ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ
Бо мақсади ба тартиб даровардан ва беҳтар намудани сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби ягонаи сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳар сол гурӯҳи кориро ба Мамлакати Арабистони Сауди барои бастани шартнома оид ба ташкил ва гузаронидани ҳаҷ фиристонад;
- қаблан шумораи ҳаҷравандагонро мутобиқи миқдори аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ҳаҷми квотаи муқаррарнамудаи Мамлакати Арабистони Сауди, ба маълумоти Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад.
3. Ташкил ва гузаронидани ҳаҷи умра низ танҳо ба салоҳияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дошта, он дар давоми сол баробари ворид гаштани аризаи шаҳрвандон барои анҷоми он дар асоси муқаррароти дохилии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
4. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарту тартиби адои маносики ҳаҷро бо истифодаи воситаҳои ахбори умум фаҳмонда диҳад.
5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро барои муташаккилона гузаронидани ҳаҷ таъмин намуда, барои фиристодани гурӯҳҳои кори ба Мамлакати Арабистони Сауди мусоидат намояд.
6. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" танҳо бо мувофиқаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии ҳоҷиёнро таъмин намояд.
7. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои ҳоҷиёнро ҳамчун мусофирати хусуси ба сафари хориҷа дар навбати аввал анҷом диҳад.
8. Ҳамаи хароҷот оид ба ташкил ва гузаронидани ҳаҷ нисбати шаҳрвандоне, ки хоҳиши ҳаҷ карданро доранд, аз ҳисоби онҳо ба воситаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
9. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ иҷрои саривақтии қарори мазкурро таъмин намояд.
10. Беэътибор дониста шаванд:
фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 1995 № 60-ф;
фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 1996 № 2-ф;
фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи 1997 № 5-ф;
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1997 № 437 "Дар бораи ба низом даровардани маъракаи омодаги ва гузаронидани ҳаҷ";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2002 № 489 "Дар бораи омодаги ва гузаронидани ҳаҷ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 декабри соли 2004 № 457
ш. Душанбе