Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1997, № 437 "Дар бораи ба низом даровардани маъракаи омодагӣ ва гузаронидани Ҳаҷ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2004с. № 457 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ба низом даровардани маъракаи омодагӣ ва гузаронидани Ҳаҷ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шавад:

- барои ташкил ва гузаронидани ҳаҷ ҳар сол бо дарназардошти мӯҳлати муайяншуда гурӯҳҳои кориро бо мақсади бастани шартнома ва муҳайё сохтани шароити зисти ҳоҷиён ба мамлакати Арабистони Саудӣ фиристонанд;

- барои сафари муташаккилонаи шаҳрвандон ҳангоми ба ҷо овардани ҳаҷи фарзӣ ва умра (бо пурра гардидани гурӯҳҳо), корҳои тадорукотиро ба анҷом расонад, хизмати тиббӣ ва амнияти сафари онҳоро ба инобат гирад (қарор аз 14.12.2002 № 489);

- қаблан шумораи ҳаҷравандагонро мутобиқи миқдори аҳолии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва квотаи Арабистони Саудӣ муайян намуда, ба маълумоти раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо расонад ва мувофқи ҳамин миқдор ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат пешниҳод намояд;

- якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази исломии ҷумҳурӣ шароити иҷрои маносики ҳаҷ тарзи анҷоми онҳоро бо истифодаи ахбори умум фаҳмонда диҳад;

- масъалаи хизматрасонии ҳоҷиёнро дар фурудгоҳҳо бо Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намуда, оид ба мусофирати ҳаҷравандагон бо он қарордод бандад. Барои имзо шудани қарордод оид ба алоқаи роҳи ҳавоӣ бо мақомоти марбута, аз ҷумла бо ширкати мазкур ва Арабистони Саудӣ мусоидат намояд;

- якуним моҳ қабл аз оғози маросими ҳаҷ қабули ҳуҷҷатҳоро қатъ намуда, дар вақташ барои гирифтани шиноснома, вазифаҳои дохили асноди заруриро ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муташаккилона гузаронидани ҳаҷ анҷом дода, ба фиристодани гурӯҳҳои корӣ ба мамлакати Арабистони Сауди ёрии амалӣ расонад.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои сафарии ҳаҷравандагонро ҳамчун мусофирати хусусӣ дар навбати аввал мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;

- тартиботи ҷамъиятиро дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд ва ҷойҳои дигар ҳангоми сафари ҳаҷравандагон ва бозгашти онҳо аз мамлакати Арабистони Саудӣ таъмин намояд;

сархати сеюми банди 3 хориҷ карда шуд (қарор аз 14.12.2002 № 489).

4.Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ иҷрои қарори мазкурро таъмин намояд (қарор аз 14.12.2002 № 489).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Э. Раҳмонов

аз 9 октябри соли 1997 № 437

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 3.12.2004 г.№ 457

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

ОБ УПОРЯДОЧЕНИИ ПОДГОТОВКИ И ПРОВЕДЕНИЯ ХАДЖА

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Уполномочить Комитет по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан:

- ежегодно осуществлять формирование и выезд рабочей группы в Саудовскую Аравию для заключения договора об условиях пребывания паломников по графику, установленному этой страной;

- осуществлять подготовительные работы по организованному выезду граждан на хадж и умра по мере укомплектования групп, включая группы выезжающих наземным транспортом, а также по обеспечению надлежащего медицинского обслуживания и безопасности передвижения паломников;

- определять количество паломников пропорционально численности населения областей, городов и районов республиканского подчинения и в пределах установленной квоты, определяемой Саудовской Аравией, представлять соответствующую разнарядку председателям областей, городов, районов и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан;

- совместно с Комитетом по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан и Исламским центром Республики Таджикистан разъяснять условия и порядок совершения хаджа через средства массовой информации;

- согласовывать вопросы обслуживания паломников государственной авиакомпанией "Точикистон", содействовать заключению договора между указанной авиакомпанией и соответствующими структурами Саудовской Аравии;

- за 1,5 месяца до начала хаджа прекращать приём документов и представлять их Министерству внутренних дел Республики Таджикистан для оформления паспортов и визовой поддержки;

2. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан по представлению Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить своевременную подготовку документов, необходимых для организованного проведения хаджа, и оказывать содействие отправке рабочих групп в Саудовскую Аравию.

3. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан:

- по представлению Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять первоочередное оформление выездных документов паломников, как совершающих частные зарубежные поездки;

- обеспечить должный общественный порядок в аэропортах городов Душанбе, Куляб, Худжанд при выезде и по возвращении паломников из Саудовской Аравии;

- принять все необходимые меры по проверке технического состояния автомобильного транспорта, используемого паломниками, направляющимися в Саудовскую Аравию наземным путем.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан            Э. Рахмонов

от 9 октября 1997 года, № 437

 г. Душанбе