Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи меъёри (лимити) моҳонаи хароҷоти сӯзишворӣ ба як адад нақлиёти сабукрави хизматӣ ва истифодабарии нақлиёти шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2002 № 325)
Бо мақсади беҳтар истифода бурдани нақлиёти сабукрави хизматӣ ва муқаррар намудани меъёри устувори хароҷоти сӯзишворӣ ба нақлиёти сабукрави хизматӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барои вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва идораҳои тобеъи онҳо меъёри (лимити) моҳонаи хароҷоти сӯзишворӣ барои як адад нақлиёти сабукрави хизматӣ аз 1 январи соли 2002 ба андозаи зайл муқаррар карда шавад:
- муҳаррики махсусан хурд ва хурди ҳаҷми кории силиндраш аз 1,2 то 1,8 литр -170 литр;
- муҳаррики миёнаи ҳаҷми кории силиидраш аз 1,8 то 3,5 литр - 250 литр.
Лимити моҳонаи хароҷоти сӯзишворӣ барои истифодаи нақлиёти сабукрави хизматӣ дар муддати 5 рӯз дар як ҳафта ҳисоб карда шудааст. Ба роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) истифодаи нақлиёти сабукрави хизматиро дар муддати 6 ва 7 рӯз дар як ҳафта бо зиёдшавии меъёри моҳонаи хароҷот то 30 фоиз рухсат дода шавад.
2. Ҳангоми сафарҳои хизматӣ хароҷоти сӯзишвории як адад нақлиёти сабукрави хизматӣ мувофиқи варақаи сафар мутобиқ ба меъёри (лимити) хароҷоти сӯзишворӣ барои 100 километр ҳаракати нақлиёти навъи дахлдор, муайян карда шавад.
Барои автомашинаҳои навбатдор ва махсус хароҷоти сӯзишвории як адад нақлиёти сабукрави хизматӣ бо дарназардошти басти корӣ муқаррар карда шавад.
Хароҷоти иловагӣ дар доираи маблағҳои дар сметаи муассисаҳои дахлдор пешбинигардида анҷом дода шавад .
3. Андозаи ҷубронпулии истифодаи нақлиёти сабукрави шахсӣ барои сафарҳои хизматӣ дар як моҳ ба андозаи зайл муқаррар карда шавад:
- муҳаррики махсусан хурд ва хурди ҳаҷми кории силиндраш аз 1,2 то 1,8 литр - 25 сомонӣ;
- муҳаррики миёнаи ҳаҷми кории силиндраш аз 1,8 то 3,5 литд - 30 сомонӣ.
Корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ миқдори автомобилҳои сабукрави хизматиро мустақилона муайян мекунанд ва хароҷоти аз тарафи кормандон истифода гардидани автомобилҳои сабукрави шахсиашонро барои сафарҳои хизматӣ дар доираи ин меъёрҳо ба ҳисоби арзиши аслии маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои нигоҳдории автомобилҳои сабукрави шахсӣ ва ҷубронпулӣ ба кормандонашон дохил мекунанд.
Ҷубронпулӣ барои истифодаи нақлиёти сабукрави шахсии тамғаи хориҷӣ, ки дар сафарҳои хизматӣ истифода бурда мешавад, мувофиқи нишондиҳандаҳои техникӣ ва навъи нақлиёт пардохт карда мешавад.
4. Барои пардохти ҷубронпулӣ ба шахсоне, ки нақлиёти сабукрави шахсиро дар сафари хизматӣ истифода мебаранд фармони роҳбари вазорат, идора, ташкилот ва муассиса, ки дар он андозаи ҷубронпулӣ пешбинӣ шудааст, асос шуда метавонад.
Андозаи мушаххаси ҷубронпулӣ вобаста ба истифодабарии маҳсулноки нақлиёти сабукрави шахси дар сафарҳои хизматӣ муайян карда мешавад.
Кормандон барои гирифтани ҷубронпулӣ ба бухгалтерияи корхона, муассиса ва ташкилот нусхаи аз рӯи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи шиносномаи техникии нақлиёти шахсиро пешниҳод мекунанд.
5. Роҳбарони муассисаҳо ва муовинони онҳо, ки ҳуқуқ ба нигаҳдории лимити нақлиёти сабукравро доранд, вале воситаи нақлиёт надоранд, ҳуқуқ доранд, ки аз рӯи шартнома бо соҳибони воситаҳои нақлиёт аз рӯи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин қарор, ҷубронпулӣ пардозанд.
6. Ҷубронпулӣ як маротиба дар як моҳ сарфи назар аз миқдори рӯзҳои тақвимӣ пардохта мешавад. Ҷубронпулӣ дар вақти дар рухсатии меҳнатӣ, сафарҳои хизматӣ будан, дар вақти муваққатан ба кор набаромадани корманд ва бо дигар сабабҳо, ки нақлиёти шахсии вай истифода бурда намешавад, пардохта намешавад.
7. Хароҷоти пардохт барои ҷубронпулии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ки дар сафари хизматӣ аз нақлиёти сабукрави шахсӣ истифода мебаранд, дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор, ки барои ин мақсадҳо дар сметаи ин ташкилотҳо пешбинишуда амалӣ карда мешавад.
Пардохти ҷубронпулӣ ба роҳбарони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ бо иҷозати ташкилоти болоӣ анҷом дода мешавад.
8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1998 № 396 "Дар бораи меъёри хароҷот барои нигаҳдории нақлиёти сабукрави хизматӣ ва андозаҳои ҷуброни истифодабарии нақлиёти шахсӣ дар сафархои хизматӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 7 сентябри соли 2001 № 437
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи меъёри (лимити) моҳонаи хароҷоти сӯзишворӣ ба як адад нақлиёти сабукрави хизматӣ ва истифодабарии нақлиёти шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ
Бо мақсади беҳтар истифода бурдани нақлиёти сабукрави хизматӣ ва муқаррар намудани меъёри устувори хароҷоти сӯзишворӣ ба нақлиёти сабукрави хизматӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барои вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ва идораҳои тобеъи онҳо меъёри (лимити) моҳонаи хароҷоти сӯзишворӣ барои як адад нақлиёти сабукрави хизматӣ аз 1 январи соли 2002 ба андозаи зайл муқаррар карда шавад:
- муҳаррики махсусан хурд ва хурди ҳаҷми кории силиндраш аз 1,2 то 1,8 литр -170 литр;
- муҳаррики миёнаи ҳаҷми кории силиидраш аз 1,8 то 3,5 литр - 250 литр.
Лимити моҳонаи хароҷоти сӯзишворӣ барои истифодаи нақлиёти сабукрави хизматӣ дар муддати 5 рӯз дар як ҳафта ҳисоб карда шудааст. Ба роҳбарони вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) истифодаи нақлиёти сабукрави хизматиро дар муддати 6 ва 7 рӯз дар як ҳафта бо зиёдшавии меъёри моҳонаи хароҷот то 30 фоиз рухсат дода шавад.
2. Андозаи ҷубронпулии истифодаи нақлиёти сабукрави шахсӣ барои сафарҳои хизматӣ дар як моҳ ба андозаи зайл муқаррар карда шавад:
- муҳаррики махсусан хурд ва хурди ҳаҷми кории силиндраш аз 1,2 то 1,8 литр - 25 сомонӣ;
- муҳаррики миёнаи ҳаҷми кории силиндраш аз 1,8 то 3,5 литд - 30 сомонӣ.
Корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ миқдори автомобилҳои сабукрави хизматиро мустақилона муайян мекунанд ва хароҷоти аз тарафи кормандон истифода гардидани автомобилҳои сабукрави шахсиашонро барои сафарҳои хизматӣ дар доираи ин меъёрҳо ба ҳисоби арзиши аслии маҳсулот (корҳо, хизматрасонӣ) барои нигоҳдории автомобилҳои сабукрави шахсӣ ва ҷубронпулӣ ба кормандонашон дохил мекунанд.
Ҷубронпулӣ барои истифодаи нақлиёти сабукрави шахсии тамғаи хориҷӣ, ки дар сафарҳои хизматӣ истифода бурда мешавад, мувофиқи нишондиҳандаҳои техникӣ ва навъи нақлиёт пардохт карда мешавад.
3. Барои пардохти ҷубронпулӣ ба шахсоне, ки нақлиёти сабукрави шахсиро дар сафари хизматӣ истифода мебаранд фармони роҳбари вазорат, идора, ташкилот ва муассиса, ки дар он андозаи ҷубронпулӣ пешбинӣ шудааст, асос шуда метавонад.
Андозаи мушаххаси ҷубронпулӣ вобаста ба истифодабарии маҳсулноки нақлиёти сабукрави шахси дар сафарҳои хизматӣ муайян карда мешавад.
Кормандон барои гирифтани ҷубронпулӣ ба бухгалтерияи корхона, муассиса ва ташкилот нусхаи аз рӯи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи шиносномаи техникии нақлиёти шахсиро пешниҳод мекунанд.
4. Роҳбарони муассисаҳо ва муовинони онҳо, ки ҳуқуқ ба нигаҳдории лимити нақлиёти сабукравро доранд, вале воситаи нақлиёт надоранд, ҳуқуқ доранд, ки аз рӯи шартнома бо соҳибони воситаҳои нақлиёт аз рӯи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин қарор, ҷубронпулӣ пардозанд.
5. Ҷубронпулӣ як маротиба дар як моҳ сарфи назар аз миқдори рӯзҳои тақвимӣ пардохта мешавад. Ҷубронпулӣ дар вақти дар рухсатии меҳнатӣ, сафарҳои хизматӣ будан, дар вақти муваққатан ба кор набаромадани корманд ва бо дигар сабабҳо, ки нақлиёти шахсии вай истифода бурда намешавад, пардохта намешавад.
6. Хароҷоти пардохт барои ҷубронпулии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ки дар сафари хизматӣ аз нақлиёти сабукрави шахсӣ истифода мебаранд, дар доираи маблағҳои ҷудогардидаи муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдор, ки барои ин мақсадҳо дар сметаи ин ташкилотҳо пешбинишуда амалӣ карда мешавад.
Пардохти ҷубронпулӣ ба роҳбарони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ бо иҷозати ташкилоти болоӣ анҷом дода мешавад.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 1998 № 396 "Дар бораи меъёри хароҷот барои нигаҳдории нақлиёти сабукрави хизматӣ ва андозаҳои ҷуброни истифодабарии нақлиёти шахсӣ дар сафархои хизматӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 7 сентябри соли 2001 № 437
ш. Душанбе