Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002, № 399 "Дар бораи Номгуи амалҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо боҷ муқаррар карда мешавад"

Санаи амалкуни: 02.10.2002

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2007 № 546 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгуи амалҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо боҷ муқаррар карда мешавад

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003 № 129)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи амалҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо боҷ муқаррар мегардад, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Муқаррар карда шавад, ки ҳаҷми боҷҳо бо доллари ШМА муайян гардида, аз рӯи қурбе, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар менамояд, бо асъори миллии сомонӣ пардохта мешавад.

Боҷҳои мазкурро шахсони воқеию ҳуқуқӣ, соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва мотосиклҳо мепардозанд ва ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

Даъватшавандагоне, ки барои тайёр намудан бо ихтисоси ронандаи воситаи нақлиёт ба муассисаҳои таълимии Ташкилоти мададгори мудофиа ҷалб карда мешаванд, аз пардохти боҷ барои муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт ва хизматрасониҳои пулакии ба ин вобастабудаи Бозрасии давлатии автомобилӣ озод мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003 № 129)

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи хизматрасониҳои пулакии Бозрасии давлатии автомобилӣ ва ҳаҷми тарифҳои чунин хизматрасониҳоро бо мувофиқаи Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1996 № 58 "Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи муваққатии боҷҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

аз 2 октябри соли 2002 № 399

ш. Душанбе