳарби коршоям хастанд, нарасидаанд;
б) ба истеъфо (бо баровардан аз қайди ҳарби) - агар сабукдӯшшуда ба ҳадди синну соли муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарби ва хизмати ҳарби" барои дар қайди эҳтиёти истодани шахсоне, ки рутбаи дахлдори ҳарби доранд ё аз тарафи комиссияи тиббии ҳарби аз рӯи аҳволи саломати барои хизмати ҳарби корношоям ҳастанд, расидаанд, бо баровардан аз қайди ҳарби.
48. Кормандони мақомоти корҳои дохили бо асосҳои зерин (бо истодан дар қайди ҳарби) аз хизмат ба эҳтиёт озод карда шуданашон мумкин аст:
а) бо хоҳиши худ;
б) бо расидан ба ҳадди синну соле, ки Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили муайян намудааст;
в) бо расидани мӯҳлати собиқаи хизмати, ки ба нафақа ҳуқуқ медиҳад (бо ташаббуси корманди милитсия ё бо розигии ӯ);
г) баъд аз тамом шудани мӯҳлати хизмат, ки дар қарордод нишон дода шудааст;
д) бо сабаби вайрон намудани шартҳои қарордод;
е) бо ихтисори штатҳо (ҷойҳои кори);
ж) аз сабаби бемори - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарби дар бораи корношоями барои хизмат дар мақомоти корҳои дохили;
з) аз сабаби маҳдудияти аҳволи саломати - дар асоси хулосаҳои тиббии ҳарби оид ба маҳдудияти коршоями ба хизмат ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизмати аз рӯи аҳволи саломати мувофиқи мансаби ишғолкарда, ҳангоми набудани имконияти ҷойивазкуни дар хизмат;
и) аз рӯи натиҷаҳои аттестатсиони маълум намудани нокифоягии тахассуси ва мувофиқат накардан бо мансаби ишғолкарда;
к) ҳангоми мунтазам вайрон намудани интизоми хизмати;
л) барои содир намудани амале, ки ба шаъну эътибори корманди мақомоти корҳои дохили доғ меорад;
м) ҳангоми эътибори қонуни пайдо намудани ҳукми суд.
Номгӯи мазкури асосҳои аз хизмат озод намудани кормандони мақомоти корҳои дохили мукаммал мебошад.
Кормандон ба истеъфо аз хизмат бо баровардан аз қайди ҳарби озод карда мешаванд:
а) аз рӯи синну сол - шахсоне, ки ба ҳадди синну соли муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарби ва хизмати ҳарби" барои дар эҳтиёт будан ва доштани рутбаи дахлдори ҳарби;
б) аз сабаби бемори - дар асоси қарори тиббии ҳарби оид ба корношоями барои хизмати ҳарби бо баровардан аз қайди ҳарби.
Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки ҷиноят содир намудаанд, баъди эътибори қонуни пайдо намудани ҳукми суд оид ба маҳкум шуданашон барои содир кардани ҷиноят, аз хизмат озод карда мешаванд.
Курсанте (ҷинси мард), ки барои ақибмони ва беинтизоми аз муассисаи таълимии мақомоти корҳои дохили хориҷ карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати ҳарби фиристода мешавад, ба шарте, ки агар ҳангоми хориҷ шудан мӯҳлати муқаррарии хизмати ҳарбиро мувоифиқи даъват адо накарда бошад ё барои хондан барқарор карда нашуда бошад.
Муддати таҳсил дар муассисаи таълими бо ҳисоби як моҳи хониш баробар ба як моҳи хизмати ҳарби бо даъват ҳисоб карда мешавад.
Ҳангоми пеш аз мӯҳлат аз кор озод шудани кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки мувофиқи қарордод адои хизмат менамоянд, дар асосҳои пешбининамудаи бандҳои 47 ва зербандҳои "д", "к", "л", "м", "н"-и банди 48 ин Низомнома аз маблағи пардохти яквақтаи мегирифтаашон барои мӯҳлати боқимондаи санаи ба охир расидани қарордод мутаносибан нигоҳ дошта мешавад.
49. Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки ғайриқонуни аз хизмат озод ё ба мансаби паст гузаронида шудаанд, дар вазифаи пештара ё ба он баробар барқарор карда мешаванд. Барқароркуни дар хизмат (мансаб) на дертар аз як моҳи рӯзи муроҷиат намудан амали мегардад, ба шарте, ки он дар давоми шаш моҳи қабули қарори ғайриқонуни оид ба озод ё паст кардан дар мансаб бо огоҳ намудани он шахс ба вуҷуд омада бошад.
Мӯҳлате, ки шахс дар асоси ҳукми суд ё озодкунии ғайриқонуни дар хизмати мақомоти корҳои дохили қарор надошта, дар натиҷа барқарор карда шудааст, ба стажи кори (бо ҳисоби тақвими), собиқаи меҳнати дар рутбаи махсус ба истиснои ҳолатҳое, ки аз вақти ҳукм 10 сол ё зиёд гузашта бошад, ҳисоб карда мешавад.
50. Кормандони мақомоти корҳои дохили, ки рутбаи махсуси ҳайати қатори ва хурди роҳбарикунанда доранд, метавонанд то синни 45 солагиашон дар мақомоти корҳои дохили хизмат кунанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилии ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, метавонанд то синни ниҳоии зерин дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ бошанд:
а) барои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда - 50 - солагӣ;
б) барои ҳайати калони роҳбарикунанда- 55 - солагӣ;
в) барои ҳайати олии роҳбарикунанда - 60 - солагӣ
Барои кормандони илми - педагоги, муассисаҳои тадқиқоти-илми ва таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дараҷаи илми ё унвони илми доранд ҳадди синну соли хизмат дар мақомоти корҳои дохили то 63 солаги муайян карда шудааст
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки ба синну соли муайяншуда расидаанд, ба истеъфо ё эҳтиёт (бо мондан дар қайди ҳарби) бароварда мешаванд. Дар ҳолати махсусан зарур кормандони алоҳида бо назардошти аҳволи саломатӣ, бо хоҳиши худ ва муносибат ба хизмат, дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ ба муддати 3 сол аз ҷониби роҳбароне, ки ба онҳо ҳуқуқи ба вазифа таъин намудани ин шахсон дода шудааст, метавонанд нигоҳ дошта шаванд
хорич карда шуд
Шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, ки дар хизмат нигоҳ дошта шудаанд, метавонанд то гузаштани мӯҳлат ба эҳтиёт (бо мондан дар қайди ҳарби) ё истеъфо равона карда шаванд.
51. Аз кор озод намудани (кормандони мақомоти корҳои дохили) шахсони ҳайати қатори ва хурди роҳбарикунанда аз тарафи сардороне, ки ба онҳо ҳуқуқи қабул намудани кормандон ба хизмат дода шудааст, амали карда мешавад.
Озод намудани шахсони ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда барои ба истеъфо ё ба эҳтиёт рафтан амали карда мешавад:
а) то подполковники милитсия, подполковники хизмати дохили бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) полковники милитсия, полковники хизмати дохили, аз он ҷумла шахсони ҳайати олии роҳбарикунанда аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба шахсони ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда ғайр аз шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи милитсия, ки дар мақомоти корҳои дохили ва хизмати ҳарби 20 сол ва зиёда бенуқсон хизмат кардаанд (бо ҳисобкунии имтиёзи) ҳангоми озодкуни ба истеъфо ё эҳтиёти бо фармони сардороне, ки озодкуниро амали менамоянд, ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси намуди муқарраршуда дода мешавад, инчунин аз тарафи сардорони мазкур ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси намуди муқараршуда барои шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят ва амалу кирдоре, ки шаъни мақомоти корҳои дохилиро паст мекунанд, маҳкум шудаанд, қатъ карда мешавад.
Кормандони мақомоти корҳои дохили дар бораи озодкунии оянда ба истиснои озодкуни дар зербандҳои "б", "в", "г", сатри якуми банди 47 ва "д", "и", "к", "л" ва "м"-и қисми якуми банди 48 ин Низомнома пешбинишуда аз тарафи сардорони дахлдор на дертар аз ду моҳ пеш аз пешниҳод намудан ба озодкуни огоҳ карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки бо хоҳиши худ аз кор рафтанианд, бояд аз мақсади худ сардори бевоситаи худро на камтар аз ду моҳ пеш огоҳ намоянд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки фавтида, ҳалокшуда, беному нишон гумшуда ё бо тартиби муайян аз рутбаи махсус маҳрумшуда дониста шудаанд, аз рӯйхати (шахсии) ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохили хориҷ карда мешаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилие, ки аз хизмат ба қатори эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудаанд, аз тарафи комиссариатҳои ҳарби бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди ҳарби гирифта мешаванд.
Тартиби адои хизмати шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили дар замони ҷанг бо қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.
52. Корманди мақомоти корҳои дохили бо таъин намудан ба ихтиёри мақомоти корҳои дохили ба мӯҳлати на зиёдтар аз ду моҳ бо нигоҳ доштани таъминоти пули метавонад дар ҳолатҳои зерин аз мансаби ишғолкардааш озод карда шавад:
а) гузаронидани чорабиниҳои ташкилию штати, яъне ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию штати, кормандони мақомоти корҳои дохили то гузаштани мӯҳлати пешбинишуда барои таъмин намудан бо кор ё ин ки озод намудан аз сабаби ихтисори шататҳо дар ҳолати набудани имконияти таъмини ӯ бо кор, ба мансаби дигар ё мақомоти дигари корҳои дохили бояд ба хизмат қабул карда шавад.
б) озод намудан аз мақомоти корҳои дохили дар асоси пешбининамудаи зербандҳои "а", "б", "в", "г", "и" банди 48 ин Низомнома бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад.
Озод намудани кормандони мақомоти корҳои дохили аз мансаб мувофиқи зербанди "б" банди мазкур бо таъин намудани ӯ ба ихтиёри мақомоти корҳои дохили баъд аз гузаштани ду моҳи гирифтани огоҳинома оид ба озод кардан (бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти корҳои дохили) ва бо гузаштани ду ҳафта (ҳангоми додани аризаи озод намудан) танҳо ҳангоми номумкин будани озодкунии ӯ баъди мӯҳлати нишондодашуда (рухсатии меҳнати, бемори ва рухсати) амали мегардад.
Мӯҳлати дар ихтиёри мақомоти корҳои дохили қарор доштани корманд ба мӯҳлати на зиёда аз ду моҳ ба ҳисоби собиқаи кори барои баровардан ба нафақа дар асоси имтиёзи ҳисобида шуда, аз он зиёда мӯҳлати муқарраршуда бо ҳисобкунии тақвими амали мегардад.
в) фиристодани корманд аз мақомоти ҳокимияти давлати ва ташкилотҳо ба мақомоти корҳои дохили.
Муддати дар рухсатии меҳнатии навбати ё иловаги инчунин дар табобат ва рухсати будани корманди мақомоти корҳои дохили ба мӯҳлати қарор доштани ӯ дар ихтиёри мақомоти корҳои дохили ҳисобида намешаванд.
Дар ҳолатҳои зерин кормандони мақомоти корҳои дохили метавонанд муваққатан аз вазифа дур карда шаванд:
а) дар давраи тафтишоти хизмати маълум гардидани вайронкунии дағали интизоми хизмати, ки барои иҷрои вазифаи хизматиашон имконият намедиҳад;
б) барои содир намудани ҷиноят ба сифати айбдор ҷалб карда шудан то бо асоси барқароркуни қатъ карда шудани парвандаи ҷинояти ё ин ки то баромадани қарори суд оид ба парвандаи мазкур.
Барои муддати аз мансаб дур карда шудани корманд ба ҳаҷми пурра таъминоти пули ба ӯ пардохта мешавад.
Дар ҳолати ҳабс намудани кормандони мақомоти корҳои дохили пардохти таъминоти пули қатъ карда мешавад. Ҳангоми қатъ гардидани парвандаи ҷинояти дар асоси барқароркуни ба корманд барои тамоми муддати дар ҳабс будааш таъминоти пули пардохта мешавад.
Аз рӯзи хотима ёфтани асос барои қатъ кардани хизмат дар мақомоти корҳои дохили аз тарафи корманд қарордоди нав оид ба хизмат дар мақомоти корҳои дохили баста шуда, инчунин метавонад бе қарордод таъин карда шавад, ё муовфиқи тартиб ва асосҳои дар ин Низомнома пешбинишуда аз хизмат озод карда мешавад.
53. Дар ҳолати аз мақомоти корҳои дохили озод кардани кормандон дар асоси зербандҳои пешбинишудаи "д", "к", "л" банди 44 Низомномаи мазкур арзиши либоси низомии ба ӯ додашуда бо назардошти фарсудаги ситонида мешавад.
Шахсони зерин маблағе, ки дар давраи хониш барои хӯрок, либоси низоми, истиқомат дар хобгоҳ, техникаҳои криминалистики ва дигар техникаҳои махсус аз ҷумла хароҷотҳои барои маоши омӯзгорон масрафшударо бечунучаро талофи менамоянд:
- курсантҳои (шунавандагони, адъюнктони, докторантони) шӯъбаи рӯзона, ки аз сабаби сустхони ва беинтизоми (ё бо сабаби то бастани қарордод) аз муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шудаанд ё бо сабаби то бастани қарордоди хизмат дар мақомоти корҳои дохили бо хоҳиши худ озод шудаанд;
- инчунин, курсантҳо (шунавандагон, адъюнктҳо, докторантҳо), ки аз бастани қарордод даст кашидаанд ё баъди бастани қарордод хоҳиши давом додани хониш, супоридани имтиҳонҳо ва хизмат дар мақомоти корҳои дохилиро надоранд;
- кормандоне, ки барои вайрон кардани талаботҳои қарордод бо гуноҳи худи корманд то гузаштани 3 сол баъди хатми муассисаи таълимии омӯзиши касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар муассисаи таълимии омӯзиши касбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки музди хонишашон пардохта шудааст, аз кор озод карда шудаанд.
54. Барои дафни корманди мақомоти корҳои дохили ва нафақахӯронсобиқ кормандони мақомоти корҳои дохили оилаи онҳо (падар, модар, ҳамсар ва фарзандон) кӯмаки якдафаъаинаи пули дар ҳаҷми маблағи пулии панҷмоҳаи охирин вазифаи ишғолкарда, на ба андозаи аз он кам, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, пардохта мешавад.
БОБИ 7. Бо нафақа таъмин намудани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ
55. Нафақаи кормандони мақомоти корҳои дохили аз маблағҳои буҷети ҷумҳурияви пардохта шуда бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия", "Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарби" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ҳисобкунии андозаи нафақаи кормандони мақомоти корҳои дохили, ки аз хизмат бо расидан ба синну соли муқарраршуда, аз сабаби бемори ё собиқаи меҳнатии мӯҳлати хизмат, озод карда шудаанд, аз таъминоти пулии умумии онҳо ба амал меояд.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили, ки дар натиҷаи ҷароҳати меҳнати гирифтан ё ҳангоми адои вазифаҳои хизмати маъюб шудаанд, нафақаи онҳо аз рӯи маҷрӯҳи сарфи назар аз стажи умумии кориашон таъмин карда мешавад.
Дар ҳолати вафоти кормандони мақомоти корҳои дохили таъминоти нафақаи аъзоёни оилаи онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарби" амали мегардад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохили, ба стажи кори барои таъин намудани нафақа ва пардохти фоизи иловаги барои собиқаи меҳнати ва муддати хизмати онҳо дар мақомоти корҳои дохили ба сифати хизматчи, агар вазифаи ишғолкардаи онҳо баъдан ба шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунанда иваз шуда, онҳо ба ин вазифа таъин шуда бошанд, инчунин хизмати онҳо дар дигар мансабҳо дар ҳамин қисми мақомоти корҳои дохили бо ҳисобкунии тақвими бо тартиби муайяннамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад.
Барои шахсоне, ки аз сохторҳои суди ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мақомоти корҳои дохили барои давом додани хизмат омадаанд, ба стажи меҳнатии онҳо барои таъин намудани нафақа ва ҳисоб намудани изофи барои собиқаи меҳнати ба ҳисоби як соли стажи умумии кори ба як соли хизмат ҳисоб карда мешавад.
Барои шахсоне, ки баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умуми бо ихтисоси худ дар ташкилотҳои ғайринизоми кор карда дар мақомоти корҳои дохили хизматро бо ихтисоси асоси давом додаанд, собиқаи меҳнатии онҳо ба мӯҳлати хизмати барои таъин намудани нафақа ва баровардани ҳисоби фоизи, барои хизмати дарозмуддат ба ҳисоби ду соли собиқаи умумии меҳнати ба як соли хизмати ҳисоб карда мешавад.
Мӯҳлати дар хизмати мақомоти корҳои дохили будани кормандон ба собиқаи умумии бефосилаи онҳо, инчунин ба собиқаи меҳнати аз рӯи ихтисос дар асоси имтиёзҳои зерин ҳисоб карда мешавад: як соли хизмат аз як соли собиқаи меҳнати иборат буда, давраи хизмат дар ноҳияҳои шароити иқлими ва экологиашон вазнин, мувофиқан як соли хизмат мувофиқи номгӯи ихтисосҳо ва маҳалҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, баробар ба ду соли стажи кори ҳисобида мешавад.