Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 1994, № 194 "Дар бораи муқаррар намудани дараҷаҳо ва коэффициентҳои тарифии пардохти музди меҳнати кормандони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти додситонӣ ва идораҳои нотариалӣ дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани дараҷаҳо ва коэффицентҳои тарифии пардохти музди меҳнати кормандони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти додситонӣ ва идораҳои нотариалӣ дар асоси ҷадвали ягонаи тарифӣ

Бо сабаби тасдиқ гардидани ҷадвали ягонаи тарифи пардохти музди меҳнат дар ҷумҳурӣ Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шартҳои пардохти музди меҳнат, дараҷаю коэффицентҳои тарифии пардохти музди меҳнати кормардони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти додситонӣ ва идораҳои нотариалӣ мувофиқи замимаҳои N 1-17 тасдиқ ва аз 1 апрели соли 1994 татбиқ карда шаванд (замимаҳо дар матни русӣ оварда шудаанд).

Иловапулӣ барои хизмати дарозмуддат ва рутбаҳои кормандони мақомоти додситонию идораҳои нотариалӣ мутобиқи замимаҳои N 18 -19 пардохта мешавад.

Кормандони вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ иловапулиро барои хизмати дарозмуддат ба андозаи муқаррарнамудаи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд.

2. Ба роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти додситони ва идораҳои нотариалӣ ҳуқуқ дода шавад, ки дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат;

вобаста ба ихтисосу маълумоти корманд коэффиценти тарифии ӯро ба андозаи як дараҷаи зиёд ва ё кам гум кунанд;

ба сохторҳои тасдиқшудаи дастгоҳи идора бо сабаби зарурати истифодаи шаклҳои нави пешқадами технологияю техникаи муосири идоракунӣ тағйирот дароранд;

барои иҷрои кори махсусан муҳим ба кормандон (ғайр аз кормандоне, ки барои хизмати дарозмуддату рутба иловапулӣ мегиранд) ба миқдори то 50 фоизи маоши хизмати иловапулӣ муқаррар намоянд. Ин иловапулиҳо дар сурати сари вақт иҷро накардани супоришҳо, бад шудани сифати кор, инчунин дар сурати вайрон кардани интизоми меҳнат бекор ва ё кам карда мешавад.

Бо ин сабабҳо метавонанд тамоми шаклҳои қаблан қабулкардаи иловапулиҳоро бекор намоянд;

ба кормандон мукофотпулӣ дода, ба ин мақсадҳо ба андозаи фонди семоҳаи музди меҳнат маблағҳоро равона кунанд. Муқаррар карда шавад, ки андозаҳои мушахасси мукофотпулиҳо ба мутахассисону хизмачиён мутобиқи саҳми шахсии онҳо дар натиҷаи кори умумӣ муайян гардида, бо андозаҳои ҳадди аксар маҳдуд намегарданд;

ба кормардон кӯмаки моддӣ расонида, ба ин мақсадҳо ба андозаи фонди думоҳаи музди меҳнат маблағҳоро равона кунанд;

ба мутахассисон, хизматҷиён, коргарони вақт барои дар баробари кори асосии худ иҷро намудани вазифаҳои кормандони муваққатан хузурнадоштаи ҳамон категорияҳои кормардон /дар сурати беморӣ, дар рухсатӣ, сафарҳои хизматӣ буданашон ва бо сабабҳои дигар/ то 50 фоизи музди меҳнати кори асосӣ иловапулӣ муқаррар намоянд.

3. Ба роҳбарони мақомоти идораи давлатӣ ва ҷонишинони онҳо мукофотпулӣ ба андозаи солеҳ то чор маоши хизматӣ ва кӯмаки моддӣ бошад, ба андозаи то ду маоши хизматӣ дода мешаванд. Мукофотпулӣ бо карори макоми молии идораи давлатӣ дода мешаванд.

4. Муқарар карда шавад, ки бухгалтерияҳои мутомаркази назди кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, идораю шӯъбаҳои мустақили онҳо аз рӯи пардохти музди меҳнати кормандон ба он гурӯҳҳое мансубанд, ки қимматҳои иҷроияи дахлдор ба онҳо дохиланд.

Дар айни замон маоши хизматии сарбухгалтери бухгалтерияҳои мутомаркази назди кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ баробари маоши сармутахассис ва маоши сарбугалтери назди Шӯроҳои посёлкавию деҳоти депутатҳои халқ 10 фоиз камтар аз маоши хизматии котиби кумитаи иҷроияи дахлдор муқаррар карда мешавад.

5. Муқаррар карда шавад, ки амали қарори мазкур ба он ташкилоту муассисаҳои низ паҳн мегардад, ки аз рӯи пардохти музди меҳнат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шудаанд.

6. Дар сурате ки ставкаю маошҳои бо қарори мазкур барои кормандон ҷоришаванда бо дарназардошти коэффициентҳо, иловапулиҳо ва имтиёзҳо дар муддати кори кормандон дар ҳамон вазифа ё вазифаи болотари муассиса, корхона ва ташкилот аз ставкаю маошҳои амалкунанда бо дарназардошти коэффициентҳо, иловапулиҳо ва имтиёзҳо камтар бошад, ба онҳо (бо дарназардошти имтёзҳо) фарқи марбутаи музди меҳнат пардохта мешавад.

7. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 июли соли 1994 дар хусуси бо қарори мазкур мутобиқ гардонидани қарорҳои Ҳукумат таклифҳо таҳия намуда, ба муҳокимаи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикичтон пешниҳод намояд.

8. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қарорҳои нормативии худро аз нав дида баромада, хилофи қарори мазкур будаашонро бекор кунанд.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             А.Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Р.Мирзоев

аз 26 апрели соли 1994 № 194

ш.Душанбе