ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 № 1174 "Дар бораи Стратегияи давлатии "Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият дар асоси Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои идоравии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таҳия карда, татбиқи онҳоро аз ҳисоби маблағҳои умумии вазорату идораҳо, корхонаҳо аз рӯи смета барои соли навбатии молияви, сарчашмаҳои ғайрибуҷети, кредитҳо, сармоягузориҳо ва грантҳо таъмин намоянд.
3. Ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва татбиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад .
4. Назорати татбиқи ин қарор ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули соҳа мебошад, гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 декабри соли 2004 № 468
ш. Душанбе