Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи меъёри хароҷот барои нигоҳдории нақлиёти сабукрави хизматӣ ва андозаҳои ҷуброни истифодабарии нақлиёти шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ
Ба мақсади кам кардани хароҷоти харид ва нигаҳдории нақлиёти сабукрави хизматӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки корхонаҳо ва ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳо" мустақилона хароҷоти нигаҳдории нақлиёти сабукрави хизматӣ ва андозаҳои ҷуброни истифодабарии нақлиёти шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ муайян карда, ба арзиши аслии маҳсулот (корҳо, хизматрасониҳо) дохил менамоянд.
Аз рӯи қоида, танҳо роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳо, ҷонишинҳои онҳо ҳуқуқи истифодабарии нақлиёти сабукрави хизматиро доранд.
2. Барои идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ меъёри хароҷоти нигоҳдории нақлиёти сабукрави хизматӣ ва андозаҳои ҷуброни истифодабарии нақлиёти шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:
Меъёри хароҷоти нигоҳдории
нақлиёти сабукрави хизматӣ
дар як моҳ
(ба ҳисоби рубл)
Нақлиёти аз ҳад хурд ва хурд бо ҳаҷми
кории цилиндри ҳаракатдиҳанда аз 1.2.- 41,7 ҳазор рубл
то 1.8 литр
нақлиёти миёна бо ҳаҷми коррии
қилиндри ҳаракатдиҳанда аз 1.8 то
3.5 литр - 45,7 ҳазор рубл
Андозаҳои ҷуброни истифодабарии
нақлиёти шахсии хизмати якмоҳа
(ба ҳисоби рубл)
нақлиёти аз ҳад хурд бо ҳаҷми
коррии қилиндри ҳаракатдиҳанда
аз 1.2 то 1.8 литр 20,1 ҳазор рубл
нақлиёти миёна бо ҳаҷми коррии
қилиндри ҳаракатдиҳанда аз 1.8 то
3.5 литр 26,2 ҳазор рубл
Дар муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ҷубронпулӣ ба роҳбарон ва ҷонишинҳои онҳо, ки лимити (меъёри) нигоҳдории нақлиёти сабукрави хизматиро доранд, пардохта мешавад.
Ҷубронпулӣ барои истифодаи нақлиёти сабукрави шахсии тамғаи хориҷӣ дар сафарҳои хизматӣ аз рӯи се андоза, яъне аз рӯи нишондиҳандаҳои техникӣ ба кадом навъи (класси) автомобиль ин нақлиёт рост меояд, пардохта мешавад.
3. Фармони роҳбари корхона, ташкилот ва муассиса, ки дар он андозаи ҷубронпулӣ пешбинӣ шудааст, барои пардохти ҷубронпулӣ ба ашхосе, ки нақлиёти сабукрави шахсиро дар сафарҳои хизматӣ истифода бурдаанд, асос шуда метавонад.
Андозаи мушаххаси ҷубронпулӣ вобаста ба истифодабарии маҳсулноки нақлиёти сабукрави шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ муайян карда мешавад.
Кормандон барои гирифтани ҷубронпулӣ ба бухгалтерияи (муҳосиботи) корхона, муассиса ва ташкилот нусхаи аз рӯи тартиби қабулкардашуда тасдиқкардашудаи шиносномаи техникии нақлиёти шахсиро пешниҳод мекунанд.
4. Роҳбарони муассисаҳо ва ҷонишинҳои онҳо, ки ҳуқуқ ва лимити нигаҳдории нақлиёти сабукравро доранд, вале воситаи нақлиёт надоранд, ҳуқуқ доранд, ки аз рӯи шартнома бо соҳибони воситаҳои нақлиёт аз рӯи тартиб ва андозае, ки дар банди 1 ва 2-и ҳамин қарор омадааст, ҷубронпулӣ пардозанд.
5. Ҷубронпулӣ як маротиба дар як моҳ новобаста аз шумораи рӯзҳои тақвимӣ пардохта мешавад. Ҷубронпулӣ дар вақти дар рухсатии меҳнатӣ, сафари хидматӣ будан, дар вақти мувақкатан ба кор набаромадани корманд ва бо дигар сабабҳо, ки нақлиёти шахсии вай истифода бурда намешавад, пардохта намешавад.
6. Хароҷоти пардохт барои ҷубронпулии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ, ки дар сафарҳои хизматӣ аз нақлиёти сабукрави шахсӣ истифода мебаранд, дар худуди маблағҳои барои нигаҳдории нақлиёти сабукрави хизматӣ дар доираи сметаи (бароварди) муассисаҳо ва ташкилотҳои дахлдори барои ин мақсадҳо пешбинишуда, амалӣ карда мешавад.
Ба роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ ҷубронпулӣ бо иҷозата мақомоти идораи болоӣ пардохта мешавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 октябри соли 1998 № 396
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О нормах затрат на содержание служебных легковых автомобилей и размерах компенсации за использование личных автомобилей для служебных поездок
В целях сокращения расходов на приобретение и содержание служебных легковых автомобилей, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1.Установить, что хозрасчетные предприятия и организации в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О предприятиях" самостоятельно определяют и включают в себестоимость продукции (работ, услуг) затраты на содержание служебных легковых автомобилей и компенсацию своим работникам за использование ими личных легковых автомобилей для служебных поездок. Право на использование служебных легковых автомобилей, как правило, имеют только руководители предприятий и организаций и их заместители.
1. Для бюджетных учреждений и организаций установить нормы затрат на содержание служебных легковых автомобилей и размеры компенсации за использование личных легковых автомобилей на служебные поездки в следующих размерах:
Особо малых и малых с рабочим Нормы затрат на содержание
объёмом цилиндра двигателя служебных легковых автомо
от 1.2 до 1.8 литра билей в месяц (в рублах) 41,7 тыс. рублов
Средних с рабочим объёмом 45,7 тыс. рублов
цилиндра двигателя от 1.8 до 3.5
литра
Особо малых и малых с рабочим Размеры компенсации за
объемом цилиндра двигателя от использование личных
1.2 до 1.8 литра легковых автомобилей в служебных целях в месяц (в рублах) 20,1 тыс. рублов
Средних с рабочим объёмом 26,2 тыс. рублов
цилиндра двигателя от 1.8 до 3.5
литра
В бюджетных учреждениях и организациях компенсация выплачивается руководителям и их заместителям, имеющим лимит па содержание служебных легковых автомобилей.
Компенсация за использование для служебных поездок личного легкового автомобиля иностранных марок выплачивается в тех размерах, к какому классу автомобиля по своим техническим параметрам может быть приравнен этот автомобиль.
3. Основанием для выплаты компенсации лицам, использующим личные легковые автомобили для служебных поездок, является приказ руководителя предприятий, организации и учреждения, в котором предусматриваются размеры этой компенсации.
Конкретный размер компенсации определяется в зависимости от интенсивности использования личного легкового автомобиля для служебных поездок.
Для получения компенсации работники представляют в бухгалтерию предприятия, учреждения и организации копию технического паспорта личного автомобиля, заверенную в установленном порядке.
4. Руководители учреждений и их заместители, имеющие право и лимит на содержание служебного легкового автомобиля, но не имеющие транспортных средств, имеют право по договоренности с собственником автомобиля выплачивать компенсацию в порядке и размерах, установленных пунктами 1 и 2 настоящего постановления.
5. Компенсация выплачивается один раз в месяц независимо от количества календарных дней. За время нахождения работника в отпуске, командировке, невыхода его на работу вследствии временной нетрудоспособности, а также по другим причинам, когда личный автомобиль не эксплуатируется, компенсация не выплачивается.
6. Расходы на выплату компенсации работникам бюджетных учреждений и организаций, использующим для служебных поездок личные легковые автомобили, производятся в пределах ассигнований на содержание служебных легковых автомобилей, предусмотренных на эти цели по смете соответствующих учреждений, организаций.
Выплата компенсации руководителям бюджетных учреждений и организаций производится с разрешения вышестоящих органов управления.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 5 октября 1998 года, №396
г.Душанбе