ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оид ба назорати истеҳсол ва муомилоти маҳсулотҳои зераксизӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2012 № 743)
Бо мақсади таҳти назорати қатъи қарор додани истеҳсол ва муомилоти маҳсулотҳои зераксизӣ, инчунин таъмини низоми пардохти андозҳо ба буҷет Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби фаъолияти дидбонгоҳҳои андоз дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку тасдиқ карда шавад ().
2. Роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку иҷозатномаи (литсензияи) мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, мақомоти андозро бо ҳуҷраҳо ва ҷиҳози алоқа таъмин намоянд ().
3. Корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку иҷозатномаи (литсензияи) мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, дар муддати 2 моҳи баъди ба имзо расидани ҳамин қарор дидбонгоҳҳои андоз ташкил медиҳанд ва истеҳсолоти худро бо таҷҳизоти ҳисобкунанда, ки дар ҷойҳои аз нигоҳи технологи мувофиқи насбшаванда ва барои дигар мақсадҳои муайян кардани ҳаҷми истеҳсолот ва инъикоскунандаи андозҳо таъмин менамояд ().
4. Истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку бе ташкили дидбонгоҳҳои андоз ва бе таҷҳизоти ҳисобкунандаи дорои хотираи фискалии дар ҷойҳои аз нигоҳи технологӣ мувофиқ насбшаванда, ки барои мақсади андозбандӣ ҳаҷми истеҳсолро инъикос менамоянд, манъ аст ().
5. Муқаррар карда шавад, ки:
- пешниҳоди мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи норасоиҳо вобаста ба иҷрои ҳамин қарор барои мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва маҳсулоти тамоку иҷозатнома (литсензия) медиҳад, оид ба боздоштани амали иҷозатнома аз рӯзи аз ҷониби роҳбари мақомоти андоз имзо намудани чунин пешниҳод, асос мебошад ();
- таҷҳизоти ҳисобкунандаи дар ҷойҳои аз нигоҳи технологи зарур насбшаванда, ки барои мақсадҳои андоз ва дигар мақсадҳо ҳаҷми истеҳсолотро инъикос менамоянд, таҳти назорати доимии мақомоти андоз қарор доранд.
6. Банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2003 № 583 "Дар бораи тамғаҳои аксизи барои маҳсулоти томоку ва машрубот" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2004 № 497
ш. Душанбе