Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 сентябри соли 1998 № 364
тасдиқ шудааст
Низомномаи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилии боркашонҳои байналхалқии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Низомномаи мазкур тартиби таъсис ва фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилии боркашонҳои байналхалқии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
1.2. Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар заминаи моддию техникии корхонаҳои нақлиёти автомобилии ғайрифаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби боркашонҳои автомобили ва нақлиёти автомобилии боркашони, ки дар асоси баробарҳуқуқи, ба бор ва мусофиркашонии автомобилии байналхалқи ҷалб карда шудаанд, сарфи назар аз мақоми ҳуқуқии онҳо, таъсис дода мешаванд.
1.3. Аз лаҳзаи тасдиқ намудани ҳамин Низомнома ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили шахси ҳуқуқи буда, дар асоси худмаблағгузори ва худтаъминкуни амал мекунанд, дорои баланси мустақил ва амволи махсус, ҳуқуқи амволи ва ғайриамволии шахси мебошанд, масъулиятро ба зима доранд, дар суд ва Суди олии иқтисоди даъвогар ва ҷавобгар буда метавонанд.
1.4. Фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили тибқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур анҷом дода мешавад.
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИ ВА МӯҲТАВОИ ФАЪОЛИЯТ
2.1. Мақсадҳои асоси ва мӯҳтавои фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили иборатанд аз:
- ташкили боркашонии автомобилии байналхалқи ва мутамарказ сохтани воситаҳои нақлиёти артомобили, ки барои бор ва мусофиркашони дар робитаҳои байналхалқии автомобили ҷалб шудаанд ва хизматрасониҳои нақлиётию экспедитсионии вобаста ба он;
- намояндагии манфиатҳои аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар ташкилотҳои байналхалқи ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъсиси базаҳои нақлиёти автомобили барои нақлиёти боркаше, ки боркашонии байналхалқиро анҷом медиҳанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудаанд;
- иҷрои талаботи Иттиҳоди байналхалқии нақлиёти автомобили дар мавриди дар ҳайъати ташкилоти кафолатноки милли (Ассотсиатсияи боркашонҳои байналхалқии автомобилии Тоҷикистон "АВВАТ") мавҷуд будани на камтар аз 25% шумораи умумии воситаҳои нақлиёти автомобили, ки дар боркашониҳои байналхалқии автомобили ҷалб шудаанд;
- таъмин бо асноди меъёри ва дигар асноде, ки барои анҷом додани боркашониҳои байналхалқии автомобили заруранд;
- суғуртаи боркашонҳои автомобили, воситаҳои нақлиёти автомобили, бор, мусофирон ва ғайра;
- бақайдгирии ҳатмии боркашонҳои автомобилии Тоҷикистон, ки бор ва мусофиркашонии байналхалқиро тавассути нақлиёти автомобили анҷом медиҳанд;
- таъсиси воҳидҳои сохтори ва филиалҳо дар ҳама минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- анҷом додани ҳама гуна навъи фаъолияте, ки барои боло бурдани самарабахши ва хушсифатии боркашонии байналхалқии автомобили мусоидат мекунанд ва хилофи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад.
3. АЪЗОИ ШИРКАТҲОИ ЭКСПЕДИТСИОНИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
3.1. Ба ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили метавонанд аъзои ҳақиқи ва ассотсиатсияшуда дохил шаванд;
- корхонаҳои давлати, хусуси, муштарак, хориҷи, ҷамъиятҳои саҳоми ва ашхоси воқеи, ки дар баланси худ воситаҳои нақлиёти автомобили доранд ва мунтазам бор ва мусофиркашонии байналхалқиро тавассути нақлиёти автомобили анҷом медиҳанд, метавонад аъзои ҳақиқии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили бошанд;
- аъзои ассотсиатсияшудаи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили - ташкилот ва ашхоси алоҳидае буда метавонанд, ки тибқи фаъолияти хеш бо нақлиёти автомобили - ташкилот ва ашхоси алоҳидае буда метавонанд, ки тибқи фаъолияти автомобили алоқаманданд ва қодир ҳастанд дар татбиқи мақсадҳои ширктҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили мусоидат намоянд;
3.2. Қабул ба узвияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар асоси мактубҳои дастаҷамъи ё аризаи шахси, воқеи бо замимаи нусхаи асноди зарурии зайл анҷом дода мешавад:
- шиноснома ё (Оинномаи кррхона);
- шаҳодатнома дар мавриди ба қайд гирифта шудани воситаи нақлиёт (Паспорти техникии воситаи нақлиёти автомббили);
- ҳуҷҷати ронандаги.
3.3. Мактуби дастаҷамъи ё аризаи шахси алоҳида дар мавриди қабул ба узвият аз ҷониби роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили мавриди барраси қарор дода мешавад. Дар сурати қабул ба узвият роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили бо соҳиби воситаи нақлиёт ё бо корхонае, ки ба бор ва мусофиркашонии байналхалқии автомобили машғул аст, шартнома-қарордод мебандад.
3.4. Дар шартнома - қарордод, ки байни ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ва аъзои он ба имзо расидааст, масъалаҳои шароити меҳнат, номгӯи асноди зарури, тартиби ҳисоббаробаркунии мутақобила, ӯҳдадориҳои муштарак ва дигар шартҳое, ки барои дар асоси баробарҳуқуқи анҷом додани боркашониҳои байналхалқии автомобили заруранд, тавзеҳ дода мешаванд.
3.5. Аъзои ҳақиқии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ҳуқуқ доранд:
- дар ҷаласаҳои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили бо ҳуқуқи овоз иштирок намоянд;
- роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилиро интихоб намоянд ва ба он интихоб шаванд;
- ба баррасии роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили пешниҳод манзур доранд;
- тибқи тартиби дар навбати аввал ва дар асоси нмтиёзнок, ҷиҳати анҷом додани боркашони ва мусофиркашонии байналхалқи тавассути нақлиёти автомобили асноди заруриро ба даст оранд.
3.6. Аъзои ҳақиқии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ӯҳдадоранд:
- дар татбиқи вазифаҳои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили фаъолона иштирок намоянд;
- ҳиссаи дохилшави ва ҳақулузвиятро пардозанд, дигар ӯҳдадориҳои моддиро, ки аз фаъолияташон дар ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили бармеояд, анҷом диҳанд.
3.7. Аъзои ассотсиатсияшудаи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили метавонанд:
- дар маҷлисҳои умумии аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили иштирок намоянд ва бидуни иштирок дар овоздиҳи ақидаи хешро оид ба масъалаҳои мавриди барраси қарордошта баён намоянд;
- ба роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ҷиҳати барраси пешниҳод манзур доранд;
- аз хизматрасонии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти абтомобили тибқи тартиби имтиёзнок истифода баранд.
3.8. Аъзои ассотсиатсияшудаи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили вазифадоранд, ҳиссаи дохилшави ва ҳақулузвиятро пардозанд.
3.9. Муқаррар намудани ҳиссаи дохилшави ва ҳақулузвият, инчунин мӯҳлати пардохти онҳо, дар маҷлиси Шӯрои ассотсиатсия барраси гардида, дар қарордодҳое, ки байни ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ва аъзои он ба имзо мерасанд, тавзеҳ дода мешавад.
Аъзои Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили, ки ҳақулузвиятро сари вақт насупоридаанд, ҳуқуқ надоранд, аз хизматрасонии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар навбати аввал ва ба таври имтиёзнок истифода баранд.
3.10. Ҳар як узви ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ҳуқуқ дорад, аз ҳайати он барояд, ба шарте ки дар мӯҳлати на дертар аз 2 моҳ ба роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар мавриди қарори худ огоҳиномаи хатти пешниҳод намояд.
Узвият дар ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили метавонад бо қарори роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар сурати дар тӯли 3 моҳи муқарраргардида напардохтани саҳм қатъ гардад.
4. ИДОРИИ ШИРКАТҲОИ ЭКСПЕДИТСИОНИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
4.1. Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ҳамчун ташкилоти асоси дар шаҳри Душанбе таъсис дода мешаванд.
4.2. Корхонаҳои фаръи ва сохторҳои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
4.3. Мақоми идораи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили роҳбарияти он ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби Роҳбарияти Ассотсиатсия байналхалқии боркашонҳои автомобилии Тоҷикистон (АВВАТ) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили аз Сардор ва муовини Сардор иборатанд.
4.4. Роҳбарияти корхонаҳои фаръи ва воҳидҳои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили бо мувофиқаи роҳбарияти Ассотсиатсия аз ҷониби Сардори ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили таъин карда мешаванд.
4.5. Вазифаҳои зайл таҳти роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили қарор доранд:
- қабули аъзои нави ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ва қатъи узвият;
- тасдиқи барномаи фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили;
- дар амал татбиқ намудани қарорҳои қабулгардида;
- пешбурди баҳисобгирии молияви ва ҳисоботдиҳи;
- таҳия ва тасдиқи маводи ҳидояти, низомнома дар бораи воҳидҳои сохтории ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ва филиалҳои он;
- ҳалли дигар масъалаҳое, ки ба баррасии Маҷлиси умумии аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили пешниҳод карда мешаванд.
4.6. Маҷлиси умумии аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои барои барраси пешниҳодшударо ҳаллу фасл менамояд. Қарорҳои Маҷлиси умуми аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили бо аксарияти овози аъзои ҳақиқии иштирокдошта қабул гардида, барои тасдиқ ба роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили пешниҳод карда мешаванд. Ҷаласаҳои навбатии Маҷлиси умуми аз ҷониби роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили на камтар аз як маротиба дар як сол даъват карда мешавад.
4.7. Дар фаъолияти хеш Маҷлиси умумии аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ба роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ҳисоботдиҳанда (тобеъ) мебошад.
4.8. Сардори ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили роҳбарии умумии фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилиро анҷом медиҳад ва бо ин мақсад:
- тамоми амалеро, ки барои ҳалли масъалаҳои дар назди ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили гузошташуда заруранд, ба ғайр аз онҳое, ки мутобиқи Ойинномаи Ассотсиатсия таҳти салоҳияти он қарор дорад, анҷом медиҳад;
- дар мавриди ҳамкори шартнома, қарордод ва созишномаҳо ба имзо мерасонад, воҳидҳои сохтори ва филиалҳо таъсис медиҳад, роҳбарони онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (бо мувофиқа бо роҳбарияти Ассотсиатсия);
- дар муносибатҳои мутақобила бо сохторҳои мухталифи мақомоти давлати ва дигар ташкилотҳо ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилиро намояндаги мекунад.
Дар идории хеш ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ба роҳбарияти Ассотсиатсия ҳисоботдиҳанда (тобеъ) мебошад.
4.9. Ҳангоми ғайриҳозирии Сардори ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили вазифаҳои ӯ ба зиммаи муовини Сардор гузошта мешаванд.
4.10. Сметаҳои хароҷоти маъмурию хоҷаги ва тиҷоратию амалиёти, сохтор, шумора ва ҳаҷми пардохти музди меҳнати кормандони ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили аз ҷониби роҳбарияти Ассотсиатсия барраси гардида, онро Сардор тасдиқ менамояд.
5. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
5.1. Ширкатҳои экспсдитсионии нақлиёти автомобили фаъолияти байналхалқиро дар соҳаи бор ва мусофиркашонии автомобили анҷом медиҳанд. Бо ин мақсад ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили заминаи меъёрию аснодиро ташаккул медиҳанд.
5.2. Дар фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ташкилотҳои хориҷи, корхонаҳои муштарак, ширкатҳо ва фирмаҳо, ки вобаста ба фаъолияти хеш бо бор ва мусофиркашонии байналхалқии автомобили тавассути нақлиёти автомобили алоқаманд мебошанд, иштирок карда метавонанд.
Ҳамзамон метавонад системаи ягонаи идории ҳам фаъолият ва ҳам заминаи молиявию моддии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ташаккул ёфта, инчунин мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷи корхонаҳои муштарак таъсис дода шаванд.
5.3. Бо мақсади татбиқи вазифаҳои хеш ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили метавонад дар асоси созишномаҳое, ки роҳбарияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ба имзо расонидаанд, намояндагиҳои худро дар кишварҳои хориҷи ташкил диҳанд.
6. МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛАИ ШИРКАТҲОИ ЭКСПЕДИТСИОНИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ БО АССОТСИАТСИЯИ "АВВАТ"
6.1. Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили мутобиқи банди
9.1. Ойинномаи ассотсиатсия аъзои ҳақиқии он мебошад.
6.2. Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ба ассотсиатсия саҳми дохилшави ва ҳаққулузвияти ҳарсоларо мегузаронад, ки андоза ва мӯҳлати пардохти он дар ҷаласаи Шӯрои ассотсиатсия барраси мегардад.
6.3. Ассотсиатсияи "АВВАТ" бо мақсади рушди ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили:
- дар ҳалли масъалаҳои бамиёномада ёрии амали мерасонад;
- ёрии молияви мерасонад;
- оид ба шартҳои асосии ҳаракати роҳ ва назорати гумруки ҳангоми иҷрои бор ва мусофиркашонии байналхалқии автомобили маълумоти оперативи пешниҳод менамояд;
- дар барқарор намудани ҳамкориҳои мутақобила бо ташкилотҳои ватанию хориҷи, ки тибқи фаъолияти хеш бо боркашонии байналхалқии автомобили алоқаманданд, мусоидат менамояд.
6.4. Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ҳамчун узви ҳақиқии ассотсиатсия:
- барои татбиқи вазифаҳои ассотсиатсия фаъолона мусоидат менамоянд;
- дар чорабиниҳое, ки бо қарори роҳбарияти ассотсиатсия доир мегарданд, фаъолона ширкат меварзанд;
- сари вақт саҳми дохилшави ва ҳаққулузвиятро месупоранд;
- ҳама гуна иттилоеро оид ба фаъолияти хеш, ки ассотсиатсия талаб намудааст, пешниҳод мекунанд;
- дигар ӯҳдадориҳое, ки аз фаъолияташ дар ассотсиатсия бармеояд, иҷро мекунанд.
7. АМВОЛ ВА ВОСИТАҲОИ ШИРКАТҲОИ ЭКСПЕДИТСИОНИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
7.1. Манбаи Ташаккули амволи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили аз воситаҳои моддию техникии хоҷагиҳои нақлиёти автомобилии аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили иборатанд.
7.2. Воситаҳои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили инҳо эътироф карда мешаванд:
- маблағҳои воридоти аз пардохти хизматрасониҳо;
- саҳмҳои пулию молии аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили;
- кредити бонкҳо ва дигар кредиторон;
- саҳмҳои билоиваз ва башардӯстонаи ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандон;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории ҷории, Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нанамудааст.
8. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲӢ, МАСЪУЛИЯТИ ШИРКАТҲОИ ЭКСПЕДИТСИОНИИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ
8.1. Баҳисобгирии муҳосибави дар ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории ҷори сурат мегирад. Ташкили муомилоти асноди дар ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ва воҳидҳои сохтори, филиал ва намояндагиҳо аз ҷониби роҳбарияти Ассотсиатсияи "АВВАТ" муқаррар карда мешавад.
8.2. Соли молияви аз 1 январ то 1 январи соли дигар ба ҳисоб меравад.
Пас аз хатми ҳар сол ҳисоботи солона ва баланси ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили таҳия мегардад.
8.3. Ҳисоботи солона ва баланс, инчунин ҳаҷми даромад аз ҷониби Комиссияи тафтишоти, ки аз ҳисоби аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили таъсис ва аз ҷониби роҳбарияти Ассотсиатсияи "АВВАТ" тасдиқ мегардад, тафтиш карда мешавад.
8.4. Тафтиш ва санҷиши фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили аз ҷониби Комиссияи тафтишоти, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун аз ҷониби ташкилотҳои молияви дар доираи салоҳияташон анҷом дода мешавад. Тафтиш ва санҷиш набояд назми маъмулии фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобилиро халалдор созад.
8.5. Андозбандии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили мутобиқи қонунҳои ҷории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Аъзои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили дар мақомоти андози маҳалли истиқомати худ аз қайди ҳатми мегузаранд.
8.6. Ширкотҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили оид ба қарз дар доираи фонди ойинномави бо амволи худ, ки аз он мутобиқи қонунгузории ҷори ситонидани пардохт сурат гирифтанаш мумкин аст, масъулиятро ба зима дорад.
8.7. Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили оид ба қарзҳои давлат ва давлат оид ба ӯҳдадориҳои ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ҷавобгар намебошанд.
9. ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО
9.1. Мутобиқи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистои ҳангоми ба миён омадани зарурат ба ба Низомнома тағйирот ва иловаҳоеро, ки Шӯрои ассотсиатсия тасдиқ намудааст, дохил карда шуданаш мумкин аст.
10. ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТ
10.1. Ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили фаъолияти худро мутобиқи қарори роҳбарияти Ассотсиатсияи "АВВАТ" ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ менамоянд.
10.2. Қатъи фаъолияти ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили бо роҳи азнавташкилдиҳи (ҳамроҳшави, якҷошави, ҷудошави) ё барҳамдиҳии он сурат мегирад. Ҳангоми азнавташкилдиҳии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили тамоми ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои марбути ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили ба ворисони ҳуқуқии он мегузаранд. Барҳамдиҳии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
10.3. Воситаҳои мавҷудаи ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили, аз ҷумла маблағи ҳангоми барҳамдии аз фурӯши амволи он бадастомада баъди ҳисоббаробаркуни бо буҷет, бонкҳо ва дигар кредиторон ба Ассотсиатсияи "АВВАТ" интиқол дода шуда, барои мақсадҳои он тақсим мегардад.
10.4. Ҳангоми барҳамдиҳии ширкатҳои эспедитсионии нақлиёти автомобили мутобиқи қоидаҳои муқарраршуда тамоми асноди он ҷиҳати ҳифз ба Ассотсиатсияи "АВВАТ" супорида мешаванд.
10.5 Аз лаҳзаи тибқи тартиби муқарраршуда сабт намудан дар реестри давлатии бақайдгири барҳамдиҳии ширкатҳои экспедитсионии нақлиёти автомобили хотимаёфта ва фаъолияти он қатъшуда ҳисоб меёбад.