Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани низомномаҳо вобаста ба танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005 с. № 337, аз 30.04.2012 с. №211)
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Замимагардида тасдиқ карда шаванд:
Низомномаи тартиби муқаррар мамудани квотаҳо барои содирот, воридот ва хариди спирти этилӣ ва машрубот;
хориҷ карда шуд ();
Низомномаи тартиб ва шартҳои ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани ташкилотҳое, ки истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машруботро амалӣ мегардонанд ва соҳибкорони инфиродие, ки бо фурӯши чаканаи машрубот машғуланд;
Низомномаи тартиби декларатсиякунонии ҳаҷми истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;
хориҷ карда шуд ().
2. хориҷ карда шуд ().
3. хориҷ карда шуд ().
4.Фаъолияти гурӯҳӣ экспертию кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 1998 № 12 таъсис шуда буд, қатъгардида ҳисобида шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 апрели соли 1999 № 131
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани низомномаҳо вобаста ба танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005 с. № 337)
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот", Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1998 № 1143 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Замимагардида тасдиқ карда шаванд:
Низомномаи тартиби муқаррар мамудани квотаҳо барои содирот, воридот ва хариди спирти этилӣ ва машрубот;
хориҷ карда шуд ();
Низомномаи тартиб ва шартҳои ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани ташкилотҳое, ки истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машруботро амалӣ мегардонанд ва соҳибкорони инфиродие, ки бо фурӯши чаканаи машрубот машғуланд;
Низомномаи тартиби декларатсиякунонии ҳаҷми истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;
хориҷ карда шуд ().
2.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми пардохти патентро ҷиҳати ба фурӯш расонидани машрубот, бо дарназардошти фоидаи ин фаъолият вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, якҷоя тасдиқ намоянд.
3.Корпоратсияи саноати озуқа ва коркарди Ҷумҳурии Тоҷикистон "Тоҷикпищепром" дар мӯҳлати як моҳ литсензияҳои қаблан ба ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ҷиҳати истеҳсол ва муомлоти спирти этилӣ ва машрубот додашударо бидуни ситонидани маблағ аз нав ба қайд гирад.