ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015
Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи замимагардидаи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015 тасдиқ карда шавад.
2. Ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар якҷояги нақшаи татбиқи Стратегияи мазкурро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
аз соли 2005 cap карда, дар марҳилаи аввал бо усули таҷрибави ва минбаъд дар ҳама минтақаҳои ҷумҳури татбиқи механизми маблағгузории сарикасии кӯмаки аввалияи тиббию санитариро дар доираи маблағҳои пешбинишуда таъмин намоянд;
оид ба тағйир додани системаи маблағгузории кӯмаки тиббии бистарикунони дар асоси принсипҳои маблағгузории ҳар як ҳолати муолиҷа, гузаронидани чорабиниҳои лозимиро таъмин намоянд;
ҷиҳати дар соҳаи тандурусти нигоҳ доштани маблағҳое, ки дар ҷараёни ислоҳот ва таҷдиди сохтор сарфа карда мешаванд, таклифҳо пешниҳод намоянд.
4. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба давра ба давра гузаронидани таҷдиди шабакаҳо ва системаи расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитари ва хадамоти бистарикунони чораҳо андешад.
5. Назорати иҷрои ин қарор ба зиммаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 10 майи соли 2005 № 171
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 майи соли 2005 № 171
тасдиқ шудааст
Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015
Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015 мутобиқи татбиқи минбаъдаи ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати ва Консепсияи ислоҳоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 19 июли соли 2002 № 666 ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 94 тасдиқ шудаанд, таҳия гардидаст. Стратегия сиёсати давлатро дар соҳаи маблағгузории тандурусти ва принсипҳои роҳбарикунандаи таъмини самарабахши аҳолиро бо кӯмаки ройгони тиббию санитари (КРТС), ки дар доираи қонун пешбини шудаанд, муайян мекунад.
I. Ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегия
Ноилшави ба ҳадафҳои дар Стратегия зикршуда ва ҳалли вазифаҳои гузошташуда, аз қисмати асосии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дигаргунсозиҳои таркибии соҳаи тандурусти иборат буда, барои ҳамаҷониба беҳтар намудани ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
1. Ҳадафи Стратегия муайян ва амали сохтани тадбирҳои асосии сиёсати маблағгузории соҳаи тандурусти мебошад ва чунин кафолатҳо медиҳад:
- таъмини дастрасии баробари аҳоли ба ҳаҷми кӯмакҳои ройгони тиббии тибқи қонун пешбинигардида;
- ба таври мушаххас муайян сохтан, тақсим кардани вазифаҳо ва муносибатҳои мутақобилаи мақомот ва сохторҳои системаи тандурусти;
- зиёд кардани ҳиссаи маблағҳое, ки барои соҳаи тандурусти аз буҷети давлати дар доираи имкониятҳои молиявии мавҷудбуда ҷудо карда мешаванд;
- ташкили алоқаи устувор ва вобастагии мутақобила байни маблағгузори ва самараноки дар соҳаи тандурусти;
- ноилшави ба фаъолияти камхарҷу пурсамари таъминкунандагони кӯмаки тибби.
2. Барои ба ҳадафҳои дар Стратегия пешбинишуда, ноил шудан ҳалли масъалаҳои асосии зерин зарур аст:
- таъсиси сохтори институтсионалии идоракунии муносибатҳои иқтисоди ва молияви дар соҳаи тандурусти (пардохткунандагони кӯмаки тибби);
- тақсимоти дастрас, мунтазам ва одилонаи захираҳои давлати барои маблағгузории кӯмаки ройгони тиббию санитари;
- ташкили кафолатҳои меъёрии ҳуқуқи барои сармоягузории дубораи маблағҳои дар натиҷаи ислоҳот "сарфашуда" ба соҳаи тандурусти;
- таҳия ва ҷори намудани усулҳои нави маблағгузории муассисаҳои тандурусти;
- танзими пардохти ғайрирасмии аҳоли дар соҳаи тандурусти ва ҷори намудани ҳампардохти расми ва хизматрасонии пулаки дар муассисаҳои тибби;
- такмили музди меҳнати кормандони тибби;
- такмили низоми идоракунии соҳаи тандурусти;
- таҷдиди сохтори системаи расонидани кӯмаки тибби;
- таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурусти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлати ва ғайрибуҷети;
- такмили усулҳои таъмини маводи дорувори ва таъиноти тибби;
- якҷоя кардани муассисаҳои тиббии давлати ва ғайридавлати дар системаи расонидани кӯмаки ройгони тиббию санитари;
- муайян кардани шаклҳои мувофиқи ташкили барои таъминкунандагони давлати;
- рушди муассисаҳои табобатию профилактикии ғайридавлати;
- баланд бардоштани тахассуси захираҳои кадрии соҳаи тандурусти;
- баланд бардоштани мақом ва ҳуқуқи аҳоли дар сохтори тандурусти;
- муҳайё кардани шароит барои амалисозии ҳуқуқи аҳоли дар интихоби таъминкунандагонии кӯмаки тибби;
- зиёд кардани маблағгузории буҷети ба соҳаи тандурусти, дар ҳолате, ки сатҳи хароҷоти давлати аз сатҳи пардохти бевоситаи аҳоли баланд аст;
- такмили ҳамоҳангсозии кӯмакҳои донори дар соҳаи тандурусти.
II. Таъмини баробари дастрасӣ ба кӯмаки ройгони тиббӣ дар доираи муайяннамудаи қонун
Таъмини дастрасии баробари ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯмаки тибби дар доираи кӯмакҳои ройгони тиббию санитари ҳимояи онҳоро аз хатари хароҷоти молияви, ки сабабаш ҷой доштани фарқияти назаррас дар сатҳи даромаднокии табақаҳои (гурӯҳҳои) гуногуни аҳоли ва захираҳои молиявии воҳидҳои гуногуни маъмури мебошад, пешбини менамояд.
Ноилшавии нисбии ҳифзи аҳоли аз хавфи молияви сиёсати давлатиро пешбини менамояд, ки ба тақсимоти дастрас, мунтазам ва одилонаи захираҳои давлати барои маблағгузории кӯмакҳои ройгони тиббию санитари (аз ҷумла маблағҳои буҷети ҷумҳурияви ва маҳалли, инчунин маблағҳои суғуртаи тибби дар сатҳи баланди кофи) равона гардидаст.
Маблағҳои буҷети маҳалли барои маблағгузории тандурусти (аз ҷумла меъёрҳои маблағгузории сарикаси) барои шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе на пасттар аз сатҳи вилоят ва барои шаҳри Душанбе муайян карда мешаванд. Барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳури бошад, дар сатҳи муассисаҳои ҷумҳурияви муайян карда мешаванд, ки ҳатталимкон дастрасиро ба кӯмаки тибби ва ҳуқуқи беморро дар интихоби духтур ва муассисаи тибби таъмин менамояд.
Дар доираи якҷоя намудани маблағҳо барои тандурусти, дар масъалаҳои ташкил, тақсимоти буҷет, муайян намудани меъёрҳои заминавии системаи маблағгузори (меъёрҳои сарикаси, коэффисиентҳои ҷуғрофи, синнусоли ва ғайраҳо, меъёрҳои заминави барои ҳар як табобат, гурӯҳҳои клиники аз рӯи хароҷот), тасдиқи буҷетҳо ва гузаронидани мониторинги истифодаи маблағҳо бояд нақши мақомоти идораи соҳаи тандурусти дар ҳама сатҳҳо (вилоят, ш.Душанбе, Вазорати тандурусти) мустаҳкам карда шавад.
Маблағҳои молияви дар доираи маблағгузории системаи тандурусти ба воситаи системаи хазинадории назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
III. Муайян кардани вазифаҳо ва алоқаҳои байниҳамдигарии иштирокчиёни гуногуни системаи тандурустӣ
Гарави муваффақияти Стратегия аз аниқу равшан муайян кардани вазифаҳо ва алоқаҳои байниҳамдигарии тамоми иштирокчиёни системаи тандурусти иборат аст.
1. Муносибатҳои байниҳамдигарии иштирокчиёни системаи тандурусти
Муносибатҳои байниҳамдигарии иштирокчиёни системаи тандурусти аз рӯи принсипҳое, ки дар нақшаи зер нишон дода шудааст, амали мешаванд:
+--------------------------ҷ
| Вазорати тандурусти |
+---------------+----------+
+-------------------------+----------------------ҷ
+--------+-----ҷ +---------------ҷ | +----------ҷ +-------+------ҷ
|Идораи | |Идораи хизмат- | | | Идораи | | Идораи |
|банақшагири, | |расониҳои тибби| | | захираҳои| | муносибатҳои |
Жҳамоҳангсози | | | | | кадри ва | | иқтисоди |
|ва ҷори на- | | | | | илм | | ва молияви |
|мудани ислоҳот| | | | | | | |
+--------------+ +---------------+ | +----------+ +-------------++
| |
| |
+-------------Т-------ҷ +-----+-----------------------ҷ |
| Мақомоти маҳаллии | | Идораи тандурустии мақомоти | |
| ҳокимияти давлати | | маҳаллии ҳокимияти давлатии | |
| | | вилоятҳо ва шаҳри Душанбе | |
+---------------------+ +-----+-----------------------+ |
| |
| |
+---------------------------+----------------------------
+------+---------ҷ+----------------ҷ +---------------ҷ +----------ҷ
|Идораи банақша- || Идораи хизмат- | |Шӯъбаи хизмат- | |Шӯъбаи |
|гири, ҳамоҳанг- || расониҳои тибби| |расониҳои тибби| |муноси- |
|сози ва ҷори || | |ба модару кӯдак| |батҳои |
|намудани ислоҳот|| | | | |иқтисоди |
+----------------++----------------+ +---------------+ |ва молияви|
+----------+
Фаъолияти бомуваффақияти муносибатҳои байниҳамдигари, қабули чораҳо ва шартҳои зеринро пешбини мекунад:
- Идораи мавҷудаи иқтисод ва банақшагирии молиявии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯъбаҳои иқтисод ва банақшагирии молиявии идораҳои тандурустии вилояти ва шаҳри Душанбе дар доираи сохтори амалкунандаи системаи тандурусти, бо мақсади дар заминаи онҳо таъсис додани Идораи муносибатҳои иқтисоди ва молияви дар системаи тандурусти;
- марказонидани маблағҳои соҳаи тандурусти ва ғайримаркази кардани идора дар маҳалҳо;
- ҷамъоварии пардохтҳои дахлдор аз тарафи фонди суғуртаи тибби;
- идоракунии фонди суғуртаи тибби аз ҷониби мақоми аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршудан дорои мақоми шахси ҳуқуқи.
2. Функсияҳои асосии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- муайянсозии сиёсат ва самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурусти;
- таҳияи барномаи кӯмаки ройгони тиббию санитари;
- идоракунии маблағҳои давлатии системаи тандурусти тавассути системаи хазинадори;
- таҳия ва ҷори намудани низоми маблағгузории таъминкунандагон;
- таҳия ва ҷори намудани системаи иттилоотии тандурусти;
- қабул кардан ва гузаронидани мониторинги ҳисоботи молияви аз ҷониби таъминкунандагон.
3. Функсияҳои иштирокчиёни дигари системаи тандурусти инҳоянд:
- дар доираи системаи пардохт ба воситаи системаи хазинадори маблағҳо гирифта, ба Идораи муносибатҳои иқтисоди ва молияви дар системаи тандурустии ва мақомоти хазинадори онҳоро мустақилона ва самаранок тақсим мекунанд.
4. Иҷрои бомуваффақияти функсияҳои дар боло зикршуда талаб мекунад:
- ниҳоят баланд бардоштани дараҷаи тахассуси захираҳои кадрии соҳаи тандурусти;
- пешниҳоди кӯмаки ройгони тиббию санитари ба аҳоли аз тариқи системаи якҷояи таъминкунандагони давлати ва ғайридавлати.
IV. Зиёд кардани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва беҳбуди бахшидан ба самаранокии расонидани кӯмаки тиббӣ
Ноилшавии бомуваффақият ба ҳадафҳои Стратегия ба ташкил шудани алоқаҳои мустаҳкам ва ҳамкории назаррас байни маблағгузори ва самараноки ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои баландтари соҳаи тандурусти алоқаманд аст.
1. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ
Дар шароити ҳозира маблағгузории буҷети нокифоя буда, дар сурати расман мавҷуд набудани пардохт барои хизматрасонии тибби 25% талаботи муассисаҳои тандурустиро таъмин менамояд.
Вобаста ба ин вазифаи асосии Стратегия аз муайян сохтани чораҳо ҷиҳати афзоиши ҳамасолаи маблағгузори аз буҷет, ҳампардохти расми ва пардохт барои хизматрасонии тибби иборат аст. Маблағҳои буҷет ва маблағҳои ҳампардохт ва аз хизматрасонии тиббии пулаки бадастомада буҷети муттаҳидро барои маблағгузори ва рушди соҳаи тандурусти ташкил менамоянд.
Зимнан, баланд бардоштани ҳиссаи маблағгузории давлати аз ҳисоби андозбандии умуми усули беҳтарин аст.
Суғуртаи тибби метавонад ҳамчун сарчашмаи иловагии маблағгузории давлати дониста шавад. Аммо бо сабаби фоизи пасти шуғли аҳоли дар соҳаи расмии иқтисоди, ҳаққи пардохт барои суғуртаи тибби ҳиссаи ночизро дар ҳаҷми умумии маблағгузориҳо ташкил медиҳад ва он ҳамчун сарчашмаи назаррас барои афзоиши маблағгузори ба соҳаи тандурусти ба шумор намеравад. Хароҷот барои ҷори намудани системаи суғуртаи тиббии ҳатми (СТҲ) бошад, хароҷоти идоракунии соҳаи давлатиро хеле зиёд менамояд.
Дар такмили маблағгузории соҳаи тандурусти ва танзими пардохтҳои ғайрирасмии аҳоли таъсиси заминаи меъёри ҷиҳати иштироки аҳоли иқдоми муҳим мебошад ва давлат беҳтаршавии ҳамоҳангсозии кӯмакҳои донори ва афзоиши сармоягузориро ба соҳа аз ҳисоби грантҳо ва кредитҳо ба асос мегирад.
2. Баланд бардоштани самаранокии системаи тандурустӣ
Вазифаҳои асосие, ки муваффақияти онҳо ба баландшавии самаранокии системаи тандурусти мусоидат мекунанд, инҳоянд:
- ҷори кардани шаклҳои нави пардохти (маблағгузории) таъминкунандагон. Системаҳои нави пардохт на ин ки барои мавҷудияти иқтидорҳои система, балки барои кӯмаки тиббии расонидашаванда ҷиҳати ташкили омилҳои беҳтарини молияви барои таъминкунандагон, ҷори намудани унсурҳои рақобат дар байни онҳо хизмат мекунад;
- такмили системаи идоракуни, ки таҳия ва ҷори намудани системаҳои иттилоотии тандурусти, беҳтар намудани системаи мониторинг ва арзёбии фаъолияти системаи тандурусти, такмили системаи баҳисобгирии муҳосибави ва назорати молияви, инчунин таҳкими иқтидори кадриро дар идоракунии соҳаи тандурусти пешбини менамояд;
- аз нав ташкил намудани системаи расонидани кӯмаки тиббию санитари бо роҳи: таҳким ва такмили минбаъдаи системаи расонидани ёрии аввалияи тибби;
- таҷдиди системаҳои расонидани кӯмаки тибби дар беморхона;
- ҷори кардани протоколҳои амалияи клиники. Таҳия ва ҷори намудани маълумоти протоколҳо пешбини мегардад, ки иқдоми муҳим дар такмили амалияи тибби дар асос ва тавассути тибби собиткунанда;
- муайян кардани мақоми ҳуқуқии таъминкунандагони давлатии кӯмаки тибби дар санадҳои меъёрии чи муассисаҳо ва ё чи корхонаҳо;
- дастгирии рушди муассисаҳои табобатию профилактикии ғайридавлати. Бартараф сохтани монеаҳои расмиятчиги дар роҳи инкишофи муассисаҳои табобатию профилактикии ғайридавлати аз омилҳои муҳими дастгирии онҳо ба ҳисоб меравад;
- таъминот бо маводи дорувори ва молҳои тибби инҳоро пешбини менамояд: хариди дорувори тибқи рӯйхати маводи асосии дорувори; такмили заминаи моддию техникии муассисаҳои табобатию профилактики;
- такмили ихтисоси кормандони тибби. Афзалиятҳо дар самти мазкур баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти заминавии тибби ва такмили мунтазами тахассуси кормандони тибби мебошанд;
- такмили музди меҳнати кормандони соҳаи тиб. Такмили музди меҳнат барои афзоиши самараноки ва беҳтар шудани сифати расонидани кӯмаки тибби ҳамчун омили асоси ба шумор меравад;
- нашри санадҳои меъёри барои истифодабарандагони кӯмаки тибби ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳои қонунии интихоби озод аз ҷониби аҳоли ва дастрасии баробар ба таъминкунандагони кӯмакҳои тибби;
- васеъ намудани нақши аҳоли дар системаи тандурусти. Аҳоли дар системаи тандурусти ба ҳайси муштари бояд барраси гардад ва аз ҳуқуқҳои воқеан фароҳам оварда шуда бархӯрдор бошад, аз ҷумла ҳуқуқ ба махфият ва ҳуқуқи гирифтани иттилоот оид ба масаъалаҳои саломатии худ, инчунин нисбати ҳифзи саломатии худ масъулияти бештарро ҳис намояд.
3. Дар ислоҳоти соҳаи тандурусти бунёди мустаҳками алоқаҳо ва таъмини ҳамкориҳои пурра байни маблағгузори ва самаранокии системаи тандурусти бояд ҷои муҳимро ишғол намояд.
Дар натиҷаи сарфакори, мавофиқгардони ва баланд бардоштани самаранокии муассисаҳои табобатию профилактики, маблағҳои сарфашуда боз ба бахши тандурусти равона карда мешаванд. Ниҳоят фаъолияти муассисаҳои тиббию профилактики ва ҳайати кормандони он баланд гардида, ҷиҳати расонидани кӯмаки самаранок ва босифати тибби омилҳо ба вуҷуд меоянд.