Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794, аз 29.11.2022 № 567)
Мувофиқи моддаҳои 69, 70, 96, 97 ва 98 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад (Замимаи № 1) ва Дастури тартиби татбиқи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад (Замимаи № 2) тасдиқ карда шавад.
2. Вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад ва Дастури тартиби татбиқи онро мавриди роҳбарӣ ва истифода қарор диҳанд.
3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯй ва Дастури мазкурро ба маълумоти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад
.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2002 № 521
ш. Душанбе
* Замимаҳо дар матни забони русӣ оварда шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад
Мувофиқи моддаҳои 62 ва 87 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад (Замимаи № 1) ва Дастури тартиби татбиқи Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад (Замимаи № 2) тасдиқ карда шавад.
2. Вазорату идораҳо, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳамаи шаклҳои моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ Номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнати зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад ва Дастури тартиби татбиқи онро мавриди роҳбарӣ ва истифода қарор диҳанд.
3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯй ва Дастури мазкурро ба маълумоти вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад.