ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
I. Ба Низомномаи тартиби иҷозатдиҳи барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998 № 306 тасдиқ шудааст, банди 34.1 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"34.1 Аснодии ронандаги ба шахсоне, ки аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба мқҳлати як ё аз як сол зиёд маҳрум карда шу.даанд, пас аз супоридани имтиҳонҳои назарияви ва амали баргардонида мешавад, ба ронандагоне, ки барои дар ҳолати масти идора кардани воситаи нақлиёт дастгир шудаанд, новобаста аз навъи чораи ҷазои маъмурии нисбати онҳо андешидашуда, баъди муоинаи такрории тиббӣ ва супоридани имтиҳонҳои назариявию амали баргардонида мешавад".
II. Ба тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ карда шудааст тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Аз сархати дуюми банди 5 калимаҳои "дар давоми даҳ шабонарӯз" хориҷ карда шаванд.
2. Ба банди 11 зербанди "д" бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"д) дар нуқтаҳои гумрукии мошингузар (истгоҳҳои роҳи оҳан, майдонҳои ҳавои ҳангоми интиқоли воситаҳои нақлиёт ба роҳи оҳан ва нақ лиёти ҳавои) аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёте, ки муваққатан оварда мешаванд, ғайр аз воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати байналхалқи иштирок намекунад, гирифта мешаванд ва бар ивазашон аломатҳои транзити дода мешаванд.
Аломатҳои бақайдгирии дигар давлатҳо минбаъд ба мақоми гумрукие, ки онҳоро ба қайди муваққати гирифтааст, фиристонида мешаванд ва онҳо то ба охир расидани мқҳлати қайди муваққати, содирот, е худ аризаи ба низоми дигари гумруки гузаронидани воситаи нақлиёт, нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби фиристонидан, нигоҳ доштан ва баргардондани аломатҳои бақайдгирии давлатҳои дигар ба соҳибонашон ва пешбурди коргузори аз тарафи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад".
3. Қисми дуюми банди 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Дар шаҳодатномаи гумруки дар ҷадвали "Қайдҳои гумрук" ба маълумоти БДА, вобаста ба шартҳои иҷозат додани воситаҳои нақлиет бояд яке аз қайдҳои зерин гузошта шавад:
"Боҷи гумруки ба андозаи 100 фоиз пардохта шудааст. Барои дигар шудани молик иҷозати гумрук тақозо намешавад".
"Бе ситонидани боҷ иҷозат дода шуд. Барои дигар шудани молик дар давоми як сол иҷозати гумрук тақозо мешавад".
4. Аз қиcми якуми банди 54 калимаҳои "дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 21", хориҷ карда шаванд.
5. Бандҳои 98, 99, 100 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"98. Қайди муваққатии макони муваққатии воситаи нақлиёт аз тарафи мақомоти гумрук бо роҳи додани қҳдадори оиди пас баровардан ва танҳо дар ҳолати мавҷуд будани аломати транзити, иичунин пешниҳод намудани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиёт сурат мегирад ва зимнан ба нуқтаи гумрукии мошингузар дар бораи бақайдгирии гумрукии воситаи нақлиёт, хабарнома фиристонида мешавад.
99. Бақайдгирии воситаҳои нақлиётие, ки аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳуриии Тоҷикистон муваққатан ворид карда шудаанд, дар мақомоти; бозрасии давлатии автсшобилии ҷои иститқомати шахси боварнома дошта (ё соҳиби нақлиёт) бо додани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва аломатҳои қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намуд ба мқҳлати воридоти онхо, ки дар шаҳодатномаи воридоти воситаи нақлиёт нишон дода шудааст, сурат мегирад. Дар ин ҳолат дар шаҳодатномаи бақаидгирии воситаи нақлиет махдудияти гузоштаи мақомоти гумруки (мқҳлати воридот, манъ кардан ба бегонакуни ё барои истифода додан ба шахси дигар бе рухсати мақомоти гумруки додан ва ғайра сабт карда мешавад ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлате, ки нақлиет ро ба қайд гирифтааст (аломати транзитии ҳангоми воридшави додашуда) дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобили нигоҳ дошта мешавад.
100. Ҳангоми аз қайди Бозрасии давлатии автомобили баровардани воситаи нақлиёти муваққати воридкардашуда бо сабаби содироти он аз марзи ҷумҳури, шаҳодатномаи бақайдгири ва аломатҳои транзити ба шахси боварномадошта (ё соҳибаш) баргардонида мешавад. Аломатҳои додашудаи қайди давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ба мақомоти Бозрасии давлатии автомобили супорида мешаванд ва дар шаҳодатномаи бақайдгирии муваққати додашуда дар бораи аз қайд баровардани воситаи нақлиёт бо сабти "то мӯҳлати" "бояд аз марз бароварда шавад" ба шахси боварнома дошта (ё соҳибаш) баргардонида мешавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 9 ноябри соли 2000 № 466
ш. Душанбе