Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 № 64 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 13.06.2013 № 964 аз эътибор соқит дониста шуд

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995 №21, мод. 251; с.1997, №23-24, мод. 333; с.1998, №10, мод.119; с.1999, № 9, мод. 230; с.2002, №4 қ.1, мод. 284) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми якуми моддаи 1:

- банди 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"9. Амалиёти ҷории асъорӣ:

а) интиқол ва пардохт бо асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳисоббаробаркуниҳои содирот ва воридоти мол, кор ва хизматрасонӣ (аз ҷумла, дар соҳаҳои туризм, тиб ва маориф), инчунин барои ҳисоббаробаркуниҳои ба кори механизмҳои кӯтоҳмуддати бонкӣ ва қарзӣ вобаста буда;

б) интиқол ва пардохти фоизҳо, суди саҳмия (дивидент) ва даромадҳои дигар аз рӯи пасандозҳо, маблағгузориҳо, кредитҳо ва амалиёти дигар, ки бо ҳаракати сармоя вобаста аст, аз ҷумла пардохти маблағҳои маҳдуд ба ҳисоби бозпардохти қарзҳо ё ба ҳисоби истеҳлоки сармоягузориҳои мустақим ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) интиқол ва пардохтҳои дорои хусусияти ғайритиҷоратӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла интиқол ва пардохти музди меҳнат, нафақа, алимент, мерос, маблағҳои маҳдуд барои хароҷоти ҷории оилаҳо, инчунин дигар амалиёти ба ин монанд";

- дар банди 11 калимаҳои "асъори онҳо" ба калимаи "асъор" иваз карда шаванд;

- банди 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"13. Нуқтаҳои мубодила (ё бюро) муассисаҳои мубодилавии бонкҳои ваколатдор, дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор ва шахсони воқеӣ мебошанд, ки дар онҳо бевосита амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақдинаи хориҷӣ гузаронида мешаванд. Тартиби кушодани нуқтаҳои мубодила (ё бюро) бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд".

2. Дар қисми 3 моддаи 2, қисми 6 моддаи 6 ва қисми 5 моддаи 8 калимаҳои "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми 2 моддаи 4 калимаҳои "нуқтаҳои мубодилаи онҳо" ба калимаҳои "нуқтаҳои мубодила" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 2 моддаи 11 ва қисми 4 моддаи 12 калимаҳои "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

5. Қисми 4 моддаи 14 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"4. Ситонидани маблағи ҷаримаи дар ин модда зикршуда ва ҷаримаҳои дигар аз тарафи мақомоти назорати асъор, аз ҷумла бо пешниҳоди агентҳои назорати асъор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

9 декабри соли 2004 № 64