Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 майи соли 2000 № 219
тасдиқ шудааст
Низомномаи идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Низомномаи мазкур мутобики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ" аз 13 ноябри соли 1998 таҳия шудааст.
2. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Идораи кулли бойгонӣ) мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Идораи кулли бойгонӣ идораи соҳавӣ ва байнисоҳавии кори бойгониро анҷом медиҳад, ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, дар ихтиёр дошта, назорат ва таъмини меъёрию методии пешбурди коргузорӣ ва кори бойгониро дар мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон ҷорӣ намуда, барои ҳолат, инкишоф ва такмили минбаъдаи кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
3. Вазифаҳои асосии Идораи кулли бойгонӣ аз инҳо иборатанд:
- таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатию идоравӣ ва дигар махзанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд;
- ташкили кори такмилдиҳии бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои дар онҳо маҳфуз буда;
- роҳбарии ташкилию методӣ ва назорат ба фаъолияти бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ташкили ҳуҷҷатҳо дар коргузории вазорату идораҳо, муассисаю ташкилот ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон:
- идораи давлатӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои ҳуҷҷатии таърих ва фарҳанг:
- таҳияи пешомадҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки такмили кори бойгонӣ дар ҷумҳурӣ, пешгӯии илмии инкишофи он;
- таъмини заминаи асосии манбаъҳо барои инкишофи илмҳои ҷамъиятшиносӣ;
- якҷоя бо вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон татбиқ кардан ва густариши минбаъдаи "Дастуруламали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораю мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) ва дигар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва стандартҳои давлатӣ дар соҳаи коргузорӣ ва кори бойгонӣ;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои илмию методӣ дар соҳаи бойгонишиносӣ ва санадшиносӣ, татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва комёбиҳои илмию техникӣ дар таҷрибаи кории муассисаҳои бойгонии ҷумҳурӣ;
- вусъат додани таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи кори бойгонӣ, таҳияи пешниҳодот оид ба инкишоф ва такмили минбаъдаи кори онҳо.
4. Идораи кулли бойгонӣ ба кори бойгонӣ бевосита ё тавассути шӯъбаҳои бойгонии мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо (ҳукуматҳо) роҳбарӣ намуда, дар ҳудуди ҷумҳурӣ бойгониҳои давлатӣ ва хазинаҳои давлатии соҳавиро идора мекунад.
Идораи кулли бойгонӣ ва муассисаҳои бойгонии тобеи он қисми таркибии Хадамоти бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
5. Идораи кулли бойгонӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
Идораи кулли бойгонӣ барои такмили қонунҳо оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳдиди он дохил мешаванд, пешниҳодот таҳия менамояд ва онҳоро ба муҳокимаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
6. Ба зиммаи Идораи кулли бойгонӣ вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:
а) такмил ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, риояи тартиби муқарраргаридади ба бойгониҳои давлатӣ, инчунин ба осорхонаҳо ва китобхонаҳо додани ҳуҷҷатҳое, ки моликияти ташкилоти ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошанд, таъмин мекунад, муфовиқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои оид ба таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бойгониҳои давлатҳои хориҷӣ маҳфуз мебошанд, ошкор намуда, бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо матни асл ё нусхаҳои ин ҳуҷҷатҳо пурра менамояд, оид ба ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта дар бойгониҳои марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад;
б) масъалаҳои ба ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мансуб донистани ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал мекунад;
в) баҳисобгирии марказии давлатии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ, осорхонаҳо ва китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд ва ёдгориҳои ҳуҷҷатии таъриху фарҳанге, ки моликияти ташкилоти ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонанд ба роҳ монда, назорати давлатиро оид ба муҳофизат ва истифодаи онҳо амалӣ мегардонад:
г) ҳуҷҷатҳои меъёриро, ки фаъолияти муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, таҳия намуда, барои такмили шабакаи бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ ва сохтори онҳо тадбирҳо меандешад;
д) дар кори муассисаҳои бойгонӣ ҷорӣ кардани системаю усулҳои оқилонаи нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ, муваққатан боздоштан, истифода ва ҳифзи ҳуҷҷатҳоро ташкил менамояд, кори бо таҷҳизоту масолеҳи зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои бойгонии давлатиро ба роҳ мемонад;
е) якҷоя бо вазорату идораҳо, муассисаю ташкилот ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон барои такмил додани кори бойгониҳои идоравӣ чораҳо андешида, азназаргузарониҳои ҷамъиятии вазъи коргузорӣ ва фаъолияти чунин бойгониҳоро ташкил менамояд, дар асоси шартнома ба бойгониҳои идоравӣ дар иҷрои таъмини корҳои нигоҳдорӣ, ба тартиб даровардан ва истифода бурдани ҳуҷҷатҳо, инчунин дар ташкили хазинаи эҳтиётии нусхаи ҳуҷҷатҳо ёрӣ мерасонад;
ж) ба бойгониҳои байниидоравӣ ва дигар ташкилот сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ки нигоҳдорӣ, танзим, такмилдиҳӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунад, ёрии ташкилию методӣ мерасонад;
з) якҷоя бо вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ҷори намудани "Дастуруламали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораю мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо), дигар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва стандартҳои давлатиро дар соҳаи коргузорӣ ва кори бойгонӣ ба роҳ мемонад, роҳбарии илмию методии истифодаи онҳоро амалӣ мекунад;
и) дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои кори бойгонӣ ва ташкилӣ ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, дастурҳои методӣ тартиб дода, тасдиқ менамояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи вазорату идораҳо, инчунин муассисаю ташкилот ва корхонаҳои ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон ҳатмӣ мебошад;
к) ташкил кардан ва тараққӣ додани системаи дастгоҳи илмию иттилоотӣ оид ба ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, барои тартиб додан ва ҷорӣ кардани системаҳои худкории ҷустуҷӯи ахбор оид ба ҳуҷҷатҳои бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад;
л) ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиёти маълумотию иттилоотиро дар бораи таркиб ва мундариҷаи ҳуҷҷатҳои бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тартиби муқарраргардида чоп карда, ба фаъолияти бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ оид ба чопи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ роҳбарӣ менамояд:
м) дар бораи ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои муҳим барои истифодабарӣ бо мақсадҳои сиёсӣ, хоҷагии халқ, илмӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ маҳфуз буда ахбор медиҳад, кори омӯзиши талаботи ҷамъиятиро ба ҳуҷҷатҳои тарҷеии ахбор ва самаранокии истифодаи ҳуҷҷатҳо ташкил мекунад;
н) ба кори илмию тадқиқотӣ ва методии муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонишиносӣ, санадшиносӣ ва ҳуҷҷатҳои қадимаи бойгонӣ роҳбарӣ мекунад; дар таҷрибаи кори бойгонӣ оид ба ҷорӣ намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ тадбирҳо меандешад ва оид ба масъалаҳои мазкур ахбороти илмию техникӣ интишор мекунад;
о) якҷоя бо бойгониҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ тартиб додани нақшаҳои дарозмӯҳлат, дурнамо ва ҷории тараққиёти кори бойгонии ҷумҳурӣ, ичунин татбиқи маҷмӯи барномаҳоро ба роҳ мемонад:
п) таҷрибаи пешқадами кори муассисаҳои бойгонии хориҷиро омӯхта ҷамъбаст ва паҳн менамояд аз рӯи тартиби муқарраргардида конфронсҳои илмию амалӣ, маҷлисҳо ва семинарҳо гузаронида, намоишҳои оид ба кори бойгонӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои коргузориро ташкил мекунад;
р) масъалаҳои ташкили илмии меҳнатро дар муассисаҳои бойгонӣ, иқтисоди кори бойгонӣ, истифодаи усулҳои иқтисодии идоракунӣ таҳия мекунад;
с) дар доираи салоҳияти худ масъалаҳои сохтмони асосӣ ва ҷиҳозонии техникиро ҳал менамояд;
т) баррасии саривақтии аризаҳо, пешниҳодоту шикоятҳои шаҳрвандонро ташкил намуда, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳое, ки дар фаъолияти муассисаҳои тобеъ ба амал омаданд, тадбирҳо меандешад;
у) аз рӯи тартиби муқарраргардида ба муассисаю ташкилот, корхонаю шаҳрвандон барои ҷамъ кардани ёдгориҳои қадимии ҳуҷҷатӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, иҷозати махсус медиҳад;
ф) маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии муассисаю ташкилотҳои тобеъро аз ҳисоби буҷети дахлдор ва воситаҳои худӣ ба амал мебарорад;
х) кори баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои бойгонӣ ва бойгониҳои идоравии ҷумҳуриро ба роҳ мемонад.
7. Ба Идораи кулли бойгонӣ барои ҳалли вазифаҳои дар наздаш истода ва иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимааш гузошташуда ҳуқуқ дода мешавад, ки:
а) манбаъҳои ташкилдиҳии ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои онҳо маҳфуз мебошанд, инчунин таркиби ҳуҷҷатҳоеро, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ нигоҳ доштанашон муҳим аст ё нест, муайян мекунад;
б) аз вазорату идораҳо, корхонахо, муассисаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияташон дар бораи кори бойгониҳои идоравӣ ва дар бораи ташкили ҳуҷҷатҳои коргузорӣ маводҳои зарурӣ мегирад; кори бойгониҳои идоравӣ ва ташкили ҳуҷҷатҳои коргузории вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳоро тафтиш менамояд;
в) ҳисоботи намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияташон оид ба кори бойгониҳои идоравӣ ва ташкилӣ ҳуҷҷатҳо барои коргузорӣ мешунавад:
г) дар доираи салоҳияти худ ба вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршудаи кори бойгониҳои идоравӣ ва ташкили ҳуҷҷатҳои коргузорӣ барои иҷро супоришҳои ҳатмӣ медиҳад;
д) барои беҳтар иҷро кардани корҳо дар соҳаи бойгонишиносӣ ва санадшиносӣ озмунҳо эълон менамояд;
е) барои баррасии масъалаҳои кори бойгонӣ ва ташкили ҳуҷҷатҳои коргузорӣ (комиссияҳо) шӯроҳои доимӣ ва муваққатии байниидоравӣ ташкил мекунад.
Қоидаҳо, барномаҳои таълимӣ, дастуруламалҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои кори бойгонӣ ва ташкили ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, ки онҳоро вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд, бо мувофиқаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Ашхоси мансабдори Идораи кулли бойгонӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд, ки аз рӯи тартиби муқарраргардида ба бойгониҳо ва умури коргузории вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораю муассисаҳо, ташкилот ва корхонаҳои ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият ва тобеъияташон раванд.
8. Ба Идораи кулли бойгонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардор роҳбарӣ мекунад.
Сардори идораи кулли бойгонӣ ва муовини онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Вазифаҳоро дар байни Сардор ва муовини он Сардори Идораи кулли бойгонӣ тақсим менамояд.
Сардори Идораи кулли бойгонӣ барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаи Идораи кулли бойгонӣ гузошташуда шахсан масъул мебошад ва дараҷаи масъулияти муовини Сардор, роҳбарони шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои тобеъро барои роҳбарӣ ба соҳаҳои фаъолияти Идораи кулли бойгонӣ, инчунин барои кори муассисаҳои бойгонии тобеъ муқаррар мекунад.
9. Сардори Идораи кулли бойгонӣ:
а) аз рӯи тартиби муқарраргардида тағйироти соҳаи бойгониҳои давлатии ҷумҳуриро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
б) низомномаҳои муассисаю ташкилоти тобеъ ва воҳидҳои сохтории Идораи кулли бойгониро тасдиқ мекунад;
в) сохтор, бароварди хароҷот ва штатҳои муассисаю ташкилоти тобеъро дар доираи шумора ва фонди муқарраргардидаи музди меҳнат тасдиқ мекунад;
г) интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои дастгоҳи марказии Идораи кулли бойгониро ба амал мебарорад ва номзадҳои кормандони роҳбарикунандаи муассисаҳои тобеъро барои тасдиқ ба ҳайати мушовара пешниҳод менамояд.
10. Идораи кулли бойгонӣ дар доираи салоҳияти худ дар асос ва бо мақсади иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармону дастуруламалҳо мебарорад, супоришҳое, ки иҷрояшон барои муассисаю ташкилоти тобеъи Идораи кулли бойгонӣ ҳатмӣ мебошанд, медиҳад ва иҷрои онҳоро тафтиш мекунад. Дар мавриди зарурӣ бо роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарору фармонҳои якҷоя содир менамояд.
11. Дар Идораи кулли бойгонӣ дар ҳайати Сардор (раис), муовини он (аз рӯи вазифа), инчунин кормандони роҳбарикунандаи Идораи кулли бойгонӣ ва Бойгониҳои марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати мушовара ташкил карда мешавад. Шумора ва аъзои ҳайати мушовараи Идораи кулли бойгониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Ҳайати мушовара дар маҷлисҳои мунтазам гузаронидашавандаи худ масъалаҳои муҳимтарини илмию методӣ ва амалии пешрафти кори бойгониро дар ҷумҳурӣ, ташкили фаъолияти бойгониҳои давлатӣ, хазинаҳои соҳавии давлатӣ ва дигар бойгониҳои идоравиро баррасӣ менамояд; масъалаҳои тафтиши иҷро, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи кадрҳо, лоиҳаҳои фармону дастуруламалҳои муҳимтарин, намунаи маҷмӯъаҳои ҳуҷҷатҳо ва маълумотномаҳоро муҳокима мекунад; ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтори идораи кулли бойгонӣ ва муассисаю ташкилоти тобеи он, маърӯзаю ахбори намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони бойгониҳои идоравиро мешунавад.
Қарори ҳайати мушовара, чун қоида бо фармонҳои Сардори Идораи кулли бойгонӣ ба ҳаёт татбиқ карда мешаванд. Дар мавриди мухолифати байни Сардор ва аъзои ҳайати мушовара Сардор қарори худро ҷорӣ мекунад ва дар бораи мухолифати ба миён омада ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арз менамояд, аъзоёни хайати мушовара бошанд, дар навбати худ метавонанд, фикрашонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд.
12. Дар назди Идораи кулли бойгонӣ инҳо амал мекунанд:
Шӯрои илмӣ оид ба баррасии масъалаҳои илмию методӣ ва кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Комиссияи муттаҳидаи марказии ташхису тафтишот ва илмию методӣ, оид ба баррасии масъалаҳои марбут бо муайян кардани ҳайати Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ва интихоби ҳуҷҷатҳо барои нигоҳдории давлатӣ дар доираи салоҳияти он.
Низомномаи мақомоти мазкур ва ҳайати онҳоро Сардори Идораи кулли бойгонӣ тасдиқ мекунад.
13. Сохтор ва шумораи кормандони дастгоҳи марказии Идораи кулли бойгониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Рӯйхати штатҳои дастгоҳи марказии Идораи кулли бойгониро Сардори Идораи кулли бойгонӣ тасдиқ мекунад.
14. Идораи кулли бойгонӣ мӯҳри дорои тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дорад.