Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" аз 31 июля соли 2001, № 357

Санаи амалкуни: 31.07.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2001 № 357

тасдиқ шудааст

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2004 № 297, аз 30.12.2007 № 653, 12.12.2011 № 626, аз 18.05.2012 № 247, аз 26.03.2015 № 160, аз 5.12.2015 № 754, аз 21.06.2018 № 333, аз 31.07.2018 № 360)

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи мазкур ташкил ва тартиби фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-ро, ки минбаъд "Корхона" номида мешавад, муайян мекунад.

2. "Корхона" дар натиҷаи таҷдиди сохтори Ширкати давлатии "Тоҷиккоммунсервис" мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2001 № 235 таъсис ёфта, вориси ҳуқуқии он мебошад ва дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ аст.

3. Муассиси "Корхона" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" номида мешавад.

4. Номи фирмавии "Корхона" бо забони давлатӣ:

- Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Номи мухтасар:

- КВД "ХМК".

Номи фирмавии "Корхона" бо забони русӣ:

- Государственное унитарное предприятие "Жилищно-коммунальное хозяйство"

Номи мухтасар:

- ГУН "ЖКХ".

5. Маҳали ҷойгиршавии "Корхона":

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Шотемур 31.

II. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ КОРХОНА

6. "Корхона" мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Оиннома фаъолият мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 360).

7. "Корхона" шахси ҳуқуқиест, ки фаъолияти хоҷагидориро анҷом медиҳад, дорои баланси мустақил, суратҳисобҳои ҷорӣ, асъорӣ ва дигар суратҳисобҳо дар муассисаҳои бонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, бланка, мӯҳр, нишони мол ва номи фирмавӣ мебошад.

8. "Корхона" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида мақоми шахси ҳуқуқиро ба даст меорад.

9. "Корхона" аз номи худ ҳуқуқи амволӣ ба даст меорад, ҳақ дорад ба сифати даъвогар ва ҷавобгар дар судҳои иқтисодӣ ва ҳакамӣ баромад кунад.

10. Иншоот, таҷҳизот ва дигар амволи таъиноти истеҳсолӣ ва таъиноти дигари хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки ба баланси ,Корхона, дода мешавад, моликияти ҷумҳуриявӣ буда, ба "Корхона" тибқи ҳуқуқи пурраи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад.

Ба "Корхона" ҳуқуқи идораи пакети давлатии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода (ҶСШК), ки дар хоҷагии манзилию коммуналӣ фаъолиятро анҷом медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад.

Муносибатҳои мутақобилаи байни "Корхона" ва ҶСШК дар асосҳои шартномавӣ сурат мегирад.

11. "Корхона" барои ӯҳдадориҳояш бо ҳамаи амволи марбутаи худ ҷавобгӯ мебошад. "Корхона" барои ӯҳдадориҳои "Муассис" ва "Муассис" низ барои ӯҳдадориҳои "Корхона" масъулият надоранд.

12. "Корхона" масъалаҳои ба сифати шахси ҳуқуқӣ таъсис додани дигар корхонаҳоро бо ҳуқуқи корхонаи фаръӣ ҳал мекунад. ,Корхона, мавзӯъ ва мақсади фаъолият, таҷдиди сохтор ва барҳамдиҳии онҳоро муайян карда, ҳамчунин Оинномаи онҳоро тасдиқ ва роҳбарони корхонаҳоро таъин менамояд. Тибқи таъиноти истифода бурдани амволи ба корхона додашуда ва нигаҳдошти онро назорат мекунад. Ҳуқуқ дорад амволро гирад (тасарруф намояд) ё метавонад тибқи салоҳдиди худ онро байни дигар шахсони ҳуқуқи таъсисёфта аз нав тақсим намояд, инчунин ба гирифтани қисми даромад аз истифодаи амволи таҳти пешбурди хоҷагидории корхонаҳо қарордошта ҳуқуқ дорад.

Номенклатураи мансабҳои роҳбарони корхонаҳоро, ки аз ҷониби "Корхона" ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, муайян намуда, бо онҳо дар мавриди қабул ба кор дар асоси кироя қарордод мебандад.

Ҳангоми аз ҷониби роҳбар иҷро нагардидани қарордоди имзошуда дар мавриди қабул ба кор дар асоси кироя "Корхона" ҳуқуқ дорад роҳбари муваққатии корхонаро таъин намояд.

13. "Корхона" ҳуқуқ дорад филиалҳо ва намояндагиҳо ташкил диҳад, ки шахси ҳуқуқӣ намебошанд, онҳоро бо амвол таъмин намояд ва Низомномаи онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он тасдиқ намояд.

14. "Корхона" ҳуқуқ дорад якҷоя бо корхонаҳои инфиродӣ, корхонаҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқӣ корхонаҳо ва истеҳсолоти муштарак таъсис диҳад, дар он сармоя гузорад.

15. "Корхона" ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаҳои мустақиман тобеи "Корхона"-ро дар мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо), инчунин дар мақомоти идораи давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.

16. Ҷиҳати иҷрои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон "Корхона" мақомоти махсус ваколатдорнамудаи давлатие мебошад, ки назорати давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

III. МАҚСАД ВА МАВЗӯИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА

17. "Корхона" бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи истифода, рушд ва ҳамоҳангсозии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодаи самарабахши амволи давлатӣ барои гирифтани даромад аз хизматрасонӣ барои аҳолӣ таъсис дода шудааст.

18. Мавзӯи фаъолияти "Корхона" аз инҳо иборат аст:

- истифода ва таъмини ҳифзи фонди манзил дар шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳо;

- таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва чарогоҳҳо бо оби нушокӣ ва канализатсия, назорати сифат ва ҷараёни об (карор аз 18.05.2012с.№247);

- таъмини гармӣ дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо;

- поккории санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ирригатсия дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо;

- корҳои сохтмону васл, бакорандозӣ, сантехникӣ ва дигар корҳои махсусгардонидашудаи таъмир;

- корҳои кофтуков ва пармакунии чоҳҳои амудӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 333);

- хизматрасонии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ, сарфи назар аз ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҳисоби маблағҳои моликони онҳо дар асоси шартномавӣ;

- корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию конструкторӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ;

- анҷом додани фаъолияти тиҷоратию харид, таъминотӣ, ташкили амборҳои яклухти бо маводи такмилӣ ва таҷҳизот таъмин намудани соҳаи манзилию коммуналӣ, мусоидат ба таъмини моддию техникии корхонаҳо;

- иншооти тиҷорат ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ;

- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла амалиёти воридотию содиротӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар корхонаҳо бо иштироки инвеститсияҳои хориҷӣ, анҷом додани ҳамкориҳои илмию техникӣ ва истеҳсолӣ бо ташкилот ва фирмаҳои кишварҳои хориҷӣ, иштирок дар фаъолияти намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва биржаҳои байналмилалӣ ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави он;

- таъмини аҳолӣ бо гази моеъ, сохтмон ва истифодаи стансияҳои газпуркунии компрессории автомобилҳои (СГКА) соҳаи манзилию коммуналӣ;

- хизматрасониҳои нақлиётӣ ва хизматрасонии сервиси нақлиёти автомобилӣ;

- анҷом додани фаъолияти миёнаравӣ;

- хизматрасониҳои иттилоотию машваратӣ;

- тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо.

19. Корхона вобаста ба мавзӯи фаъолият корҳои зайлро анҷом медиҳад:

- иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорие, ки фаъолияти соҳаи манзилию коммуналиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд ва ягонагии танзими қонунгузории муносибатҳои манзилию коммуналӣ, инчунин таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар ин соҳа;

- иштирок дар таҳия ва коркарди лоиҳаҳои самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ояндаи дарозмӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти "Корхона" қарордошта;

- таҳия ва тасдиқи сохтори идораи хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйироти дахлдор ба сохтори мавҷудаи идора;

- иҷрои вазифаҳои фармоишгар дар соҳаи сохтмони асосӣ ва таҷдиди сохтори соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- пешбурди сиёсати ягонаи техникӣ оид ба рушди заминаҳои истеҳсолӣ ва иқтидори он, татбиқи дастовардҳои навини илму техника ва таҷрибаи пешқадам;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани фондҳо ва захираҳои "Корхона" барои муттамарказ намудани он дар самтҳои афзалиятнок барои рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ ва тарбияи кадрҳо;

- таҳияи нақшаи рушди иншооти таъминоти об, ташноб, таъмини гармӣ ва иншооти ободонии ноҳияҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо, додани хулосаҳо ва шартҳои техникӣ барои пайваст намудани иншоот ба коммуникатсияҳои инженерӣ;

- таҳияи қоидаҳои истифодаи техникӣ ва заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- тасдиқи тарифҳо ва нархномаҳо (прейскурантҳо) барои хизматрасонӣ дар соҳаи таъминот бо об, гармӣ, поккории санитарӣ, нигаҳдошти биноҳои истиқоматӣ, кабудизоркунӣ, ирригатсия ва дигар навъи хоҷагидорӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ. Бо мақсади рушди соҳа "Корхона" ҳуқуқ дорад сатҳи даромаднокиро мутаносибан барои ҳар минтақа (вилоят, шаҳр, ноҳия) барои ҳама навъи хизматрасонии коммуналӣ то 10 фоиз муқаррар намояд (карори Хукумати Чт аз 12.12.2011 № 626) ;

- баланд бардоштани сатҳи истифодаи иншооти ободонӣ, фонди манзил, системаи таъминот бо об, ташноб ва таъминот бо гармӣ, таҷдиди онҳо, ҷиҳозонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, дастгоҳҳои баҳисобгирии об ва гармӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳои коммуналӣ;

- таҳияи барномаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист дар минтақаи фаъолияти корхонаҳо ва анҷом додани назорати иҷрои онҳо;

- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) оид ба масъалаҳои фаъолияти хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва талаб намудани иттилоот вобаста ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи "Корхона" гузошташуда;

- гузаронидани семинарҳо, симпозиум ва конференсияҳо.

20. Навъҳои фаъолияте, ки бояд литсензия карда шаванд, аз ҷониби "Корхона" баъди тибқи тартиби муқарраргардида гирифтани литсензия анҷом дода мешаванд.

IV. ФОНДИ ОИННОМАВИИ КОРХОНА

21. Фонди оинномавии "Корхона", аз ҷумла фонди оинномавии корхонаҳои фаръӣ, ки ба таркиби "Корхона" шомиланд, маблағи 23159695 (бисту се миллиону яксаду панҷоҳу нӯҳ ҳазору шашсаду наваду панҷ) сомониро ташкил медиҳад. Фонди оинномавии Пакети давлатии ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода 676595 (шашсаду ҳафтоду шаш ҳазору панҷ саду наваду панҷ) сомониро ташкил медиҳад.

22. Кам кардани фонди оинномавии "Корхона" танҳо баъди огоҳонии хаттии ҳамаи кредиторон, ки ҳуқуқ доранд дар чунин ҳолат қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳои дахлдор ва ҷуброни зарари ба онҳо расонидашударо талаб намоянд, иҷозат дода мешавад.

23. Зиёд кардани фонди оинномави тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун иҷозат дода мешавад.

V. ИДОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛИЮ ХОҶАГИДОРӢ ВА МОЛИЯВИИ КОРХОНА

24. Мақомоти идораи "Корхона" Роҳбарият буда, онро Директори генералӣ сарварӣ менамояд, ки фаъолияти худро дар асоси яккасардорӣ анҷом медиҳад.

25. Директори генералии "Корхона":

- роҳбарии фаъолияти "Корхона"-ро анҷом медиҳад;

- вазифаҳоро байни муовинони Директори генералӣ, бо ҳуқуқи ба онҳо додани як қисми ӯҳдадориҳои худ, тақсим мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ фармон ва фармоиш содир менамояд;

- аз номи "Корхона" шартномаҳо, созишномаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиро бо дигар фирмаҳо, корхонаҳо, ташкилот, бонкҳо, ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва маҳалли ҷойгиршавӣ, ба имзо мерасонад;

- аз номи "Корхона" нисбат ба ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон эътироз ва даъво пешниҳод мекунад, эътимодномаҳо медиҳад;

- ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисоботӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро имзо менамояд;

- манфиатҳои "Корхона"-ро дар мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилот намояндагӣ мекунад;

- дар асоси қарордод кормандони "Корхона"-ро ба кор қабул мекунад ва нисбат ба онҳо чораҳои мукофотонӣ ва муҷозотро истифода мебарад;

- қарордодҳо ба имзо мерасонад ва дар мавриди мутобиқи номенклатураи кормандони корхонаҳои шомили "Корхона" ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани онҳо фармон содир менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида Низомномаро оид ба воҳидҳои сохторӣ, инчунин рӯйхати штатӣ ва маоши мансабии кормандони ,Корхона,-ро тасдиқ менамояд. Тибқи низомномаи мукофотони нишондиҳандаҳоро бо манбаи пардохт аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар менамояд.

26. Директори генералии "Корхона" аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Директори генералии "Корхона" ду муовин дорад, аз ҷумла муовини якум, ки бо пешниҳоди Директори генералии "Корхона" аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 360).

27. "Корхона" барои пешбурди фаъолияти мустақили хоҷагидорӣ ҳуқуқ дорад. Даромади аз фаъолияти мустақили хоҷагидорӣ бадастомада баъди пардохти андозҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида харҷ карда мешавад.

- маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот" аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад. Корхонаҳои тобеи Муассисаи мазкур барои пӯшонидани зарари молиявӣ метавонанд аз кӯмаки молиявӣ (субсидия) истифода баранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.03.2015 № 160).

28. "Корхона" ба корхонаҳо дар асоси шартномавӣ хизматрасониҳои зайлро анҷом медиҳад: таҳияи Барномаҳо ва дурнамоҳо оид ба рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ, ташаккули ҳаҷми хизматрасонӣ, баррасии моддаҳои хароҷот ва даромад барои семоҳа, таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба натиҷаҳои ҳар семоҳа ва солона, таҳия ва тасдиқи нархнома ва тарифҳо барои хизматрасонӣ, ҳифзи манфиати корхонаҳо дар мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) ва мақомоти идораи давлатӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ.

Ҳангоми бастани шартномаҳо барои фаъолияти зикргардида дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ пардохт барои хизматрасонӣ, бо гузаронидани ин хароҷот ба таркиби арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ), дар ҳаҷми дифференсияшудаи то 8% муқаррар карда мешавад.

Хароҷоти аз ҷониби корхонаҳо суратгирифта тибқи шартномаи бо ,Корхона, басташуда ҳангоми муайян намудани ҳаҷми андозбандӣ аз даромад, ҳамчун хароҷот аз маҷмӯи маҳсулот аз ҳисоб бароварда мешавад.

29. "Корхона" бо роҳбарони корхонаҳо ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ барои навъҳои фаъолияти муайяннамудаи он қарордодҳо ба имзо мерасонад. Ҳангоми иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мукофотонии кормандони роҳбарикунандаи номенклатурии корхонаҳо бо иҷозати "Корхона" сурат мегирад. Мукофотонӣ барои натиҷаҳои асосии фаъолияти хоҷагидорӣ ҳар семоҳа аз ҳисоби маблағҳои фаъолияти хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

30. "Корхона" тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси қарордод олимон ва мутахассисони баландихтисосро барои омӯзиш ва ҳаллӣ вазифаҳои мавҷудаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба кор ҷалб мекунад.

31. "Корхона" моддаҳои хароҷотро вобаста ба масраф ва даромадаи семоҳаҳо ва соли молиявӣ барои корхонаҳо баррасӣ ва тасдиқ намуда, натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолию хоҷагиро таҳлил ва ҳисоботҳои семоҳа, солона ва балансҳои муҳосибавиро тасдиқ менамояд.

32. "Корхона" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳии озоди муҳосибавию омориро пеш мебарад.

VI. ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА

33. Қатъи фаъолияти "Корхона" дар натиҷаи барҳамдиҳии он ба миён меояд.

34. Таҷдиди сохтор ва барҳамдиҳии "Корхона" метавонад мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад. Ҳангоми таҷдиди сохтори "Корхона" ҳамаи ҳуҷҷатҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба вориси ҳуқуқии он таҳвил дода мешавад.

35. Амволе, ки баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқи мондааст, аз ҷумла амволи аз ҳисобти маблағҳои худи харидоришуда, ба баланси "Муассис" гузаронида мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2001 № 357

тасдиқ шудааст

СОХТОРИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ"

1. Роҳбарият

2. Шӯъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ

3. Шӯъбаи иқтисодиот ва сиёсати молиявӣ

4. Шӯъбаи масъалаҳои ҳуқуқӣ, кадрҳо ва иҷтимоӣ

5. Шӯъбаи механикию энергетикӣ

6. Шӯъбаи истифодаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

7. Шӯъбаи таъминот бо об ва ташноб

8. Шӯъбаи сохтмон, таъмир ва корҳои пудратӣ

9. Хорич карда шуд (карори Хукумати Чт аз 12.12.2011 № 626)

10. Шӯъбаи таъминот бо гармӣ

11. Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва такмил

12. Шӯъбаи хоҷагӣ

13. Лабораторияи марказӣ оид ба санҷиши сифати об ва ҷараёни обӣ

14. Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар вилояти Суғд

15. Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар вилояти Хатлон

16. Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Замимаи 1

Ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2001, № 357

РӯЙХАТИ ИНШООТЕ, КИ БА ТАРКИБИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ" ШОМИЛАНД

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2015 № 754)

+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| №   |          Номи иншоот          |    Маҳали        | Фонди     |
|р/т  |                               |    ҷойгиршавӣ    | оинномавӣ |
|     |                               |                  | (то ҳолати|
|     |                               |                  | 1.01.01.) |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 1   |             2                 |        3         |     4     |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| I.  |Амволи Корхонаи воҳиди давлатии|  ш. Душанбе      |  375009   |
|     |"Хоҷагии манзилию коммуналӣ"   |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| II. |Корхонаи ҷумҳуриявии           |  ш. Душанбе      |  4847927  |
|     |"Тоҷикводоканал"               |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла воҳидҳои сохторӣ      |                  |           |

| 1.  |КОТ-и ӯротеппа                 | ш.Истаравшан     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 2.  |КОТ-и Қумсангир                | шаҳраки Дӯстӣ    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 3.  |КОТ-и Данғара                  | шаҳраки Себистон |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 4.  |КОТ-и Шаҳритус                 | шаҳраки Шаҳритус |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 5.  |КОТ-и Кӯлоб                    | ш.Кӯлоб          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 6.  |КОТ-и Зафаробод                | шаҳраки Зафаробод|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 7.  |КОТ-и Панҷакент                | ш.Панҷакент      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 8.  |КОТ-и Ғончӣ                    | шаҳраки Ғончӣ    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 9.  |КОТ-и Қабодиён                 | шаҳраки Қабодиён |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 10. |КБОТ-и Ховалинг                | шаҳраки Ховалинг |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 11. |КБОТ-и Восеъ                   | шаҳраки Восеъ    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 12. |КБОТ-и Колхозобод              | шаҳраки Исоев    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 13. |КБОТ-и Фархор                  | шаҳраки Фархор   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 14. |КБОТ-и Ёвон                    | ш.Ёвон           |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 15. |КБОТ-и Мӯъминобод              | шаҳраки Ленинград|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 16. |КБОТ-и Панҷ                    | ш.Панҷ           |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 17. |КБОТ-и Қӯрғонтеппа             | ш.Қӯрғонтеппа    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла:                      |                  |           |

|     |а) қитъаи Вахш                 | шаҳраки Вахш     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |а) қатъаи Сарбанд              | шаҳраки Сарбанд  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |а) қитъаи Ғозималик            | шаҳраки Ғозималик|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 18. |КОТ-и Ғарм                     | шаҳраки Ғарм     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 19. |КОТ-и Москва                   | н. Москва        |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|III. |Корхонаи ҷумҳуриявии           | ш.Душанбе        | 3619234   |
|     |"Тоҷиктеплокоммунэнерго"       |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла воҳидҳои сохторӣ      |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 1.  |КБШГ-и Колхозобод              | шаҳраки Исоев    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла:                      |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |а) қитъаи Колхозобод           | шаҳраки Исоев    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |б) қитъаи Ҷиликӯл              | шаҳраки Ҷиликӯл  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |в) қитъаи Қабодиён             | шаҳраки Қабодиён |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |г) қитъаи Шаҳритус             | шаҳраки Шахритус |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |д) қитъаи Панҷ                 | ш.Панҷ           |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 2.  |КБШГ-и Қӯрғонтеппа             | ш.Қӯрғонтеппа    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла:                      |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |а) қитъаи Қӯрғонтеппа          | ш. Қӯрғонтеппа   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |б) қитъаи Хоҷамастон           | шаҳраки          |           |
|     |                               | Хоҷамастон       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 3.  |КБШГ-и Кӯлоб                   | ш.Кӯлоб          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла:                      |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |а) қитъаи Кӯлоб                | ш.Кӯлоб          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |б) қитъаи Мӯъминобод           | шаҳраки          |           |
|     |                               | Мӯъминобод       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 4.  |КШГ -и Кофарниҳон              | ш.Кофарниҳон     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 5.  |КШГ -и Ленин                   | шаҳраки Сомониён |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 6.  |КШГ -и Ёвон                    | ш.Ёвон           |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 7.  |КШГ-и Хуҷанд                   | ш.Хуҷанд         |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 8.  |КШГ -и Восеъ                   | шаҳраки Восеъ    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 9.  |КШГ -и Ҳисор                   | ш.Ҳисор          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла қитъаи Шаҳринав       | шаҳраки Шахринав |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|IV.  |Корхонаи ҷумҳуриявии           | ш.Душанбе        | 28150     |
|     |Инвентаризатсияи техникӣ       |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла                       |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 1.  |КБИТ-и Душанбе                 | ш.Душанбе        |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 2.  |КБИТ-и Ҳисор                   | ш.Ҳисор          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 3.  |КБИТ-и Ленин                   | шаҳраки Сомониён |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 4.  |КБИТ-и Кофарнихон              | ш.Кофарнихон     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 5.  |КБИТ-и Файзобод                | шаҳраки Файзобод |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 6.  |КБИТ-и Хуҷанд                  | ш.Хуҷанд         |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла:                      |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |БИТ-и Қайроққум                | ш.Кайроққум      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |БИТ-и Мастчоҳ                  | шаҳраки Бӯстон   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |БИТ-и Ҷаббор Расулов           | шаҳраки          |           |
|     |                               | Ҷаббор Расулов   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 7.  |КБИТ-и ӯротеппа                | ш. Истаравшан    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 8.  |КБИТ-и Турсунзода              | ш.Турсунзода     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 9.  |КБИТ-и Айнӣ                    | шаҳраки Айнӣ     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 10. |КБИТ-и Конибодом               | ш.Конибодом      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла:                      |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |БИТ-и Исфара                   | ш. Исфара        |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 11. |КБИТ-и Панҷакент               | ш. Панҷакент     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 12. |КБИТ-и Ғафуров                 | ш. Ғафуров       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 13. |КБИТ-и Қӯрғонтеппа             | ш. Қӯрғонтеппа   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |аз ҷумла:                      |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |БИТ-и Шаҳритус                 | шаҳраки Шаҳритус |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |БИТ-и Хоҷамастон               | шаҳраки          |           |
|     |                               | Хоҷамастон       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |БИТ-и Қумсангир                | шаҳраки Қумсангир|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |БИТ-и Панҷ                     | ш. Панҷ          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 14. |КБИТ-и Кӯлоб                   | ш.Кӯлоб          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 15. |БИТ-и Шаҳринав                 | шаҳраки Шаҳринав |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 16. |БИТ-и Ёвон                     | ш. Ёвон          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 17. |БИТ-и Ғарм                     | шаҳраки Ғарм     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 18. |БИТ-и Роғун                    | ш. Роғун         |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 19. |БИТ-и Ғафуров                  | ш. Ғафуров       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 20. |БИТ-и Ашт                      | шаҳраки Ашт      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 21. |КБИТ-и Хоруғ                   | ш. Хоруғ         |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 22. |КБИТ-и Данғара                 | ш. Данғара       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| V.  |Идораи хоҷагии манзилию        | ш.Қӯрғонтеппа    | 5877669   |
|     |коммуналии вилояти Хатлон      |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 1.  |ККП-и Қӯрғонтеппа              | ш.Қӯрғонтеппа    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 2.  |ТИИМ-и Қӯрғонтеппа             | ш.Қӯрғонтеппа    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 3.  |ҚХК-и Қӯрғонтеппа              | ш.Қӯрғонтеппа    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 4.  |ТИИМ-и Бохтар                  | шаҳраки Бохтар   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 5.  |ТИИМ-и Вахш                    | шаҳраки Вахш     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 6.  |ТИИМ-и Ғозималик               | шаҳраки Ғозималик|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 7.  |ТИИМ-и Ҷиликӯл                 | шаҳраки Ҷиликӯл  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 8.  |ТИИМ-и Қабодиён                | шаҳраки Қабодиён |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 9.  |ТИИМ-и Қумсангир               | шаҳраки Қумсангир|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 10. |ТИИМ-и Колхозобод              | шаҳраки Исоев    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 11. |ТИИМ-и Хоҷамастон              | шаҳраки          |           |
|     |                               | Хоҷамастон       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 12. |ТИИМ-и Панҷ                    | ш. Панҷ          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 13. |ТИИМ-и Шаҳритус                | шаҳраки Шаҳритус |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 14. |ТИИМ-и Бешкент                 | шаҳраки Бешкент  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 15. |ИХМ-и Кӯлоб                    | ш.Кӯлоб          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 16. |ҚҲХ К-и Кӯлоб                  | ш.Кӯлоб          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 17. |ТИИМ-и Кӯлоб                   | ш.Кӯлоб          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 18. |ККК-и Кӯлоб                    | ш.Кӯлоб          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 19. |ТИИМ-и Восеъ                   | шаҳраки Восеъ    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 20. |ТИИМ-и Фархор                  | шаҳраки Фархор   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 21. |ТИИМ-и Данғара                 | шаҳраки Данғара  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 22. |ТИИМ-и Совет                   | шаҳраки Совет    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 23. |ТИИМ-и Ховалинг                | шаҳраки Ховалинг |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 24. |ТИИМ-и Мӯъминобод              | шаҳраки Ленинград|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 25. |ТИИМ-и Шӯробод                 | шаҳраки Шӯробод  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 26. |ТИИМ-и Балҷувон                | шаҳраки Балҷувон |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 27. |ТИИМ-и Сарбанд                 | шаҳраки Сарбанд  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 28. |ТИИМ-и Москва                  | шаҳраки Москва   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| VI. |Идораи хоҷагии манзилию        | ш. Хуҷанд        | 6052263   |
|     |коммуналии вилояти Суғд        |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 1.  |КБХМК-и Айнӣ                   | шаҳраки Айнӣ     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 2.  |ИОТ-и Айнӣ                     | шаҳраки Айнӣ     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 3.  |КБХМК-и Ашт                    | шаҳраки Ашт      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 4.  |ИОТ-и Ашт                      | шаҳраки Ашт      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 5.  |КБХМК-и Ғончӣ                  | шаҳраки Ғончӣ    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 6.  |КБХМК-и Ғафуров                | ш. Ғафуров       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 7.  |КБХМК-и Ҷаббор Расулов         | шаҳраки          |           |
|     |                               | Ҷаббор Расулов   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 8.  |КБХМК-и Зафаробод              | шаҳраки Зафаробод|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 9.  |КБХМК-и Исфара                 | ш.Исфара         |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 10. |Исфара                         | ш.Исфара         |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 11. |КБХМК-и Конибодом              | ш.Конибодом      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 12. |КБХМК-и Қайроққум              | ш.Қайроққум      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 13. |КБХМК-и Қуруқсой               | шаҳраки Қуруқсой |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 14. |КБХМК-и Мастчоҳ                | шаҳраки Дилварзин|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 15. |КБХМК-и Нов                    | шаҳраки Нов      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 16. |КБХМК-и Панҷакент              | ш.Панҷакент      |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 17. |КБХМК-и ӯротеппа               | ш.Истаравшан     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 18. |КБХМК-и Шаҳристон              | шаҳраки Шаҳристон|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 19. |ИХМК-и   Табошар               | ш.Табошар        |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 20. |ҚОТ-и Табошар                  | ш.Табошар        |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 21. |КБХМК-и Меҳнатобод             | шаҳраки          |           |
|     |                               | Меҳнатобод       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 22. |КБХМК-и ноҳияи Кӯҳистони       |                  |           |
|     |Мастчоҳ                        |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|VII  |Идораи хоҷагии манзилию        | ш.Хоруғ          | 888043    |
|     |коммуналии ВМКБ                |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 1.  |ТИИМ-и Дарвоз                  | шаҳраки Дарвоз   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 2.  |ТИИМ-и Ванҷ                    | шаҳраки Ванҷ     |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 3.  |ТИИМ-и Рӯшон                   | шаҳраки Рӯшон    |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 4.  |ТИИМ-и Ишкошим                 | шаҳраки Ишкошим  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 5.  |ТИИМ-и Мурғоб                  | шаҳраки Мурғоб   |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 6.  |ТИИМ-и Роштқалъа               | шаҳраки Рошткалъа|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 7.  |ТИИМ-и Хоруғ                   | ш.Хоруғ          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 8.  |ИОТ-и Хоруғ                    | ш.Хоруғ          |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|VIII |Корхонаю ташкилоти таъмиру     |                  |           |
|     |сохтмон                        |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 1   |ИМҲХТС-и Тавилдара             | шаҳраки Тавилдара|           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 2   |ИМҲХТС-и Шаҳринав              | шаҳраки Шаҳринав | 245       |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 3   |ИМҲХТС-и Дарбанд               | шаҳраки Дарбанд  | 3069      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 4   |ИМҲХТС-и Файзобод              | шаҳраки Файзобод | 9123      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 5   |ИМҲХТС-и Норак                 | шаҳри Норак      | 1670      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 6   |Идораи махсусгардонидашудаи    | шаҳраки Восеъ    | 2986      |
|     |корҳои сохтмон ва васлу        |                  |           |
|     |истифодаи Восеъ                |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 7   |ИТС-и Москва                   | шаҳраки Москва   | 3482      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 8   |ИТС-и Данғара                  | шаҳри Данғара    | 5748      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 9   |ИТС-и Мӯъминобод               | шаҳраки          | 1832      |
|     |                               | Мӯъминобод       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 10  |ИТС-и Ховалинг                 | шаҳраки Ховалинг | 3346      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 11  |Идораи махсусгардонидашудаи    | ш. Қӯрғонтеппа   | 3850      |
|     |корҳои сохтмон ва васлу        |                  |           |
|     |истифодаи Қӯрғонтеппа          |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 12  |КБКПС-и Қӯрғонтеппа            | ш. Қӯрғонтеппа   | 10816     |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 13  |КБКПС-и Колхозобод             | шаҳраки          | 3435      |
|     |                               | Колхозобод       |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 14  |КБКПС-и Қабодиён               | шаҳраки Қабодиён | 3245      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 15  |ИМҲХТС-и Вахш                  | шаҳраки Вахш     | 282       |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 16  |ИМҲХТС-и Қумсангир             | шаҳраки Қумсангир| 842       |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 17  |ИТС-и Бохтар                   | шаҳраки Бохтар   | 273       |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| 18  |ИТС-и Сарбанд                  | шаҳри Сарбанд    | 189       |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| IX. | хориҷ карда шуд (қарор аз     |                  |           |
|     | 30.06.2004 № 297)             |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| X.  |КБХМК-и Тавилдара              | шаҳраки Тавилдара| 1124      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
| XI. |ККК-и Ғарм                     | Ғарм             | 10967     |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XII. |ККК-и Тоҷикобод                | шаҳраки Тоҷикобод| 23734     |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XIII |ККК-и Дарбанд                  | шаҳраки Дарбанд  | 69711     |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XIV. |ККК-и Ленин                    | шаҳраки Сомониён | 48883     |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XV.  |ККК-и Ҳисор                    | ш.Ҳисор          | 198145    |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XVI. | хориҷ карда шуд (қарор аз     |                  |           |
|     | 30.06.2004 № 297)             |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XVII |ККК-и Ҷиргатол                 | шаҳраки Ҷиргатол | 7567      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|ХVIII|Корхонаи таҷрибавии хоҷагии    | ш. Исфара        | 3056      |
|     |кабудизоркунии ороишӣ          |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XIX. |Комбинати таълимию курсӣ       | ш.Душанбе        | 23713     |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XX.  |Идораи махсусгардонидашудаи    | н.Ленин          | 10438     |
|     |механизатсия                   |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XXI. |Пажӯҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии| ш.Душанбе        | 2511      |
|     |"Тоҷиккоммунпроект"            |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XXII |Идораи таъминоти коргарон      | ш.Душанбе        | 3100      |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|XXIII|Маркази истеҳсолию тиҷоратии   | шаҳраки Восеъ    | 51358     |
|     |"Мадад"                        |                  |           |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+
|     |ҶАМЪ:                          |                  | 23159695  |
+-----+-------------------------------+------------------+-----------+

Эзоҳ:

КҶ - Корхонаи ҷумҳуриявӣ

КОТ - Корхонаи обу ташноб

КХОТ - Корхонаи хурди обу ташноб

КБОТ - Корхонаи байниноҳиявии обу ташноб

КБШГ - Корхонаи байниноҳиявии шабакаҳои гармӣ

КШГ - Корхонаи шабакаҳои гармӣ

КБИТ - Корхонаи байниноҳиявии инвентаризатсияи техникӣ

БИТ - Бюрои инвентаризатсияи техникӣ

КБХМК - Корхонаи байниноҳиявии хоҷагии манзилию коммуналӣ

ТМИБ - Трести манзилии истеҳсолию баистифодадиҳӣ

ҚИР - Қитъаи истифодабарии роҳ

ИХМ - Иттиҳодияи хоҷагии меҳмонхонаҳо

ККК - Комбинати корхонаҳои коммуналӣ

ҚҲХК - Қитъаи ҳисоби хоҷагии кабудизоркунӣ

ҚХК - Қитъаи хоҷагии кабудизоркунӣ

ИМҲХТС- Идораи махсусгардонидашудаи ҳисоби хоҷагии таъмиру сохтмон

ИТС - Идораи таъмиру сохтмон

КБКПС - Корхонаи байниидоравии корҳои пудрату сохтмон ИМТСИдораи махсусгардонидашудаи таъмиру сохтмон

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2001 № 357

РӯЙХАТИ ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода, ки фаъолиятро дар хоҷагии манзилию коммуналӣ анҷом медиҳанд ва ҳуқуқи идораи пакети саҳмияҳои давлатиашон ба Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" таҳвил дода шудааст

+----+-------------------------------+-------------------+-----------ҷ
| №№ |               Номгуй          | Маҳалли           | Фонди     |
|    |                               | ҷойгиршавӣ        | Оинномавӣ |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 1  | ҶСШК "Таъмиркор"              | ш.Душанбе         | 16570     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 2  | ҶСШК "Таъмиркор-1"            | ш.Ёвон            | 20630     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 3  | ҶСШК "Таъмиркор-2"            | шаҳраки Ҷиргатол  | 4690      |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 4  | ҶСШК "Таъмиркор-3"            | шаҳраки Тоҷикобод | 3960      |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 5  | ҶСШК "Ҷӯрабек"                | шаҳраки Ғарм      | 50210     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 6  | ҶСШК "Дилшод" - ИМҲХТС -Регар | ш.Турсунзода      | 28090     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 7  | ҶСШК - ИМҲХТС-и Хоруғ         | ш.Хоруғ           | 4595      |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 8  | ҶСШК Трести                   | ш.Қӯрғонтеппа     | 25450     |
|    | "Кургантюбеспецремстрой"      |                   |           |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 9  | ҶС  "Хоҷамастон"  ИМҲХТС      | шаҳраки Хоҷамастон| 8110      |
|    | ноҳияи Хоҷамастон             |                   |           |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 10 | ҶСШК ИМҲХТС ноҳияи Шаҳритуз   | шаҳраки Шаартуз   | 7400      |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 11 | ҶСШК ИМҲХТС ноҳияи Панҷ       | ш.Панҷ            | 11900     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 12 | ҶСШК ИМҲХТС ноҳияи Ҷиликӯл    | шаҳраки Ҷиликӯл   | 10170     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 13 | ҶСШК "Спецремстройтрест"      | ш.Хуҷанд          | 38546     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 14 | ҶСШК СПМК "Спецремстройтрест" | ш.Хуҷанд          | 10820     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 15 | ҶСШК "Бинокор"                | шаҳраки Нов       | 9080      |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 15 | ҶСШК СУСЭР "Спецремстройтрест"| ш.Хуҷанд          | 13410     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 16 | ҶСШК САП "Спецремстройтрест"  | ш.Ғафуров         | 27620     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 17 | ҶСШК "Таъмир-1"               | ш.Исфара          | 30780     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 18 | ҶСШК "Таъмир-2"               | шаҳраки           |           |
|    |                               | Ҷаббор Расулов    | 18790     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 19 | ҶСШК "ИҲХТ Айнӣ"              | шаҳраки Айнӣ      | 12310     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 20 | ҶСШК "ИМСТ ш.Истаравшан       | ш.Истаравшан      | 23680     |
|    | "Спецремстройтрест"           |                   |           |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 21 | ҶСШК "ИМСТ-и ноҳияи Ғончӣ     | шаҳраки Ғончӣ     | 4050      |
|    | "Спецремстройтрест"           |                   |           |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 22 | ҶСШК "ИМСТ-и ш. Қайроққум     | ш. Қайроққум      | 15240     |
|    | "Спецремстройтрест"           |                   |           |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 23 | ҶСШК "Таъминот"-и ш. Хуҷанд   | ш. Хуҷанд         | 4550      |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 24 | ҶСШК "Корхонаи таъмиру        |                   |           |
|    | сохтмон"-и ш. Кӯлоб           | ш. Кӯлоб          | 43804     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 25 | ҶС "Восеъ" ИМСТ-и Восеъ       | шаҳраки Восеъ     | 21030     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 26 | ҶС "Қизил-Мазор" ИМҲХТС-и     | шаҳраки Совет     | 3900      |
|    | Совет                         |                   |           |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 27 | ҶС "Султон" ИМҲХТС-и          | шаҳраки Фархор    | 37200     |
|    | шаҳраки Фархор                |                   |           |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 28 | ҶСШК "Коммунтехкомплект № 1"  | ш.Душанбе         | 23880     |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 29 | ҶСШК "Коммунтехкомплект № 2"  | ш.Хуҷанд          | 130000    |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 30 | ҶСШК "Систем-Сервис" Идораи   | ноҳияи Ленин      | 16130     |
|    | махсусгардонидашудаи васлу    |                   |           |
|    | танзим                        |                   |           |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+
| 31 | ДАР МАҶМӯЪ:                   |                   | 676595    |
+----+-------------------------------+-------------------+-----------+

Эзоҳ:

ҶСШК- Ҷамъияти саҳомии шакли кушода

ИМҲХТС-Идораи махсусгардонидашудаи ҳисоби хоҷагии таъмиру сохтмон

ФИТ- Фирмаи истеҳсолию тиҷоратӣ

ИТС- Идораи таъмиру сохтмон

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 майи соли 2012, №247

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Муассисаи давлатии "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот"

Корхонаи воҳиди давлатии истифодабарии шоҳроҳҳои обгузари №5 ноҳияи Ҳисор"

Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2015 № 754)

Корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои минтақаи 1 вилояти Суғд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2015 № 754)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2001 № 357

тасдиқ шудааст

Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2004 № 297)

1. Оинномаи мазкур ташкил ва тартиби фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-ро, ки минбаъд "Корхона" номида мешавад, муайян мекунад.

2. "Корхона" дар натиҷаи таҷдиди сохтори Ширкати давлатии "Тоҷиккоммунсервис" мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2001 № 235 таъсис ёфта, вориси ҳуқуқии он мебошад ва дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ аст.

3. Муассиси "Корхона" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки минбаъд "Муассис" номида мешавад.

4. Номи фирмавии "Корхона" бо забони давлатӣ:

- Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Номи мухтасар:

- КВД "ХМК"

Номи фирмавии "Корхона" бо забони русӣ:

- Государственное унитарное предприятие "Жилищно-коммунальное хозяйство"

Номи мухтасар:

- ГУН "ЖКХ"

5. Маҳали ҷойгиршавии "Корхона":

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Шотемур 31.

II. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ КОРХОНА

6. "Корхона" мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Оиннома фаъолият мекунад.

7. "Корхона" шахси ҳуқуқиест, ки фаъолияти хоҷагидориро анҷом медиҳад, дорои баланси мустақил, суратҳисобҳои ҷорӣ, асъорӣ ва дигар суратҳисобҳо дар муассисаҳои бонкӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ ва русӣ, бланка, мӯҳр, нишони мол ва номи фирмавӣ мебошад.

8. "Корхона" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида мақоми шахси ҳуқуқиро ба даст меорад.

9. "Корхона" аз номи худ ҳуқуқи амволӣ ба даст меорад, ҳақ дорад ба сифати даъвогар ва ҷавобгар дар судҳои иқтисодӣ ва ҳакамӣ баромад кунад.

10. Иншоот, таҷҳизот ва дигар амволи таъиноти истеҳсолӣ ва таъиноти дигари хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки ба баланси "Корхона" дода мешавад, моликияти ҷумҳуриявӣ буда, ба "Корхона" тибқи ҳуқуқи пурраи пешбурди хоҷагидорӣ тааллуқ дорад.

Ба "Корхона" ҳуқуқи идораи пакети давлатии саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода (ҶСШК), ки дар хоҷагии манзилию коммуналӣ фаъолиятро анҷом медиҳанд, нигоҳ дошта мешавад.

Муносибатҳои мутақобилаи байни "Корхона" ва ҶСШК дар асосҳои шартномавӣ сурат мегирад.

11. "Корхона" барои ӯҳдадориҳояш бо ҳамаи амволи марбутаи худ ҷавобгӯ мебошад. "Корхона" барои ӯҳдадориҳои ,Муассис, ва ,Муассис, низ барои ӯҳдадориҳои "Корхона" масъулият надоранд.

12. "Корхона" масъалаҳои ба сифати шахси ҳуқуқӣ таъсис додани дигар корхонаҳоро бо ҳуқуқи корхонаи фаръӣ ҳал мекунад. "Корхона" мавзӯъ ва мақсади фаъолият, таҷдиди сохтор ва барҳамдиҳии онҳоро муайян карда, ҳамчунин Оинномаи онҳоро тасдиқ ва роҳбарони корхонаҳоро таъин менамояд. Тибқи таъиноти истифода бурдани амволи ба корхона додашуда ва нигаҳдошти онро назорат мекунад. Ҳуқуқ дорад амволро гирад (тасарруф намояд) ё метавонад тибқи салоҳдиди худ онро байни дигар шахсони ҳуқуқи таъсисёфта аз нав тақсим намояд, инчунин ба гирифтани қисми даромад аз истифодаи амволи таҳти пешбурди хоҷагидории корхонаҳо қарордошта ҳуқуқ дорад.

Номенклатураи мансабҳои роҳбарони корхонаҳоро, ки аз ҷониби "Корхона" ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, муайян намуда, бо онҳо дар мавриди қабул ба кор дар асоси кироя қарордод мебандад.

Ҳангоми аз ҷониби роҳбар иҷро нагардидани қарордоди имзошуда дар мавриди қабул ба кор дар асоси кироя "Корхона" ҳуқуқ дорад роҳбари муваққатии корхонаро таъин намояд.

13. "Корхона" ҳуқуқ дорад филиалҳо ва намояндагиҳо ташкил диҳад, ки шахси ҳуқуқӣ намебошанд, онҳоро бо амвол таъмин намояд ва Низомномаи онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он тасдиқ намояд.

14. "Корхона" ҳуқуқ дорад якҷоя бо корхонаҳои инфиродӣ, корхонаҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқӣ корхонаҳо ва истеҳсолоти муштарак таъсис диҳад, дар он сармоя гузорад.

15. "Корхона" ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаҳои мустақиман тобеи "Корхона"-ро дар мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо), инчунин дар мақомоти идораи давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад.

16. Ҷиҳати иҷрои Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон "Корхона" мақомоти махсус ваколатдорнамудаи давлатие мебошад, ки назорати давлатиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

III. МАҚСАД ВА МАВЗӯИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА

17. "Корхона" бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи истифода, рушд ва ҳамоҳангсозии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодаи самарабахши амволи давлатӣ барои гирифтани даромад аз хизматрасонӣ барои аҳолӣ таъсис дода шудааст.

18. Мавзӯи фаъолияти "Корхона" аз инҳо иборат аст:

- истифода ва таъмини ҳифзи фонди манзил дар шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳо;

- таъмини шаҳр ва маркази ноҳияҳо бо об ва ташноб, назорати сифати об ва ҷараёни об;

- таъмини гармӣ дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо;

- поккории санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ирригатсия дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо;

- корҳои сохтмону васл, бакорандозӣ, сантехникӣ ва дигар корҳои махсусгардонидашудаи таъмир;

- таъмини баҳисобгирии ягонаи давлатӣ, инвентаризатсияи техникӣ ва бақайдгирии ҳуқуқии қитъаҳои замин, биноҳо, иншоот, фонди манзил, шабакаҳои инженерӣ, иншооти ободонии атроф, бино ва иншооте, ки сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти нуқтаҳои савдо, офисҳо, ошхонаҳо ва ғайра истифода мегарданд ва таҳти пешбурди ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ қарор доранд;

- хизматрасонии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ, сарфи назар аз ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҳисоби маблағҳои моликони онҳо дар асоси шартномавӣ;

- корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию конструкторӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ;

- анҷом додани фаъолияти тиҷоратию харид, таъминотӣ, ташкили амборҳои яклухти бо маводи такмилӣ ва таҷҳизот таъмин намудани соҳаи манзилию коммуналӣ, мусоидат ба таъмини моддию техникии корхонаҳо;

- иншооти тиҷорат ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ;

- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла амалиёти воридотию содиротӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар корхонаҳо бо иштироки инвеститсияҳои хориҷӣ, анҷом додани ҳамкориҳои илмию техникӣ ва истеҳсолӣ бо ташкилот ва фирмаҳои кишварҳои хориҷӣ, иштирок дар фаъолияти намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо ва биржаҳои байналмилалӣ ҳам дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави он;

- таъмини аҳолӣ бо гази моеъ, сохтмон ва истифодаи стансияҳои газпуркунии компрессории автомобилҳои (СГКА) соҳаи манзилию коммуналӣ;

- хизматрасониҳои нақлиётӣ ва хизматрасонии сервиси нақлиёти автомобилӣ;

- анҷом додани фаъолияти миёнаравӣ;

- хизматрасониҳои иттилоотию машваратӣ;

- тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо.

19. Корхона вобаста ба мавзӯи фаъолият корҳои зайлро анҷом медиҳад:

- иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорие, ки фаъолияти соҳаи манзилию коммуналиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд ва ягонагии танзими қонунгузории муносибатҳои манзилию коммуналӣ, инчунин таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар ин соҳа;

- иштирок дар таҳия ва коркарди лоиҳаҳои самтҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ояндаи дарозмӯҳлат ва кӯтоҳмӯҳлат оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти "Корхона" қарордошта;

- таҳия ва тасдиқи сохтори идораи хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйироти дахлдор ба сохтори мавҷудаи идора;

- иҷрои вазифаҳои фармоишгар дар соҳаи сохтмони асосӣ ва таҷдиди сохтори соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- пешбурди сиёсати ягонаи техникӣ оид ба рушди заминаҳои истеҳсолӣ ва иқтидори он, татбиқи дастовардҳои навини илму техника ва таҷрибаи пешқадам;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани фондҳо ва захираҳои "Корхона" барои муттамарказ намудани он дар самтҳои афзалиятнок барои рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ ва тарбияи кадрҳо;

- таҳияи нақшаи рушди иншооти таъминоти об, ташноб, таъмини гармӣ ва иншооти ободонии ноҳияҳо, шаҳрҳо, шаҳракҳо, додани хулосаҳо ва шартҳои техникӣ барои пайваст намудани иншоот ба коммуникатсияҳои инженерӣ;

- таҳияи қоидаҳои истифодаи техникӣ ва заминаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- тасдиқи тарифҳо ва нархномаҳо (прейскурантҳо) барои хизматрасонӣ дар соҳаи таъминот бо об, гармӣ, иввентаризатсияи техникӣ, поккории санитарӣ, нигаҳдошти биноҳои истиқоматӣ, кабудизоркунӣ, ирригатсия ва дигар навъи хоҷагидорӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ. Бо мақсади рушди соҳа "Корхона" ҳуқуқ дорад сатҳи даромаднокиро мутаносибан барои ҳар минтақа (вилоят, шаҳр, ноҳия) барои ҳама навъи хизматрасонии коммуналӣ то 10 фоиз муқаррар намояд;

- баланд бардоштани сатҳи истифодаи иншооти ободонӣ, фонди манзил, системаи таъминот бо об, ташноб ва таъминот бо гармӣ, таҷдиди онҳо, ҷиҳозонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, дастгоҳҳои баҳисобгирии об ва гармӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳои коммуналӣ;

- таҳияи барномаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист дар минтақаи фаъолияти корхонаҳо ва анҷом додани назорати иҷрои онҳо;

- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) оид ба масъалаҳои фаъолияти хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ ва талаб намудани иттилоот вобаста ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи "Корхона" гузошташуда;

- гузаронидани семинарҳо, симпозиум ва конференсияҳо.

20. Навъҳои фаъолияте, ки бояд литсензия карда шаванд, аз ҷониби "Корхона" баъди тибқи тартиби муқарраргардида гирифтани литсензия анҷом дода мешаванд.

IV. ФОНДИ ОИННОМАВИИ КОРХОНА

21. Фонди оинномавии "Корхона", аз ҷумла фонди оинномавии корхонаҳои фаръӣ, ки ба таркиби "Корхона" шомиланд, маблағи 23159695 (бисту се миллиону яксаду панҷоҳу нӯҳ ҳазору шашсаду наваду панҷ) сомониро ташкил медиҳад. Фонди оинномавии Пакети давлатии ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода 676595 (шашсаду ҳафтоду шаш ҳазору панҷ саду наваду панҷ) сомониро ташкил медиҳад.

22. Кам кардани фонди оинномавии "Корхона" танҳо баъди огоҳонии хаттии ҳамаи кредиторон, ки ҳуқуқ доранд дар чунин ҳолат қатъ ё иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадориҳои дахлдор ва ҷуброни зарари ба онҳо расонидашударо талаб намоянд, иҷозат дода мешавад.

23. Зиёд кардани фонди оинномави тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун иҷозат дода мешавад.

V. ИДОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛИЮ ХОҶАГИДОРӢ ВА МОЛИЯВИИ КОРХОНА

24. Мақомоти идораи "Корхона" Роҳбарият буда, онро Директори генералӣ сарварӣ менамояд, ки фаъолияти худро дар асоси яккасардорӣ анҷом медиҳад.

25. Директори генералии "Корхона":

- роҳбарии фаъолияти "Корхона"-ро анҷом медиҳад;

- вазифаҳоро байни муовинони Директори генералӣ, бо ҳуқуқи ба онҳо додани як қисми ӯҳдадориҳои худ, тақсим мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ фармон ва фармоиш содир менамояд;

- аз номи "Корхона" шартномаҳо, созишномаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқиро бо дигар фирмаҳо, корхонаҳо, ташкилот, бонкҳо, ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва маҳалли ҷойгиршавӣ, ба имзо мерасонад;

- аз номи "Корхона" нисбат ба ашхоси ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон эътироз ва даъво пешниҳод мекунад, эътимодномаҳо медиҳад;

- ҳуҷҷатҳои пулӣ, ҳисоботӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро имзо менамояд;

- манфиатҳои "Корхона"-ро дар мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилот намояндагӣ мекунад;

- дар асоси қарордод кормандони "Корхона"-ро ба кор қабул мекунад ва нисбат ба онҳо чораҳои мукофотонӣ ва муҷозотро истифода мебарад;

- қарордодҳо ба имзо мерасонад ва дар мавриди мутобиқи номенклатураи кормандони корхонаҳои шомили "Корхона" ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани онҳо фармон содир менамояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида Низомномаро оид ба воҳидҳои сохторӣ, инчунин рӯйхати штатӣ ва маоши мансабии кормандони "Корхона"-ро тасдиқ менамояд. Тибқи низомномаи мукофотони нишондиҳандаҳоро бо манбаи пардохт аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар менамояд.

26. Директори генералии "Корхона" аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Муовинони Директори генералии "Корхона" бо пешниҳоди Директори генералии "Корхона" аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

27. "Корхона" барои пешбурди фаъолияти мустақили хоҷагидорӣ ҳуқуқ дорад. Даромади аз фаъолияти мустақили хоҷагидорӣ бадастомада баъди пардохти андозҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида харҷ карда мешавад.

28. "Корхона" ба корхонаҳо дар асоси шартномавӣ хизматрасониҳои зайлро анҷом медиҳад: таҳияи Барномаҳо ва дурнамоҳо оид ба рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ, ташаккули ҳаҷми хизматрасонӣ, баррасии моддаҳои хароҷот ва даромад барои семоҳа, таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ оид ба натиҷаҳои ҳар семоҳа ва солона, таҳия ва тасдиқи нархнома ва тарифҳо барои хизматрасонӣ, ҳифзи манфиати корхонаҳо дар мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо) ва мақомоти идораи давлатӣ, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ.

Ҳангоми бастани шартномаҳо барои фаъолияти зикргардида дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ пардохт барои хизматрасонӣ, бо гузаронидани ин хароҷот ба таркиби арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ), дар ҳаҷми дифференсияшудаи то 8% муқаррар карда мешавад.

Хароҷоти аз ҷониби корхонаҳо суратгирифта тибқи шартномаи бо "Корхона" басташуда ҳангоми муайян намудани ҳаҷми андозбандӣ аз даромад, ҳамчун хароҷот аз маҷмӯи маҳсулот аз ҳисоб бароварда мешавад.

29. "Корхона" бо роҳбарони корхонаҳо ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ барои навъҳои фаъолияти муайяннамудаи он қарордодҳо ба имзо мерасонад. Ҳангоми иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ мукофотонии кормандони роҳбарикунандаи номенклатурии корхонаҳо бо иҷозати "Корхона" сурат мегирад. Мукофотонӣ барои натиҷаҳои асосии фаъолияти хоҷагидорӣ ҳар семоҳа аз ҳисоби маблағҳои фаъолияти хоҷагидорӣ анҷом дода мешавад.

30. "Корхона" тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси қарордод олимон ва мутахассисони баландихтисосро барои омӯзиш ва ҳаллӣ вазифаҳои мавҷудаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба кор ҷалб мекунад.

31. "Корхона" моддаҳои хароҷотро вобаста ба масраф ва даромадаи семоҳаҳо ва соли молиявӣ барои корхонаҳо баррасӣ ва тасдиқ намуда, натиҷаҳои фаъолияти истеҳсолию хоҷагиро таҳлил ва ҳисоботҳои семоҳа, солона ва балансҳои муҳосибавиро тасдиқ менамояд.

32. "Корхона" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳии озоди муҳосибавию омориро пеш мебарад.

VI. ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНА

33. Қатъи фаъолияти "Корхона" дар натиҷаи барҳамдиҳии он ба миён меояд.

34. Таҷдиди сохтор ва барҳамдиҳии "Корхона" метавонад мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад. Ҳангоми таҷдиди сохтори "Корхона" ҳамаи ҳуҷҷатҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба вориси ҳуқуқии он таҳвил дода мешавад.

35. Амволе, ки баъди қонеъ гардонидани талаботи кредиторон боқи мондааст, аз ҷумла амволи аз ҳисобти маблағҳои худи харидоришуда, ба баланси ,Муассис, гузаронида мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 июли соли 2001 № 357

тасдиқ шудааст

СОХТОРИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ ,ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ,

1. Роҳбарият

2. Шӯъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ

3. Шӯъбаи иқтисодиот ва сиёсати молиявӣ

4. Шӯъбаи масъалаҳои ҳуқуқӣ, кадрҳо ва иҷтимоӣ

5. Шӯъбаи механикию энергетикӣ

6. Шӯъбаи истифодаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

7. Шӯъбаи таъминот бо об ва ташноб

8. Шӯъбаи сохтмон, таъмир ва корҳои пудратӣ

9. Шӯъбаи инвентаризатсияи техникӣ

10. Шӯъбаи таъминот бо гармӣ

11. Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва такмил

12. Шӯъбаи хоҷагӣ

13. Лабораторияи марказӣ оид ба санҷиши сифати об ва ҷараёни обӣ

14. Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар вилояти Суғд

15. Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар вилояти Хатлон

16. Намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

* Замимаҳои 1-2 оварда намешаванд