Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои таъмини танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Гурӯҳи зкспертию кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масалаҳои танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот дар ҳайати замимгардида таъсис дода шавад.
2. Замимгардида тасдиқ карда шаванд:
Низомномаи тартиби ба расмият даровардан ва додани лицензияҳо бароя истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;
Андозаи боҷҳо ҷиҳати баррасии ариза ва додани лицензия барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;
Низомномаи тартиб ва шартҳои ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани ташкилотҳое, ки истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машруботро амалӣ мегардонанд;
Низомномаи тартиби декларақиякунонии ҳаҷми истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот;
Низомномам тартиби муқаррар намудани квотаҳо барои содирот, воридот ва хариди спирти этилӣ ва машрубот;
Низомномаи Гурӯҳи экспертию кории Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон оид ба муомилоти спирти этилӣ ва машрубот.
3. Ташкилотҳое, ки барои истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот аз Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати озуқа ва коркарди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лицензия гирифтанд, сарфи назар аз шакли моликияташон дар муддати се моҳ онҳоро аз сари нав ба расмият дароранд.
4. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо /Ҳукуматҳо/ дар сурати надоштани лицензияҳои дахлдор фаъолияти ташкилотҳоеро, ки ба истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот, ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ба фурӯши чакана баровардани маҳсулоти ватанӣ ва хориҷиро қатъ намоянд.
5. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои воридот ва содироти спирти этилӣ ва машруботи дар сурати мавҷуд будани лицензияҳо ба ин навъҳои фаъолият ба расмият дарорад.
6. Муқаррар карда шавад, ки транзити спирти этилӣ ва машрубот ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 1996 № 488 "Дар бораи татбиқи маҷмӯи тадбирҳои оид ба танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этил ва маҳсулоти спиртдор" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 январи соли 1998 № 12
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 январи соли 1998 № 12
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби ба расмият даровардан ва додани лицензияҳо барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот.
I. Низомномаи мазкур тартиби барасмият даровардан ва додани лицензияҳоро ба:
Ташкилотҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон, истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машруботро рар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд:
соҳибкорони инфиродие, ки машруботи ватанӣ ва воридшавандаро ба таври чакана мефурӯшанд, муқаррар менамоянд.
2. Лицензияҳо барои ҳар навъи фаъолияти вобаста ба истеҳсол муомилоти спирти этилӣ ба машрубот дода мешавад. Вогузор намудани лицензияҳоро ба дигар ташкилот ва соҳибкорони инфиродӣ ва расонидани хизмат аз рӯи навъҳои фаъолияти лицензияшаванда ба дигар ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ манъ аст.
3. Лицензия асноди расмиест, ки ба амалӣ намудани навъҳои фаъолияти дар он зикршударо иҷозат медиҳад, ҳамчунин шарту шароити иҷрои онро муайян менамояд. Дархосткунанда барои гирифтани лицензия боҷ месупорад.
Ҳаҷми ҷиҳати баррасии ариза ва додани лицензияҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Маблағҳое, ки аз ҳисоби боҷи зикршуда ҷамъ мешаванд бо воситаи бонки амонатгузорӣ ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.
4. Лицензиякунонии фаъолият барои истеҳсолу муомилоти спир этилӣ ва машрубот аз ҳамаи навъҳои ашъёи хом, аз ҷониби гурӯҳи экспертию кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот сурат мегирад (минбаъд гурӯҳи экспертию корӣ).
Барои гирифтани лицензия ташкилотҳо ба гурӯҳи экспертию корӣ асноди зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза барои гирифтани лицензия бо сабти номи пурраи ташкилот шакли моликияти он, суроғаи ҳуқуқӣ, рақами суратҳисоби бонкӣ дахлдор, навъи фаъолият ва муддати амали лицензия;
асноди тасдиқкунандаи пардохти боҷи муқарраргардида барои баррасии ариза дар бораи гирифтани лицензия;
нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқщудаи асноди таъсисдиҳанда;
нусҳаи гувоҳнома дар бораи бақайдгирии давлатии номи ташкилот;
нусхаи паспорти ташкилот (корхона)
нусхаи қарори мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукумат) - дар хусуси ҷои фурӯши машрубот, ки ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ аст;
хулосаи мақомоти назорати сухтор, назорати барқӣ ва санитарию эпидемиологи оид ба мутобиқати биноҳои асосӣ ва ёрирасон, майдонҳои тиҷоратӣ ва дигар майдонҳои ёрирасон ба талаботи бехатарии сӯхтор, талаботҳои барқрасонӣ, санитарию гигиенӣ, меъёрҳо ва қоидаҳаи сохтмон;
- хулосаи мақомоти стандарти давлатӣ, сертификацияи маҳсулоти озуқа ва кишоварзӣ, Маркази давлатии илмии экспертизаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷҳизонии техникӣ ва метрологии ташкилот, мавҷуд будани таҷҳизоти технологии техникӣ, санадҳои техникию меъёрӣ ва дигар маводҳо, ки имконияти истеҳсол ва нигоҳдории маҳсулот мутобиқи талаботи стандартҳои давлатӣ, амалӣ намудани назоратро аз болои ҳаҷмҳои воқеии сертификацияшудаи истеҳсоли маҳсулот ва таъмини муомилоти онро тасдиқ мекунанд.
Барои гирифтани лицензия соҳибкорони инфиродӣ ба Гурӯҳи экспертию корӣ асноди зеринро пешниҳод менамоянд:
ариза барои гирифтани лицензия бо сабти насабу ном ва номи падар, ҷои истиқомат ва ҷои фаъолият;
асноди тасдиқкунандаи пардохти боҷи муқарраргардида барои баррасии ариза дар бораи гирифгани лицензия;
нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқшудаи патент ё шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ;
нусхаи қарори мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукумат) дар хусуси ҷои фурӯши машруботе, ки ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда мутобиқат дорад;
аз дархосткунанда талаб кардани асноди дар Низомномаи мазкур пешбининашуда, манъ аст,
Гурӯҳи экспертию корӣ асноди пешниҳодщударо ба қайд мегирад, баррасӣ менамояд, аз рӯи онҳо барои ҳамоҳангсозӣ худ ҷиҳати қабули қарори дахлдор хулоса таҳия мекунад.
Баъди гирифтани огоҳнома дар бораи додани лицензия, дархосткунандагон барои он ҷиҳати пардохти андози муқарраршудаи боҷро месупоранд ва ба Гурӯҳи экспертию корӣ асноди тасдиқкунанда (ҳисобнома, квитанция)-ро пешниҳод мекунанд.
Лицензияҳо ба роҳбарони ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ ё шахси аз ҷониби онҳо ваколатдоршуда (бо ваколатнома) бо гузоштани имзо дар Феҳристи лицензияҳои супоридашуда дода мешавад.
5. Қарори додан ё надодани лицензияҳо дар мӯҳлати 5 рӯз аз замони расидани ариза якҷоя бо тамоми асноди дар банди 4 Низомномаи мазкур зикршуда, қабул карда мешавад.
Дар сурати гузаронидани экспертизаи иловагӣ, аз ҷумла экспертизаи холисона, қарор дар мӯҳлати на, дер аз 30 рӯз аз замони пешниҳоди ариза бо асноди зарурӣ қабул карда мешавад.
6.Маълумот дар бораи додан ё надодани лицензия бо нишон додани сабабҳои он ба дархосткунандагон ба шакли хаттӣ дар мӯҳлати 30 рӯз, пас аз пешниҳоди ариза бо асноди зарурӣ дода мешавад.
7. Асосҳои надодани лицензия аз сабабҳои зерин иборатанд:
миқдори маълумоти беэътимод ва нодуруст дар асноди пешниҳоднамудаи дархосткунандагон;
- натиҷаи манфии экспертӣ, ки ба шароити зарурӣ мувофиқ набудани навъи фаъолияти дахлдор, инчунин таъмини бехатарии саломатии истеъмолкунандагонро муқаррар намудааст.
8. Дар лицензия маълумоти эеринро зикр мекунанд:
номи мақомоте, ки лицензия додааст;
ном ва суроғаи ҳуқуқии гирандаи лицензия (барои ташкилот)
навъи фаъолияте,ки барои анҷоми он лицензия дода мешавад;
мӯҳлати амали лицензия;
шароити анҷоми навъи фаъолияти мазкур;
рақами сабти номи лицензия ва таърихи додани он;
Лицензия ба мӯҳлати на камтар аз 3 сол дода мешавад.
9. Ҳангоми барҳамхурии ташкилот ва қатъи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ лицензияи ба онҳо додашуда, эътибори ҳуқуқии худро гум мекунад.
10. Дар сурати аз нав ташкилёбӣ, тағъири номи ташкилот бо тартиби муқарраргардида ба ашхоси дигар гузаштани ҳуқуқҳои соҳибкории инфиродӣ ё гум кардани лицензия, ташкилот ва соҳибкорони инфиродӣ вазифадоранд, дар мӯҳлати 5 рӯз дар хусуси аз нав ба расмиятдарории лицензия ариза диҳанд.
Аз нав ба расмият даровардани лицензия, мутобиқи тартиб ва мӯҳлати барои гирифтани он муқарраргардида, сурат мегирад.
То аз нав ба расмият даровардани лицензия, ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ метавонанд фаъолияти худро дар асоси лицензияҳои қаблӣ анҷом диҳанд, вале дар сурати гум шудани лицензия фаъолият дар асоси иҷозатномаи муваққатии Гурӯҳи экспертию корӣ анҷом мегирад.
11. Варақаҳои лицензия дорои силсилаи рақами баҳисобгирӣ буда, асноди қатъии ҳисоботӣ мебошанд. Намунаи лицензия, баҳисобгирӣ ва ҳифзи варақаҳои лицензия, ҳамчунин тайёр кардани онҳо, омода кардани онҳо барои имзо ба зиммаи воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо масъалаҳои танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот машғул аст, вогузор мешавад.
12. Лицензияҳо ва иҷозатномаҳои муваққатӣ барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот аз ҷониби ҳамоҳангсози Гурӯҳи экспертию корӣ ба имзо мерасад ва бо мӯҳри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
13. Гурӯҳи экспертию корӣ ба ҳамоҳангсозии худ дар хусуси боздоштани амали лицензияҳо ё гашта гирифтани онҳо дар ҳолатҳои зерин пешҳодҳо медиҳад:
аз тарафи ташкилот ва соҳибкори инфиродӣ пешниҳод ва додани аризаи дахлдор;
ошор гардидани маълумоти ғайриэътимодӣ дар асноди пешниҳоднамудаи ташкилот ва соҳибкори инфиродӣ барои гирифтани лицензия;
аз тарафи ташкилот ва соҳибкори инфиродӣ риоя накардани қоидаҳои истифодаи лицензия ва паст гаштани сифати маҳсулот;
аз тарафи ташкилотҳо саривақт пешниҳод накардани декларацияҳо оид ба истеҳсол ва муомилоти спирти этил ва машрубот ва додани маълумоти нодуруст;
барҳам хӯрдани ташкилот ва қатъи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ;
иҷро накардани шартҳое, ки дар банди 15 Низомномаи мазкур пешбинӣ шуданд.
аз тарафи ташкилот ва соҳибкори инфиродӣ риоя накардани меъёрҳои санитарӣ ва қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот:
Ҳамоҳангсози Гурӯҳи экспертию корӣ дар мӯҳлати 7 рӯз пас аз таърихи қабули қарор дар хусуси боздоштан ё гашта гирифтани лицензия дар бораи ин қарор ба:
ташкилоти дахлдор, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукумат) ва Маркази давлатии илмии экспертизаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
соҳибкорони инфиродӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукумат) ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ маълумот медиҳад.
Дар мавриди тағъир ёфтани шароит, ки ба боздоштани амали лицензияҳо сабаб мегардад, амали лицензияҳо метавонад барқарор карда шавад.
Лицензия баъд аз қарори дахлдор, ки Ҳамоҳангсози Гурӯҳи эксперти корӣ, на дертар аз 7 рӯзи қабул ташкилотҳои дахлдор, соҳибкорони инфиродӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукуматҳо) хабардор мекунад, барқароршуда ҳисоб мешавад.
14. Дар воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо масъалаҳои танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот машғул аст Феҳристи лицензияҳои додашудаи ба қайд гирифташуда, боздошташуда ва баргаштагирифташуда барои истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машруботи аз тамоми намудҳои ашьёи хом тайёршаванда пеш бурда мешавад.
15. Ташкилотҳое, ки лицензия гирифтаанд, спирти этилӣ ва машруботро ҷиҳати коркарди минбаъда ё фурӯши танҳо ба ташкилоту соҳибкорони инфиродӣ (ғайр аз спирти этилӣ дахлдор доранд, ба фурӯш мерасонанд.
16. Оид ба ададҳои Гурӯҳи экспертию кори ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
0 мерах по обеспечению государственного регулирования производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции
В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О государственном регулировании производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Образовать экспертно-рабочую группу Правительства Республики Таджикистан по вопросам государственного регулирования производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции в прилагаемом составе.
2. Утвердить прилагаемые:
Положение о порядке оформления и выдачи лицензий на производство и оборот этилового спирта и алкогольной продукции;
Размеры сборов за рассмотрение заявлений и выдачу лицензий на производство и оборот этилового спирта и алкогольной продукции;
Положение о порядке и условиях внесения в единый Государственный реестр организаций, осуществляющих производство, оборот этилового спирта и алкогольной продукции;
Положение о порядке декларирования объемов производства, оборота этилового спирта и алкогольной продукции;
Положение о порядке установления квот на экспорт, импорт и закупку этилового спирта и алкогольной продукции;
Положение об экспертно -рабочей группе Правительства Республики Таджикистан по вопросам государственного регулирования производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции.
3. Организациям, независимо от форм собственности, имеющим лицензии на производство и оборот этилового спирта и алкогольной продукции, выданные Министерством экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан и Комитетом по пищевой и перерабатывающей промышленности при Правительстве Республики Таджикистан переоформить их в 3-месячный срок.
4. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенному комитету при Правительстве Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, органам исполнительной власти на местах /Хукуматам/ не допускать деятельность организаций по производству и обороту этилового спирта и алкогольной продукции, а также реализацию индивидуальным предпринимателями отечественной и импортируемой алкогольной продукции в розницу без наличия соответствующих лицензий.
5. Таможенному комитету при Правительстве Республики Таджикистан оформлять документы на ввоз и вывоз этилового спирта и алкогольной продукции при наличии лицензий на эти виды деятельности,
6. Установить, что транзит этилового спирта и алкогольной продукции через территорию Республики Таджикистан осуществляется по разрешению Правительства Республики Таджикистан.
7. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 11 ноября 1996 года № 488 "О реализации комплекса мер по обеспечению государственного регулирования производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 30 января 1998 года № 12
г. Душанбе
Образована
Постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 30 января 1998 года № 12
Экспертно-рабочая группа Правительства Республики Таджикистан по вопросам государственного регулирования производства и оборота этилового спирта и алкогольной продукции ( по должности)
Премьер-министр - Координатор экспертно-
Республики Таджикистан рабочей группы
Министр экономики и - Руководитель экспертно-
внешних экономических связей рабочей группы
Республики Таджикистан
Члены экспертно-рабочей группы:
Директор Таджикского государственного центра стандартизации и метрологии при Правительстве Республики Таджикистан.
Начальник управления антимонопольной политики, финансово-кредитных и валютных отношений Министерства экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан.
Начальник санитарно-эпидемиологического управления Министерства здравоохранения Республики Таджикистан заместитель - Главного государственного врача Республики Таджикистан.
Генеральный директор государственного научного центра экспертизы, сертификации медицинской техники, изделий медицинского и санитарно-гигиенического назначения, продуктов лечебно-профилактического питания и косметики Министерства здравоохранения Республики Таджикистан.
Директор хозрасчетной технологической лаборатории Корпорации пищевой и перерабатывающей промышленности Республики Таджикистан.
Начальник отдела государственного надзора за продукцией агропромышленного комплекса Таджикского государственного центра стандартизации и метрологии при Правительстве Республики Таджикистан
Начальник управления виноградарства, виноделия и заготовок сельскохозяйственных продуктов Корпорации пищевой и перерабатывающей промышленности Республики Таджикистан.