Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.02.2007№ 54, аз 30.06.2012 № 347)
Бо мақсади таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон бо дарназардошти омилҳои физикию ҷуғрофӣ, иқлимӣ, тиббӣ ва шароити вазнини маишӣ барои кор дар биёбон ва ноҳияҳои баландкӯҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба кормандони ҳамаи соҳаҳо (ба ғайр аз хизматчиёни ҳарбӣ) барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ коэффитсиентҳои зерин тасдиқ карда шаванд:
дар баландии аз 2000 то 2300 м- 1,15;
дар баландии аз 2300 то 2500 м- 1,18;
дар баландии аз 2500 то 3000 м- 1,20;
дар баландии зиёда аз 3000 м- 1,30.
2. Барои кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амали коэффитсиенти ноҳиявии 1,20 тасдиқ карда шуда, барои дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ амали коэффитсиентҳои соҳавӣ ва ноҳиявии кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб нигоҳ дошта шавад.
3. Аз 1 январи соли 2007 музди меҳнате, ки аз он иловапулӣ аз рӯи коэффисиентҳои ноҳиявӣ, коэффисиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ (ба ғайр аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) ҳисоб карда мешавад, ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шавад
4. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамали тартиби ҳисоби коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳро таҳия намояд.
5. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбики ҳамин қарорро таъмин намоянд.
6. Банди 13 Тартиби муайян намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти корношоямии мувакқатӣ, пардохти рухсатиҳо ва дар дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд ва андозаи музди меҳнат, ки ба он коэффитсиентҳои муқарраргардидаи ноҳиявӣ (барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб), коэффитсиент барои баландкӯҳӣ ҳисоб карда мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 500 ,Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2002 № 930, тасдиқ шудааст, беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июли соли 2003 № 302,
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ
Бо мақсади таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон бо дарназардошти омилҳои физикию ҷуғрофӣ, иқлимӣ, тиббӣ ва шароити вазнини маишӣ барои кор дар биёбон ва ноҳияҳои баландкӯҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба кормандони ҳамаи соҳаҳо (ба ғайр аз хизматчиёни ҳарбӣ) барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ коэффитсиентҳои зерин тасдиқ карда шаванд:
дар баландии аз 2000 то 2300 м- 1,15;
дар баландии аз 2300 то 2500 м- 1,18;
дар баландии аз 2500 то 3000 м- 1,20;
дар баландии зиёда аз 3000 м- 1,30.
2. Барои кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амали коэффитсиенти ноҳиявии 1,20 тасдиқ карда шуда, барои дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ амали коэффитсиентҳои соҳавӣ ва ноҳиявии кор дар биёбон ва ҷойҳои беоб нигоҳ дошта шавад.
3. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ ба музди меҳнат (ба ғайр аз ҳамаи иловапулиҳо) на зиёда аз 15 сомони дар як моҳ ва барои ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон на зиёда аз 20 сомонӣ дар як моҳ ҳисоб карда шавад. Дар сурати аз ин андоза зиёд будани музди меҳнат, коэффитсиентҳо ба он қисмате, ки 15 сомонӣ ва барои ноҳияи Мурғоб 20 сомониро ташкил мекунад, ҳисоб карда мешаванд.