Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001, № 357
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 27 Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001, № 357 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
" - маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Муассисаи давлатии "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот" аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад. Корхонаҳои тобеи Муассисаи мазкур барои пӯшонидани зарари молиявӣ метавонанд аз кӯмаки молиявӣ (субсидия) истифода баранд".
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" санадҳои меъёрии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 26 марти соли 2015 № 160
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнений в постановление Правительства Республики
Таджикистан от 31 июля 2001 года, №357
В соответствии со статьей 42 Закона Республики
Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан
по ста новляет:
1. Дополнить пункт 27 Устава Государственного унитарного предприятия
"Жилищно-коммунальное хозяйство", утверждённого постановлением Правительства
Республики Таджикистан от 31 июля 2001 года, №357, новым абзацем следующего
содержания;
" - финансирование расходов на содержание центрального аппарата
Государственного учреждения "Главное управление Точикобдехот" осуществить за
счёт средств республиканского бюджета. Подведомственные предприятия указанного
Учреждения для покрытия финансовых убытков могут использовать финансовую помощь
(субсидии)".
2. Государственному унитарному предприятию "Жилищно-коммунальное хозяйство"
привести в соответствие свои нормативные акты с данным постановлением.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали
Рахмон
г. Душанбе,
от 26 марта 2015 года, № 160