Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шароити саҳми иштироки Федератсияи Россия дар сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-1
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
бо изҳори ҳавасманди дар таҳкими ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои оби-барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути анҷом додани сохтмони Нерӯгоҳи оби-барқии (НОБ) Сангтӯда-1;
мутобиқи муқаррароти Замима ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба танзими ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия дар бобати қарзҳои давлати аз таърихи 09.12.2002 дар бораи пардохти пеш аз мӯҳлати қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия аз тариқи ба моликияти Федератсияи Россия вогузор намудани қисмҳои (узели) оптики-электронии "Норак", ки дар моликияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва равона кардани қисмати боқимондаи қарз барои маблағгузории сохтмони Нерӯгоҳи оби-барқии Сангтӯда-1 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе дар таърихи 16.10.2004 ба имзо расидааст;
қарори Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС (дар сатҳи сарони давлатҳо) № 131 аз таърихи 27 апрели соли 2003 ва № 169 аз 18 июни соли 2004-ро ба роҳбари гирифта;
ба мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар,
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Анҷом додани сохтмон ва дар оянда истифодаи муштараки НОБ-и Сангтӯда-1 (минбаъд мутобиқи матн "Лоиҳа") лоиҳаи инвеститсионии муштарак дар доираи ҳамкориҳои стратеги дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои оби-барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Моддаи 2
Ба мақсади сохтмон ва истифодаи минбаъдаи НОБ-и Сангтӯда-1 Ҷамъияти саҳҳомии тарзи кушода (минбаъд мутобиқи матн "Ҷамъият") созмон дода мешавад.
Моддаи 3
Тарафҳо лоиҳаи инвеститсиониро аз рӯи Принсипи тақсими маҳсулот вобаста ба саҳми Тарафҳо аз рӯи маблағи дар Ҷамъият гузоштаашон амали мекунанд ва маҳсулоти истеҳсолшуда моликияти ҳар яке аз Тарафҳо аз рӯи ҳаҷми саҳми гузоштаи он ба шумор меравад.
Моддаи 4
Тарафҳо Ташкилотҳои ваколатдорашонро ҷиҳати амали гардидани Лоиҳа муайян менамоянд.
Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ташкилоти ваколатдор аз ҷониби Тоҷикистон муаррифи мегардад.
Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи энергетики ва электриконии "ЕЭС Россия" ба ҳайси ташкилоти ваколатдор аз ҷониби Россия муаррифи мегардад.
Моддаи 5
Ташкилотҳои ваколатдори Тарафҳо дар мӯҳлати то 01 январи соли 2005 арзиши корҳои сохтмонии нотамоми НОБ-и Сангтӯда-1-ро, ки дар асоси экспертизаи мустақил муайян хоҳад гардид, мувофиқат менамоянд.
Моддаи 6
Ҷониби Тоҷикистон иштироки худро дар Лоиҳа аз тариқи вогузор намудани корҳои то кунун иҷрошудаи сохтмони нотамоми НОБ-и Сангтӯда-1 ба сармояи ойинномавии Ҷамъият таъмин менамояд.
Ҷониби Россия иштироки худро дар Лоиҳа ба тариқи зайл таъмин менамояд:
- бо соқит намудани қарзи ҷониби Тоҷикистон ба маблағи 50000000 (панҷоҳ миллион) доллари америкои мутобиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба танзими ӯҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия дар бобати қарзҳои давлати аз таърихи 09.12.2002 ва вогузории он ба саҳми иштироки Федератсияи Россия дар Лоиҳаи мазкур. Таърихи ворид намудани тағйирот ба феҳристи саҳмияҳои Ҷамъият, ки иштироки Федератсияи Россияро дар Ҷамъият инъикос менамояд, таърихи соқит намудани қарз хоҳад буд.
- бо ҷалби маблағҳои иловаги ба миқдори наздик ба 200000000 (дусад миллион) доллари америкои дар муддати чор сол аз таърихи аз ҷониби Тоҷикистон вогузор намудани корҳои сохтмонии нотамом - маҷмааи иншооти НОБ-и Сангтӯда-1 ба сармояи ойинномавии Ҷамъият.
Моддаи 7
Ҷониби Тоҷикистон, дар муддати се моҳ аз таърихи мувофиқат намудани арзиши корҳои анҷомшуда, тамоми корҳои сохтмонии нотамоми маҷмааи НОБ-и Сангтӯда-1-ро ба моликияти Ҷамъият ба ҳайси саҳм дар сармояи ойинномавии Ҷамъият, месупорад.
Моддаи 8
Тарафҳо дар мӯҳлати то 01 январи соли 2005 дар асоси шартнома бо Ҷамъият ҷалб намудани Ташкилоти ваколатдори ҷониби Россияро ба ҳайси Корфармои асл, ки корҳои муҳандиси, васл, танзим ва корандозиро "комилан" анҷом медиҳад, таъмин менамоянд. Корфармои асл корандозии иншоотро "комилан" дар муддати чор сол аз таърихи бастани шартнома таъмин менамояд.
Моддаи 9
Нашри (эмиссияи) саҳмияҳои Ҷамъият танҳо дар асоси мувофиқатҳои муштараки қарори Тарафҳо сурат хоҳад гирифт.
Моддаи 10
Ҷониби Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал ва қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи сармоягузории ҷониби Россияро таъмин менамояд, ҳамчунин барои Ҷамъият дастгирии давлати, дар ҳоли зарурат, аз тариқи қабули меъёрҳои ҳуқуқии додани имтиёзҳои андозбанди, гумруки ва дигар таҳсилоту имтиёзҳои лозимаро ҳангоми иҷрои Лоиҳа фароҳам меорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад:
таъмини бемамониати содироти нерӯи барқи истеҳсоли Ҷамъиятро тавассути шабакаҳои барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
фурӯши нерӯи барқро тибқи қарордодҳои бевосита ба истеъмолкунандангон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ба корхонаи алюминии Тоҷикистон.
Моддаи 11
Тарафҳо ҷалб намудани дигар ҷонибҳоро барои иштирок дар Лоиҳа имконпазир мешуморанд ва бобати имзои қарордодҳои бисёрҷонибаи байниҳукумати ва корпоративи дар асоси ин Созишнома кӯшишҳои лозимаро ба харҷ медиҳанд.
Моддаи 12
Ихтилофҳои назар ва масъалаҳои баҳсталаб, ки байни Тарафҳо дар робита ба тафсир ва/ё татбиқи ин Созишнома ба миён меоянд, аз тариқи машваратҳо ва гуфтушунидҳо, агар Тарафҳо тарзи дигари ҳалли онро мувофиқат накарда бошанд, ҳаллу фасл хоҳанд гардид.
Моддаи 13
Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ин Созишнома бо мувофиқати Тарафҳо ва дар шакли протоколҳои алоҳида сурат мегирад, ки он ҷузъи ҷудонашавандаи ин Созишнома хоҳад буд. Он протоколҳо аз таърихи гирифтани огоҳиномаи хатти дар бораи аз ҷониби Тарафҳо анҷом ёфтани расмиятҳои дохилидавлатии лозима барои эътибор пайдо кардани он ба ҳукми эътибор медароянд.
Моддаи 14
Ин Созишнома аз таърихи гирифтани охирин огоҳиномаи хатти дар бораи аз ҷониби Тарафҳо анҷом ёфтани расмиятҳои дохилидавлатии лозима барои эътибор пайдо кардани он ба ҳукми эътибор медарояд.
Ин Созишнома дар шаҳри Душанбе 16 октябри соли 2004 дар ду нусхаи асл ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ки эътибори яксон доранд, ба тахрир омад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия |