ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ", бо мақсади рушд ва такомули сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи тақсим ва истифодаи спектри радиобасомадҳо, таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронии истифодабарандагон ва ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Комиссияи давлати оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 413 "Дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии радиобасомади Ҷумҳурии Тоҷикистон":
- дар банди 1 калимаҳои "Дар назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ва ҳайати замимагардидаи комиссия аз руи вазифа тасдиқ карда" ба калимаи "дода" иваз карда шаванд;
- банди 2 ва замимаҳои ин қарор аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 августи соли 2004 № 331
ш. Душанбе