ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ба миён меоянд, муайян намуда, ба ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳифзи муҳити зист, таъмини реҷаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи моликият ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ равона шуда, ба инкишофи илму техникаи атомӣ ва пойдор гаштани низоми байналмилалии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ мусоидат менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
танзими давлатӣ - фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар таҳия, тасдиқ ва татбиқи меъёр ва қоидаҳои бехатарии ядроиву радиатсионӣ, ба амал баровардани назорат ва додани иҷозатнома (литсензия) ба намудҳои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд;
назорат - амале, ки мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои истифодабаранда ба таври доимӣ барои тафтиши иҷрои талаботи меъёр, қоидаҳо ва дастуруламалҳо анҷом медиҳанд;
санҷиш - амале, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои тафтиши иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои иҷозатнома (литсензия) ва шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи салоҳияти худ ба мақсади танзими раванди истифодаи энергияи атомӣ анҷом медиҳад;
маҳали ҷойгиршавӣ - иншоот ва сохтмонҳои доимии махсус, ки барои нигоҳдории маводи радиоактивӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудаанд;
энергияи атомӣ - энергияе, ки дар ҷараёни табдилшавии ядроҳои атом хориҷ мегардад. Манбаи энергияи атомӣ энергияи дохилии ядрои атом мебошад, ки бо таъсири мутақобила ва ҳаракати протонҳо ва нейтронҳо дар дохили ядро алоқаманд аст;
истифодабарии энергияи атомӣ - энергияи атомӣ, ки ҳангоми амалӣ кардани реаксияҳои занҷирии ядроӣ ва термоядроии идорашавандаи намуди таркиш (бомбаи ядроӣ ва термоядроӣ), инчунин реаксияҳои идорашавандаи танзимкунии дараҷаи ҷудошавии энергияи (реакторҳои атомӣ) ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо дар зери истифодабарии энергияи атомӣ, ҳамчунин истифодаи энергияи коҳиши радиоактивии манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва моддаҳои радиоактивӣ фаҳмида мешавад;
партовҳои радиоактивӣ - мавод ва моддаҳои дар ҳар ҳолати дилхоҳи агрегатӣ, ки миқдор ва дараҷаи ғилзати (консентратсии) маводи радиоактивии ба андозаи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии муқарраркарда аҳамияти баланд дошта, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ ба вуҷуд омадаанд ва минбаъд қобили истифода нестанд;
ашёи махсуси ғайриядроӣ - ашёе, ки бо санадҳои зерқонунӣ вобаста ба талаботи низоми ҳуқуқии байналмилалии танзими содироти ядроӣ ҳамин тавр муайян шудаанд;
мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣдастгоҳҳо, таҷҳизот, технологияи ядроӣ, маводи радиоактивӣ, масолеҳи махсуси ғариядроие, ки барои истеҳсоли масолеҳи ядроӣ истифода мешаванд, манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, инчунин хизмати марбут ба онҳо;
сатҳи бозпас гирифтан - маҷмӯи андозаҳое, ки дар воҳидҳои фаъолият ифода ёфта, манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондор дар он воҳид ё камтар аз он метавонанд мувофиқи меъёрҳои амалкунанда аз назорат хориҷ карда шаванд;
ҳифзи физикии маводи ядроӣ ва таҷҳизоти ядроӣ - системаи ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва техникие, ки ба пешгирии дастрасии беиҷозати ашхос ба маводу таҷҳизоти ядроӣ равона шудаанд;
нигоҳдорӣ - ҷойгиркунии муваққатии маводи радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ, ки дар ҷойҳои махсуси омодагардида (аз ҷумла дар контейнерҳои махсус), ки имконияти баровардани онҳо барои истифода, коркард ё гӯронидан пешбинӣ шудааст;
ташкилоти истифодабаранда - ташкилоте, ки барои истифодаи энергияи атомӣ иҷозатномаи (литсензияи) мақоми ваколатдори давлатиро дорад;
бехатарии ядроӣ - хосияти объекти ядроӣ, ки бо эҳтимолияти муайян имконнопазир будани садамаи ядроиро таъмин менамояд;
дастгоҳҳои ядроӣ - реакторҳои ядроӣ, аз ҷумла реакторҳои истгоҳҳои атомӣ, асбобҳои кайҳонӣ ва парвозкунанда, воситаҳои нақлиёт, реакторҳои саноатӣ ва тадқиқотии таҷрибавӣ, стендҳои ядроӣ, ҳар гуна иншоот, маҷмӯаҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ барои истеҳсол, истифода, коркард, ҳамлу нақл ва ҷойгиркунии маводи ядроӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосӣ ва вазифаҳои танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Принсипҳои асосии танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ аз инҳо иборатанд:
- таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ, муҳофизати аҳолӣ ва муҳити зист аз хатари радиатсионӣ;
- дастрас, объективӣ ва сари вақтӣ будани иттилооти марбут ба истифодаи энергияи атомӣ ва таъсири он ба аҳолӣ ва муҳити зист ба шарте, ки ин иттилоот маълумоти сирри давлатӣ надошта бошанд;
- иштироки шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ (минбаъд ташкилотҳо), шахсони дигари ҳуқуқӣ дар муҳокимаи сиёсати давлатӣ, лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар фаъолияти амалӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ;
- манъи гӯронидани партовҳои радиоактивии давлатҳои дигар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини назорати давлатӣ ва санҷиши бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, инчунин аҳолие, ки дар минтақаи ҷойгиршавии онҳо зиндагӣ ва кор мекунанд;
- додани товони зараре, ки аз таъсири радиатсия расидааст.
2. Вазифаҳои асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ҳангоми анҷоми ҳамаи намудҳои фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:
- ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми идораи давлатии истифодаи энергияи атомӣ ва низоми танзими давлатии бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;
- муқаррар намудани ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон.
3. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади таҳия, сохтан, истеҳсол намудан, озмоиш, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани силоҳи ядроӣ қатъиян манъ аст.
Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Объектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ инҳоянд:
- дастгоҳҳои ядроӣ;
- маҳали нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, партовгоҳҳои радиоактивӣ, объектҳо ва иншооти доимие, ки барои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ ё барои гӯрондани партовҳои радиоактивӣ муқаррар шудаанд;
- маводи ядроӣ;
- партовҳои радиоактивӣ;
- манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунандаи бештар аз сатҳи бозпас гирифтан.
2. Субъектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ инҳоянд:
- мақоми ваколатдори давлатии танзиму назорат ва идоракунанда;
- ташкилотҳое, ки бо фаъолияти истифодаи энергияи атомӣ машғуланд, ҳамчунин ташкилотҳои тиббӣ, таълимӣ, тадқиқотӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ, аз ҷумла истихроҷи маъдан, коркард ва ғайраро дар бар мегиранд.
3. Амали ин қонун ба объектҳое, ки маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивиро бо миқдор ва фаъолнокӣ ва (ё) истихроҷи афканишоти иондоркунандаи бошиддат ё энергияашон дорои қимати камтар аз меъёрҳо ва қоидаҳои давлатӣ муқарраршударо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ доранд, барои онҳо иҷозати мақомоти давлатии танзимгари бехатарӣ ҳангоми иҷрои фаъолият бо объектҳои мазкур, дахл надорад.
Моддаи 5. Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Ба фаъолияте, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, мансубанд:
- ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, таъсис, истифода ва аз истифода гирифтани дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ ва маҳалҳои нигоҳдорӣ;
- муомила бо маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, аз он ҷумла ҳангоми ҷустуҷӯ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки чунин маводро доранд, дар истеҳсолот, ҳангоми истифода, коркард, ҳамлу нақл ва нигоҳдории маводи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;
- бурдани тадқиқотҳои илмӣ, иҷрои корҳо ва расонидани хидматҳо бо истифодаи энергияи атомӣ;
- ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ;
- омода кардани мутахассисон дар соҳаи истифодаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ;
- таъмини бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;
- баҳисобгирӣ ва назорат ба маводи ядроӣ, манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;
- содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технология ва таҷҳизот, моддаҳои махсуси ғайриядроӣ, мавод, технология ва таҷҳизоти дорои таъиноти дуҷониба, манбаъҳои афканишоти ионидоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ;
- назорат ба ҳолати радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамлу нақли транзитии маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омода кардан ва аттестатсияи мутахассисон ва кормандон.
2. Ҳамаи намудҳои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст, таҳти назорати доимии давлат ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 6. Моликият ба манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
Моликони манбаъҳои радиатсионӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ ва гӯрондани партовҳо танҳо шахсони ҳуқуқие новобаста аз шакли моликияташон буда метавонанд, ки иҷозатномаи (литсензияи) мақоми ваколатдори давлатиро оид ба ҳуқуқи кор кардан дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
БОБИ 2. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ
Моддаи 7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаҳои зерин муайян менамояд:
- танзими давлатии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ;
- санҷиш, назорат ва додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолият оид ба истифодаи энергияи атомӣ;
- таъсири радиатсионӣ ба кормандон ва аҳолӣ;
- санҷиши экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.
2. Вазифаҳо ва тартиби амали мақоми ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 8. Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ (минбаъд-мақоми ваколатдори давлатӣ) дар ҳудуди салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:
- ба Ҳукумат барои омода кардан ва тағйир додани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои истифодаи энергияи атомӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;
- дар асос ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёру қоидаҳоеро, ки фаъолияти марбут ба истифодаи энергияи атомиро танзим менамоянд, омода, муқаррар ва татбиқ намояд;
- ба намудҳои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, иҷозатнома диҳад;
- ба иҷрои меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ назорат барад;
- вобаста ба иҷрои салоҳиятҳои худ назорат анҷом диҳад;
- оид ба ҳолати радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ анҷом диҳад;
- баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунандаро амалӣ созад;
- аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон бе ягон маҳдудият маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои ҳалли вазифаҳои ба ӯҳдаи онҳо гузошташударо талаб намояд ва ба даст орад;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳалли масъалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидан ҷиҳати вайрон кардани Қонуни мазкур, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод супорад;
- бо мақомоти ваколатдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ дар масоили бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ва оид ба масъалаи паҳн накардани силоҳи атомӣ ва назорати маводи ядроӣ ҳамкорӣ анҷом диҳад.
Моддаи 9. Ҳуқуқи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ
Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ (роҳбарон, муовинҳои роҳбарон) ҳангоми иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ ҳуқуқ доранд:
- бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва санадҳое, ки фаъолияти онҳоро тавсиф менамоянд, бемамониат дастрасӣ дошта бошанд;
- фаъолияти шахсони ҳуқуқиеро, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, ҳангоми таҳдид ба амнияти аҳолӣ ё муҳити зист боздоранд ё дар бораи қатъи фаъолияташон масъала ба миён гузоранд.
Моддаи 10. Мустақилияти мақоми ваколатдори давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз дигар мақомоти иҷроия, ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба рушд ва истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад, мустақилияти маъмурию молиявӣ дорад.
2. Монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон роҳ дода намешавад.
БОБИ 3. ШАРТҲОИ ФАЪОЛИЯТ, КИ БО ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ АЛОҚАМАНДАНД
Моддаи 11. Додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст
Барои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман иҷозатнома дода мешавад.
Моддаи 12. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ
1. Ҳар гуна фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст, бо шарти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳимояи амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз таъсири зарарноки афканишоти иондор анҷом дода мешавад.
2. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ аз ҷониби ташкилотҳои истифодабаранда мутобиқи меъёру қоидаҳои муқарраршуда таъмин карда мешавад.
Моддаи 13. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
1. Таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ дар ҳама давраҳои истеҳсолот, бунёд кардани объектҳо, ба истифода додан ва аз истифода гирифтани объектҳое, ки дар онҳо бо маводи радиоактивии ядроӣ амалиёт гузаронида мешавад, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо, амалӣ карда мешавад.
2. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз тарафи ташкилотҳои истифодабаранда таъмин мегардад. Назорати таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
3. Барои иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ метавонад мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти хадамоти амният ҷалб карда шаванд.
Моддаи 14. Талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
1. Талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бо меъёру қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ анҷом дода шавад.
3. Дар сурати наандешидани тадбирҳо барои иҷрои талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ истифодаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдорӣ, ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна фаъолият оид ба истифодаи маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, ки дар ҳар гуна шакл ва дар ҳар кадом марҳилаи истеҳсол, истифода, коркард, ҳамлу нақл ё нигоҳдорӣ қарор доранд, манъ аст.
Моддаи 15. Баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда
1. Маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз тарафи давлат ба ҳисоб гирифта шуда, мавриди назорат қарор дода мешаванд. Бо ин мақсад мақоми ваколатдори давлатӣ низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда таъсис медиҳад.
2. Низомҳои давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда миқдори воқеии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ҷойи нигоҳдорӣ, пешгирии гумшавӣ, истифодаи бераводид ва дуздӣ, пешниҳоди иттилооти фаврӣ дар хусуси мавҷудият ва интиқоли маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ҳамчунин маълумот дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардан ва гӯронидани манбаъҳо, оид ба содирот ва воридоти манбаъҳо ва маводи ядроӣ ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дар шартномаҳои байналмилалӣ пешбинишуда аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар таъмин месозанд.
3. Ташкилоти истифодабаранда, ки ба истифодаи маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолият анҷом медиҳад, баҳисобгирии онҳо ва пешниҳоди маълумоти боэътимодро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд.
4. Тартиби ташкили низомҳои давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 16. Талаботи асосии бехатарӣ ҳангоми интихоби майдончаю бунёди дастгоҳҳои ядроӣ ва маҳалҳои нигоҳдорию гӯронидани маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
1. Интихоби майдончаю бунёди дастгоҳҳои ядроӣ, маҳалҳои нигоҳдорию гӯронидани маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд дар асоси меъёру қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва ҳифзи муҳити зист амалӣ карда шавад.
2. Қарор дар хусуси бунёди дастгоҳи ядроию маҳали нигоҳдорӣ ва гӯронидани маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳолатҳои зерин қабул менамояд:
- талабот ба онҳо барои ҳалли вазифаҳои хоҷагидории мамлакат ва манотиқи алоҳидаи он;
- мавҷудияти шароити зарурӣ, ки ба меъёру қоидаҳои истифодаи энергияи атомӣ барои ҷойгир - кардани ин объектҳо ҷавобгӯ мебошад;
- набудани таҳдиди бехатарии объектҳои мазкур аз тарафи объектҳои наздик ҷойгиршудаи шаҳрвандӣ ва низомӣ;
- оқибатҳои имконпазири иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷойгир кардани объектҳои мазкур барои рушди саноат, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маишии минтақа.
3. Санадҳои лоиҳавии объектҳои мазкур ба таври ҳатмӣ аз таҳқиқи экологӣ, беҳдоштӣ ва техникӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 17. Талаботи асосӣ ба ташкилоти истифодабаранда
1. Ташкилоти истифодабаранда барои бехатарии дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда, маҳали ҷойгирӣ, ҳамчунин барои муносибати даркорӣ бо маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ масъулияти пурра ба зимма дорад.
2. Масъулият барои бехатарии дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда, маҳали нигоҳдорӣ, ҳатто дар ҳолати қатъ гардидани амали иҷозатнома то интиқоли объектҳои мазкур ба дигар ташкилоти истифодабаранда ё гирифтани иҷозатномаи нав боқӣ мемонад.
3. Ташкилоти истифодабаранда ӯҳдадор аст:
- дорои захираҳои зарурии молиявӣ, моддию техникӣ ва кормандон бошад, ки барои таъмини бехатарӣ дар ҳама давраҳои фаъолият ҳангоми истифодаи объектҳои энергияи атомӣ кофианд;
- барои иҷрои корҳо ҷиҳати аз истифода гирифтани объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, рекултиватсияи масоҳати гӯронидани партовҳои радиоактивӣ, бартараф кардани оқибати ҳолатҳои садамавӣ, ҷуброни зарар ба саломатӣ ва ҳаёти одамон ва муҳити зист, ҳамчунин амволи шаҳрвандон ва ташкилотҳо тадбирҳо пешбинӣ созад ва бо маблағ таъмин намояд.
4. Ташкилоти истифодабаранда инҳоро таъмин менамояд:
- истифодаи дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда ва маҳали нигоҳдорӣ танҳо барои ҳамон мақсадҳое, ки онҳо таъин гардидаанд;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳия ва иҷрои барномаҳо, таъмини сифат дар ҳамаи давраҳои ба истифода додан, истифода намудан ва аз истифода гирифтани дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунандаи маҳали нигоҳдорӣ;
- таҳия ва татбиқи чораҳои омодагии садама ва тадбирҳои зиддисадама дар дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда ва маҳали нигоҳдорӣ ҳамчунин чораҳо оид ба кам кардани оқибатҳои манфии садама барои кормандони объектҳои мазкур, аҳолӣ ва муҳити зист;
- баҳисобгирии дозаи инфиродии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва татбиқи ҳуқуқи онҳо барои ҷуброн;
- суғуртаи кормандон ва дар сафари хизматӣ қарордоштагон аз хавфи таъсири радиатсия аз ҳисоби худ;
- анҷом додани салоҳиятҳои дигар, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.
5. Кормандони ташкилоти истифодабаранда бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, аз санҷиши тахассусӣ мегузаранд.
БОБИ 4. Содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Моддаи 18. Анҷом додани содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ интиқол, харид ё фурӯш ё интиқоли ғайритиҷоратиро дар бар мегирад, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ назорат карда мешавад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 19. Тартиби амалӣ гардонидани содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Тартиби амалӣ гардонидани содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технология, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ядроӣ, маводи махсуси ғайриядроӣ, манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, маводи радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 5. Ҳуқуқу ӯҳдадории шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо
Моддаи 20. Ҳуқуқи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ҳуқуқ доранд:
- тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодаи энергияи атомӣ ва васоити ахбори умум дар хусуси бехатарии объектҳои бунёдашон пешбинишуда, лоиҳакашидашуда, бунёдшаванда, истифодашаванда ва аз истифода гирифташудаи энергияи атомӣ, дар бораи назорати амалишавандаи ҳолати радиатсионӣ дар маҳалҳое, ки онҳо истиқомат мекунанд ё кор менамоянд, ҳамчунин дар хусуси дозаи шуоъгирӣ маълумот ба даст оранд;
- дар баррасии сиёсат, лоиҳаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ иштирок намоянд;
- таҳқиқи экологии ҷамъиятии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва назоратро аз болои вазъияти радиатсионии муҳити зист мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;
- бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо тартиби муқарраршуда аз дастгоҳҳои ядроӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ ва гӯронидан дидан намоянд;
- барои ҷуброни ҳисороту зиёне, ки дар натиҷаи садамаи ядроӣ ё радиатсионӣ ба онҳо расидааст, аз ҳисоби ташкилоти истифодабаранда, ки ба ин садама роҳ додааст.
Моддаи 21. ӯҳдадории шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо ӯҳдадоранд қонунгузориеро, ки истифодаи энергияи атомиро танзим менамояд, риоя намуда, талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, ҳамчунин талаботи шахсони мансабдори ташкилотҳо оид ба истифодаи энергияи атомиро иҷро намоянд.
Моддаи 22. Суғуртакунӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Шаҳрвандон ва моликияти онҳо аз эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ аз ҳисоби соҳибмулк ва ё истифодабарандаи энергияи атомӣ ҳатман суғурта карда мешаванд. Пардохти суғуртапулӣ новобаста аз маблағи супоридашуда ба амал бароварда мешавад. Тартиб ва шартҳои суғуртаи шаҳрвандон ва моликияти онҳоро аз эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 23. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ расидааст
1. Зарари ба саломатии шаҳрвандон расонидашуда, ҳамчунин фавти онҳо дар натиҷаи истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ бояд аз ҳисоби расонандаи зарар дар ҳаҷми пурра бо назардошти дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатии зарардида, хароҷот барои табобати вай, барқарорсозии саломатӣ, парастории бемор, кӯмакпулиҳои таъиншуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонандагони зарар ҷуброни пурраи зиёни молии вобаста ба истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ аз ҷониби ташкилотҳо ва шаҳрвандон расида ва хароҷоти ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияти онҳо ва шахсони алоҳидаро, ки дар корҳои садамавию наҷотбахшӣ ва бартараф кардани оқибатҳои истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ иштирок намудаанд, талаб намоянд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии гунаҳкори истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ ӯҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари ба замин, об, олами набототу ҳайвонот расонидашуда, аз ҷумла хароҷоти рекултиватсияи замин ва барқарорсозии ҳосилхезии табиии заминро ҷуброн намоянд.
Моддаи 24. Тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон дар манотиқи ҷойгиршавии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия ва маҳалҳои нигоҳдории онҳо
Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди манотиқи мушоҳидаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия ё маҳалҳои нигоҳдорӣ истиқомат мекунанд, кору фаъолият анҷом медиҳанд ё хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, ба ҷуброни иҷтимоию иқтисодӣ барои омилҳои иловагии хавф ё барои шароити махсуси истиқомат, анҷом додани кору фаъолият ё адои хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Навъ, андозаи ҷубронҳои мазкур ва тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро дар вобастагӣ аз навъ ва тавсифи амнияти объекти истифодаи энергияи атомӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. Тартиби пешниҳоди ҷубронҳои мазкур ва тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар месозад.
БОБИ 6. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 25. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Агар мутобиқи санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, назар ба он меъёрҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи энергияи атомӣ мавҷуд аст, меъёрҳои дигар муқаррар шуда бошад, дар ин сурат меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ истифода мегарданд.
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
9 декабри соли 2004 № 69