Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 марти соли 2005 № 94
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор
(Қарори Ҳукумати ҶТ 30.06.2007с. № 365)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдмақомоти давлатии шуғли аҳоли) дар фаъолияти худ дар самти тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор на корҷӯй талаботи бозори меҳнатро ба назар гирифта дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомоти давлати, корфармоён ва дигар шарикони иҷтимои ҳамкори менамоянд.
2. Тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи шаҳрвандони бекор ва корҷӯйро мақомоти давлатии шуғли аҳоли мувофиқи ҳамин қоидаҳо ташкил менамояд.
II. Низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзи шаҳрвандони бекор
3. Мақомоти давлатии шуғли аҳоли имкониятҳои муассисаҳои таълими, шароити таълим, таъминоти кадрию методии онҳоро омӯхта, чорабиниҳоро вобаста ба қоидаи ташкили низоми тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи шаҳрвандони бекор ва корҷӯй тартиб дода, амали менамояд.
4. Тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи шаҳрвандони бекор бештар дар омӯзишгоҳҳои касби-техникии давлати, литсейҳо, дар муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва оли, дар марказҳои таълими, соҳибкорию иҷтимоии мақомоти давлатии шуғли аҳоли ва дигар муассисаҳои таълими гузаронида мешавад.
5. Мақомоти давлатии шуғли аҳоли:
- ҳамаи корҳои амалиро оид ба тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи шаҳрвандони бекор дар маҳалли зисташон ташкил мекунанд. Бо муассисаҳои таълими шартнома баста хизматҳояшонро маблағгузори мекунанд;
- вобаста ба ташкили тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи шаҳрвандони бекор чорабиниҳоро бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат, шумораи шахсони бекори ба омӯзишу тайёрии касби ниёздошта имкониятҳои муассисаҳои таълими таҳия ва ба нақша мегиранд.
6. Мӯҳлати тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи шаҳрвандони бекор ва корҷӯй аз 2 то 6 моҳ муқаррар карда мешавад.
7. Мақомоти давлатии шуғли аҳоли тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзониро барои шахсони аз кор озодшуда ва аҳолии бекор ва корҷӯйе, ки онҳо вобаста ба талаботи бозори меҳнат мехоҳанд, ки аз рӯи ихтисос ва таҷриба кори мувофиқ пайдо карда наметавонанд, ё барои онҳое, ки мехоҳанд вобаста ба талаботи бозори меҳнат ихтисосашонро тағйир диҳанд ва ё қобилияти иҷрои корро аз рӯи ихтисоси пештара аз даст додаанд, ташкил менамоянд. Талаботи дурнамои бозори меҳнатро ба мутахассисон ва коргарон дар асоси самтҳои инкишофи иқтисодиёти милли меомӯзанд.
8. Дар сурати пеш омадани зарурати ҷори намудани технологияи нави замонави дар истеҳсолот, ки бо мақсади пешгирии ихтисоршави ва нигоҳдории коргарон аз ихтисоршавии оммави, мақомоти давлатии шуғли аҳоли дар асоси шартнома бо корфармо метавонанд барои чунин коргарон такмили ихтисос ва бозомӯзиро аз ҳисоби маблағгузории корфармоён ташкил намоянд.
9. Шаҳрвандони бекор ба курсҳои тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шаҳодатнома дар бораи маълумот ва натиҷаи самтдории касби фиристонида мешаванд.
10. Маслиҳати касби ба шаҳрвандоне, ки дар мақомоти давлатии шуғли аҳоли ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи эҳтиёҷ доранд, ройгон дода мешавад.
Маъюбони бекор, шаҳрвандони бекоре, ки мӯҳлати бекориашон аз шаш моҳ гузаштааст, шаҳрвандони аз хизмати ҳарби озодшуда, ҳамсарони хизматчиёни ҳарбии аз хизмати ҳарби озодшуда, хатмкардагони муассисаҳои таълимии умуми, инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал кор меҷӯянд (пештар кор накардаанд) ва касб (ихтисос) надоранд ҳуқуқи афзалиятноки аз тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи гузаштанро доранд.
11. Ба шаҳрванди бекор якчанд вариантҳои имконпазир ва дастраси интихоби касб, намуди фаъолият, шакл ва ҷои омӯзиш пешниҳод ва тавсия дода мешавад ва шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки варианти барои худ мувофиқро интихоб намояд.
12. Дар мақомоти давлатии шуғли аҳоли маълумотҳо оид ба ҷойҳои кори, вазифаҳо ва ихтисосҳои холии мавриди талаботи бозори меҳнат буда, захираҳои манбаи таълимию истеҳсолии муассисаҳои таълими, шароити ташкили тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор дар бонки маълумоти мақомоти давлатии шуғли аҳоли нигаҳдори ва мунтазам таҷдид мешаванд.
13. Омӯзиши шаҳрвандони бекор барои ҷойи кории муайян, танҳо дар мавриди мавҷуд будани шартномаи таъминкуни бо кор байни мақомоти давлатии шуғли аҳоли ва корфармоён, ки ҷои кориро кафолат медиҳанд, сурат мегирад.
14. Тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор ба тариқи гурӯҳи сурат мегирад.
15. Барои омӯзиши гурӯҳи аз даҳ то бист нафар ҷамъ оварда мешаванд. Мӯҳлати таҳсил бо мувофиқаи тарафайн муқаррар карда мешавад.
16. Шаҳрвандоне, ки бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳоли аз маҳалҳои дурдаст омадаанд, дар хобгоҳи муассисаи таълими бо ҷойи хоб таъмин карда мешаванд. Дар мавриди набудани ҷойи хоб дар хобгоҳ ва ҳамчунин набудани имконияти таъмини ҷои истиқоматии алоҳида, мақомоти давлатии шуғли аҳоли метавонд ки маблағи иҷораи ҷои истиқомати муваққатиро дар доираи маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намояд.
17. Тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор дар доираи барномаи таълими, ҳуҷҷатҳо ва маводи методии Маркази хадамоти илмию методии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар марказҳои методии хизматрасони системаи маориф дар маҳалҳо дар асоси созишнома бо мақомоти давлатии шуғли аҳоли амали гардонида мешавад.
Инчунин истифодаи дигар нақшаю барномаҳои таълими, санадҳои ҳуқуқии дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" тасдиқгардида тавсия дода мешаванд.
18. Ташкили тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор ҷузъиёти зеринро дар бар мегирад:
- муайян намудани талабот ба тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор ;
- бастани шартнома барои ташкили тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор;
- омода намудан ва фиристонидани гурӯҳ ба муассисаи таълими;
- назорати ҷараёни таълим;
- аттестатсияи касбомӯзон, баъди хатми курсҳо;
- ба роҳ мондани ҳисоботҳои кори ва омории тайёрии касби такмили ихтисос ва бозомузи.
19. Дар сурати аз муассисаи таълими хориҷ намудани касбомӯз мақомоти давлатии шуғли аҳоли қаблан огоҳ карда шуда маблағи барои таҳсили ин касбомӯз ҷудокардашуда тибқи шартномаи тарафайн ба танзим дароварда мешавад.
20. Тайёрии касби ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор тибқи тартиби муқарраршуда бо супоридани имтиҳон ё санҷиш (ҳимояи реферат, кори хатмкуни) ба итмом мерасад.
Ба ҳайати комиссияи имтиҳони намояндаҳои мақомоти давлатии шуғли аҳоли ва корфармоён шомил карда мешаванд.
21. Ба шаҳрвандоне, ки ба тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи фаро гирифта мешаванд, дар давраи таҳсил аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳоли мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳоли" стипендия таъин карда мешавад.
22. Ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддат, ки бо роҳхатҳои фармоишии мақомоти давлатии шуғли аҳоли касбомӯзи кардаанд, ҳуҷҷати ягона - шаҳодатномаи тахассуси дода мешавад.
23. Баъди хатми курс шаҳрванди бекор вазифадор аст барои таъминшави бо кор ба мақомоти давлатии шуғли аҳолии ҷойи истиқомат муроҷиат намояд.
24. Шаҳрвандоне, ки баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи бо ихтисоси нав гирифтаашон бо кор таъмин нашуданд, пас аз ду сол аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран ба тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзи фиристонида мешаванд.
III. Маблағгузории тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор
25. Маблағгузории тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағҳои хусусияти мақсаднок доштаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҷори намудани сиёсати давлатии шуғл пешбини шудаанд, ба амал бароварда мешавад.
26. Хароҷоте, ки барои тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор нигаронида шудаанд, асосан инҳоянд:
- хароҷоти музди меҳнати омӯзгорон, устоҳои таълими ва мутахассисони муассисаи таълими, ки ба раванди таълим ҷалб карда мешаванд;
- хароҷоти музди меҳнати ҳайати комиссияи имтиҳонии муассисаи таълими, инчунин омӯзгорон ва устоҳои таълими-истеҳсоли, ки дар гузаронидани имтиҳони хатмкуни иштирок мекунанд;
- хароҷоти иҷора ва нигоҳдории утоқҳои таълими, истеҳсоли, таҷҳизот, асбобҳо ва ашёҳои барои машғулиятҳои назарияви - амали зарур;
- хароҷоти нақлиёт ва истиқомат дар хобгоҳ;
- дигар хароҷоте, ки бевосита барои ташкили курсҳои тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор мувофиқи шартномаи байни мақомоти давлатии шуғли аҳоли ва муассисаи таълими пешбини карда мешаванд.
IV. Муқаррароти хотимавӣ
27. Мақомоти давлатии шуғли аҳоли доир ба фаъолияти худ дар самти тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор мувофиқи тартиботи муқарраршуда ба мақомоти дахлдор ҳисоботи омори пешниҳод мекунанд.
28. Мақомоти давлатии шуғли аҳоли ҳар сол самаранокии тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекорро таҳлил намуда, барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қоидаҳо бо мақсади баланд бардоштани сифати он таклиф пешниҳод менамояд.