Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ аз 5 августи соли 1998, № 306

Санаи амалкуни: 28.04.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.11.2019, № 550 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 августи соли 1998 № 306

тасдиқ шудааст

 

 

Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 359, аз 30.12.2009 № 697, аз 02.03.2013 № 103, аз 1.07.2015 № 419, аз 15.12.2015 № 756, аз 1.07.2016 № 291, аз 28.04.2017 № 220)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Ҳамин Низомнома барои тамоми ашхоси ҳуқуқи ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош ё истиқомат мекунанд, ягона ва иҷрои он аз тарафи ашхоси мазкур ҳатми мебошад, категорияи воситаҳои нақлиёт, тартиби қабули имтиҳонот, ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаҳои ронандаги, талонҳои баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо ба шаҳодатномаҳои мазкур ва ба идора кардани воситаҳои нақлиёти категорияҳои гуногун иҷозат доданро муқаррар мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2017 № 220).

2. Тамоми воситаҳои нақлиёт вобаста ба навъҳо, таъинот ва мушаххасоти идоракунии онҳо ба категорияҳои: "А", "В", "С", "D", "BE" "CE" ва "DE", трамвай, троллейбус, мотоароба ҷудо мешаванд, ки барои идора кардани онҳо шаҳодатномаи ягонаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо ба он дода мешавад ва дар ҷадвали дахлдори он сабти иҷозатдиҳанда ё мӯҳр бо номи категорияи воситаи нақлиёт гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

1______________________

 Усули муайян кардани категорияи воситаҳои нақлиёт дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 565 тасдиқ гардидааст, муқаррар карда шудааст.

3. Ашхосе, ки шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабти иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои- "А", "В", "С", "D", "ВЕ", "СЕ" ва "DЕ" доранд, метавонанд навъҳои зерини воситаҳои нақлиётро идора кунанд:

"А" - мототсикл, мотороллер, мотонарт ва дигар воситаҳои нақлиёти ба гурӯҳи мототсиклҳо мансуббуда, инчунин воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад;

"В" - автомобилҳо (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти ба категорияи "А" тааллуқдошта), ки вазни ниҳоии ҷоизашон1 аз 3500 кг ва шумораи ҷойҳои нишасти онҳо, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда аз ҳашт зиёд нест, ҳамчунин мотоаробаҳо; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст, вале аз вазни автомобили бе бор зиёд нест, вазни ниҳоии ҷоизи умумии чунин ҳайат бошад, аз 3500 кг зиёд нест;

"С" - автомобилҳо ба ғайр аз ба категорияи "D" тааллуқдошта, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3500 кг зиёд аст; автомобилҳои категорияи "С" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест;

"D"- автомобилҳои барои интиқоли мусофирон пешбинигардида ва дорои зиёда аз ҳашт ҷойи нишаст, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда; автомобилҳои категорияи "D" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест;

"ВЕ" - автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст ва аз вазни автомобили бе бор зиёд аст; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст ва вазни пурраи ниҳоии ҷоизи чунин ҳайат аз 3 500 кг зиёд аст;

"СЕ" - автомобили категорияи "С" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст;

"DЕ" - автомобилҳои категорияи "D" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст;

"Тm" - Трамвай;

"Тb" - Троллейбус.

Ба ронандаи трамвай идоракунии танҳо трамвай, ба ронандаи троллейбус идоракунии танҳо троллейбус ва ба ронандаи мотоароба идоракунии танҳо мотоароба иҷозат дода мешавад.

Ба автомобилҳои барои интиқоли мусофирон пешбинигардида инҳо мансубанд: автобусҳо ва микроавтобусҳои дорои ғунҷоиши дахлдор, автофургонҳо дар асоси шассии автомобилҳои боркаш, ки барои интиқоли одамон (бригадаҳои вахта) пешбинӣ гардида, дар шароити заводҳои истеҳсолкунанда бо тартиби сериявӣ истеҳсол шудаанд, ҳамчунин автомобилҳои боркаши таҷҳизонидашудае, ки зиёда аз ҳашт нафарро интиқол медиҳанд.

Идоракунии троллейбуси пайваста дар сурати доштани шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабти ҳуқуқи идоракунии он ва гувоҳномаи на поёнтар аз дараҷаи дуюм иҷозат дода мешавад.

1____________________________

Вазни муҷаҳҳази воситаи нақлиёт якҷоя бо бор, ронанда ва мусофирон, ки аз тарафи заводи истеҳсолкунанда ҳамчун вазни ниҳоии ҷоиз муқаррар карда шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419);

4. Қабули имтиҳонот, ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва ба ронандагон додани иҷозат барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В", "С", "D" ва "BE" "CE" ва "DE", ҳамчунин трамвайҳо, троллейбусҳо ва мотоаробаҳо аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

5. Таълим ва бозомӯзии ронандагони воситаҳои нақлиёт аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз тобеияти идори ва шакли моликияти онҳо, ки фаъолияти онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз рӯи нақшаҳо ва барномаҳои ягонаи таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хамчунин дигар вазорату идораҳои манфиатдор таҳияшуда ва бо Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда мутобиқат дорад, анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

Муассисаҳои таълимӣ ва бозомӯзии ронандагони воситаҳои нақлиёт (баланд бардоштани савияи касбӣ) бояд дар мақомоти иҷозатномадиҳанда ва воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гузошта шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Бақайдгирии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ки барои тайёр ва бозомӯзии (баланд бардоштани савияи касбии) ронандагон машғуланд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ба роҳ монда шуда, назорат аз болои фаъолияти онҳо ва бақайдгирии гурӯҳҳои таълимӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103, аз 1.07.2015 № 419).

6. Гурӯҳҳои таълимӣ оид ба таълим ва бозомӯзии (баланд бардоштани савияи касбӣ) ронандагони воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди то 30 нафар ташкил карда мешаванд. На дертар аз 15 рӯз пас аз сар шудани дарс, муассисаи таълимӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳар як гурӯҳро бо пешниҳод ва рӯйхати хонандагон, ки бо қайдҳои Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли истиқоматашон дар мавриди дар рӯйхат ҷой надоштани хонандаи аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта, мувофиқи шакли муайяншуда (3амимаи 1) ба қайд мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Бақайдгирии гурӯҳҳои таълимие, ки мӯҳлати таҳсилашон 1 сол ва аз он зиёд мебошад, мутобиқи асосҳои мавҷуда метавонанд то 2 моҳ пас аз сар шудани таҳсил давом кунанд.

7. Санаде, ки ҳатми таълим ва бозомӯзии ронандагонро тасдиқ мекунад, "Гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълими ронандагони воситаҳои нақлиёт"-и намунаи ягона (Замимаи 2) мебошад, ки аз тарафи ташкилоти кори таълимро амалинамуда дода мешавад. Гувоҳмома санади қатъии ҳисоботи мебошад ва барои бақайдгири бо усули табоати дар он силсилаи иборат аз ҳарфҳои "А", "В", "В-С", "D", "BЕ" "CE" ва "DE", ки категорияи воситаҳои нақлиётро ифода мекунанд, ҳамчунин рақами тартибии иборат аз шаш рақам зада мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

Варақаҳои гувоҳнома бо тартиби мутамарказ аз тарафи Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд.

II. Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идораи воситаҳои нақлиёт

8. Ашхосе, ки хоҳиши гирифтани шаҳодатномаи ронандагии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А" ва "В", "С" ва "D", "BЕ" "CE" ва "DE", трамвайҳо,троллейбусҳо ва мотоаробаҳоро доранд, бояд дар муассисаҳои таълимӣ курси пурраи таълим ва то оғози таълим - аз муоинаи тиббӣ тибқи Низомномаи тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт гузаранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2009 № 697аз 1.07.2015 № 419).

9. Ба супоридани имтиҳонот дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ шахсоне, ки мустақилона омодагӣ дидаанд, барои идоракунии воситаҳои нақлиёти мансуб ба категорияи "А" баъди ба синни 16 расидан, категорияи "В" (бе ҳукуқи кори кироя) баъди ба синни 18 расидан ва пардохти боҷи муқарраршуда роҳ дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Дар бораи ба имтиҳонот роҳ додани ашхосе, ки мустақилона барои ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А" ва "В" (бе ҳуқуқи кори кироя) омодагӣ дидаанд, сардорони Раёсати БДА, шуъбаҳои БДА-и вилоятҳо ва муовинони онҳо, қарор қабул мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

10. Ашхосе, ки муассисаҳои оли ё миёнаи махсусро бо ихтисоси автомобил ва трактор хатм кардаанд ва дар барномаҳои таълимии онҳо омӯзиши фанҳои марбут ба масъалаҳои сохтори воситаҳои нақлиёт ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо пешбинӣ шудаанд, ба супоридани имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии категорияҳои "А", "В", "С" баъди пешниҳоди маълумотнома оид ба гузаштани дарсҳои амалии малакаи ронандагӣ, вобаста ба категорияи дархостшаванда роҳ дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103аз 1.07.2015 № 419).

Асноде, ки ҳатми муассисаи таълими ва омӯзиши фанҳоро оид ба сохтори автомобильҳо тасдиқ мекунанд, барои ашхоси муассисаҳои таълими миёнаи махсусро хатмкарда -диплом ва нусхаҳо аз ведомостьҳои нимсола ва имтиҳонот ва барои ашхоси муассисаҳои таҳсилоти олиро хатмкардадиплом на замима ба он (нусха аз ведомости санҷишҳо) мебошанд.

11. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мйёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои миёнаи касбҳои техники ва мактабҳои таълими ҳамагони таълими донишҷӯён ва шогирдонро барои ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти автомобилии категорияҳои "А", "В", "С" - агар чунин таълим дар нақшаҳои таълимии донишҷӯён аз рӯи ихтисос ё барномаҳои тарбияи касбии шогирдон пешбинӣ шуда бошад, аз рӯи барномаҳои махсуси бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда ташкил мекунанд.

12. Таълими ашхосе, ки аз тарафи муассиса ва ташкилотҳои системаи давлатӣ ва хусусии тандурустӣ, ки ҳуқуқи дар ин самт фаъолият намуданро доранд қобили идоракунии автомобильҳои сабукрав бо зимоми дасти ё мотоаробаҳо дониста шудаанд, дар муассисаҳои таълимии ронандатайёркунӣ мувофиқи барномаҳое, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2009 № 697, аз 1.07.2015 № 419).

13.Таълими ронандагони троллейбусҳо аз рӯи нақшаҳо ва барномаҳои ягонае, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидаанд ва бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 359, аз 1.07.2015 № 419).

14. Имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА аз шаҳрвандон, чун қоида, мувофиқи маҳалли қайди доимӣ ё муваққатӣ қабул карда мешаванд. Қабули имтиҳонот аз ашхосе, ки дар маҳалли додашуда дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ таҳсил мекунанд, дар сафари дарозмуддати хизматӣ мебошанд ва дигар ҳолатҳое, ки бо асноди дахлдор тасдиқ карда мешаванд, иҷозат дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ ба имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар маҳалли ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ, роҳ дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

15. Ба идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "А"; шахсоне, ки ба синни 16, категорияҳои "В", "С" инчунин мотоаробаҳо - ба синни 18 ва категорияҳои дигар - ба синни 21 расидаанд, роҳ дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

16. Ба идоракунии воситаҳои нақлиёти бо сигналҳои махсуси овозӣ ва нурӣ таҷҳизонидашуда, воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хавфнокро мекашонанд, ҳамчунин автобусҳое, ки дар хатҳои сайри байнишаҳрӣ ва байналхалқӣ ҳаракат мекунанд, танҳо ашхосеро дода мешаванд, ки дар муддати се соли охир ҳамчун ронандагони категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт бетанаффус кор мекунанд.

17. Тартибн ба идоракунии воситаҳои нақлиёти штати роҳ додани хизматчиёни ҳарби ва кормандони Вазорати мудофиа, мақомоти корҳои дохилӣ ва амният, ки шаҳодатномаи ронандагӣ доранд, мутобиқан аз тарафи Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

18. Ронандагон ва номзадҳо ба ронандагӣ, ки имтиҳоноти назариявӣ ва амалиро дар Бозрасии давлатии автомобилӣ барои дараҷаҳои "В", "С", "D" супоридаанд, ба супоридани имтиҳоноти амалӣ барои гирифтани ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В" ва аз дараҷаи "Б" ба дараҷаҳои "А", "В", "С" бе бозомӯзии пешакӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баъди пардохти боҷ ва хизматрасонии муқарраршуда, инчунин гузаштани муоинан тиббӣ дар мӯҳлатҳои муайяншуда иҷозат дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

19. Қабули имтиҳони амалӣ аз ашхосе, ки муассисаи таълимиро аз рӯи барномаи таълими ронандагони автомобилҳои категорияи "В - С" хатм кардаанд, дар ҳарду воситаи нақлиёте, ки ба категорияҳои "В" ва "С" мансубанд, анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

20. Ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "BЕ" "CE" ва "DE" ба ронандагоне дода мешавад, ки шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабтҳои иҷозатдиҳандаи дар категорияҳои "В", "С", "В-С", "ВС-Д" ва собиқаи бетанаффуси кори яксола* дар воситаҳои нақлиёти дахлдор, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти истифодаи шахсиро доранд ва дар муассисаҳои таълими аз рӯи барномаҳои муқарраршуда курси бозомӯзиро гузашта, дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА имтиҳони амалиро дар қатори воситаҳои нақлиёти ядакдор ё автобуси пайваста супоридаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103аз 1.07.2015 № 419).

Ҳуқуқи идоракунин воситаҳои нақлиёти категорияи "D" ба ронандагоне дода мешавад, ки шаҳодатномаи ронанда категорияҳои "В", "С" ё "В-С" ва дар воситаи нақлиёти дахлдор собиқаи кории яксолаи бетанаффус дошта, аз рӯи барномаҳои муқарраршуда курси бозомӯзиро гузаштаанд ва имтиҳоноти назарияви ва амалиро супоридаанд.

Имтиҳон оид ба малакаи ронандагӣ дар автобусҳо ва қаторҳои воситаҳои нақлиёти таълимӣ қабул карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

Ба хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват хизматкунанда ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "D" ва "BЕ" "CE" ва "DE" дар сурати дар шаҳодатномаҳои ронандагии онҳо мавҷуд будани сабтҳои иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои "В-С", "С" ва собиқаи бетанаффуси корӣ дар воситаҳои нақлиёти ҷузъу томҳои ҳарбӣ на камтар аз 6 моҳ, аз ҷумла гузаштани курси бозомӯзӣ аз рӯи барномаҳои муқарраршуда ва супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

21. Тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Низомномаи тартиби гузаронидани муоинаи тиббии даврагии ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, аз муоинаи даврии ҳатмии тиббӣ гузаронида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2009 № 697).

Ашхоси мансабдори Бозрасии давлатии автомобилӣ, роҳбарони корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ дар сурати пайдо шудани шубҳа дар мавриди саломатии ронанда метавонанд ӯро пештар аз мӯҳлатҳои муқарраршуда ба муоинаи такрории тиббӣ фиристанд.

Агар ронанда аз гузаштани муоинаи такрории тиббӣ саркашӣ намояд ё аз тарафи комиссияи тибби ғайри қобили идораи воситаҳои нақлиёт дониста шавад, он гоҳ шаҳодатномаи ронандагии ӯ аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бо тартиби муқарраршуда кашида гирифта мешавад.

Қарор дар бораи ба муоинаи такрории тиббӣ фиристодани ронанда аз тарафи сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои БДА ва муовинони онҳо қабул карда мешавад.

III. Тартиби ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагӣ

22. Шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти мансуб ба категорияҳои "А", "В", "С", "D" ва мотоароба ба ашхосе, ки дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ, категорияҳои "BЕ" "CE" ва "DE" - имтиҳони амалӣ ва барои (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419)

_______________________

1. Собиқаи тамоми давраи кор ҳамчун ронандаи воситаи нақлиёт ҳуқуқи ронандагии трамвай ё троллейбус - имтиҳони амалиро супоридаанд, дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Тартиби қабули имтиҳонро ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ҳангоми имтиҳони назарияви донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва дигар фанҳое, ки дар барномаи таълим пешбини шудаанд, санҷида мешавад.

Ҳангоми имтиҳони амали малакаи рондани танҳо воситаи нақлиёти ҳамон категорияҳое санҷида мешавад, ки барои идоракунии онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ дархост мегардад.

23. Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии воситаҳои нақлиёт аз тарафи номзадҳо ба ронандагӣ ба воҳиди бақайдгирию имтиҳонотии БДА асноди зерин пешниҳод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103):

- гувоҳнома дар бораи хатми таълим аз рӯи барномаҳои категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт, ки барои ҳуқуқи идоракунии онҳо иҷозат дархост мегардад (ба истиснои ашхосе, ки дар қисми 2 банди 9 ҳамин Низомнома зикр шудаанд) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103);

- нусхаи диплом ва ведомостҳои нимсола ва имтиҳонот ё замима ба диплом (барои ашхоси дар банди 10 зикршуда) асноди идоракунии доимии воситаи нақлиётро пешниҳод кардаанд;

- ду дона расм - ба андозаи 3,5 х 4,5 см дар коғази беҷило бо ҷои холӣ дар кунҷи рост (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103);

- маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103);

- хати расиди (квитанция) муассисан Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хазинаи амонатгузорӣ доир ба пардохти боҷи муқарраршуда барои имтиҳонот ва китобчаи (варақа) шаҳодатномаи ронандагӣ;

- шиноснома ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он.

Шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ ба мӯҳлати 3 сол, аммо на зиёда аз мӯҳлати эътиборнокии шаҳодатномаи ронандагии миллӣ дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ аз тарафи ронандаҳо ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ асноди зерин пешниҳод карда мешаванд:

- шаҳодатномаи ронандагии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи идоракунии категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёти дархостшаванда (ба истиснои шахсоне, ки дар қисми 2 банди 9 Низомнома зикр шудаанд);

- ду дона расм - ба андозаи 3,5 х 4,5 см дар коғази беҷило бо ҷои холӣ дар кунҷи рост;

- маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт;

- хати расиди (квитанция) муассисаи Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хазинаи амонатгузорӣ доир ба пардохти боҷу хироҷи муқарраршуда барои имтиҳонот ва варақаи шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ;

- шиноснома ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Ба ронандагоне, ки асноди идоракунии доимии воситаи нақлиётро пешниҳод кардаанд, додани шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ бе имтиҳоноти дахлдор анҷом дода мешавад. Асноде, ки идоракунии доимии воситаҳои нақлиётро тасдиқ мекунанд, дар банди 37 Низомнома нишон дода шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

24. Пеш аз супоридани имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ варақаи ронандагӣ (Замимаи 4) пур карда мешавад, ки он якҷоя бо шиноснома ё дигар санади ивазкунандаи он ба комиссияи имтиҳонотӣ пешниҳод мегардад.

25. Ба ашхосе, ки имтиҳоноти назариявӣ ва амалиро супоридаанд, дар асоси шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва талонҳои баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо ба онҳо навишта шуда, силсила ва рақамҳои онҳо аз рӯи тартиби рақамҳо дар китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ (Замимаи 5), ҳамчуннн дар варақаи ронандагӣ сабт карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Шаҳодатномаҳои ронандагии категорияи "В" (бе ҳуқуқи кори кироя) метавонад ба ашхосе дода шавад, ки мустақилона омодагӣ дидаанд ва имтиҳоноти назариявӣ ва амалиро супоридаанд.

26. Шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва талонҳо ба онҳо дастӣ, бо ранги махсус ё мошинкаи чопӣ пур карда мешаванд.

Бланкаҳои шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ аз маводи бадошти пластика (поликарбонат) омода шуда, андозаи (54x86 мм.) доранд ва дар дастгоҳҳои чопии махсус хонапурӣ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

Навиштаҷот дар бланкаи шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ бо забони тоҷикӣ бо ҳарфҳои алифбои русӣ (кириллӣ) сабт гардида, ба забони англисӣ тарҷума шудаанд. Ҳангоми фардикунонӣ навиштаҷот бо забони тоҷикӣ бо ҳарфҳои алифбои русӣ (кириллӣ) иҷро карда шуда, бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ транслитератсия карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

27. Асоснокии додан ва дурустии пур кардани шаҳодатномаи ронандагӣ баъди аз тарафи раиси комиссияи имтиҳоноти тафтиш кардан бо имзои ӯ ва мӯҳр тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ дар гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълими сана, силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда ва номи воҳиде, ки онро додааст, сабт карда мешавад. Сабтҳои анҷомдодашуда бо мӯҳр тасдиқ карда мешаванд.

28. Сабтҳо дар ҷадвалҳои категорияҳои воситаҳои нақлиёт, ки барои идоракунии онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ дода мешавад, бо мӯҳри "бо навиштаҷоти ба категорияҳои зикршудаи воситаҳои нақлиёт мутобиқ" қайд карда мешаванд. Ҷадвалҳои дигар категорияҳои воситаҳои нақлиёт, ки барои идоракунии онҳо иҷозат дода нашудааст, бо мӯҳри "дорои навиштаҷоти "X" қайд карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

29. Ҳангоми гирифтани иҷозат барои идораи трамвай, троллейбус ва мотоароба дар ҷадвали "Барои сабтҳои махсус"-и шаҳодатномаи ронандагӣ мӯҳр бо навиштаҷоти ба категорияҳои зикршудаи воситаҳои нақлиёт мутобиқ гузошта мешавад.

30. Ҳангоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ ба ашхосе, ки мӯҳлатҳои муоинаи тиббии онҳо аз тарафи комиссияҳои тиббӣ бо тартиби муқарраршуда маҳдуд гардонида шудаанд, дар ҷадвали "Барои сабтҳои махсус" мӯҳри "Тасдиқномаи тиббӣ ҳатмист" гузошта мешавад. Дар худи ҳамин ҷадвал дигар маҳдудиятҳо ва дастурҳоро сабт кардан мумкин аст.

31. Шогирдоне, ки техникум, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ё дигар муассисаҳои таълимиеро, ки ба тайёр намудани ронандагон машғуланд, хатм кардаанд, ҳамчунин даъватшавандагоне, ки аз тарафи Вазорати мудофиа барои таълими ронандагии воситаҳои нақлиёт ҷалб карда шудаанд, баъди хатми таълим ва гирифтани гувоҳномаҳои дахлдор дар Бозрасии давлатии автомобилӣ ба имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ бо ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёти категорияи дахлдор баъди расидан ба синни муқаррарнамудаи банди 15 Низомнома роҳ дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103);

Баъди супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ ба онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ бо ҳуқуқи идоракунни воситаи нақлиёти категорияи дахлдор дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 359).

32. Ҳангоми гирифтани иҷозат барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи дигар шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо бо шаҳодатномаи ронанда ва талон ба он иваз карда мешавад.

33. Шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба соҳибони онҳо бо имзои шахси дар китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари ивазкунандаи он, ҳамчунин ба таври истисно бо пешниҳоди ваколатнома дода мешаванд.

34. Ба ашхосе, ки ҷазоро дар шакли маҳрумият аз озоди адо мекунанд ва суд онҳоро аз ҳуқуқи ронандагни воситаи нақлиёт маҳрум накардааст, шаҳодатномаҳои ронандагии кашида гирифташудаи онҳо метавонанд аз тарафи воҳидҳои БДА дар маҳалли адои ҷазо дар асоси тавсияномаи маъмурияти муассисаи ислоҳоти меҳнати мутобиқи тартиби муқарраргардида бозпас дода шаванд.

34.1 Аснодии ронандаги ба шахсоне, ки аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба мқҳлати як ё аз як сол зиёд маҳрум карда шу.даанд, пас аз супоридани имтиҳонҳои назарияви ва амали баргардонида мешавад, ба ронандагоне, ки барои дар ҳолати масти идора кардани воситаи нақлиёт дастгир шудаанд, новобаста аз навъи чораи ҷазои маъмурии нисбати онҳо андешидашуда, баъди муоинаи такрории тиббӣ ва супоридани имтиҳонҳои назариявию амали баргардонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000 № 466).

IV. Тартиби иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ

35. Шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ иваз карда мешавад:

- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, аз ҷониби воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2017 № 220);

- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2017 № 220).

Шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ариза (Замимаи №6), маълумотномаи тиббӣ дар хусуси коршоям будани ронанда барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор, варақаи ронандагӣ ё тасдиқномаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои дохилие, ки шаҳодатномаи ронандагиро додааст, дар хусуси гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ иваз карда мешаванд.

Шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ариза, маълумотномаи тиббӣ дар хусуси коршоям будани ронанда барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор ва шаҳодатномаи ронандагӣ иваз карда мешаванд.

Тартиби иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба он аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва намунаи ариза аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.12.2015 № 756).

Ҳангоми иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар меъёри барои хизматрасонии консулӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ситонида мешавад. Андозаи хироҷ барои амалҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2016 № 291, аз 28.04.2017 № 220).

35.1 Иваз кардани расм дар шаҳодатномаи ронандагӣ дар асоси пешниҳоди ариза (тибқи Замимаи 6), маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор будани ронанда ва шаҳодатномаи ронандагӣ анҷом дода мешавад.

Шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста мешаванд*.

Эзоҳ: Шаҳодатномаҳои ронандагие, ки мӯҳлати эътиборнокиашон баъди мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур гузаштаанд, то 31 декабри соли 2013 эътибор доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

36. Иваз кардани шаҳодатномаҳои муваққатии ронандагии пештар додашуда ё шаҳодатномаҳои дорои мӯҳри "Бе ҳуқуқи кори кироя" мутобиқи банди 35 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

Шаҳодатномаи ронандагии дорои мӯҳри "Бе ҳуқуқи кори кироя" бо шаҳодатномаи дорои мӯҳри категорияи "В" дар сурате иваз карда мешавад, ки соҳиби он воситаи нақлиёти категорияи додашударо на камтар аз 2 сол идора карда, вале мутобиқи банди 9 ҳамин Низомнома шаҳодатнома нагирифта бошад.

37. Ба ашхосе, ки асноди идоракунии доимии воситаи нақлиётро пешниҳод кардаанд, иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ бе имтиҳоноти дахлдор анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419):

Асноде, ки идоракунии доимии воситаҳои нақлиётро тасдиқ мекунанд, метавонанд инҳо бошанд:

- барои ронандагоне, ки кор мекунанд, - иқтибос аз дафтарчаи меҳнатӣ ё тасдиқнома аз ҷои кор бо зикри навъи нақлиёте, ки ба номи ронандагони мазкур вобаста аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103);

- барои ронандагони инфироди - асноди бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки ба онҳо тааллуқ доранд;

- барои ашхосе, ки автомобилҳоро бо ваколатнома истифода мебаранд, - асноди бақайдгирии автомобил ва ваколатнома барои ҳуқуқи истифодабари ва ихтиёрдории он ё гувоҳнома оид ба ҳуқуқи моликияти муштарак ба воситаи нақлиёт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419);

- барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба эҳтиёт рухсат шудаанд, - билети ҳарбӣ бо сабти дахлдор.

38. Ба ашхосе, ки асноди идоракунии доимии воситаи нақлиётро пешниҳод накардаанд, иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ баъди супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

Зимнан, агар шахс барои идоракунии якчанд категорияи воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мотоциклҳо ва катори воситаҳои нақлиёт иҷозат дошта бошад, он гоҳ имтиҳони амалӣ бо салоҳдиди комиссияи имтиҳоноти танҳо дар воситаи нақлиёти яке аз категорияҳо: "В" ё "С" ё "D" қабул карда мешавад.

39. Шахсе, ки барои идоракунии воситаҳои нақлиёти якчанд категория иҷозат дорад, ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ метавонад иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёти яке аз категорияҳоро гирад. Дар ин сурат имтиҳони амалӣ дар воситаи нақлиёти категорияи дархостшуда қабул карда мешавад ва дар шаҳодатномаи ронандагии додашаванда танҳо дар ҷадвали ҳамин категория сабти иҷозатдиҳанда гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Барқарор намудани категорияҳое, ки ронанда пештар дошт, дар асоси аризаи ӯ мутобиқи талаботи бандҳон 35 - 38 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

40. Ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ дар шаҳодатномаи нав додашаванда дар ҷадвали "Барои "сабтҳои махсус" силсила рақам ва санаи додани шаҳодатномаи ронандагии пешина ва талон ба он сабт карда мешавад.

41. Дар сурати гум шудани шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи нав бо сабти "Нусхаи дуюм" аз тарафи воҳиди бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти шаҳрванд дар асоси ариза бо қайди воҳиди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар хусуси дар рӯйхати шахсони аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта мавҷуд набудан, варақаи ронандагӣ, маълумотномаи коршоямӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолатҳои зарурат бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълимӣ ё тасдиқнома аз Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилие, ки шаҳодатномаи ронандагии пешинаро додааст, дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

42. Дар ҳолати аз тарафи ронанда гум карда шудани талони бақайдгирии вайрон кардани қоидаҳо, ошкор гардидани ин, ки сабтҳо тоза карда, ислоҳ шудаанд, талони нав аз ҷониби воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотӣ (ВБИ) Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти соҳиби талон баъди супоридани имтиҳони назариявӣ дода мешавад.

Зимнан, маълумот дар хусуси аз тарафи ронанда роҳ додан ба вайронкунии қоидаҳое, ки Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, мӯҳлати эътибори онҳо нагузаштааст ва аз рӯи иттилооти мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар гардидаанд, ба талони нав кӯчонида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

43. Нусхаҳои дуюми шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба ивази шаҳодатномаҳои гумшуда аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА ба соҳибони онҳо баъди супоридани имтиҳони назариявӣ, ва дар сурати пешниҳод накардани асноди идоракунии доимии воситаи нақлиёт имтиҳони амалӣ ба истиснои ҳолатҳои гум шудани шаҳодатнома ҳангоми офатҳои табиат, ҳамчунин сӯхтор, обхезӣ ва дигар ҳолатҳои объективӣ, агар ин ҳолатҳо бо асноди дахлдори мақомоти тафтишоти тасдиқ карда шаванд, дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103аз 1.07.2015 № 419).

Ба расмият даровардани шаҳодатнома ба ивази шаҳодатномаи ҳангоми офати табиат, сӯхтор, обхези ва ғайра гумшуда, агар он бо санадҳо тасдиқ карда шавад, бе қабули имтиҳонот анҷом дода мешавад.

44. Дар давоми барасмиятдарории нусхаи дуюми шаҳодатномаи ронандагӣ метавонад барои як моҳ иҷозатномаи муваққати (Замимаи 7) дода шавад. Дар мавриди зарурат (фиристодани дархост ва гирифтани ҷавоб ба он, муайян кардани ҳолатҳои алоҳидаи вобаста ба гум шудани шаҳодатнома) иҷозатномаи муваққати метавонад ба мӯҳлати то 3 моҳ тамдид карда шавад.

45. Иҷозатномаҳои муваққатие, ки барои давраи барасмиятдарории нусхаҳои дуюми шаҳодатномаҳо дода мешаванд, дар китоби алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд (Замимаи 8) ва баъди додани нусхаҳои дуюми шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба мавод илова карда мешаванд.

46. Ба ашхосе, ки шаҳодатномаҳои ронандагиро дафъаи якум ба ивази шаҳодатномаҳои гумшуда ё ғайри қобили истифодагардида мегиранд, дар сурати кушода шудани категорияҳои нав, ҳамчунин дар ҳолатҳои дигари вобаста ба гирифтани шаҳодатномаҳо аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ ба ғайр аз шаҳодатномаи ронандагӣ талони бақайдгирии вайрон кардани қоидаҳо низ дода мешавад. Силсила ва рақамҳои ин ҳуҷҷатҳо бо тартиби рақам ба китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва талонҳои бақайдгирии вайрон кардани қоидаҳо сабт карда мешаванд (Замимаи 5).

47. Шаҳодатномаҳои ронандагии ёфтшуда ва талонҳо ба онҳо, ки ба ивази онҳо ба соҳибонашон нусхаҳои дуюм дода шудаанд, беэътибор дониста ва ба воҳиди бақайдгирию имтиҳонотии БДА барои бо тартиби муқарраршуда нобуд кардан супорида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

48. Шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи нав дар асосҳои умуми иваз карда мешаванд. Зимнан, дар шаҳодатномаи ронандагии нав сабтҳои иҷозатдиҳанда дар категорияҳои зерин гузошта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103):

- ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандаи мотоцикл - дар категорияи "А";

- ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандаи ғайрикасбӣ - дар категорияи "В";

- ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандаи касби (дараҷаи сеюм) - дар категорияҳои "В" ва "С";

- ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандаи дараҷаҳои дуюм ва якум, ки аз тарафи БДА дода шудаанд, дар категорияҳои "В", "С", "D" ва "BЕ" "CE" ва "DE" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2015 № 419).

Ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаҳое, ки қаблан барои ҳуқуқи идоракунии трамвай, троллейбус ва мотоароба дода шудаанд, дар шаҳодатномаи намунаи нави ронандаги мӯҳр бо навиштаҷоти дахлдори категорияи воситаи нақлиёт гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

49. Ба ронандагони касби (дараҷаи сеюм), ки гувоҳномаҳои (талонҳои тахассусӣ) то 1 сентябри соли 1977 додашударо доранд, додани тахассуси ронандаи дараҷан дуюм ё якум, иваз кардани шаҳодатномаҳои намунаи кӯҳна бо шаҳодатномаи намунаи нав ва шарти супоридани имтиҳони амалӣ дар автобус ё қатори воситаи нақлиёт бо гузоштани сабтҳои иҷозатдиҳанда дар категорияҳои "В", "С", "Е" ("В", "С", "D") ё "В", "С", "D" "BЕ" "CE" ва "DE" анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103аз 1.07.2015 № 419).

Агар шахс шаҳодатномаи ронандаи касбӣ ё шаҳодатномаи намунаи ягона ва гувоҳнома дар бораи ба ӯ додани тахассуси дараҷаи дуюм ё якуми баъди 1 сентябри соли 1977 гирифташударо дошта бошад, гузоштани сабтҳои иҷозатдиҳанда дар категорияҳои "D" ё "Е"-и шаҳодатномаи намунаи нави ронандагӣ дар сурати пешниҳод кардани гувоҳномаи муассисаи таълимӣ доир ба бозомӯзии категорияи дахлдор ва супоридани имтиҳони амали дар автобус ё автомобили ядакдор анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Дар сурати иваз кардани шаҳодатномаҳои ронандаи дараҷаи дуюм ё якум, ки қаблан аз тарафи БДА дода шудаанд, онҳо ба соҳибонашон баъди гузоштани мӯҳри "Бекор карда шудааст" баргардонида мешаванд. Дигар шаҳодатномаҳои ронандагии қаблан додашуда низ бо хоҳиши соҳибони онҳо метавонанд бо ҳамин тартиб дода шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

V. Тартиби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ

50. Шаҳодатномаҳои ронандагии байналхалқӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии миллие, ки бо талаботи Конвенция оид ба ҳаракат дар роҳҳо мутобиқанд, барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои эътибор мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2017 № 220).

51. Шаҳодатномаҳои ронандагии миллие, ки бо талаботи Конвенция оид ба ҳаракат дар роҳҳо мутобиқат надоранд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надоранд. Ба шаҳрвандоне, ки чунин шаҳодатномаҳои ронандагӣ доранд, додани шаҳодатномаҳои миллии ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умумӣ сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2017 № 220).

52. Ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии доимии матбуоти хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ дар асоси муштарак (ба истиснои шаҳрвандони ИДМ), дар сурати дар ихтиёри онҳо мавҷуд будани шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ё байналхалқии боэътибор шаҳодатномаҳои ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва қабули имтиҳоноти муқарраршуда аз онҳо дода мешаванд. Барои додани шаҳодатномаи ронандагӣ мактуби шӯъбаҳои дахлдори ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегардад.

Агар ашхоси мазкур шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ё байналхалқи надошта бошанд, он гоҳ шаҳодатномаҳои ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умумӣ дода мешаванд.

53. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаияти дорои шаҳодатномахои ронандагии боэътибор, ки бо талаботи Конвенция оид ба ҳаракат дар роҳ мутобиқат доранд ва ҳуқуқи истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтаанд ва ба синни муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома расидаанд, шаҳодатномаҳои ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шаҳодатномаҳои мавҷудаи миллии онҳо баьди аз муоинаи такрории тиббӣ гузаштан ва супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.04.2017 № 220).

Агар ашхоси дар ҳамин банд зикршуда шаҳодатномаҳои миллии ронандагии боэътибор надошта бошанд, шаҳодатномаҳои ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дар асосҳои умумӣ дода мешаванд.

54. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа шаҳодатномаи миллии ронандагии кишвари будубош, аз ҷумла шаҳодатномаҳои бо дарназардошти талаботи Конвенция оид ба ҳаракат дар роҳҳо нашршуда, ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалиро гирифтаанд, баъди гузаштани онҳо аз муоинаи такрории тиббӣ ва ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ пешниҳод кардани шаҳодатномаҳои ронандагии мазкур бо тарҷумаи тасдиқшудаи онҳо ва супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ бо шаҳодатномаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

55. Шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар ашхосе, ки забони давлати ё забони муоширати байни миллатҳоро намедонанд, ба супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ дар ҳузури тарҷумонҳои моҳир роҳ дода мешаванд, ки маълумот оид ба онҳо ҳамчунин ба протоколи комиссияи имтиҳоноти дохил карда мешаванд.

Имтиҳоноти назариявӣ дар ин ҳолат, чун қоида, бо усули сӯҳбати шифоҳи қабул карда мешаванд ва вақти супоридани имтиҳон маҳдуд карда намешавад.

VI. Тартиби тайёр, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории асноди ронандагӣ ва маводи дигар

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103)

56. Ба ҳисоб гирифтани воридшавӣ ва сарфи бланкаҳои асноди ронандагӣ, талонҳо ба онҳо, иҷозатномаҳои муваққатӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, инчунин гувоҳномаҳо дар бораи хатми курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёт аз рӯи китоби баҳисобгирии воридот ва сарфи варақаҳои ҳисоботи қатъӣ варонандагии аломатҳои рақами (Замимаи 9) пеш бурда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103, аз 1.07.2015 № 419).

57. Бланкаҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, талонҳо ба онҳо ва иҷозатномаҳои муваққатӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, инчунин гувоҳномаҳо дар бораи хатми курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳисобот қатъи нигоҳдори мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103, аз 1.07.2015 № 419).

58. Бланкаҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, талонҳо ба онҳо ва иҷозатномаҳои муваққатӣ, инчунин шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ ва гувоҳномаҳо дар бораи хатми курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёте, ки ҳангоми навиштан вайрон шудаанд, ҳангоми тафтишҳои навбати бо воситаҳо ва усулҳое, ки имкони истифодаи такрории онҳоро истисно мегардонанд, нобуд карда, дар ин бобат актҳои дахлдор тартиб дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Шаҳодатномаҳои ронандагӣ, агар соҳибони онҳо аз идоракунии воситаҳои нақлиёт бо хулосаи комиссияи тибби маҳрум карда шуда бошанд, шаҳодатномаҳои ёфтшуда, ки ба ҷои онҳо шаҳодатномаҳои нав дода шудаанд, шаҳодатномаҳои баъди ду соли хатми мӯҳлати маҳрум намудан талаб карда гирифтанашуда низ бо ҳамин тартиб бекор карда мешаванд, ки дар ин бобат дар китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ, талонҳо ба онҳо ва иҷозатномаҳои муваққатӣ сабт гузошта мешавад. Дар бораи шаҳодатномаҳои ронандаги бекоркардашуда, ки аз тарафи дигар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА дода шудаанд, ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии мазкур хабарнома фиристода мешавад (Замимаи 10) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

59. Барои тайёр намудани гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълими ронандагони воситаҳои нақлиёт, бланкаҳоишаҳодатномаҳои ронандагӣ, талонҳо ба онҳо, иҷозатномаҳои муваққатӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фармоишгари давлатӣ амал карда, танзими масъалаҳои вобаста ба фармоишдиҳӣ ва тайёр кардани онҳо, инчунин варақаҳоеро, ки бо замимаҳои 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 ба Низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, анҷом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103, аз 1.07.2015 № 419).

60. Асноде, ки дар асоси онҳо шаҳодатномаҳои ронандагӣ дода шудаанд ва иваз карда шудаанд (аризаҳо, шаҳодатномаҳои ронандагии кӯҳна, хатҳои расид ва ғайра), дар ҷузъгирҳои алоҳида дӯхта, мувофиқи тартиби муқарраргардида ду сол нигоҳ дошта мешаванд. Рӯйхатҳои шогирдони гурӯҳҳои таълимӣ бо ҳамин тартиб даҳ сол нигоҳ дошта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Шаҳодатномаҳои ронандагие, ки ба ҷои онҳо шаҳодатномаҳои нав дода шудаанд, ба ҷузъгир дӯхта мешаванд ва ба онҳо мӯҳри "Бекор карда шудааст" гузошта мешавад. Мӯҳлатҳои нигоҳдории протоколҳои комиссияҳои имтиҳоноти - 10 сол, китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ - 60 сол, баъди пур шудани онҳо мебошад. Протоколҳо ва китобҳои мазкур дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА нигоҳ дошта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

61. Тасдиқномаҳои тиббӣ, варақаҳои ронандагӣ, гувоҳномаҳо дар бораи хатми муассисаи таълимӣ баъди сабти тамоми маълумоти зарурӣ дар онҳо ҳангоми додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба ронандагон баргардонида мешаванд.

62. Шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва талонҳои ашхосе, ки аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати як сол ё зиёда аз он маҳрум карда шудаанд, дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА, ки минтақа ё маҳалли зисти соҳиби онҳоро хизмат мерасонанд, нигоҳ дошта мешаванд.

Замимаи 3 Низомнома хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 103).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ тасдиқ карда шавад.

2. Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии худро бо ҳамин Низомнома мутобиқ гардонанд.

3. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагиро ба маълумоти вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, аҳолӣ расонад ва назоратро аз болои иҷрои талаботи Низомнома таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 5 августи соли 1998 № 306

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 августи соли 1998 № 306

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ

I. Муқаррароти умумӣ

1. Ҳамин Низомнома барои тамоми ашхоси ҳуқуқи ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош ё истиқомат мекунанд, ягона ва иҷрои он аз тарафи ашхоси мазкур ҳатми мебошад, категорияи воситаҳои нақлиёт, тартиби қабули имтиҳонот, ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаҳои ронандаги, талонҳои баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо ба шаҳодатномаҳои мазкур ва ба идора кардани воситаҳои нақлиёти категорияҳои гуногун иҷозат доданро муқаррар мекунад.

2. Тамоми воситаҳои нақлиёт вобаста ба навъҳо, таъинот ва мушаххасоти идоракунии онҳо ба категорияҳои: "А", "В", "С", "D", "Е", трамвай, троллейбус, мотоароба ҷудо мешаванд, ки барои идора кардани онҳо шаҳодатномаи ягонаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо ба он дода мешавад ва дар ҷадвали дахлдори он сабти иҷозатдиҳанда ё мӯҳр бо номи категорияи воситаи нақлиёт гузошта мешавад.

______________________

1. Усули муайян кардани категорияи воситаҳои нақлиёт дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 № 565 тасдиқ гардидааст, муқаррар карда шудааст.

3. Ашхосе, ки шаҳодатномаи ронандагиро бо сабти иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои "А", "В", "С", "О" ва "Е" доранд, метавонанд навъҳои зерини воситаҳои нақлиётро идора кунанд:

"А" - мотоцикл, мотороллер, мотонарт ва дигар воситаҳои нақлиёти мотордор;

"В" - автомобильҳое (бо ҳуқуқи кори кироя ё бе чунин ҳуқуқ), ки вазни пурраи онҳо1 аз 3500 кг ва миқдори ҷойҳои нишасти онҳо, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда аз ҳашт зиёд нест, ҳамчунин мотоаробаҳо;

"С" - автомобильҳои боркаше, ки вазни пурраи онҳо аз 3500 кг зиёд аст;

"D" - автомобильҳое, ки барои интиқоли мусофирон таъин шудаанд ва ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда зиёда аз ҳашт ҷои нишаст доранд;

"Е" - қатори воситаҳои нақлиёти дорои ядакҳое, ки ба категорияҳои воситаҳои нақлиёти "В", "С" ё "D" мансубанд дар сурати мавҷуд будани сабти иҷозатдиҳандаи идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои зикршуда ё яке аз онҳо дар шаҳодатномаи ронандаги.

Ба ронандаи трамвай идоракунии танҳо трамвай, ба ронандаи троллейбус-идоракунии танҳо троллейбус ва ба ронандаи мотоаробаидоракунии танҳо мотоароба иҷозат дода мешавад.

Ба автомобильҳое, ки барои интиқоли мусофирон таъин шудаанд, инҳо мансубанд: автобусҳо ва микроавтобусҳои ғунҷоиши дахлдор, автофургонҳо дар асоси (шасси) автомобильҳои боркаш, ки барои интиқоли одамон (бригадаҳои вахта) таъин ва дар шароити заводҳои истеҳсолкунанда бо тартиби серия сохта шудаанд, ҳамчунин автомобильҳои боркаши таҷҳизонидашудае, ки зиёда аз ҳашт нафарро интиқол медиҳанд.

Ба ронандагони воситаҳои Нақлиёти категорияҳои "В", "С" ва " D" идоракунии онҳо ҳамчунин ҳангоми мавҷуд будани ядак, ки вазни пурраи он аз 750 кг зиёд нест, иҷозат дода мешавад.

_____________________

1. Вазни муҷаҳҳази воситаи нақлиёт якҷоя бо бор, ронанда ва мусофирон, ки аз тарафи заводи истеҳсолкунанда ҳамчун вазни ниҳоии ҷоиз муқаррар карда шудааст.

Барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "В", "С" ва " D" бо ядакҳо, ки вазни пурраи онҳо аз 750 кг зиёд аст, ҳамчунин автобусҳои пайваста ронанда бояд дар шаҳодатномаи ронандагӣ сабти иҷозатдиҳандаи категорияи "Е" ва барои идоракунии троллейбуси пайваста шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабти ҳуқуқи идоракунии он ва гувоҳномаи на поёнтар аз дараҷаи дуюм дошта бошад.

4. Қабули имтиҳонот, ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва ба ронандагон додани иҷозат барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В", "С", "D" ва "Е", ҳамчунин трамвайҳо, троллейбусҳо ва мотоаробаҳо аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

5. Таълим ва бозомӯзии ронандагони воситаҳои нақлиёт аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз тобеияти идори ва шакли моликияти онҳо, ки фаъолияти онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз рӯи нақшаҳо ва барномаҳои ягонаи таълимии аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хамчунин дигар вазорату идораҳои манфиатдор таҳияшуда ва бо Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда мутобиқат дорад, анҷом дода мешавад.

Муассисаҳои таълимӣ ва бозомӯзии ронандагони воситаҳои нақлиёт (баланд бардоштани савияи касбӣ) бояд дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гузошта шаванд.

6. Гурӯҳҳои таълимӣ оид ба таълим ва бозомӯзии (баланд бардоштани савияи касбӣ) ронандагони воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди то 30 нафар ташкил карда мешаванд. На дертар аз 15 рӯз пас аз сар шудани дарс, муассисаи таълимӣ дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳар як гурӯҳро бо пешниҳод ва рӯйхати хонандагон мувофиқи шакли муайяншуда (3амимаи 1) ба қайд мегирад.

Бақайдгирии гурӯҳҳои таълимие, ки мӯҳлати таҳсилашон 1 сол ва аз он зиёд мебошад, мутобиқи асосҳои мавҷуда метавонанд то 2 моҳ пас аз сар шудани таҳсил давом кунанд.

7. Санаде, ки ҳатми таълим ва бозомӯзии ронандагонро тасдиқ мекунад, "Гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълими ронандагони воситаҳои нақлиёт"-и намунаи ягона (Замимаи 2) мебошад, ки аз тарафи ташкилоти кори таълимро амалинамуда дода мешавад. Гувоҳмома санади қатъии ҳисоботи мебошад ва барои бақайдгири бо усули табоати дар он силсилаи иборат аз ҳарфҳои "А", "В", "В-С", "D", "Е", ки категорияи воситаҳои нақлиётро ифода мекунанд, ҳамчунин рақами тартибии иборат аз шаш рақам зада мешаванд.

Варақаҳои гувоҳнома бо тартиби мутамарказ аз тарафи Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешаванд.

II. Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идораи воситаҳои нақлиёт

8. Ашхосе, ки хоҳиши гирифтани шаҳодатномаи ронандагии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А" ва "В", "С" ва "D", "Е", трамвайҳо,троллейбусҳо ва мотоаробаҳоро доранд, бояд дар муассисаҳои таълимӣ курси пурраи таълим ва то оғози таълим - аз муоинаи тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурин Тоҷикистон гузаранд.

9. Ба супоридани имтиҳонот дар воҳидҳои БДА ашхосе, ки мустақилона омодагӣ дидаанд, барои идоракунии воситаҳои нақлиётӣ мансуб ба категорияҳои "А" ва "В" (бе ҳуқуқи кори кироя) баъди пардохти боҷи муқарраршуда роҳ дода мешаванд.

Дар бораи ба имтиҳонот роҳ додани ашхосе, ки мустақилона барои ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А" ва "В" (бе ҳуқуқи кори кироя) омодагӣ дидаанд, сардорони Раёсати БДА, шуъбаҳои БДА-и вилоятҳо ва муовинони онҳо, ҳамчунин ШБИ Раёсати БДА дар вилоятҳо қарор қабул мекунанд.

10. Ашхосе, ки муассисаҳои оли ё миёнаи махсусро бо ихтисоси автомобиль ва трактор хатм кардаанд ва дар барномаҳои таълимии онҳо омӯзиши фанҳои марбут ба масъалаҳои сохтори воситаҳои нақлиёт ва таъмини бсхатарии ҳаракат дар роҳҳо пешбинӣ шудаанд, ба супоридани имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии категорияҳои "А". "В", "С" роҳ дода мешаванд.

Асноде, ки ҳатми муассисаи таълими ва омӯзиши фанҳоро оид ба сохтори автомобильҳо тасдиқ мекунанд, барои ашхоси муассисаҳои таълими миёнаи махсусро хатмкарда -диплом ва нусхаҳо аз ведомостьҳои нимсола ва имтиҳонот ва барои ашхоси муассисаҳои таҳсилоти олиро хатмкардадиплом на замима ба он (нусха аз ведомости санҷишҳо) мебошанд.

11. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва мйёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои миёнаи касбҳои техники ва мактабҳои таълими ҳамагони таълими донишҷӯён ва шогирдонро барои ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти автомобилии категорияҳои "А", "В", "С" - агар чунин таълим дар нақшаҳои таълимии донишҷӯён аз рӯи ихтисос ё барномаҳои тарбияи касбии шогирдон пешбинӣ шуда бошад, аз рӯи барномаҳои махсуси бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда ташкил мекунанд.

12. Таълими ашхосе, ки аз тарафи мақомоти тандурустӣ қобили идоракунии автомобильҳои сабукрав бо зимоми дасти ё мотоаробаҳо дониста шудаанд, чӣ дар курсҳои Иттифоқи автомобильчиён ва чӣ дар курсҳои Ташкилоти мусоидат ба мудофиа (ТММ) мувофиқи барномаҳое, ки аз тарафи Вазорати ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, ба роҳ монда мешавад.

13.Таълими ронандагони троллейбусҳо аз рӯи нақшаҳо ва барномаҳои ягонае, ки аз тарафи Концерни давлатии "Тоҷиккоммунсервис" таҳия ва тасдиқ гардидаанд ва бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, анҷом дода мешавад.

14. Имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ аз тарафи воҳидҳои БДА аз шаҳрвандон, чун қоида, мувофиқи маҳалли қайди доимӣ ё муваққатӣ қабул карда мешаванд. Қабули имтиҳонот аз ашхосе, ки дар маҳалли додашуда дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ таҳсил мекунанд, дар сафари дарозмуддати хизматӣ мебошанд ва дигар ҳолатҳое, ки бо асноди дахлдор тасдиқ карда мешаванд, иҷозат дода мешавад. Хизматчиёни ҳарбӣ ба имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ дар маҳалли ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбӣ, роҳ дода мешаванд.

15. Ба идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "А",- ҳамчуннн мотоаробаҳо ашхосе, ки ба синни 16, категорияҳои "В", "С" - ба синни 18 ва категорияҳои дигар ба синни 20 расидаанд, чоҳдода мешаванд.

16. Ба идоракунии воситаҳои нақлиёти бо сигналҳои махсуси овозӣ ва нурӣ таҷҳизонидашуда, воситаҳои нақлиёте, ки борҳои хавфнокро мекашонанд, ҳамчунин автобусҳое, ки дар хатҳои сайри байнишаҳрӣ ва байналхалқӣ ҳаракат мекунанд, танҳо ашхосеро дода мешаванд, ки дар муддати се соли охир ҳамчун ронандагони категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт бетанаффус кор мекунанд.

17. Тартибн ба идоракунии воситаҳои нақлиёти штати роҳ додани хизматчиёни ҳарби ва кормандони Вазорати мудофиа, мақомоти корҳои дохилӣ ва амният, ки шаҳодатномаи ронандагӣ доранд, мутобиқан аз тарафи Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

18. Ба супоридани имтиҳоноти назариявӣ барои гирифтани ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "А", "В" ва аз категорияи "D" ба категорияҳои "А", "В", "С", бе бозомӯзии пешаки дар муассисаҳои таълими, ронандагон ва номзадҳо ба ронандагие, ки имтиҳони назариявиро барои категорияҳои "С" ва "D" дар БДА супоридаанд, баъди пардохти боҷ ва хизматрасонии муқарраршуда роҳ дода мешаванд.

19. Қабули имтиҳони амалӣ аз ашхосе, ки муассисаи таълимиро аз рӯи барномаи таълими ронандагони автомобильҳои категорияи "В - С" хатм кардаанд, дар ҳарду воситаи нақлиёте, ки ба категорияҳои "В" ва "С" мансубанд, анҷом дода мешавад.

20. Ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи "Е" ба ронандагоне дода мешавад, ки шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабтҳои иҷозатдиҳандаи дар категорияҳои "В", "С", "В-С", "ВС-Д" ва собиқаи бетанаффуси кори1 дар воситаҳои нақлиёти дахлдор, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти истифодаи шахсиро доранд ва дар муассисаҳои таълими аз рӯи барномаҳои муқарраршуда курси бозомӯзиро гузашта, дар воҳидҳои БДА имтиҳони амалиро дар қатори воситаҳои нақлиёт супоридаанд. Зимнан, аз ронандагоне, ки шаҳодатнома бо сабтҳои иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои "В-С-Д" доранд, имтиҳон дар автобуси пайваста қабул карда мешавад.

Ҳуқуқи идоракунин воситаҳои нақлиёти категорияи "D" ба ронандагоне дода мешавад, ки шаҳодатномаи ронанда категорияҳои "В", "С" ё "В-С" ва дар воситаи нақлиёти дахлдор собиқаи кории яксолаи бетанаффус дошта, аз рӯи барномаҳои муқарраршуда курси бозомӯзиро гузаштаанд ва имтиҳоноти назарияви ва амалиро супоридаанд.

Имтиҳон оид ба малакаи ронандагӣ дар автобусҳо ва қаторҳои воситаҳои нақлиёт, ки аз тарафи муассисаи таълимӣ ҷудо карда мешаванд, қабул карда мешавад.

Ба хизматчиёни ҳарбии хизмати хатми ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои "D" ва "Е" дар сурати дар шаҳодатномаҳои ронандагии онҳо мавҷуд будани сабтҳои иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои "В-С", "С" ва собиқаи бетанаффуси корӣ дар воситаҳои нақлиёти ҷузъу томҳои ҳарбӣ на камтар аз 6 моҳ, аз ҷумла гузаштани курси бозомӯзӣ аз рӯи барномаҳои муқарраршуда ва супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ дода мешавад.

21. Тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи даврии ҳатмии тиббӣ гузаронида мешаванд.

Ашхоси мансабдори Бозрасии давлатии автомобилӣ, роҳбарони корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ дар сурати пайдо шудани шубҳа дар мавриди саломатии ронанда метавонанд ӯро пештар аз мӯҳлатҳои муқарраршуда ба муоинаи такрории тиббӣ фиристанд.

Агар ронанда аз гузаштани муоинаи такрории тиббӣ саркашӣ намояд ё аз тарафи комиссияи тибби ғайри қобили идораи воситаҳои нақлиёт дониста шавад, он гоҳ шаҳодатномаи ронандагии ӯ аз тарафи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бо тартиби муқарраршуда кашида гирифта мешавад.

Қарор дар бораи ба муоинаи такрории тиббӣ фиристодани ронанда аз тарафи сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои БДА ва муовинони онҳо қабул карда мешавад.

III. Тартиби ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагӣ

2.6. Шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои ҳуқуқи ронандагии воситаҳои нақлиёти мансуб ба категорияҳои "А", "В", "С", "D" ва мотоароба ба ашхосе, ки дар воҳидҳои БДА нмтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ, категорияҳои "Е" - имтиҳони амалӣ ва барои

_______________________

1. Собиқаи тамоми давраи кор ҳамчун ронандаи воситаи нақлиёт

ҳуқуқи ронандагии трамвай ё троллейбус - имтиҳони амалиро супоридаанд, дода мешаванд.

Тартиби қабули имтиҳонро ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ҳангоми имтиҳони назарияви донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва дигар фанҳое, ки дар барномаи таълим пешбини шудаанд, санҷида мешавад.

Ҳангоми имтиҳони амали малакаи рондани танҳо воситаи нақлиёти ҳамон категорияҳое санҷида мешавад, ки барои идоракунии онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ дархост мегардад.

23. Барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагии воситаҳои нақлиёт аз тарафи номзадҳо ба ронандагӣ ба воҳиди БДА асноди зерин пешниҳод карда мешаванд:

- гувоҳнома дар бораи хатми таълим аз рӯи барномаҳои категорияҳои дахлдори воситаҳои нақлиёт, ки барои ҳуқуқи идоракунии онҳо иҷозат дархост мегардад (ба истиснои ашхосе, ки дар қисми 2 банди 1 ҳамин Низомнома зикр шудаанд);

- нусхаи диплом ва ведомостьҳои нимсола ва имтиҳонот ё замима ба диплом (барои ашхоси дар банди 10 зикршуда);

- ду дона акс - ба андозаи 3,5 х 4,5 см дар коғази беҷило бо ҷои холӣ дар кунҷи рост;

- тасдиқномаи тиббии намунаи муқарраршуда оид ба қобили идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор будан (Замимаи 3);

- хати расиди (квитанция) муассисан Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хазинаи амонатгузорӣ доир ба пардохти боҷи муқарраршуда барои имтиҳонот ва китобчаи (варақа) шаҳодатномаи ронандагӣ;

- шиноснома ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он.

24. Пеш аз супоридани имтиҳонот барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ варақаи ронандагӣ (Замимаи 4) пур карда мешавад, ки он якҷоя бо шиноснома ё дигар санади ивазкунандаи он ба комиссияи имтиҳонотӣ пешниҳод мегардад.

3.11. Ба ашхосе, ки имтиҳоноти назариявӣ ва амалиро супоридаанд, дар асоси шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва талонҳои баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо ба онҳо навишта шуда, силсила ва рақамҳои онҳо аз рӯи тартиби рақамҳо дар китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ (Замимаи 5), ҳамчуннн дар варақаи ронандагӣ сабт карда мешаванд.

Шаҳодатномаҳои ронандагии категорияи "В" (бе ҳуқуқи кори кироя) метавонад ба ашхосе дода шавад, ки мустақилона омодагӣ дидаанд ва имтиҳоноти назариявӣ ва амалиро супоридаанд.

26. Шаходатномаҳои ронандагӣ ва талонҳо ба онҳо дастӣ, бо ранги махсус ё мошинкаи чопӣ пур карда мешаванд.

27. Асоснокии додан ва дурустии пур кардани шаҳодатномаи ронандагӣ баъди аз тарафи раиси комиссияи имтиҳоноти тафтиш кардан бо имзои ӯ ва мӯҳр тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ дар гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълими сана, силсила ва рақами шаҳодатномаи додашуда ва номи воҳиде, ки онро додааст, сабт карда мешавад. Сабтҳои анҷомдодашуда бо мӯҳр тасдиқ карда мешаванд.

28. Сабтҳо дар ҷадвалҳои категорияҳои воситаҳои нақлиёт, ки барои идоракунии онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ дода мешавад, бо мӯҳри "Иҷозат дода шудааст" анҷом дода мешаванд. Ҷадвалҳои дигар категорияҳои воситаҳои нақлиёт, ки барои идоракунии онҳо иҷозат дода нашудааст (агар шаҳодатнома намунаи куҳна бошад), бо компостери шакли мудаввар беэътибор сохта мешаванд.

29. Ҳангоми гирифтани иҷозат барои идораи трамвай, троллейбус ва мотоароба дар ҷадвали "Барои сабтҳои махсус"-и шаҳодатномаи ронандагӣ мӯҳр бо навиштаҷоти ба категорияҳои зикршудаи воситаҳои нақлиёт мутобиқ гузошта мешавад.

30. Ҳангоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ ба ашхосе, ки мӯҳлатҳои муоинаи тиббии онҳо аз тарафи комиссияҳои тиббӣ бо тартиби муқарраршуда маҳдуд гардонида шудаанд, дар ҷадвали "Барои сабтҳои махсус" мӯҳри "Тасдиқномаи тиббӣ ҳатмист" гузошта мешавад. Дар худи ҳамин ҷадвал дигар маҳдудиятҳо ва дастурҳоро сабт кардан мумкин аст.

31. Шогирдоне, ки техникум, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ё мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагониро хатм кардаанд, ҳамчунин даъватшавандагоне, ки аз тарафи Вазорати мудофиа барои таълимӣ ронандагии воситаҳои нақлиёт ҷалб карда шудаанд, баъди хатми таълим ва гирифтани гувоҳномаҳои дахлдор дар БДА ба имтиҳонот роҳ дода мешаванд.

Баъди супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ ба онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ бо ҳуқуқи идоракунни воситаи нақлиёти категорияи дахлдор дода мешавад. Зимнан, дар ҷадвали "Барои сабтҳои махсус" санае, ки аз он сар карда, дорандаи шаҳодатнома (то расидан ба синни 18) ҳуқуқи идоракунии автомобильро дорад, зикр карда мешавад.

32. Ҳангоми гирифтани иҷозат барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи дигар шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо бо шаҳодатномаи ронанда ва талон ба он иваз карда мешавад.

33. Шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба соҳибони онҳо бо имзои шахси дар китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари ивазкунандаи он, ҳамчунин ба таври истисно бо пешниҳоди ваколатнома дода мешаванд.

34. Ба ашхосе, ки ҷазоро дар шакли маҳрумият аз озоди адо мекунанд ва суд онҳоро аз ҳуқуқи ронандагни воситаи нақлиёт маҳрум накардааст, шаҳодатномаҳои ронандагии кашида гирифташудаи онҳо метавонанд аз тарафи воҳидҳои БДА дар маҳалли адои ҷазо дар асоси тавсияномаи маъмурияти муассисаи ислоҳоти меҳнати мутобиқи тартиби муқарраргардида бозпас дода шаванд.

IV. Тартиби иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ

35. Иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ ва талон ба он дар асоси пешниҳоди ариза (Замимаи 6), тасдиқномаи тибби доир ба қобили идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор будани ронанда, варақаи ронандаги ё тасдиқномаи БДА ВКД, Раёсати корҳои дохилие, ки шаҳодатномаи ронандагиро додааст, анҷом дода мешавад.

36. Иваз кардани шаҳодатномаҳои муваққатии ронандагии пештар додашуда ё шаҳодатномаҳои дорои мӯҳри "Бе ҳуқуқи кори кироя" мутобиқи банди 35 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

Шаҳодатномаи ронандагии дорои мӯҳри "Бе ҳуқуқи кори кироя" бо шаҳодатномаи дорои мӯҳри категорияи "В" дар сурате иваз карда мешавад, ки соҳиби он воситаи нақлиёти категорияи додашударо на камтар аз 2 сол идора карда, вале мутобиқи банди 9 ҳамин Низомнома шаҳодатнома нагирифта бошад.

37. Ба ашхосе, ки дар давоми 12 моҳи охир воситаҳои нақлиётро идора кардаанд, иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагӣ бе имтиҳоноти дахлдор анҷом дода мешавад:

Асноде, ки идоракунии доимии воситаҳои нақлиётро тасдиқ мекунанд, метавонанд инҳо бошанд:

- барои ронандагоне, ки кор мекунанд, - иқтибос аз дафтарчаи меҳнатӣ ё тасдиқнома аз ҷои кор бо зикри навъи нақлиёте, ки ба номи ронандагони мазкур қайд аст;

- барои ронандагони инфироди - асноди бақайдгирии воситаҳои нақлиёте, ки ба онҳо тааллуқ доранд;

- барои ашхосе, ки автомобильҳоро бо ваколатнома истифода мебаранд, - асноди бақайдгирии автомобиль ва ваколатнома барои ҳуқуқи истифодабари ва ихтиёрдории он ё гувоҳнома оид ба ҳуқуқи моликияти муштарак ба воситаи нақлиёт;

- барои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба эҳтиёт рухсат шудаанд, - билети ҳарбӣ бо сабти дахлдор.

38. Ба ашхосе, ки дар давоми 12 моҳи охир воситаҳои нақлиётро идора накардаанд, иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ баъди супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ анҷом дода мешавад.

Зимнан, агар шахс барои идоракунии якчанд категорияи воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла мотоциклҳо ва катори воситаҳои нақлиёт иҷозат дошта бошад, он гоҳ имтиҳони амалӣ бо салоҳдиди комиссияи имтиҳоноти танҳо дар воситаи нақлиёти яке аз категорияҳо: "В" ё "С" ё "D" қабул карда мешавад.

39. Шахсе, ки барои идоракунии воситаҳои нақлиёти якчанд категория иҷозат дорад, ҳангоми иваз кардани гувоҳномаи ронандагӣ метавонад иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёти яке аз категорияҳоро гирад. Дар ин сурат имтиҳони амалӣ дар воситаи нақлиёти категорияи дархостшуда қабул карда мешавад ва дар шаҳодатномаи ронандагии додашаванда танҳо дар ҷадвали ҳамин категория сабти иҷозатдиҳанда гузошта мешавад.

Барқарор намудани категорияҳое, ки ронанда пештар дошт, дар асоси аризаи ӯ мутобиқи талаботи бандҳон 35 - 38 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

40. Ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ дар шаҳодатномаи нав додашаванда дар ҷадвали "Барои "сабтҳои махсус" силсила рақам ва санаи додани шаҳодатномаи ронандагии пешина ва талон ба он сабт карда мешавад.

41. Дар сурати гум шудани шаҳодатномаи ронандагӣ шаҳодатномаи нав бо сабти "Нусхаи дуюм" аз тарафи воҳиди БДА-и маҳалли қайд дар асоси ариза, варақаи ронандагӣ, тасдиқномаи тиббӣ ва дар ҳолатҳои зарурат бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълими ё тасдиқнома аз БДА ВКД, Раёсати корҳои дохилие, ки шаҳодатномаи пешинаро додааст, дода мешавад.

42. Дар ҳолати аз тарафи ронанда гум карда шудани талони бақайдгирии вайрон кардани қоидаҳо, ошкор гардидани ин, ки сабтҳо тоза карда, ислоҳ шудаанд, талони нав аз ҷониби воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотӣ (ВБИ) Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти соҳиби талон баъди супоридани имтиҳони назариявӣ дода мешавад.

Зимнан, маълумот дар хусуси аз тарафи ронанда роҳ додан ба вайронкунии қоидаҳое, ки Кодекси қонунвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, мӯҳлати эътибори онҳо нагузаштааст ва аз рӯи иттилооти мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар гардидаанд, ба талони нав кӯчонида мешаванд.

43. Нусхаҳои дуюми шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба ивази шаҳодатномаҳои гумшуда аз тарафи воҳидҳои БДА ба соҳибони онҳо баъди супоридани имтиҳони назариявӣ, ба истиснои ҳолатҳои гум шудани шаҳодатнома ҳангоми офатҳои табиат, ҳамчунин сӯхтор, обхезӣ ва дигар ҳолатҳои объективӣ, агар ин ҳолатҳо бо асноди дахлдори мақомоти тафтишоти тасдиқ карда шаванд, дода мешаванд.

Ба расмият даровардани шаҳодатнома ба ивази шаҳодатномаи ҳангоми офати табиат, сӯхтор, обхези ва ғайра гумшуда, агар он бо санадҳо тасдиқ карда шавад, бе қабули имтиҳонот анҷом дода мешавад.

44. Дар давоми барасмиятдарории нусхаи дуюми шаҳодатномаи ронандагӣ метавонад барои як моҳ иҷозатномаи муваққати (Замимаи 7) дода шавад. Дар мавриди зарурат (фиристодани дархост ва гирифтани ҷавоб ба он, муайян кардани ҳолатҳои алоҳидаи вобаста ба гум шудани шаҳодатнома) иҷозатномаи муваққати метавонад ба мӯҳлати то 3 моҳ тамдид карда шавад.

45. Иҷозатномаҳои муваққатие, ки барои давраи барасмиятдарории нусхаҳои дуюми шаҳодатномаҳо дода мешаванд, дар китоби алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд (Замимаи 8) ва баъди додани нусхаҳои дуюми шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба мавод илова карда мешаванд.

46. Ба ашхосе, ки шаҳодатномаҳои ронандагиро дафъаи якум ба ивази шаҳодатномаҳои гумшуда ё ғайри қобили истифодагардида мегиранд, дар сурати кушода шудани категорияҳои нав, ҳамчунин дар ҳолатҳои дигари вобаста ба гирифтани шаҳодатномаҳо аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ ба ғайр аз шаҳодатномаи ронандагӣ талони бақайдгирии вайрон кардани қоидаҳо низ дода мешавад. Силсила ва рақамҳои ин ҳуҷҷатҳо бо тартиби рақам ба китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва талонҳои бақайдгирии вайрон кардани қоидаҳо сабт карда мешаванд (Замимаи 5).

47. Шаҳодатномаҳои ронандагии ёфтшуда ва талонҳо ба онҳо, ки ба ивази онҳо ба соҳибонашон нусхаҳои дуюм дода шудаанд, беэътибор дониста ва ба воҳиди БДА барои бо тартиби муқарраршуда нобуд кардан супорида мешаванд.

48. Шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна бо шаҳодатномаҳои ронандагии ягона дар асосҳои умуми иваз карда мешаванд. Зимнан, дар шаҳодатномаи ронандагии нав сабтҳои иҷозатдиҳанда дар категорияҳои зерин гузошта мешаванд:

- ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандаи мотоцикл - дар категорияи "А";

- ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандаи ғайрикасбӣ - дар категорияи "В";

- ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандаи касби (дараҷаи сеюм) - дар категорияҳои "В" ва "С";

- ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаи ронандаи дараҷаҳои дуюм ва якум, ки аз тарафи БДА дода шудаанд, дар категорияҳои "В", "С", "D" ва "Е".

Ҳангоми иваз кардани шаҳодатномаҳое, ки қаблан барои ҳуқуқи идоракунии трамвай, троллейбус ва мотоароба дода шудаанд, дар шаҳодатномаи ягонаи ронандаги мӯҳр бо навиштаҷоти дахлдори категорияи воситаи нақлиёт гузошта мешавад.

49. Ба ронандагони касби (дараҷаи сеюм), ки гувоҳномаҳои (талонҳои тахассусӣ) то 1 сентябри соли 1977 додашударо доранд, додани тахассуси ронандаи дараҷан дуюм ё якум, иваз кардани шаҳодатномаҳои намунаи кӯҳна бо шаҳодатномаи ягона ва шарти супоридани имтиҳони амалӣ дар автобус ё қатори воситаи нақлиёт бо гузоштани сабтҳои иҷозатдиҳанда дар категорияҳои "В", "С", "Е" ("В", "С", "D") ё "В", "С", "D" "Е" анҷом дода мешавад.

Агар шахс шаҳодатномаи ронандаи касбӣ ё шаҳодатномаи намунаи ягона ва гувоҳнома дар бораи ба ӯ додани тахассуси дараҷаи дуюм ё якуми баъди 1 сентябри соли 1977 гирифташударо дошта бошад, гузоштани сабтҳои иҷозатдиҳанда дар категорияҳои "D" ё "Е"-и шаҳодатномаи ягонаи ронандагӣ дар сурати пешниҳод кардани гувоҳномаи муассисаи таълимӣ доир ба бозомӯзии категорияи дахлдор ва супоридани имтиҳони амали дар автобус ё автомобили ядакдор анҷом дода мешавад.

Дар сурати иваз кардани шаҳодатномаҳои ронандаи дараҷаи дуюм ё якум, ки қаблан аз тарафи БДА дода шудаанд, онҳо ба соҳибонашон баъди гузоштани мӯҳри "Бекор карда шудааст" баргардонида мешаванд. Дигар шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна низ бо хоҳиши соҳибони онҳо метавонанд бо ҳамин тартиб дода шаванд.

V. Тартиби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ

50. Шаҳодатномаҳои ронандагии байналхалқӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии миллие, ки бо талаботи Конвенция оид ба ҳаракат дар роҳҳо мутобиқанд, барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои эътибор мебошанд.

51. Шаҳодатномаҳои ронандагии миллие, ки бо талаботи Конвенция оид ба ҳаракат дар роҳҳо мутобиқат надоранд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надоранд. Ба шаҳрвандоне, ки чунин шаҳодатномаҳои ронандагӣ доранд, додани шаҳодатномаҳои миллии ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умумӣ сурат мегирад.

52. Ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии доимии матбуоти хориҷӣ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ дар асоси муштарак (ба истиснои шаҳрвандони ИДМ), дар сурати дар ихтиёри онҳо мавҷуд будани шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ё байналхалқии боэътибор шаҳодатномаҳои ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва қабули имтиҳоноти муқарраршуда аз онҳо дода мешаванд. Барои додани шаҳодатномаи ронандагӣ мактуби шӯъбаҳои дахлдори ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегардад.

Агар ашхоси мазкур шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ё байналхалқи надошта бошанд, он гоҳ шаҳодатномаҳои ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умумӣ дода мешаванд.

53. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаияти дорои шаҳодатномахои ронандагии боэътибор, ки бо талаботи Конвенция оид ба ҳаракат дар роҳ мутобиқат доранд ва ҳуқуқи истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтаанд ва ба синни муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома расидаанд, шаҳодатномаҳои ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шаҳодатномаҳои мавҷудаи миллии онҳо баьди аз муоинаи такрории тиббӣ гузаштан ва супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ дода мешаванд.

Агар ашхоси дар ҳамин банд зикршуда шаҳодатномаҳои миллии ронандагии боэътибор надошта бошанд, шаҳодатномаҳои ронандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дар асосҳои умумӣ дода мешаванд.

54. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷа шаҳодатномаи миллии ронандагии кишвари будубош, аз ҷумла шаҳодатномаҳои бо дарназардошти талаботи Конвенция оид ба ҳаракат дар роҳҳо нашршуда, ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии байналхалқиро гирифтаанд, баъди гузаштани онҳо аз муоинаи такрории тиббӣ ва ба воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ пешниҳод кардани шаҳодатномаҳои ронандагии мазкур бо тарҷумаи тасдиқшудаи онҳо ва супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ бо шаҳодатномаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда мешаванд.

55. Шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар ашхосе, ки забони давлати ё забони муоширати байни миллатҳоро намедонанд, ба супоридани имтиҳоноти назариявӣ ва амалӣ дар ҳузури тарҷумонҳои моҳир роҳ дода мешаванд, ки маълумот оид ба онҳо ҳамчунин ба протоколи комиссияи имтиҳоноти дохил карда мешаванд.

Имтиҳоноти назариявӣ дар ин ҳолат, чун қоида, бо усули сӯҳбати шифоҳи қабул карда мешаванд ва вақти супоридани имтиҳон маҳдуд карда намешавад.

VI. Тартиби баҳисобгирӣ ва нигоҳдории асноди ронандагӣ ва маводи дигар

56. Ба ҳисоб гирифтани воридшавӣ ва сарфи варақаҳои (китобчаҳо) асноди ронандагӣ аз рӯи китоби баҳисобгирии воридот ва сарфи варақаҳои ҳисоботи қатъӣ ва аломатҳои рақами (Замимаи 9) пеш бурда мешавад.

57. Китобчаҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, талонҳо ба онҳо ва иҷозатномаҳои муваққати ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳисобот қатъи нигоҳдори мешаванд.

58. Китобчаҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, талонҳо ба онҳо ва иҷозатномаҳои муваққатие, ки ҳангоми навиштан вайрон шудаанд, ҳангоми тафтишҳои навбати бо воситаҳо ва усулҳое, ки имкони истифодаи такрории онҳоро истисно мегардонанд, нобуд карда, дар ин бобат актҳои дахлдор тартиб дода мешаванд.

Шаҳодатномаҳои ронандагӣ, агар соҳибони онҳо аз идоракунии воситаҳои нақлиёт бо хулосаи комиссияи тибби маҳрум карда шуда бошанд, шаҳодатномаҳои ёфтшуда, ки ба ҷои онҳо шаҳодатномаҳои нав дода шудаанд, шаҳодатномаҳои баъди ду соли хатми мӯҳлати маҳрум намудан талаб карда гирифтанашуда низ бо ҳамин тартиб бекор карда мешаванд, ки дар ин бобат дар китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ, талонҳо ба онҳо ва иҷозатномаҳои муваққатӣ сабт гузошта мешавад. Дар бораи шаҳодатномаҳои ронандаги бекоркардашуда, ки аз тарафи дигар воҳидҳои БДА дода шудаанд, ба воҳидҳои мазкур хабарнома фиристода мешавад (Замимаи 10).

59. Варақаҳое, ки бо Замимаҳои 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 ба ҳамин Низомнома пешбинӣ шудаанд, аз тарафи воҳидҳои БДА дар маҳалҳо нашр карда мешаванд.

60. Маводе, ки дар асоси онҳо шаҳодатномаҳои ронандагӣ дода шудаанд ва иваз карда шудаанд (аризаҳо, шаҳодатномаҳои ронандагии кӯҳна, хатҳои расид ва ғайра), ҳамчунин рӯйхатҳои шогирдони гурӯҳҳои таълимӣ дар ҷузъгирҳои алоҳида дӯхта ва бо тартиби муқарраршуда ду сол нигоҳ дошта мешаванд.

Шаҳодатномаҳои ронандагие, ки ба ҷои онҳо шаҳодатномаҳои нав дода шудаанд, ба ҷузъгир дӯхта мешаванд ва ба онҳо мӯҳри "Бекор карда шудааст" гузошта мешавад. Мӯҳлатҳои нигоҳдории протоколҳои комиссияҳои имтиҳоноти - 10 сол, китоби додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ - 60 сол, баъди пур шудани онҳо мебошад. Протоколҳо ва китобҳои мазкур дар воҳидҳои БДА нигоҳ дошта мешаванд.

61. Тасдиқномаҳои тиббӣ, варақаҳои ронандагӣ, гувоҳномаҳо дар бораи хатми муассисаи таълимӣ баъди сабти тамоми маълумоти зарурӣ дар онҳо ҳангоми додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба ронандагон баргардонида мешаванд.

62. Шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва талонҳои ашхосе, ки аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати як сол ё зиёда аз он маҳрум карда шудаанд, дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА, ки минтақа ё маҳалли зисти соҳиби онҳоро хизмат мерасонанд, нигоҳ дошта мешаванд.