Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 № 137 тасдиқ шудааст
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2005 № 137 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, тағйироти зайл ворид карда шаванд:
Банди 41 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"41. Таъминоти пулии кормандони милитсия аз маоши моҳонаи вазифавӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии кормандони милитсияро ташкил медиҳанд ва аз иловапулӣ барои собиқаи хизмат иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони милитсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷет барои соли молиявии дахлдор инчунин ҷубронпулӣ бар ивази озуқаворӣ пардохт карда мешавад.
Ба баъзе категорияҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мумкин аст дигар иловапулиҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, пардохт карда шаванд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд, ҳар моҳ ба таъминоти пулиашон аз 25 то 50 фоиз маоши иловагӣ мегиранд. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад".
Дар банди 50:
сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Кормандони мақомоти корҳои дохилии ҳайати миёна, калон ва олии роҳбарикунанда, метавонанд то синни ниҳоии зерин дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ бошанд:
а) барои ҳайати миёнаи роҳбарикунанда - 50 - солагӣ;
б) барои ҳайати калони роҳбарикунанда- 55 - солагӣ;
...