Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007
Бо мақсади баланд бардоштани сифати маълумот, истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ дар ҷараёни таълим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2004 ва солҳои минбаъда барои амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста аз имкониятҳои буҷет маблағ пешбинӣ намоянд.
3. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Точикистон:
- барои амалӣ намудани вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда ба ҷалби воситаҳои моддӣ-техникӣ ва молиявии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, ғайрибуҷетӣ, тиҷоратӣ, институтҳои молиявии байналмилалӣ (бонкҳо, хазинаҳо), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандони алоҳида, сарпарастон ва ғайра чораҳои зарурӣ андешанд;
- дар навбати аввал ин маблағҳо барои таъсиси марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ доир ба тайёр намудани муаллимони асосҳои информатика, иҷрои корҳои вобаста ба ташкили иншоотҳои инфраструктурӣ ва барои харидани техникаи компютерӣ равона карда шаванд.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиёҷоти мактабҳои маълумоти миёнаи ҳамагониро ба компютерҳо ва хизматрасонии техникӣ, пеш аз ҳама тавассути корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла тавассути Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Электроникаи Тоҷикистон", таъмин намояд;
-ба вусъат бахшидани тайёр намудани мутахассисони соҳаи иттилоотикунонии маълумот ва давра ба давра амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи мазкур тадбирҳои иловагӣ андешад.
5.Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсия, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии лоиҳаҳои инвеститснонии беруна талаботи маблағгузории Барномаро ба афзалият доштани ҷалби маблағҳои сарпарастон дар шакли грант, кӯмакҳои бебозгашт ва ҳамчунин қарзҳои дарозмӯҳлати бефоиз ба назар гиранд.
6. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти устувори қувваи барқро дар муассисаҳои таълимии синфхонаҳоикомпютердор ва марказҳои бозомӯзию тайёр намудани муаллимони асосҳои информатика таъмин намояд, якҷоя бо раисони шаҳру ноҳияҳо доир ба таъмини барқи иншоотҳои номбурда тавассути дигар манбаъҳои барқтаъминкунӣ (генераторҳои дизелӣ ва ғайра) чораҳо андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2002 № 502
ш. Душанбе